Ҷангҳои Пайғамбар (с)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷангҳои Пайғамбар)
Расми Фотеҳи Хайбар, ранги равған рӯи бум, асари Ҳасан Руҳуламин, 1397ҳ.ш.

Ин мақола дар бораи ҷангҳои Пайғамбар (с) аст. Барои дидани феҳресте аз ин ҷангҳо мадхали Феҳристи ҷангҳои Пайғамбар (с)-ро бубинед.

Ҷангҳои Пайғамбар (с) (форсӣ: جنگ‌های پیغمبر(ص)) баъд аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина бо ҳадафи барпоии ҳукумати исломӣ анҷом шудааст. Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, ҳамаи ин ҷангҳо ба иллати паймоншикании мушрикон ё таҳаррукоти низомии онон анҷом гирифтааст. Аз ин рӯ, иддаои мусташриқон мабнӣ бар моддӣ будани ҳадафи ҷангҳо нодуруст, ва зидди гузоришҳои таърихӣ дониста шудааст.

Ба ҷангҳое, ки Пайғамбар (с) дар онҳо ширкат дошт, ғазва ва ба ҷангҳое, ки дар он ширкат надошт, сарийя гуфта мешавад. Дар гузоришҳои таърихӣ, тақрибан 80 ҷанг барои Пайғамбар сабт шудааст, ки аз маҷмӯи онҳо наздик ба 30 маврид ба даргирии низомӣ ва фақат панҷ ҷанг ба ҷанги сахт мунҷар шуд. Маҷмӯи кушташудагон - аз мусулмонону ғайримусулмонон - дар тамомии ҷангҳои Пайғамбар (с)-ро байни 900 то 1600 нафар донистаанд.

Дар Қуръон, ба баъзе ҷангҳо ишора ва номи баъзе зикр шудааст. Ба гуфтаи муфассирон, бо нозил шудани ояти 39-и сураи Ҳаҷ ё ояти 190-и сураи Бақара барои аввалин бор ба мусулмонон дастури ҷанг содир шуд. Ба гузориши Қуръон, Худованд дар ҷангҳо мусулмононро бо гурӯҳе аз фариштагон, эҷоди тарс дар дили душманон ва эҷоди оромиш дар қалби муъминон, ёрӣ мекард.

Пайғамбар дар ҷангҳо, усули низомиро риоят мекард ва фармондеҳии ҷангҳои сарнавиштсозро худ бар ӯҳда мегирифт. Ӯ дар ҷангҳо ҳуқуқи инсониро риоят мекард ва аз куштани занон, кӯдакон ва солмандон барҳазар медошт. Машварат кардан бо саҳоба, парҳез аз куштори ҷамъӣ ва таъйини ҷонишин дар Мадина аз дигар сираҳои Пайғамбар дар ҷанг дониста шудааст.

Пайғамбар дар идораи ҷанг, аз тактикаҳо ва усулҳои мухталифе, монанди тактикаи фиреб ва ҷанги равонӣ истифода карда, сипоҳро дар панҷ қисми: пойгоҳ, қалб, ҷиноҳи рост, ҷиноҳи чап ва пуштибонӣ, созмондеҳӣ мекард. Ҳеҷ мусулмоне барои ширкат дар ҷанг, маҷбур намешуд; чунон ки аз ҳузури нотавонон ва одамони камсин ҳам пешгирӣ карда мешуд.

Бархе аз занон ба мисли Фотимаи Заҳро (с), Умми Айман, Умми Атийя ва Умми Аммора монанди мардон дар ҷангҳо ширкат карда, захмиёнро табобат мекарданд, ба ҷанговарон об меоварданд, хӯрок таёр мекарданд, тирҳоро ҷамъ карда ва нигаҳдорӣ мекарданд.

Ҳадафҳои Пайғамбар аз ҷанг

Пайғамбар (с) барои паҳн кардани дини Ислом ва барпо кардани ҳукумати исломӣ[1] бо мушрикон, яҳудиён ва румиён ҷангҳо кард;[2] зеро душманони Пайғамбар (с) аз амалӣ шудани ҳукумати исломӣ монеъ буданд.[3] Муқовимат бо таҷовузи мушрикон ва аз байн бурдани фитна яке аз аҳдофи дигари Пайғамбар дар ҷангҳо буд.[4] Бинобар ин, Пайғамбар (с) пеш аз оғози ҷанг душманонро ба дини Ислом даъват мекард ва ҷанг танҳо дар сурате оғоз мешуд, ки онҳо даъваташро иҷобат намекарданд.[5] Гуфта шудааст, бо тавваҷуҳ ба аҳдофи Илоҳии Пайғамбар (с) дар ҷангҳо, дар адабиёти динӣ, ба ҷои калимаи «ҷанг» аз калимаи «ҷиҳод дар роҳи Худо» истифода шудааст.[6] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, Пайғамбар дар ҷангҳо иллатҳо, аҳдоф ва усули ҷангро барои лашкари Ислом баён мекард ва пас аз он, созмони низомии муқтадиреро ташкил медод.[7]

Бо ин ҳол, бештари мусташриқон, ҷангҳои Пайғамбарро барои аҳдофи моддӣ ва дар ростои ба даст овардани султаи сиёсӣ ва иқтисодӣ тавҷеҳ кардаанд.[8] Албатта онҳо дар табйини аҳдофи Пайғамбар аз ҷангҳо, дидгоҳи яксоне надоранд ва ҳадафҳое монанди ба даст овардани ғаноиму маишати зиндагӣ, ҷоҳталабӣ ва интиқом аз мухолифонро зикр кардаанд.[9] Бархе пажуҳишгарон чунин иддаоҳоеро нодуруст дониста, муътақиданд, асноди таърихӣ чунин иддаоҳоеро рад мекунад.[10] Ҳамчунин бархе дигар аз мусташриқон бар ин боваранд, ки Пайғамбар (с) то метавонист аз ҷанг дурӣ мекард ва танҳо дар сурати зарурат, барои дифоъ аз Ислому мусулмонон меҷангид.[11]

Ғазваҳо ва сарийяҳо

Расми Фотиҳи Хайбар, ранги равған рӯи бум, асари Ҳасан Руҳуламин, 1397ҳ.ш.
Мақолаҳои аслӣ: Ғазва ва Сария

Дар китобҳои таърихи Ислом, ҷангҳои Пайғамбар (с) ба ду дастаи ғазва ва сарийя тақсим мешавад:[12] ба ҷангҳое, ки Пайғамбар (с) дар он ширкат мекарду фармондеҳии онҳоро бевосита бар ӯҳда дошт ғазва ва ба ҷангҳое, ки Пайғамбар (с) дар онҳо ширкат надошт, балки дастаеро бо таъйини фармондеҳ ба минтақае мефиристод, сарийя мегӯянд.[13] Бо ин ҳол бархе муҳаққиқон бар ин боваранд, ки таърифи зикршуда барои ғазваю сарийя дақиқ нест, балки ғазва ба ҷангҳои Пайғамбар гуфта мешавад, ки ба сурати ошкор, бо ҷангҷуёни зиёд ва бо созмондеҳӣ анҷом шудааст, вале ба ҷангҳои Пайғамбар, ки ба таври махфиёна, бо ҷангҷуёни кам ва бидуни созмондеҳӣ анҷом шуда бошад, сарийя мегӯянд.[14] Ин ду таъриф, дар мисдоқи ғазваҳо ва сарийяҳо ихтилоф надоранд; зеро тибқи таърифи ахир, Пайғамбар дар амалиётҳое, ки бо теъдоди нафароти андак анҷом мешуд ва ҳадаф аз онҳо, зарар ё шиносоӣ буд, ширкат намекард.[15]

Омор

Дар гузоришҳои таърихӣ, ҳудуди 80 ҷанг барои Пайғамбар сабт шудааст.[16] Аз маҷмӯи ғазваҳо ва сарийяҳо, тақрибан 30 маврид ба даргирии низомии анҷомид ва бақия ҷангҳо бидуни даргирӣ буд.[17] Ҳамчунин дар ҷангҳое, ки ба даргирии низомӣ мунҷар шуд, танҳо панҷ ҷанги муҳим буд ва даргирии шадиде дар онҳо рух дод.[18] Таърихпажӯҳон бо истинод ба нақлҳои мухталифи таърихӣ, маҷмӯи кушта шудагон - аз мусулмонон ва ғайримсулумонон - дар тамомии ҷангҳои Пайғамбар (с)-ро байни 900 то 1600 нафар[19] ва шуҳадои мусулмонро 317 нафар донистаанд.[20]

Ҷангҳои Пайғамбар дар Қуръон

Ояти 123-и сураи Оли Имрон, ки дар он номи ҷанги Бадр зикр шудааст.

Дар сураҳои Қуръон, монанди Бақара, Оли Имрон, Нисо, Моида, Анфол, Тавба, Аҳзоб, Фатҳ, Ҳашр, Саф ва Одиёт, ба бархе ҷангҳои Пайғамбар ишора шудааст.[21] Бо ин ҳол фақат номи се ҷанги Бадр,[22] Хандақ[23] ва Ҳунайн[24] ба таври ошкор дар Қуръон омадааст.[25] Ба гуфтаи Шайхи Тусӣ - муаллифи тафсири ат-Тибён, бо нозил шудани ояти 39-и сураи Ҳаҷ, барои нахустин бор ба мусулмонон фармони ҷанг содир шуд.[26] Бо ин ҳол, ба назари Аллома Таботабоӣ - муаллифи тафсири ал-Мизон, ин дастур бо нозил шудани ояти 190-и сураи Бақара анҷом гирифтааст.[27]

Имдодҳои ғайбӣ

Нигорае аз ёрӣ кардани фариштагон ба Пайғамбар (с) дар ҷанги Бадр

Тибқи гузориши Қуръон дар бархе ҷангҳо Худованд бо имдодҳои ғайбӣ Пайғамбарро ёрӣ кардааст:

  • Тибқи оёти 9 то 11 сураи Анфол, Худованд дар ҷанги Бадр сипоҳи Исломро бо гурӯҳе аз фариштагон ҳимоят кард ва бар қалби душманон тарс андохт ва барои муддати кӯтоҳе, мусулмононро ба хоби сабуку оромишбахше фуру бурд, то рӯҳашон ором шавад ва дар ниҳоят пирӯз гарданд.[28]
  • Бар асоси ояти 151-и сураи Оли Имрон, бо ин ки мушрикон дар ҷанги Уҳуд аз иштибоҳи гурӯҳе аз мусулмонон истифода карданду пирӯз шуданд ва метавонистанд бо ҳамла ба Мадина Исломро решакан созанд, ба хотири тарсе, ки Худованд дар қалби онҳо эҷод кард, аз ин кор мунсариф шуданд ва ба Макка бозгаштанд.[29]
  • Бино бар ояти 9-и сураи Аҳзоб дар ҷанги Аҳзоб, мушрикони Макка ва қабилаҳои атроф муттаҳид шуданд то бо ҳамла ба Мадина, Пайғамбар (с)-ро ба қатл бирасонанд ва Исломро нобуд кунанд, аммо Худованд бо фиристодани сипоҳи номаръии боду тӯфон, мусулмононро ёрӣ намуд, то пирӯз шаванд.[30]
  • Мутобиқи ояти 26-и сураи Тавба дар ҷанги Ҳунайн ба сабаби мағрур шудани гурӯҳе аз сипоҳи Ислом, ибтидо мушрикон пирӯз шуданд, аммо ногаҳон Худованд сакина ва оромишро бар қалби муъминон нозил кард, то онҳо дубора омодаи набард шуда, пирӯз шаванд.[31]

Ҷангҳои Пайғамбар, ҷиҳоди дифоӣ буд ё ибтидоӣ?

Ба назари бархе исломшиносон, Пайғамбар (с) ҳеҷгоҳ оғозкунандаи ҷанге набуд ва тамомии ҷангҳо дар пайи нақзи паймони мушрикон ё таҳаррукоти низомии онон анҷом гирифтааст.[32] Ҳамчунин ба назари Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, ҷиҳоди ибтидоӣ мисдоқе аз дифоъ аст; чун ҳамон тавр, ки дифоъ аз ҷон ва замини мусулмонҳо воҷиб аст, дифоъ аз ҳаққи Худо низ воҷиб аст.[33]

Сираи Пайғамбар дар ҷангҳо

Пайғамбар (с) усули низомиро дар ҷанг риоят мекард.[34] Ӯ ба инзиботи низомиён аҳамият медод ва ҳеҷ кас иҷоза надошт, маҳалли маъмурияти худро тарк кунад.[35] Пайғамбар фармондеҳии ҷангҳои бузургу сарнавиштсоз(монанди Бадр, Уҳуд ва Хандақ)-ро худ бар ӯҳда мегирифт.[36] Мутобиқи он чи дар Наҳҷ-ул-балоға омадааст, Пайғамбар дар ҷангҳо дар хатти муқаддами ҷанг буд ва мусулмонон дар сахтиҳои ҷанг ба Пайғамбар паноҳ мебурданд.[37] Пайғамбар (с) барои ба даст овардани иттилооти душман бисёр аҳамият медод[38] ва дар сипоҳи душман ҷосусоне мегуморд ва аз фош шудани асрори сипоҳ муроқибат мекард.[39] Мавориди зер аз дигар равишҳои Пайғамбар дар ҷанг ба шумор омадааст:

  • Риояти ҳуқуқи инсонӣ: ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, Пайғамбар дар ҷангҳо талош мекард, то талафоти ҷонӣ ва молиро ба ҳаддиақал бирасонад.[40] Аз мусла кардани душманон, қатъи дарахтон ва куштани занон, кӯдакон ва солмандон, дар ҷанг наҳй мекард.[41] Агар занону кӯдакон низ дар ҷанг алайҳи мусулмонон ширкат мекарданд, боз ҳам дастур медод, то ҳадди мумкин онҳоро накушанд.[42] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, барои нахустин бор дар ҷаҳон, оинномаи марбут ба асирону ғайринизомиён, дар дини Ислом навишта шуд.[43]
  • Дипломатияи фаъол дар ҷанг: Пайғамбар барои ба даст овардани муваффақиятҳои бештар, дар канори ҷанг, ба дипломосии фаъол низ тавваҷуҳ дошт; аз ин рӯ, бо қудратҳои бетараф паймонномаҳои сиёсӣ баста мешуд то ҳам аз мулҳақ шудани онҳо ба душманони аслӣ пешгирӣ шавад ва ҳам, аз қудрати онҳо барои таъмини ниёзҳо истифода шавад.[44] Пайғамбар дар мавориде, ки музокира ва сулҳ кардан бо душманро дар ростои аҳдоф худ медид, сулҳ мекард ва дар ғайри ин сурат, аз музокира худдорӣ менамуд.[45]
  • Ташкили шӯрои ҷанг:[46] монанди ташкили шӯрои ҷанг барои муборизаи даруншаҳрӣ ё буруншаҳрӣ дар ҷанги Уҳуд[47] ва машварати Пайғамбар дар ҷанги Аҳзоб барои ҳафри хандақ.[48]
  • Таъйини ҷонишин дар Мадина: Пайғамбар (с) ҳамеша ва дар тамомии ҷангҳо, ҳаргоҳ Мадинаро тарк мекард, касеро ҷонишини худ қарор медод.[49]
  • Гузашту бузургворӣ: дар Фатҳи Макка, ба сарони Қурайш амон дод, дар ҳоле ки онҳо Пайғамбарро аз диёраш берун карда ва хешовандону ёронашро кушта буданд.[50]
  • Парҳез аз куштори ҷамъӣ: Пайғамбар аз заҳролуд кардани шаҳрҳо наҳй мекард.[51]

Ширкаткунандагон дар ҷанг

Пайғамбар ҳеҷ мусулмонеро барои ҳозир шудан дар сипоҳ, маҷбур намекард[52] ва агарчи аз ғайримусулмонон силоҳ мехарид, аммо аз нерӯи инсонии онҳо кумак намегирифт.[53] Гуфта шудааст, шарти синнии мусулмонон барои ширкат дар ҷанг, понздаҳ сол буд[54] ва Пайғамбар ба афроде ки камтар аз понздаҳ сол буданд, иҷозати ширкат дар ҷангҳоро намедод.[55] Дар сурате, ки ҷанг, ба афроди зиёде ниёз надошт, Пайғамбар басиҷи умумӣ эълом намекард, вале дар мавориде, ки сипоҳи Ислом ба нерӯҳои бештаре ниёз дошт, бо эъломи басиҷи умумӣ, ҳамагонро (ба ғайр аз афроди нотавон) ба ҷанг фаро мехонд.[56] Вале ҳеҷгоҳ касеро барои ҳузур дар ҷанг, маҷбур намекард.[57] Ҳамчунин Пайғамбар дар ҷанг аз ҳузури касоне ки тавони размӣ надоштанд, пешгирӣ мекард.[58] Бар асоси паймонномаи байъат-ул-ҳарб, ҳифозат аз ҷони Пайғамбар дар Мадина, бар ӯҳдаи мардуми он ҷо буд ва дар ҷангҳои Пайғамбар дар берун аз шаҳр, онҳо вазифае надоштанд.[59] Бар ин асос то пеш аз ҷанги Бадр, тамомии сипоҳиёни Пайғамбар аз ансор буд, аммо бо оғози ҷанги Бадр, муҳоҷирон бо ибрози тамоюл ба ширкат дар ҷангҳо, дар ҷангҳо ҳузур ёфтанд.[60]

Ҳузури занон дар ҷанг

Занон низ ҳамонанди мардон дар ҷангҳои Пайғамбар ҳузур доштанд.[61] Табобати маҷрӯҳон, расондани об ба ҷангҷуён, таҳияи ғизо, ҷамъоварӣ ва нигаҳдории тирҳо ва соири силоҳҳо ва интиқоли маҷрӯҳону шуҳадо ба шаҳр аз ҷумла корҳое буд, ки бар ӯҳдаи занон буд.[62] Бархе аз занон монанди Каъиба бинти Саъд ва Руфайдаи Ансория низ чодари махсусе доштанд, ки захмиҳою беморон дар ҷанг, ба хаймаи онҳо бурда мешуданд, то муолиҷа шаванд.[63]

Дар ҷанги Хайбар шаш зан дар сипоҳи Пайғамбар ҳузур дошт.[64] Дар ҷанги Уҳуд низ чордаҳ нафар аз занон дар ҷанг ширкат доштанд, ки маҷрӯҳонро табобат карда, ба сипоҳиён, обу хурок медоданд.[65] Аз ҷумлаи ин занон метавон ба касоне чун Фотимаи Заҳро (с), Оиша, Умми Айман ишора кард.[66] Фотимаи Заҳро (с) дар ҷанги Уҳуд бо кумаки Имом Алӣ (а) захмҳои Пайғамбарро мебаст.[67] Умми Айман дар ҷангҳои Уҳуду Хайбар ҳузур дошт.[68] Умми Атия дар ҷангҳои бисёре ширкат кард.[69] Бар асоси гузорише, ки аз ӯ нақл шудааст, ӯ дар ҳафт ҷанг ширкат доштааст.[70] Рабиъ бинти Муъавваз низ аз заноне буд, ки дар ҷангҳо ҳамроҳи Пайғамбар буд.[71] Умми Аммора низ дар ҷангҳои мухталифе ҳамчун Уҳуд, Хайбар ва Ҳунайн ширкат дошт ва дар канори мардон меҷангид.[72] Ӯ дар ҷангҳои мухталифе захмӣ шуда буд ва дар ҷанги Уҳуд ҳангоме, ки мушрикон ба Пайғамбар ҳуҷум овараданд, бо шамшер аз Пайғамбар дифоъ мекард.[73]

Тактикаҳо

Тасвире аз чигунагии созмондеҳии сипоҳ дар садри Ислом.[74]

Пайғамбар дар бархе аз ҷангҳо, монанди ғазваи Хайбар[75] барои созмондеҳии сипоҳаш, аз созмондеҳии «Хамис» истифода мекард.[76] Дар ин созмондеҳӣ, нерӯҳо дар панҷ бахши талоя, қалб, ҷиноҳи рост, ҷиноҳи чап ва пуштибонӣ ороиш ҷангӣ мегирифтанд.[77] Яке аз тактикаҳои Пайғамбар дар ҷангҳо, оғози ҷанг дар хоки душман буд то тамоми хасоратҳои ҷангро бори душман созад.[78] Дар мавориде, сипоҳи Ислом аз бероҳаҳо ҳаракат дода мешуд то нерӯҳои иттилоотии душман аз аҳдофи онон огоҳ нашаванд.[79] Дар мавориде Пайғамбар бо шунидани хабари таҷаммуъи душманон барои ҳамла ба мусулмонҳо, дар ҳамалоти ғофилгеронаи иҷтимоие ононро аз байн мебурд ва аз вуқуъи ҷанги бузургтаре пешгирӣ мекард.[80]

Ба коргирии тактикаи фиреб, аз дигар равишҳои Пайғамбар дар ҷанг буд.[81] Пайғамбар дар ҷанги Хайбар, ибтидои сипоҳро ба сӯи Ғатфон ҳаракат дод, сипас гурӯҳи майдаеро ба сӯи онон равона кард ва худ бо нерӯҳои аслии сипоҳ, ба самти Хайбар тағйири масир дод. Бо ин кор, аҳли Ғатфону Хайбар ҳар ду ғофилгир шуданд ва аз ёрии якдигар бозмонданад.[82] Дар бархе ҷангҳо барои ноком гузоштани душман, аз ҷанги равонӣ истифода мешуд;[83] масалан дар ҷанги Ҳамро-ул-асад шабҳо дар 500 нуқта оташ равшан мешуд, то душманон бо дидани оташҳо битарсанд;[84] чунонки дар Фатҳи Макка, Аббос ибни Абдулмутталиб ба дастури Пайғамбар, Абусуфёнро ба ибтидои як водӣ бурд то аз он ҷо ҷамъияти азими мусулмонҳоро бубинад[85] ва фикри ҳаргуна муқовиматеро аз сар берун карда, Фатҳи Макка бидуни ҷанг ба анҷом расад.[86] Пайғамбар дар ҷангҳои мухталифе, аз асли ғофилгирӣ истифода мекард; масалан Банӣ Қурайзаро дар замони даргирӣ, аҳли Хайбарро дар маҳали даргирӣ ва аҳзоби мушриконро дар текники даргирӣ, ғофилгир кард.[87]

Манобеъ ва таҷҳизоти ҷанг

Пас аз қувват гирифтани ҳукумати Ислом, Пайғамбар вазифаи таъмини манобеъ ва таҷҳизоти ҷангро худ бар ӯҳда гирифт, вале дар солҳои нахусти ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина, манобеъ ва таҷҳизоти лозим барои ҷанг аз сӯи ширкаткунандагон дар ҷанг, сарватмандон ва мардум таъмин мешуд.[88] Масалан Пайғамбар ба Саъд ибни Зайд дастур дод ҳамроҳ бо асирони Банӣ Қурайза ба Наҷд бираванд то барои сипоҳи Ислом, аспу силоҳ таҳия кунанд.[89] Ҳамчунин дар ҷанги Табук, ки бархе саҳоба аз Пайғамбар хостанд маркабу тӯшаи ҷанг дар ихтиёр онҳо гузошта шавад то аз фазилати ҷиҳод бознамонанд, Пайғамбар дастур дод, хостаи онҳо таъмин шавад.[90]

Пайғамбар бо қабилаҳои мухталифе паймонномаҳое навишта буд, ки битавонад силоҳ ва мояҳтоҷи сипоҳро аз онон харидорӣ кунад.[91] Ҳамчунин Пайғамбар (с) дар мавориде васоили мавриди ниёзи сипоҳи худро аз бархе қабоил ория мекард.[92] Мусулмонон дар бархе ҷангҳо аз силоҳҳои коромадтаре монанди манҷаниқ[93] ва даббоба (навъе арробаи ҷангӣ ки барои аз байн бурдани деворҳо аз он истифода мешуд[94]) истифода мекарданд.[95]

Эзоҳ

  1. Муовинати пажӯҳишии муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, Симои маъсумин дар андешаи имом Хумайнӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.132.
  2. Қоидон, “Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Паёмбар”, саҳ.75.
  3. Муовинати пажӯҳишии муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, Симои маъсумин дар андешаи имом Хумайнӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.132.
  4. Қоидон, Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ, саҳ.23.
  5. Содиқӣ, “Усули ҳуқуқи ҷанг дар сираи набавӣ”, саҳ.119.
  6. Қоидон, Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ, саҳ.35.
  7. Қоидон, Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ, саҳ.7.
  8. Абдулмуҳаммадӣ ва Акбарӣ, “Нақд ва баррасии дидгоҳи мусташриқон дар бораи аҳдофи ғазавот ва сароёи Паёмбар (с)”, саҳ.7.
  9. Абдулмуҳаммадӣ ва Акбарӣ, “Нақд ва баррасии дидгоҳи мусташриқон дар бораи аҳдофи ғазавот ва сароёи Паёмбар (с)”, саҳ.8 - 12.
  10. Абдулмуҳаммадӣ ва Акбарӣ, “Нақд ва баррасии дидгоҳи мусташриқон дар бораи аҳдофи ғазавот ва сароёи Паёмбар (с)”, саҳ.17 - 29.
  11. Абдулмуҳаммадӣ ва Акбарӣ, “Нақд ва баррасии дидгоҳи мусташриқон дар бораи аҳдофи ғазавот ва сароёи Паёмбар (с)”, саҳ.13 - 14.
  12. Субҳонӣ, Фарозҳое аз Таърихи Паёмбари Ислом, 1386ҳ.ш., саҳ.216.
  13. Субҳонӣ, Фарозҳое аз Таърихи Паёмбари Ислом, 1386ҳ.ш., саҳ.216.
  14. Қоидон, “Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Паёмбар”, саҳ.79 - 80.
  15. Қоидон, “Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Паёмбар”, саҳ.80.
  16. Содиқӣ, “Усули ҳуқуқи ҷанг дар сираи набавӣ”, саҳ.137.
  17. Алихонӣ, “Таҳлили сиёсии ҷангҳои Паёмбари Акрам, роҳбурде барои имрӯз”, саҳ.71.
  18. Алихонӣ, “Таҳлили сиёсии ҷангҳои Паёмбари Акрам, роҳбурде барои имрӯз” саҳ.71.
  19. Насирӣ, Таърихи Паёмбари Ислом, 1383ҳ.ш., саҳ.76.
  20. Қоидон, “Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ”, саҳ.15.
  21. Мисбоҳи Яздӣ, Ҷанг ва ҷиҳод дар Қуръон, 1394ҳ.ш., саҳ.118.
  22. Сураи Оли Имрон, ояти 123.
  23. Сураи Аҳзоб, ояти 22.
  24. Сураи Тавба, ояти 25.
  25. Мисбоҳи Яздӣ, Ҷанг ва ҷиҳод дар Қуръон, 1394ҳ.ш., саҳ.117.
  26. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.7, саҳ.123.
  27. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.60.
  28. Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.103 - 107.
  29. Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.125 - 126, Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.43.
  30. Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.216 - 218.
  31. Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.338 - 341.
  32. Мунтазирӣ, Ҳукумати динӣ ва ҳуқуқи инсон, 1387ҳ.ш., саҳ.68 - 69; Солеҳии Наҷафободӣ, Ҷиҳод дар Ислом, 1382ҳ.ш., саҳ.34.
  33. Мисбоҳи Яздӣ, Ҷанг ва ҷиҳод дар Қуръон, 1394ҳ.ш., саҳ.148 - 151.
  34. Маркази таҳқиқоти сипоҳ, Ҷангҳои Паёмбари Акрам (с), 1378ҳ.ш., саҳ.120.
  35. Маркази таҳқиқоти сипоҳ, Ҷангҳои Паёмбари Акрам (с), 1378ҳ.ш., саҳ.120.
  36. Маркази таҳқиқоти сипоҳ, Ҷангҳои Паёмбари Акрам (с), 1378ҳ.ш., саҳ.118.
  37. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, ҳикмати 266, саҳ.520.
  38. Ватр, Фанн-ул-ҳарб-ил-исломӣ фи аҳд-ир-Расул (с), Дорул-фикр, саҳ.143.
  39. Маркази таҳқиқоти сипоҳ, Ҷангҳои Паёмбари Акрам (с), 1378ҳ.ш., саҳ.120.
  40. Маркази таҳқиқоти сипоҳ, Ҷангҳои Паёмбари Акрам (с), 1378ҳ.ш., саҳ.119.
  41. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.27.
  42. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.29.
  43. Ҳушёр ва дигарон, “Бозтоби ҷангҳои Паёмбар (с) дар китобҳои таърихи Исломи Эрон аз соли 1358ҳ.ш., то кунун”, саҳ.82.
  44. Ҷалилӣ, Сиёсати хориҷии Паёмбар (с), 1374ҳ.ш., саҳ.105 - 106.
  45. Ҷалилӣ, Сиёсати хориҷии Паёмбар (с), 1374ҳ.ш., саҳ.112 - 114.
  46. Тақизода Акбарӣ, “Равиши фармондеҳии Паёмбари Аъзам (с)”, саҳ.15.
  47. Ниг.: Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.209 - 211.
  48. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.177.
  49. Абдулшофӣ, ас-Сират-ун-набавийя ва-т-таърих-ул-исломӣ, 1428ҳ.қ., саҳ.153.
  50. Тақизода Акбарӣ, “Равиши фармондеҳии Паёмбари Аъзам (с)”, саҳ.9.
  51. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.28.
  52. Содиқӣ, “Усули ҳуқуқи ҷанг дар сираи набавӣ”, саҳ.129.
  53. Содиқӣ, “Усули ҳуқуқи ҷанг дар сираи набавӣ”, саҳ.127.
  54. Содиқӣ, “Усули ҳуқуқи ҷанг дар сираи набавӣ”, саҳ.131.
  55. Ниг.: Байҳақӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1424ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.37.
  56. Қоидон, “Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ”, саҳ.13.
  57. Қоидон, “Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ”, саҳ.15.
  58. Маркази таҳқиқоти сипоҳ, Ҷангҳои Паёмбари Акрам (с), 1378ҳ.ш., саҳ.120.
  59. Қоидон, “Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ”, саҳ.12.
  60. Қоидон, “Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ”, саҳ.12.
  61. Ҷалолии Кундурӣ, “Ҳузури низомии занон дар садри Ислом”, саҳ.108.
  62. Ҷалолии Кундурӣ, “Ҳузури низомии занон дар садри Ислом”, саҳ.108; барои намуна нигоҳ кунед ба: Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.24.
  63. Ниг.: Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.226 - 227; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.297; Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1838; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.135 - 136.
  64. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.334.
  65. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.249 - 250.
  66. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.249 - 250.
  67. Ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, Дорул-эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.1416.
  68. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.180.
  69. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1947.
  70. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.333.
  71. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.137; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.132 - 133.
  72. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.303 - 305.
  73. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.303.
  74. Зилобӣ, “Ҷанг, аз садри Ислом то поёни хилофати Аббосӣ”, саҳ.63.
  75. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.81.
  76. Қоидон, Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ, саҳ.26.
  77. Қоидон, Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ, саҳ.26.
  78. Хаттоб, ар-Расул-ул-қоид, 1422ҳ.қ., саҳ.208.
  79. Хаттоб, ар-Расул-ул-қоид, 1422ҳ.қ., саҳ.203.
  80. Тақизода Акбарӣ, “Равиши фармондеҳии Паёмбари Аъзам (с)”, саҳ.17 - 18.
  81. Тақизода Акбарӣ, “Равиши фармондеҳии Паёмбари Аъзам (с)”, саҳ.18 - 19.
  82. Хаттоб, ар-Расул-ул-қоид, 1422ҳ.қ., саҳ.452 - 453.
  83. Тақизода Акбарӣ, “Равиши фармондеҳии Паёмбари Аъзам (с)”, саҳ.19.
  84. Ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.54.
  85. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.403 - 404.
  86. Хаттоб, ар-Расул-ул-қоид, 1422ҳ.қ., саҳ.337.
  87. Фирӯзӣ ва Ҳусайнӣ, “Баррасии аҳамияти асли ғофилгирӣ дар ҷангҳои Паёмбари Акрам (с) ва корбурди он дар асри ҳозир”, саҳ.196 - 200.
  88. Қоидон, Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ, саҳ.16 - 17.
  89. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.24.
  90. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.994.
  91. Қоидон, Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ, саҳ.18; барои намуна нигоҳ кунед ба: Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., саҳ.71; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.367.
  92. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.220.
  93. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30.
  94. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.210.
  95. Ниг.: Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.4, саҳ.12.

Сарчашма

  • Абдулмуҳаммадӣ, Ҳусайн ва Ҳодии Акбарӣ, “Нақд ва баррасии дидгоҳи мусташриқон дар бораи аҳдофи ғазавот ва сароёи Паёмбар (с)”, дар маҷаллаи Таърихи Ислом, № 51, поизи 1391ҳ.ш.
  • Абдулшофӣ, Муҳаммад Абдуллатиф, ас-Сират-ун-набавийя ва-т-таърих-ул-исломӣ, Қоҳира, Дорул-салом, 1428ҳ.қ.
  • Алихонӣ, Алиакбар, “Таҳлили сиёсии ҷангҳои Паёмбари Акрам, роҳбурде барои имрӯз”, дар Пажуҳишномаи улуми сиёсӣ, № 7, тобистони 1386ҳ.ш.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни-л-Ҳусайн, ас-Сунан-ул-кубро, Бейрут, Дорул-фикр, 1424ҳ.қ.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни-л-Ҳусайн, Далоил-ун-нубувват ва маърифату аҳволи соҳиб-иш-шариъат, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1405ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабатил-ҳилол, 1988м.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Бейрут, Дору тавқин-наҷот, 1422ҳ.қ.
  • Ватр, Муҳаммадзоҳир, Фанн-ул-ҳарб-ил-исломӣ фи аҳд-ир-Расул (с), Димишқ, Дорул-фикр, бе то.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, Бейрут, Муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1409ҳ.қ.
  • Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, 1995м.
  • Зилобӣ, Нигор, “Ҷанг, аз садри Ислом то поёни хилофати Аббосӣ”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷилди 11, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1386ҳ.ш.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Иззуддин, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Сайидуннос, Муҳаммад, Уюн-ул-асар фи фунун-ил-мағозӣ ва-ш-шамоили ва-с-сияр, Бейрут, Дорул-қалам, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Тоиф, мактабатус-Садиқ, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷҷоҷ, Муслим, Саҳеҳ Муслим, Бейрут, Дорул-эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1412ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қоидон, Асғар, “Мудирият ва раҳбарии Паёмбари Акрам (с) дар арсаҳои низомӣ”, дар фаслномаи Мутолиъоти роҳбурдии басиҷ, № 31, тобистони 1385ҳ.ш.
  • Қоидон, Асғар, “Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Паёмбар”, дар маҷаллаи Мутолиъоти таърихии ҷанг, № 3, баҳори 1397ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дорул-китоб, 1363ҳ.ш.
  • Қуръони Карим.
  • Макорими Шерозӣ, Носир ва дигарон, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1374ҳ.ш.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ би мо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1420ҳ.қ.
  • Маркази таҳқиқоти сипоҳ, Ҷангҳои Паёмбари Акрам (с), Теҳрон, ситоди намояндагии Валии фақеҳ, 1378ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Ҷанг ва ҷиҳод дар Қуръон, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ (раҳ), 1394ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Ҳукумати динӣ ва ҳуқуқи инсон, Қум, Арғавони дониш, 1387ҳ.ш.
  • Муовинати пажӯҳишии муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, Симои маъсумин дар андешаи имом Хумайнӣ, 1375ҳ.ш.
  • Насирӣ, Муҳаммад, Таърихи Паёмбари Ислом, Қум, нашри Маориф, 1383ҳ.ш.
  • Сайиди Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға, мусаҳҳеҳ: Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • Содиқӣ, Мустафо, “Усули ҳуқуқи ҷанг дар сираи набавӣ”, фаслномаи Ҳасун, № 21, поизи 1388ҳ.ш.
  • Солеҳии Наҷафободӣ, Неъматуллоҳ, Ҷиҳод дар Ислом, Теҳрон, Най, 1382ҳ.ш.
  • Солеҳии Шомӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудоти ва-р-рашод фи сирати хайри-л-ибод, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1414ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фарозҳое аз таърихи Паёмбари Ислом, Теҳрон, Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Тақизода Акбарӣ, Алӣ, “Равиши фармондеҳии Паёмбари Аъзам (с)”, фаслномаи Ҳасун, № 9, поизи 1385ҳ.ш.
  • Фирӯзӣ, Саид ва Ҳусайнӣ, Сайидҳидоятуллоҳ, “Баррасии аҳамияти асли ғофилгирӣ дар ҷангҳои Паёмбари Акрам (с) ва корбурди он дар асри ҳозир”, дар ду фаслномаи Пажӯҳишҳои улуми низомӣ, № 2, поиз ва зимистони 1399ҳ.ш.
  • Хаттоб, Маҳмуд Шит, ар-Расул-ул-қоид, Бейрут, Дорул-фикр, 1422ҳ.қ.
  • Ҳушёр, Фариноз, ва дигарон, “Бозтоби ҷангҳои Паёмбар (с) дар китобҳои таърихи Исломи Эрон аз соли 1358ҳ.ш., то кунун”, дар фаслномаи илмӣ - пажӯҳишии Таърих, № 65, тири 1401ҳ.ш.
  • Ҷалилӣ, Саид, Сиёсати хориҷии Паёмбар (с), Теҳрон, Маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, 1374ҳ.ш.
  • Ҷалолии Кундурӣ, Суҳайло, “Ҳузури низомии занон дар садри Ислом”, фаслномаи Улуми инсонии донишгоҳи Аззаҳро (с), № 46 ва 47, тобистон ва поизи 1382ҳ.ш.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.