Сураи Инсон

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳафтоду шашумин сура)
Сураи Инсон

Сураи Инсон ё Ҳал ато (арабӣ: هَلْ أَتَیٰ) ё Даҳр (арабӣ: دَهْر) ҳафтоду шашумин сура ва аз сураҳои мадании Қуръон аст, ки дар ҷузъи 29 ҷой дорад. Сураи Инсон дар бораи хилқат ва ҳидояти инсон, авсофи аброр (некӯкорон) ва неъматҳое, ки Худованд ба онон медиҳад ва ҳамчунин аҳамияти Қуръон ва машийати Парвардигор сухан мегӯяд.

Бино бар назари муффасирони шиъа ва бархе аз аҳли суннат, ояти ҳаштуми ин сураи маъруф ба «Ояти Итъом», дар шаъни ҳазрати Алӣ (а), Фотимаи Заҳро (а), Ҳасанайн (а) ва ходими онони Физза нозил шудааст. Эшон се рӯзи паёпай ба назрашон бар рӯза гирифтани ин рӯзҳо вафо карданд ва бо инки худ гурусна буданд, ифториашонро ба мискин, ятим ва асир бахшиданд.

Аз ҷумлаи подошҳое, ки барои тиловати ин сура баён шуда, ҳамнишинӣ бо Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар охират аст.

Муаррифӣ

* Номгузорӣ

Ин Сура ба номҳои инсон, Ҳал ато ва Даҳр машҳур аст.[1] Ин номгузорӣ ҳам ба ин сабаб аст, ки ин се калима дар ояти аввал омадаанд.[2] Ба ин сура Аброр (некон) низ мегӯянд; зеро ин калима дар ояти панҷум омада ва беш аз нисфи ин сура ба шарҳи ҳоли ин афрод пардохта аст.[3]

* Маҳал ва тартиби нузул

Сураи Инсон дар тартиби нузул, наваду ҳаштумин сурае аст, ки бар ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шудааст. Ин Сура дар чиниши кунунии мусҳаф ҳафтоду шашумин сура аст[4] ва дар ҷузъи 29 қарор дорад.[5]

Дар Маккӣ ё Маданӣ будани ин сура ихтилоф вуҷуд дорад. Ба гуфтаи Носири Макорими Шерозӣ, аз муффасирони шиъа, муффасирони шиъа иттифоқи назар доранд, ки тамоми ин сура ё дастикам оёте, ки дар бораи мақоми Аброр ва аъмоли солеҳи онҳост, дар Мадина нозил шуда аст.[6] Қуртубӣ, аз муффасирони аҳли суннат дар қарни ҳафтуми қамарӣ, низ бар он аст, ки машҳури уламои аҳли суннат ин сураро маданӣ донистаанд.[7] Бо ин ҳол бархе аз муффасирони аҳли суннат, онро маккӣ[8] ва баъзе оёти нахустини сураро маккӣ ва аз ояти ҳаштум то охирро маданӣ донистаанд.[9]

* Теъдоди оёт ва дигар вижагиҳо

Сураи Инсон 31 оят, 243 калима ва 1089 ҳарф дорад. Ин сура ба лиҳози ҳаҷмӣ ҷузви сураҳои муфассалот (дорои оёти кӯтоҳ) ва аз сураҳои нисбатан майда аст.[10] Ин сура аз ҷумлаи оёт ва сураҳое аст, ки ба сурати комил бар зариҳи ҷадиди ҳазрати Аббос ҳак шудааст.[11]

Муҳтаво

Тафсири намуна муҳтавои сураи Инсонро ба панҷ матлаб ва меҳвари куллӣ тақсим кардааст:

  • Аввал: офариниши инсон, хилқати ӯ аз нутфа ва ҳидоят ва озодии иродаи ӯ;
  • Дувум: подоши аброру некон (ки дар мавриди Аҳли Байт (а) аст);
  • Сеюм: вижагиҳои афроди нек, ки боис мешавад шоистаи дарёфти подоши илоҳӣ бошанд;
  • Чаҳорум: аҳамияти Қуръон, тариқи иҷрои аҳкоми он ва роҳи пурфарозу нишеби худсозӣ;
  • Панҷум: ҳокимияти машийат ва хости илоҳӣ.[12]
  • Шашум: неъматҳои биҳиштӣ, Олусӣ муффасири аҳли суннат ба нақл азд игрон [ниёзманди манбаъ] гуфтааст: чун ин сура дар шаън ва фазилати панҷ тани Оли Пайғамбар нозил шуда, ки ҳазрати Фотима (с) низ аз онон аст, аз занони биҳиштӣ (ҳурулъайн) ба эҳтироми ӯ номе ба миён наёмада аст. (رَعايَةً لِحُرْمَةِ البَتُول وَ قُرَّةِ عَينِ الرَّسُول)[13] Аллома Таботабоӣ низ дар ал-Мизон ба ин нукта тасреҳ карда, ки дар сураи Инсон, номе аз ҳуррулъайн ба унвони яке аз муҳимтарин неъматҳои биҳишт нест ва аз ин метавон бардошт кард дар миёни аброре, ки ин оят дар шаънашон нозил шуда аз занон ҳам будаанд.[14]

Муҳтавои сураи Инсон[15]

Ташвиқи инсонҳо ба пайравӣ аз дини Худо

Гуфтори сеюм; ояти 23 - 31

Зарурати пайравӣ аз дини Худо

Гуфтори дувум; ояти 4 - 22

Подоши пайравӣ аз дини Худо

Гуфтори аввал; ояти 1 - 3

Ҳидояти фитрии инсонҳо ба сӯи дини Худо

Матлаби аввал; ояти 23 - 26

Вазифаи Пайғамбар дар пайравӣ накардан аз кофирон

Матлаби аввал; ояти 4

Азоби ухравии кофирон

Матлаби аввал; ояти 1 - 2

Муҷаҳҳаз шудани инсонҳо ба абзори ташхиси ҳақ аз ҳангоми таваллуд

Матлаби дувум; ояти 27 - 28

Дунёпарастии кофирон далели пайравӣ накардани онон

Матлаби дувум; ояти 5 - 6

Баҳрамандии некон аз чашмаҳои биҳиштӣ

Матлаби дувум; ояти 3

Ҳидояти таквинӣ ва ташриъии инсонҳо ба сӯи ҳақ

Матлаби сеюм; ояти 29 - 31

Кофирон наметавонанд бар иродаи Худо чира шаванд

Матлаби сеюм; ояти 7 - 11

Сифоти бандагони Худо

Матлаби чаҳорум; ояти 12 - 22

Неъматҳои биҳиштии бандагони Худо

Вижагиҳои некӯкорон

Дар сураи Инсон (тайи оёти 7-11), панҷ вижагӣ дар тавсифи некӯкорон (аброр) баён шудааст: 1. Ба назри хеш вафо мекунанд. 2. Аз рӯзе, ки азоб ва газанди он фарогир аст меҳаросанд. 3. Бо инки ба таъоми худ ниёзманданд, онро ба бенаво, ятим ва асир мебахшанд. 4. Ин корро танҳо барои хушнудии Худо мекунанд ва таваққуъи подошу сипос аз касе надоранд. 5. Дар рӯзе, ки абус ва саҳмгин аст (яъне рӯзи қиёмат), аз Парвардигори худ ҳарос доранд.[16]

Оёти машҳур

Таблои хушнависӣ бо унвони Ояти Итъом.

Навиштори аслӣ: Ояти Итъом

  • «وَيُطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَىٰ حُبِّهِ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا» (ояти 8)

Ва таъоми (худ)-ро бо инки ба он алоқа (ва ниёз) доранд, ба «мискин» ва «ятим» ва «асир» медиҳанд.

Ояти ҳаштуми сураи Инсон (ба ҳамроҳи оёти қабл ва баъд), ба ояти итъом маъруф аст.[17] Ба гуфтаи Оятуллоҳи Макорими Шерозӣ, уламои шиъа иттифоқи назар доранд, ин оят ба ҳамроҳи оёти дигар (ҳаждаҳ ояти ин сура ё ҳамаи он) дар бораи се рӯз рӯза гирифтани Имом Алӣ (а), Фотима (с), Ҳасанайн (а) ва Физза нозил шудааст.[18] Нақл шудааст ин афрод бо инки гурусна буданд, ифтории худро ба дунболи дархости мискин, ятим ва асир бахшиданд.[19] Ривоёти бисёре вуҷуд дорад, ки ин шаъни нузулро баён мекунанд.[20] Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ бо ишора ба ривояти Ибни Аббос дар бораи шаън ва фазилати Аҳли Байт (а) аз 34 ровии аҳли суннат, ки аллома Аминӣ дар китоби ал-Ғадир нақл кардааст,[21] ин ривоятро дар миёни аҳли суннат, машҳур, балки мутавотир шуморида аст.[22]

Ояти Шароби таҳур

* «وَسَقَاهُمْ رَبُّهُمْ شَرَابًا طَهُورًا» (ояти 21)

Ва Парвардигорашон шароби таҳур ба онон менушонад!

Нависандаи ал-Мизон, шароби таҳурро шаробе дониста, ки ҳар навъ олудагиҳову нопокиро мезудояд, ки аз ҷумлаи онҳо ғафлату маҳрумият ва дур мондан аз тавваҷуҳ ба Худои Субҳон аст ва бо нушидани ин шароби хос чун ҳеҷ ҳиҷобе байни онон Аброр ва Парвардигорашон боқӣ намемонад, шоистагии ҳамду ситоиши Парвардигорашонро меёбанд ҳамонгуна ки дар ояти 10 сураи Юнус дар бораи онон фармуда: وَآخِرُ دَعْوَاهُمْ أَنِ الْحَمْدُ لِله رَبِّ الْعَالَمِينَ ва охирин суханашон (ниёиши аброр дар биҳишт) ин аст, ки: «ҳамд, махсуси Парвардигори оламиён аст!» Аллома Таботабоӣ ҳамчунон дар ал-Мизон муътақид аст, ки Худованд дар ҷумлаи وَسَقَاهُمْ رَبُّهُمْ شَرَابًا طَهُورًا воситаҳоро ҳазф карда ва сероб сохтани ин биҳиштиёнро мустақиман ба хеш нисбат дода ва ин бофазилаттарин неъмате аст, ки арзонии биҳиштиён мешавад. Ӯ эҳтимол дода, ки ин мавҳибати биҳиштӣ мисдоқи калимаи «мазид» (неъматҳои бештаре, ки назди Худованд аст) дар ояти 35 сураи Қоф бошад, ки фармудааст: لَهُمْ مَا يَشَاءُونَ فِيهَا وَلَدَيْنَا مَزِيدٌ , ҳарчӣ бихоҳанд дар онҷо барои онҳо ҳаст, ва назди мо неъматҳои бештаре аст (ки ба фикри ҳеҷкас намерасад).[23]

Оёт-ул-аҳком

Ояти ҳафтуми сураи Инсонро ҷузви оётул-аҳком баршумурдаанд.[24] Дар мавриди ин оят, ки вафои ба назрро яке аз авсофи некӯкорон баён мекунад,[25] гуфта шуда аз он, ҷавоз ва балки вуҷуби вафои ба назр фаҳмида мешавад.[26]

Фазоил ва хавос

Ҳамчунин бибинед: Фазоили сувар

Дар ривоёт, савоби қироъати сураи Инсон, биҳишт ва ҳурёни биҳиштӣ[27] ва ҳамнишинӣ бо Пайғамбар (с) дар охират баён шудааст.[28]

Ҳамчунин омада аст, ки Имом Ризо (а) дар намози субҳи душанбе ва панҷшанбе, дар ракъати аввал, сураи Ҳамд ва сураи Инсон ва дар ракъати дувум баъд аз Ҳамд, сураи Ғошияро қироъат мекард ва мефармуд ҳар кас чунин кунад, Худованд дар ин ду рӯз ӯро аз шуруру бадиҳо дар амон медорад.[29]

Барои хондани ин сура, хавоссе низ нақл шудааст, аз ҷумла агар касе бар қироъати сураи Инсон мудовимат варзад, агар рӯҳаш заъиф бошад, дорои қудрати рӯҳӣ мешавад.[30] Хондани ин сура барои тақвияти аъсоб ва дур шудан аз изтироб муфид аст.[31]

Матн ва тарҷума

Сураи Инсон

بِسْمِ اللَّـهِ الرَّ‌حْمَـٰنِ الرَّ‌حِيمِ

هَلْ أَتَیٰ عَلَی الْإِنسَانِ حِینٌ مِّنَ الدَّهْرِ لَمْ یكُن شَیئًا مَّذْكُورًا ﴿۱﴾ إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِیهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِیعًا بَصِیرًا﴿۲﴾ إِنَّا هَدَینَاهُ السَّبِیلَ إِمَّا شَاكِرًاوَإِمَّا كَفُورًا﴿۳﴾ إِنَّا أَعْتَدْنَا لِلْكَافِرِینَ سَلَاسِلَ وَأَغْلَالًا وَ سَعِیرًا﴿۴﴾ إِنَّ الْأَبْرَارَ یشْرَبُونَ مِن كَأْسٍ كَانَ مِزَاجُهَا كَافُورًا﴿۵﴾ عَینًا یشْرَبُ بِهَا عِبَادُ اللَّـهِ یفَجِّرُونَهَا تَفْجِیرًا﴿۶﴾ یوفُونَ بِالنَّذْرِ وَ یخَافُونَ یوْمًا كَانَ شَرُّهُ مُسْتَطِیرًا﴿۷﴾ وَ یطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَیٰ حُبِّهِ مِسْكِینًا وَ یتِیمًا وَأَسِیرًا﴿۸﴾ إِنَّمَا نُطْعِمُكُمْ لِوَجْهِ اللَّـهِ لانُرِیدُ مِنكُمْ جَزَاءً وَلَا شُكُورًا﴿۹﴾ إِنَّا نَخَافُ مِن رَّبِّنَا یوْمًا عَبُوسًا قَمْطَرِیرًا﴿۱۰﴾ فَوَقَاهُمُ اللَّـهُ شَرَّ ذَٰلِكَ الْیوْمِ وَ لَقَّاهُمْ نَضْرَةً وَ سُرُورًا﴿۱۱﴾ وَ جَزَاهُم بِمَا صَبَرُوا جَنَّةً وَ حَرِیرًا﴿۱۲﴾ مُّتَّكِئِینَ فِیهَا عَلَی الْأَرَائِكِ ۖ لایرَوْنَ فِیهَا شَمْسًا وَ لَا زَمْهَرِیرًا﴿۱۳﴾ وَ دَانِیةً عَلَیهِمْ ظِلَالُهَا وَ ذُلِّلَتْ قُطُوفُهَا تَذْلِیلًا ﴿۱۴﴾ وَ یطَافُ عَلَیهِم بِآنِیةٍ مِّن فِضَّةٍ وَأَكْوَابٍ كَانَتْ قَوَارِیرَا﴿۱۵﴾ قَوَارِیرَ مِن فِضَّةٍ قَدَّرُوهَا تَقْدِیرًا﴿۱۶﴾ وَ یسْقَوْنَ فِیهَا كَأْسًا كَانَ مِزَاجُهَا زَنجَبِیلًا ﴿۱۷﴾ عَینًا فِیهَا تُسَمَّیٰ سَلْسَبِیلًا ﴿۱۸﴾ وَ یطُوفُ عَلَیهِمْ وِلْدَانٌ مُّخَلَّدُونَ إِذَا رَأَیتَهُمْ حَسِبْتَهُمْ لُؤْلُؤًا مَّنثُورًا﴿۱۹﴾ وَإِذَا رَأَیتَ ثَمَّ رَأَیتَ نَعِیمًا وَ مُلْكًا كَبِیرًا﴿۲۰﴾ عَالِیهُمْ ثِیابُ سُندُسٍ خُضْرٌ وَ إِسْتَبْرَ قٌ ۖ وَ حُلُّوا أَسَاوِرَ مِن فِضَّةٍ وَ سَقَاهُمْ رَبُّهُمْ شَرَابًا طَهُورًا﴿۲۱﴾ إِنَّ هَـٰذَا كَانَ لَكُمْ جَزَاءً وَ كَانَ سَعْیكُم مَّشْكُورً ا ﴿۲۲﴾ إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا عَلَیكَ الْقُرْآنَ تَنزِیلًا ﴿۲۳﴾ فَاصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ وَلَا تُطِعْ مِنْهُمْ آثِمًا أَوْ كَفُورًا ﴿۲۴﴾ وَاذْكُرِ اسْمَ رَبِّكَ بُكْرَةً وَأَصِیلًا ﴿۲۵﴾ وَ مِنَ اللَّـیلِ فَاسْجُدْ لَهُ وَسَبِّحْهُ لَیلًا طَوِیلًا ﴿۲۶﴾ إِنَّ هَـٰؤُلَاءِ یحِبُّونَ الْعَاجِلَةَ وَ یذَرُونَ وَرَاءَهُمْ یوْمًا ثَقِیلًا ﴿۲۷﴾ نَّحْنُ خَلَقْنَاهُمْ وَ شَدَدْنَا أَسْرَهُمْ ۖ وَ إِذَا شِئْنَا بَدَّلْنَا أَمْثَالَهُمْ تَبْدِیلًا ﴿۲۸﴾ إِنَّ هَـٰذِهِ تَذْكِرَةٌ ۖ فَمَن شَاءَ اتَّخَذَ إِلَیٰ رَ بِّهِ سَبِیلًا ﴿۲۹﴾ وَ مَا تَشَاءُونَ إِلَّا أَن یشَاءَ اللَّـهُ ۚ إِنَّ اللَّـهَ كَانَ عَلِیمًا حَكِیمًا ﴿۳۰﴾ یدْخِلُ مَن یشَاءُ فِی رَحْمَتِهِ ۚ وَ الظَّالِمِینَ أَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا أَلِیمًا ﴿۳۱﴾

Матни тарҷума

1-Оё замони тӯлоние бар инсон гузашт, ки чизи қобили зикре набуд?!

2-Мо инсонро аз нутфаи мухталите офаридем, ва ӯро имтиҳон мекунем; (ба ҳамин хотир) ӯро шунавову бино қарор додем!

3 - Мо роҳро ба ӯ нишон додем, ин худи ӯст, ки ё шокир мешавад ва ё ношукр!

4 - Мо барои кофирон, занҷирҳо ва ғулҳо ва шуълаҳои сӯзони оташ омода кардаем!

5 - Ба яқин Аброр (ва некон) аз ҷоме менӯшанд, ки бо таъми хуше омехта аст,

6 – Чашмае, ки бандагони Худо аз он менӯшанд ва [ба дилхоҳи хеш] ҷорияш мекунанд.

7 - [ҳамон бандагоне ки] ба назри худ вафо мекарданд, ва аз рӯзе, ки шарр ва бадии он фарогир аст, метарсиданд.

8 – Ва бо инки онро дӯст медоштанд, ба бенаво, ятим ва асирро таъом медоданд.

9 - «Мо барои хушнудии Худост, ки ба шумо таъом медиҳем ва подошу сипосе аз шумо намехоҳем.

10 - Мо аз Парвардигорамон аз рӯзи абуси сахт, ҳароснокем».

11 -Пас Худо [ҳам] ононро аз осеби он рӯз нигоҳ дошт ва шодобию шодмонӣ ба онон арзонӣ дошт.

12 – Ва ба [хотири] онки сабр карданд, биҳишт ва ҳарир подошашон дод.

13 - Дар он [биҳишт] бар тахтҳо [и хеш] такя зананд. Дар онҷо на офтобе бинанд ва на сармое.

14 - Ва сояҳо [и дарахтон] ба онон наздик аст ва меваҳояш [барои чидан] ром.

15 – Ва зарфҳои симин ва ҷомҳои булурин, гирдогирди онон гардонда мешавад.

16 - Ҷомҳое аз сим ки дуруст ба андоза [ва бо камоли зарофат] онҳоро аз кор дар овардаанд.

17 - Ва дар онҷо аз ҷоме ки омезаи занҷабил дорад ба онон менушонанд.

18 - Аз чашмае дар онҷо ки «салсабил» номида мешавад.

19- Ва бар гирди онон ҷавонони ҷовидоне мегарданд. Чун онҳоро бибинӣ, гӯӣ ки марворидҳое парокандаанд.

20 - Ва чун ба онҷо нигарӣ [сарзамине аз] неъмат ва кишвари паҳноваре мебинӣ.

21 - [ биҳиштёнро ] Ҷомаҳои абрешимии сабз ва дебои сатбар дар бар аст ва перояти онон дастбандҳои симин аст ва Парвардигорашон бодае пок ба онон менӯшонад.

22 - Ин [подош] барои шумост ва кӯшиши шумо мақбул афтодааст.

23 - Дар ҳақиқат, мо Қуръонро бар ту ба тадриҷ фурӯ фиристодем.

24 - Пас дар баробари фармони Парвардигорат шикебе кун, ва аз онон гуноҳкор ё носипосгузорро фармон мабар.

25 – Ва номи Парвардигоратро бомдодону шомгоҳон ёд кун.

26 – Ва бахше аз шабро дар баробари Ӯ саҷда кун ва шаб [ҳои] дароз, Ӯро ба покӣ биситой.

27 - Инон дунёи зудгузарро дӯст доранд, ва рӯзи гаронборро [ба ғафлат] пушти сар меафкананд.

28 – Мо ҳастем, ки ононро офарида ва пайванди мафосили онҳоро устувор кардаем, ва чун бихоҳем, [ононро] ба назоирашон табдил мекунем.

29 - Ин [оёт,] пандномае аст, то ҳар ки хоҳад, роҳе ба сӯи Парвардигори худ пеш гирад.

30 – Ва то Худо нахоҳад, [шумо] нахоҳед хост; қатъан Худо донои ҳаким аст.

31 - Ҳар касеро хоҳад, ба раҳмати хеш дар меоварад, ва барои золимон азобе пурдард омода кардааст.

Такнигориҳо

Илова бар инки тафсири сураи Инсон дар китобҳои тафсирӣ омадааст, китобҳое низ ба сурати мустақил ба тафсири ин сура пардохтаанд:

  • Сайидҷаъфар Муртазо Омилӣ, тафсири Сураи ҳал ато, Бейрут, ал-Марказ-ул-исломӣ, 1424 ҳиҷрии қамарӣ.
  • Сайидаббос Каримии Ҳусайнӣ, Авҷи инсоният: тафсири сураи Инсон, Қум, Дор-ул-ҳудо, 1383 ҳиҷрии шамсӣ.

Адабиёт

  1. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.327.
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.327.
  3. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва Қуръонпажӯҳӣ, 1377 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1260.
  4. Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1371 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.168.
  5. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва Қуръонпажӯҳӣ, 1377 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1260.
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.328.
  7. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу лиаҳком-ил-Қуръон, 1364 ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.117.
  8. Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422 ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.92/ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420 ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.739.
  9. Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир/ Тафсир-ул-Қуръон-ил-ъазим, 2008 м, ҷ.6, саҳ.398.
  10. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва Қуръонпажӯҳӣ, 1377 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1260.
  11. «Имшаби қурси қамар дар Карбало таъна ба хуршед мезанад», сайти хабарии Фардо, таърихи боздид 21 шаҳривари 1395 ҳ.ш.
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.327.
  13. Олусӣ, Шаҳобиддин, тафсири Рӯҳ-ул-маъонӣ, ҷ.15, саҳ.170 – 174.
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.131.
  15. Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи муассисаи фарҳангии Қуръону Итрати нуруссақалайн, Қум, нашри Нашро, ҷ.1, 1392ҳ.ш.
  16. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.351-355.
  17. Ниг: Рӯҳониниё, Фурӯғи Ғадир, 1386 ҳ.ш., саҳ.146/ Ансорӣ, Аҳл-ул-Байт алайҳим-ус-салом, Маҷмаъ-ул-фикр, саҳ.173/ Мазоҳирӣ, Зиндагонии чаҳордаҳ маъсум алайҳим-ус-салом, 1378 ҳ.ш., саҳ.56/ Дейламӣ, Иршод-ул-қулуб, Теҳрон, ҷ.2, саҳ.136/ башавӣ, «Ҷойгоҳи Аҳли Байт (а) дар сураи Даҳр аз манзари фариқай», саҳ.68/ «Имом Алӣ (а) дар пурсишҳои қуръонӣ», саҳ.108.
  18. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.345.
  19. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1415 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.670/ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420 ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.746/ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372 ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.612/ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.343.
  20. Нигоҳ кунед ба: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372 ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.611 ва 612.
  21. Нигоҳ кунед ба: Аминӣ, ал-Ғадир, 1416 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.155 - 161.
  22. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.345.
  23. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394 ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.130 ва 131.
  24. Иравонӣ, Дурусун тамҳидийя, 1423 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.451.
  25. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.351.
  26. Иравонӣ, Дурусун тамҳидийя, 1423 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.451.
  27. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372 ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.206.
  28. Шайх Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1406 ҳ.қ., саҳ.121.
  29. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, интишороти Ҷомеъаи мударрисин, ҷ.1, саҳ.307 - 308.
  30. Буҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.543.
  31. Буҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.543.

Сарчашма

  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фвлодванд, Теҳрон: Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1418 ҳ.қ./ 1376 ҳ.ш.
  • Қуръони Карим, тарҷума, тавзеҳот ва вожанома: Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон: Ҷомӣ, Нилуфар, 1376 ҳ.ш.
  • «Имом Алӣ (а) дар пурсишҳои қуръонӣ», маҷаллаи фарҳанги Кавсар, шумораи 48, Исфанди 1379 ҳ.ш.
  • Иравонӣ, Боқир, Дурусун тамҳидийя фи тафсири оёт-ил-аҳком, Қум, Дор-ул-фиқҳ, 1423 ҳ.қ.
  • Ансорӣ, Муҳаммадалӣ (Халифаи Шуштарӣ), Аҳл-ул-Байт алайҳим-ус-салом: имоматуҳум ҳаётуҳум, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, бе то.
  • Баҳронӣ, Саидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: қисм-уд-диросот-ил-исломийяти муассисат-ил-беъсати Қум, Теҳрон, Бунёди беъсат, чопи аввал, 1416 ҳ.қ.
  • Башавӣ, Муҳаммадяъқуб, «Ҷойгоҳи Аҳли Байт (а) дар сураи Даҳр аз манзари фариқайн», маҷаллаи пажӯҳишномаи ҳикмат ва фалсафаи исломӣ, шумораи 19, поизи 1385 ҳ.ш.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Кашф-ул-баён (тафсири ас-Саълабӣ), Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1422 ҳ.қ.
  • Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи муассисаи фарҳангии Қуръону Итрати нур-ус-сақалайн, Қум, нашри Нашро, ҷ.1, 1392 ҳ.ш.
  • Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, Донишномаи Қуръон ва Қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон: дӯстон - Ноҳид, 1377 ҳ.ш.
  • Дайламӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Иршод-ул-қулуб, муқаддима аз Шаҳобиддини Маръашӣ, тарҷумаи Ҳидоятуллоҳ Мустараҳмӣ, Теҳрон, Китобфурушии Бузар Ҷамҳарии Мустафавӣ, бе то.
  • Рӯҳониниё, Абдураҳим, Фурӯғи Ғадир, Қуми машҳур, 1386 ҳ.ш.
  • Замахшарӣ, Ҷоруллоҳ, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ил-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Қум: Нашр-ул-балоға, 1415 ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дор-уш-Шариф-ир-Разӣ, чопи дувум, 1406 ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, интишороти Ҷомеъаи мударрисин, чопи дувум, бе то.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир/ Тафсир-ул-Қуръон-ил-ъазим, Урдун - Арбад, Дор-ул-китоб-ис-сақофӣ, чопи аввал, 2008 м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ ва муқаддимаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372 ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотеҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420 ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ҷомеъу лиаҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи аввал, 1364 ҳ.ш.
  • Мазоҳирӣ, Ҳусайн, Зиндагонии чаҳорда маъсум алайҳим-ус-салом, бо таълиқаи Валӣ Фотимӣ, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1378 ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми Қуръон, Қум, маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1371 ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи даҳум, 1371 ҳ.ш.