Қатли Молик ибни Нувайра

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷанги Бутоҳ)

Ин мақола дар бораи кушта шудани Молик ибни Нувайра аст. Барои ошноӣ бо шахсе ба ҳамин ном мақолаи Молик ибни Нувайраро бубинед.

Қатли Молик ибни Нувайра
Шарҳи моҷароКушта шудани Молик ибни Нувайра ба дасти Холид ибни Валид бо ризояти Абубакр
ЗамонСоли 11ҳ.қ./Пас аз реҳлати Пайғамбар (с)
ДавраХилофати Абубакр
МаконМинтақаи Бутоҳ
СабабХуддории Молик аз пардохти закот ба далели машруъ надонистани хилофати Абубакр • Бадахлоқии Холид ибни Валид
ҲадафСаркӯби мухолифони ҳукумат
ОмилҳоАбубакр • Холид ибни Валид
ПаёмадҳоНақди назарияи адолати саҳоба аз сӯи шиа • Нисбат додани иртидод ба Молик аз сӯи бархе суннимазҳабон дар сафед кардани рафтори Холид ибни Валид
ВокунишҳоЭътирози Умар ибни Хаттоб ва бархе аз саҳоба
ДахлдорҶангҳои ридда


Қатли Молик ибни Нувайра (фарсӣ: قتل مالک بن نُوَیْره) аз ҳодисаҳои давраи хилофат Абубакр аст, ки дар он Молик ибни Нувайра - яке аз саҳобаи Пайғамбар (с), ба дасти Холид ибни Валид кушта шуд ва яке аз чолишҳои каломии шиа ва суннӣ гардид. Шиа бо эътиқод ба бадахлоқии Холид ва боиси ин қатл, назарияи адолати саҳобаро нақд кардаанд. Ба гуфтаи муҳаққиқони шиа, Молик ба далели машруъ надонистани хилофати Абубакр, аз пардохти закот ба ҳукумат худдорӣ кард ва ҳамин амр баҳонаи кушта шуданаш шуд.

Бархе нависандагони аҳли суннат барои тавҷеҳи рафтори Холид ибни Валид, Моликро муртадд донистаанд; аммо шиаён ва бархе аҳли суннат, бо истидлол ба гувоҳии теъдоде аз саҳоба бар Исломи ӯ ва пардохти дияи Молик аз сӯи Абубакр, иртидоди ӯро инкор кардаанд; чунон ки Умар ибни Хаттоб, сазои Холид ибни Валидро ба ҷурми қатли Молик, қисос ва ба ҷурми ҳамбистар шудан бо ҳамсари ӯ, сазовори сангсор медонист; дар муқобил, Абубакр, Холидро дар иҷтиҳоди худ маъзур донист.

Молик ибни Нувайра аз ашрофу бузургон дар даврони ҷоҳилият ва Ислом буд ки дар замони ҳаёти Пайғамбар (с) мусулмон шуд. Пас аз вафоти Пайғамбар (с) Молик ба Абубакр эътироз кард ки чаро тибқи гуфтаи Пайғамбар (с), хилофатро ба Имом Алӣ (а) вогузор накардааст. Шайх Аббоси Қумӣ муътақид аст Молик ба сабаби муҳаббат ба Аҳли Байт (а) кушта шуд.

Дар мавзӯи кушта шудани Молик ибни Нувайра китобҳое навишта шудааст, ки «Моҷарои қатли Молик ибни Нувайра», ба кӯшиши Алии Лаббоф, аз ҷумлаи онҳост.

Аҳамияти воқеа дар баҳси каломӣ

Моҷарои қатли Молик ибни Нувайра, аз масоили чолишии каломӣ назд фариқайн аст.[1] Кушта шудани Молик ба дасти Холид ибни Валид ва ҳамбистар шудани ӯ бо ҳамсари Молик, аз ҷанҷолитарин иттифоқоти марбут ба ҷангҳои ридда хонда шудааст.[2] Муҳаққиқони шиа бо истинод ба ин воқеаи торихӣ, назарияи аҳли тасаннун дар бораи адолати саҳобаро нақд кардаанд ва муътақиданд ин назария дар тавҷеҳи бархе рафтори ношоисти саҳоба матраҳ шудааст.[3] Ба гуфтаи Мақдисӣ, таърихнигор қарни чаҳоруми қамарӣ, пас аз масъалаи имомат, ихтилофи мусулмонҳо дар ҷангҳои ридда зоҳир шуд; агарчи Абубакр муътақид буд бояд бо аҳл ридда ҷангид, аммо мусулмонон бо ӯ мухолифат карданд.[4]

Шиаён ва бархе аз аҳли тасаннун иртидоди Моликро иддаое носаҳеҳ дониста ва ӯро мусулмон медонанд.[5] Гувоҳӣ додани теъдоде аз саҳоба бар исломи онон, пардохтани дияи Молик аз сӯи Абубакр ва дастури Абубакр бар ҷудоии Холид, аз ҳамсари Молик, аз ҷумла далоили онҳо бар мусулмонии Молик аст;[6] бо ин ҳол аҳли тасаннун дар мусулмон будани ӯ назари яксоне надоранд ва баъзе ӯро муртад донистаанд.[7] Муҳаммадҳусайни Ҳайкал бо тавҷеҳи рафтори Холид бар ин бовар аст, ки қатли Молик ва ҳамбистар шудани ӯ бо ҳамсари Молик дар муқобили хадамоти бисёри ӯ ба ҳукумат, масаълае ночизаст.[8]

Молик ибни Нувайра

Мақолаи аслӣ: Молик ибни Нувайра

Молик ибни Нувайра ибни Ҷамраи Тамимӣ аз саҳобаи Расули Худо (с) ва аз ашрофу бузургон дар даврони ҷоҳилият ва Ислом буд.[9] Молик шоир буду девон шеърӣ дошт.[10] Вай назди Пайғамбар (с) рафт ва мусулмон шуд.[11] Паёмбар ӯро намояндаи худ дар қабилааш кард, то закотро аз онон бигирад.[12]

Ба гуфтаи Шайх Аббоси Қумӣ - аз муҳаддисони шиа дар қарни чаҳордаҳуми қамарӣ, Молик ибни Нувайра ба сабаби муҳаббат ба Аҳли Байт (а), кушта шуд.[13] Мутобиқи нақли Фазл ибни Шозон, пас аз реҳлати Пайғамбар (с) Молик ибни Нувайра ба Мадина омад ва бо огоҳ шудан аз хилофати Абубакр, ба вай эътироз кард, ки чаро тибқи гуфтаи Пайғамбар (с), хилофатро ба Имом Алӣ (а) вогузор накардааст.[14]

Қатли Молик дар ҷангҳои ридда

Ба гуфтаи Аллома Аминӣ[15] ва Расули Ҷаъфариён,[16] аз таърихпажӯҳони шиа, бидуни ҳеҷ тардиде Молик ибни Нувайра ба хотири бадахлоқии Холид ибни Валид кушта шуд. Молик аз пардохти закот ба ҳукумати Абубакр худдорӣ ва онро дар байни қавми худ тақсим мекард.[17] Ба гуфтаи Сайид Абдулҳусайн Шарафуддин, нависандаи китоби ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, Молик ба ин далел, ки дар машруияти хилофати Абубакр ва раво будани пардохти закот ба ӯ шубҳа дошт, аз додани закот ба ӯ худдорӣ мекард.[18]

Холид ибни валид ба дастури Абубакр, барои муқобила бо иртидоди Молик ва қабилааш, сӯи онон дар минтақаи Бутоҳ рафт.[19] Абубакр дастур дода буд, пеш аз оғози ҷанг пайбандии онон ба намоз баррасӣ шавад, то аз иртидоди онон мутмаин шаванд.[20] Молик ки аз азимати Холид ба сӯи худ бохабар шуда буд, барои нишон додани ҳусни нияти худ ва барои ҷилавгирӣ аз ин таваҳҳум ки онони сипоҳеро омода сохтаанд, шахсоне аз қабилаи худро ки дар ҷое ҷамъ шуда буданд пароканда сохт, то гумон накунанд онҳо ороиши ҷангӣ гирифтаанд.[21] Бархе аз ансор ки пайбандии Молик ва қабилаи ӯ ба намозро диданд, ба мухолифат бо Холид ибни Валид пардохтанд, вале Холид таваҷҷӯҳе ба он ҳо накард.[22]

Молик барои исботи ин ки муртад нашудааст ҳамроҳ бо ҳамсараш Уммитамим, назди Холид ҳозир шуд, вале Холид бо дидани ҳамсари ӯ ки зани зебое буд, Моликро кишт ва ҳамон шаб бо ҳамсари Молик, ки дар иддаи вафоти шавҳараш буд, ҳамбистар шуд.[23] Ба гузориши Яъқубӣ - таърихнигори қарни сеюм, Холид бо дидани Уммитамим бо баёни ин ҷумла ки «Ба Худо қасам он чи дар ихтиёр дорӣ, ҷуз бо куштани ту ба даст намеоварам!» Моликро кушт.[24] Мутобиқи гузориши Воқидӣ - муаррихи садаи дувуми ҳиҷрӣ, Холид муддатҳо қабл дар андешаи Уммитамим буд. Молик низ қабл аз кушта шудани худ, ангезаи Холидро зебои ҳамсараш унвон карда буд.[25] Даргузашти ӯро аз ҳаводиси соли 11 қамарӣ гузориш кардаанд.[26]

Эътирози саҳоба ба қатли Молик

Корҳои хилофи шаръи Холид, эътирози бархе саҳоба, ҳамчун Абуқатодаи Ансорӣ ва Абдуллоҳ ибни Умарро барангехт.[27] Пас аз он ки гузориши сипоҳи Холид ба Мадина расид Умар ибни Хаттоб дар бораи корҳои хилофи шаръи Холид бо Абубакр ба гуфтугӯ пардохт ва аз ӯ хост Холидро аз фармондеҳӣ барканор кунад.[28] Умар ибни Хаттоб, сазои Холид ибни Валидро ба ҷурми қатли Молик, қисос ва ба ҷурми ҳамбистар шудан бо ҳамсари ӯ, сангсор медонист.[29] Аммо Абубакр бо радди дархости Умар, Холидро дар хатои иҷтиҳодаш маъзур донист.[30] Ва ӯро шамшере аз шамшерҳои Худованд донист, ки бар душманони Худо баркашида шудааст.[31]

«Моҷарои қатли Молик ибни Нувайра»

Пас аз он ки Мутаммим ибни Нувайра - бародари Молик, ба хунхоҳии бародараш назд Абубакр рафт, Абубакр дастур дод, дияи Молик аз байтулмол пардохта шавад.[32] Ҳамчунин ӯ ба Холид дастур дод аз ҳамсари Молик ҷудо шавад, вале Холид ҳеч гоҳ ин дастури Абубакрро анҷом надод.[33] Ба гуфтаи Муҳаммадҳусайни Ҳайкал - таърихпажӯҳ мисрӣ, аз он ҷо ки Абубакр дар ҳукумати худ ба Холид ниёз дошт, пайваста ӯро ба кор мегирифт.[34] Аммо Умар хатои ӯро аз ёд набурд ва ба ҳамин иллат буд, ки баъд аз фавти Абубакр ва халифа шудани ӯ, Холидро аз фармондеҳии сипоҳ азл кард.[35]

Такнигориҳо

Бархе китобҳо ки дар бораи кушта шудани Молик ибни Нувайра навишта шуда, иборатанд аз:

  • «Моҷарои қатли Молик ибни Нувайра» ба кӯшиши Алии Лаббоф; ин асар ки матолиби он баргирифта аз осори Сайид Муртазо Аскарӣ аст, дар соли 1391ҳ.ш. ба кӯшиши интишороти Мунир, дар Теҳрон мунташир шудааст.[36]
  • «Пажӯҳише дар ҳаёти сиёсӣ ва мборзотии Молик ибни Нувайра» ба қалами Ҳасани Алипурваҳид; ин китобро Дафтари интишороти исломӣ дар соли 1395ҳ.ш. дар 685 сафҳа чоп кардааст.[37]
  • «Молик ибни Нувайра» асари дигари Ҳасани Алипурваҳид; нависанда дар ин китоб моҷарои марбут ба Моликро бо рӯйкарди таҳлилӣ аз манобеи аҳли тасаннун баррасӣ кардааст.[38] Ин китобро интишороти Далели мо, дар соли 1402ҳ.ш. дар 616 сафҳа мунташир кардааст.[39]

Эзоҳ

  1. Сиёмиёни Гурҷӣ, «Ридда, ҷангҳо», саҳ.695
  2. Ғуломӣ, «Ҷангҳои иртидод ва буҳрони ҷонишинӣ пас аз Пайғамбар (с)», саҳ.39
  3. Некзод, «Адолати саҳоба дар тарозуи нақд», саҳ.42 - 44
  4. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабат-ус-сақофат-уд-диния, ҷ.5, саҳ.123
  5. Ниг.: Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.277; Ғуломӣ, «Ҷангҳои иртидод ва буҳрони ҷонишинӣ пас аз Пайғамбар (с)», саҳ.40
  6. Ниг.: Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.277; Ғуломӣ, «Ҷангҳои иртидод ва буҳрони ҷонишинӣ пас аз Пайғамбар (с)», саҳ.40
  7. Ниг.: Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.277
  8. Ҳайкал, ас-Сиддиқу Абубакр, Дор-ул-маориф, саҳ.141
  9. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.276
  10. Оқобзрги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.264
  11. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.33
  12. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.122
  13. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.311
  14. Ибни Шозон, ал-Фазоил, 1363ҳ.ш., саҳ.76
  15. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.219 - 220
  16. Ҷаъфариён, Таърихи хулафо, 1394ҳ.ш., саҳ.38
  17. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.560
  18. Шарафуддин, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, 1404ҳ.қ., саҳ.118
  19. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.495
  20. Сайид Муртазо, аш-Шофи фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.163
  21. Шарафуддин, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, 1404ҳ.қ., саҳ.118 - 119
  22. Воқидӣ, ар-Ридда, 1410ҳ.қ., саҳ.106 - 107
  23. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.131 - 132
  24. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.131
  25. Воқидӣ, ар-Ридда, 1410ҳ.қ., саҳ.107
  26. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.278
  27. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабат-ус-сақофат-уд-диния, ҷ.5, саҳ.159
  28. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.278 - 279
  29. Абилфидо, Таърихи Абилфидо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.222
  30. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.323
  31. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.471
  32. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.277
  33. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.218
  34. Ҳайкал, ас-Сиддиқу Абубакр, Дор-ул-маориф, саҳ.157
  35. Ҳайкал, ас-Сиддиқу Абубакр, Дор-ул-маориф, саҳ.138
  36. Лаббоф, Моҷарои қатли Молик ибни Нувайра, 1391ҳ.ш.
  37. Алипурваҳид, Пажӯҳише дар ҳаёти сиёсӣ ва мборзотии Молик ибни Нувайра, 1395ҳ.ш.
  38. Алипурваҳид, Молик ибни Нувайра, 1402ҳ.ш.
  39. Алипурваҳид, Молик ибни Нувайра, 1402ҳ.ш.

Сарчашма

  • Абилфидо, Исмоил ибни Алӣ, Таърихи Абилфидо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1417ҳ.қ.
  • Алипурваҳид, Ҳасан, Молик ибни Нувайра, Қум, Далели мо, 1402ҳ.ш.
  • Алипурваҳид, Ҳасан, Пажӯҳише дар ҳаёти сиёсӣ ва мборзотии Молик ибни Нувайра, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1395ҳ.ш.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадиру фи-л-Китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, Марказу ал-Ғадири ли-д-диросот-ил-исломия, 1416ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ар-Ридда, Бейрут, Дор-ул-ғарб-ил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Исломи ва вафаёт-ил-машоҳири ва-л-аълом, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-ъарабӣ, 1413ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни абии алкрм, Усуд-ул-ғобаи фи муъаррифаи алсҳобаҳ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Шозон, Фазл, ал-Фазоил, Қум, Разӣ, 1363ҳ.ш.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исобату фи тамиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Лаббоф, Алӣ, Моҷарои қатли Молик ибни Нувайра, Теҳрон, Мунир, 1391ҳ.ш.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бейрут, порти Саид, Мактабат-ус-сақофат-уд-диния, бе то.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор-ур-ризо, 1403ҳ.қ.
  • Некзод, Аббос, «عدالت صحابه در ترازوی نقد», дар маҷаллаи Равоқи андеша, №28, фарвардини 1383ҳ.ш.
  • Оқобзрги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъту ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дор-ул-азво, 1403ҳ.қ.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аш-Шофи фи-л-имомат, Теҳрон, Муассисат-ус-Содиқ (а), 1410ҳ.қ.
  • Сиёмиёни Гурҷӣ, Зуҳайр, «Ридда, ҷангҳо», дар ҷилди 24 Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, маркази Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, 1398ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ.
  • Шарафуддин, Сайид Абдулҳусайн, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, Қум, Абумуҷтабо, 1404ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дору содир, бе то.
  • Ғуломӣ, Алӣ, «جنگ‌های ارتداد و بحران جانشینی پس از پیامبر(ص)», дар маҷаллаи Маърифат, №40, фарвардини 1380ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Мунтаҳа-л-омол, Қум, Далели мо, 1379ҳ.қ.
  • Ҳайкал, Муҳаммади Ҳусайн, ас-Сиддиқу Абубакр, Қоҳира, Дор-ул-маориф, бе то.
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи хулафо, Қум, Далели мо, 1394ҳ.ш.