Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ)
Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ
ЛақабАллома Ҳасанзода
Маҳалли зиндагӣҚум, Теҳрон
Санаи таваллуд1307ҳ.ш.
ЗодгоҳМозандарон - Омул
Санаи вафот1400ҳ.ш. (18 сафари 1443)
Маҳалли дафнманзили шахсӣ дар рустои Иро - аз тавобеи Омул
УстодонМаҳдӣ Илоҳии Қумшаӣ, Аллома Шаъронӣ, Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳасани Илоҳӣ
Маҳалли таҳсилОмул, Теҳрон, Қум
Иҷозати ривоят азАллома Шаъронӣ
Иҷозати иҷтиҳод азАллома Шаъронӣ
ТаълифотДуруси маърифат-ун-нафс, Рисолаи лиқо-ул-лоҳ, Илоҳинома
Шинохташуда бароиЗуфунун будан


Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ (форасӣ: حسن حسن‌زاده آملی) (1307 - 1400ҳ.ш.) машҳур ба Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ файласуф ва орифи шиа. Вай назд афроде чун Маҳдӣ Илоҳии Қумшаӣ, Аллома Шаъронӣ, Аллома Таботабоӣ ва Сайид Муҳаммадҳасани Илоҳӣ шогирдӣ кард. Ҳасанзодаи Омулӣ аз Аллома Шаъронӣ, иҷозаи иҷтиҳод ва иҷозаи нақли ҳадис дарёфт кард. Ӯ осори фалсафӣ ва ирфонӣ монанди Ишорот, Асфори арбаа ва Шарҳи Фусуси Қайсарӣ ва Шарҳи Манзума ва низ риёзиёту ҳайат тадрис мекард.

Ба бовари Ҳасанзодаи Омулӣ, дин, фалсафа ва ирфон, бо ҳам ҳамоҳанганд. Ӯ иддаои юнонӣ будани фалсафаи исломиро нодуруст медонад ва муътақид буд файласуфони мусулмон, андешаҳои фалосифаи пеш аз Исломро умқ бахшидаанд. Ба гуфта Сайид Ядуллоҳи Яздонпаноҳ, аз шогирдони вай, Ҳасанзода бештарин таъсирро аз Муллосадро ва Ибни Арабӣ пазируфтааст. Вай нахустин бор аз ваҳдати шахсии вуҷуд ба тавҳиди самадӣ таъбир карда ва барои исботи он аз вожаи самад дар сураи Тавҳид баҳра бурдааст.

Ҳасанзодаи Омулӣ осоре дар фалсафа, ирфон, риёзӣ, нуҷум, адабиёти форсӣ ва адабиёт арабӣ дорад ва бархе аз осори фалсафӣ ва ирфонӣ ҳамчун Асфори арбаа, Ишорот, Шифо ва Шарҳи Фусус-ул-ҳикамро тасҳеҳ карда ва бар онҳо шарҳу ҳошия нигоштааст. Вай ҳамчунин Наҳҷ-ул-балоға ва Кашф-ул-муродро тасҳеҳ кардааст. Девони ашъоре низ аз ӯ ба ҷой мондааст.

Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ 3 меҳри соли 1400ҳ.ш. (18 сафари соли 1443ҳ.қ.) бар асари бемории қалбӣ дар шаҳри Омул даргузашт ва дар манзили шахсии худ дар рӯстои Иро, аз тавобеъи Омул, дафн шуд.

Зиндагинома ва таҳсилот

Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ рӯзҳои поёнии соли 1307ҳ.ш., дар рустои Иро, аз тавобеъи Омул, мутаваллид шуд.[1] Ӯ дар шашсолагӣ хондану навиштанро дар мактабхона омӯхт ва дар соли 1323ҳ.ш. дарсҳои ҳавзавиро оғоз кард.[2] Вай адабиёти арабӣ ва дарсҳои муқаддамотиро дар Омул аз Муҳамади Ғаравӣ, Мирзо Абулқосими Фарсиу ва дигарон омӯхт.[3]

Муҳоҷират ба Теҳрон

Ҳасанзодаи Омулӣ бо итмоми дарсҳои муқаддамотии ҳавза, либоси рӯҳоният пӯшид[4] ва дар 22-солагӣ барои идомаи таҳсил, вориди Теҳрон шуд.[5] Ӯ дар Теҳрон, фиқҳ ва усулро аз устодоне чун Сайид Аҳмади Лавосонӣ, Абулҳасани Шаъронӣ, Сайид Абулҳасан Рафиъии Қазвинӣ ва Муҳаммадтақии Омулӣ омӯхт ва фалсафаву ирфонро низ аз Маҳдӣ Илоҳии Қумшаӣ, Аллома Шаъронӣ, Фозили Тунӣ, Мирзо Аҳмади Оштиёнӣ[6] ва Алимуҳаммади Ҷавлистонӣ[7] фаро гирифт. Ҳасанзода тафсир, риҷол, дироя, риёзӣ, ҳайат, нуҷум ва тибро низ аз Аллома Шаъронӣ омӯхт[8] ва дар соли 1393ҳ.қ. аз ӯ иҷозаи иҷтиҳод ва иҷозаи нақли ҳадис дарёфт кард.[9] Вай, ёздаҳ сол назди Маҳдӣ Илоҳии Қумшаӣ, «Манзума»-и Сабзаворӣ, бахшҳое аз Асфор ва «Шарҳи хоҷа бар Ишорот»-ро фаро гирифт ва дар ҷаласоти тафсири Қуръони ӯ низ ҳозир мешуд.[10]

Муҳоҷират ба Қум

Ҳасанзодаи Омулӣ дар самти чапи тасвир дар соли 1327ҳ.ш. Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ самти рости тасвир.[11]

Ҳасанзодаи Омулӣ, пас аз чордаҳ соли таҳсил дар Теҳрон,[12] дар меҳри 1342ҳ.ш. ба Қум рафт[13] ва ба муддати 17 сол дар дарсҳои Аллома Таботабоӣ ҳозир шуд. Дар ин муддат, бахшҳое аз китоби Биҳор-ул-анвор ва Тамҳид-ул-қавоидро назди вай хонд.[14] Ҳамчунин дар дарсҳои фалсафӣ ва ирфонии Сайид Муҳаммадҳасани Илоҳӣ – бародари Аллома Таботабоӣ, ширкат кард.[15] Сайид Маҳдӣ Қозии Таботабоӣ – фарзанди Сайид Алӣ Қозӣ ба муддати чор сол устоди ӯ дар улуми арисмотиқӣ[Ёддошт 1] буд.[16] Бар асоси хотироти Ҳасанзода дар китоби Инсон дар урфи ирфон, устоди ӯ дар ирфони амалӣ Аллома Таботабоӣ будааст.[17]

Тадрис

Ҳасанзодаи Омулӣ пас аз сукунат дар Қум, ба тадриси дарсҳои фалсафа ва ирфон машғул шуд ва шарҳи Манзума, Ишорот, Асфори арбаа, шарҳи Фусуси Қайсарӣ, шарҳи Тамҳид ва Мисбоҳ-ул-унсро тадрис кард. Ӯ ҳамчунин ҳудуди ҳабдаҳ сол дарсҳои риёзиёт, ҳайат, вақт ва қибларо дарс дода ки китоби Дарсҳои маърифат-ул-вақти ва-л-қибла» маҳсули он дарсҳост.[18]

Вафот

Ташйиъи ҷанозаи Ҳасанзодаи Омулӣ дар шаҳри Омул, 5 меҳри 1400ҳ.ш.

Аллома Ҳасанзода дар 3 меҳри соли 1400ҳ.ш. (18 сафари 1443ҳ.қ.) бар асари бемории қалбӣ дар бемористони шаҳри Омул даргузашт.[19] Ҷинозаи ӯ барои иқомаи намоз ба Теҳрон оварда шуд ва Оятуллоҳ Хоманаӣ – раҳбари Эрон, бар пайкараш намоз хонд.[20] Маросими ташйиъи Ҳасанзода рӯзи 5 меҳр дар Омул баргузор шуд[21] ва 6 меҳр дар манзили шахсии худ дар рустои Иро, канори қабри ҳамсараш, дафн гардид.[22]

Шогирдон

Бархе аз шогирдони Ҳасанзодаи Омулӣ иборатанд аз:

Андешаҳо

Матни иҷозаи иҷтиҳод ва ривояти Ҳасанзодаи Омулӣ аз Аллома Шаъронӣ дар соли 1393ҳ.қ.

Бархе аз андешаҳои Ҳасанзодаи Омулӣ дар бораи Қуръон ва иртиботи он бо фалсафа ва ирфон иборатанд аз:

Қуръон сарчашмаи маориф

Ҳасанзодаи Омулӣ Қуръонро сарчашмаи маорифи Илоҳӣ медонад. Аз назар ӯ Наҳҷ-ул-балоға, Саҳифаи саҷҷодия, Усули кофӣ, Биҳор-ул-анвор ва дигар ҷавомеъи ривоӣ аз Қуръон сарчашма гирифтаанд ва мартабаи нозили Қуръон ҳастанд. Ба бовар ӯ, гуфторҳои имомони маъсум бозгашт ба Қуръон дорад.[33]

Иртиботи дин, фалсафа ва ирфон

Аз дидгоҳи Аллома Ҳасанзода, Қуръон, фалсафа ва ирфон ҷудо аз якдигар нестанд. Вай ҳақиқати дин ва ирфонро яке медонад ва он маърифат ба Худо, асмо, афъол, аҳком ва китоби Худост.[34] Вай ирфонро илми инсонсоз медонад ва бар ин бовар аст, ки сарчашмаи ирфони воқеӣ, ваҳй, Паёмбар (с) ва Аҳли Байт (а) аст.[35] Аз назари ӯ, ирфони асили инсонсоз, дар иттисол ба Қуръон асту имомони маъсум, муаллимони башар ва сафирон Илоҳӣ ҳастанд, ки дастуруламалҳои инсонсоз, яъне Қуръонро барои башар тавзеҳ медиҳанд.[36]

Оятуллоҳ Ҳасанзода, ҳикмати мутаолияро сайри такомулии фалсафаи исломӣ дониста ва муътақид аст ҳикмати мутаъолия, бурҳони омехта бо шуҳуд (ирфон) аст. Аз назари вай, фалсафае ки бо дини Илоҳӣ мухолифат кунад, қобили қабул нест; он чиро ки дини Илоҳӣ рад ва инкор кунад, фалсафа маҳсуб намешавад.[37] Ҳасанзодаи Омулӣ иддаои «юнонӣ будани фалсафаи исломӣ»-ро рад мекунад ва муътақид аст, ки андешаҳои фалосифаи пеш аз Ислом сатҳӣ аст ва файласуфони исломӣ ин андешаҳоро умқ дода ва ба таъбири ӯ пӯхтаанд.[38]

Ба гуфтаи Сайид Ядуллоҳи Яздонпаноҳ, Ҳасанзодаи Омулӣ бештарин таъсиро аз Муллосадро ва Ибни Арабӣ гирифтааст.[39]

Ҳамчунин аз назари вай, шарқу ғарб, гарчи дар саноеъ пешрафт доштаанд; аммо онҳо аз ҳақиқати инсонӣ ва илми инсонсозе ки мадинаи фозила дар пай дорад, дуранд.[40]

Ваҳдати вуҷуд

Аллома Ҳасанзода муътақид аст вуҷуде ғайр аз вуҷуди Худо нест ва он чи ба он мосиваллоҳ (ғайри Худо) гуфта мешавад мазҳарҳои Ӯ (ҷои ошкор шудани Ӯ) ҳастанд; албата ӯ таъкид мекунад холиқ холиқ асту махлуқ махлуқ, ва холиқ аз ҳар айбу нақсе пок аст.[41] Ӯ барои равшан шудани мавзуъ, ба дарё ва мавҷҳои он мисол мезанад, ки мавҷ ҳамон дарё нест вале ҷудо ва ғайр аз дарё ҳам нест.[42] Вай бар асоси бархе ривоёт,[43] бар ин бовар аст, ки ҷудо будани махлуқот аз Худо монанди ҷудо будани шийъи моддӣ аз шийъи моддии дигар нест; балки Худо бо сифати қаҳру қудрати худ ва махлуқ бо сифати нақси худ аз якдигар ҷудо ҳастанд.[44] Ба гуфтаи Ҳасанзодаи Омулӣ бардоште аз ваҳдати вуҷуд, ки дар он махлуқот ваҳму хаёл дониста шуда, нодуруст аст.[45]

Ӯ аз ваҳдати шахсии вуҷуд ба тавҳиди самадӣ таъбир кардааст.[46] Гуфта шуда вай нахустин касест, ки ин таъбирро ба кор бурдааст.[47] Ӯ таъбири тавҳиди самадиро аз вожаи самад дар сураи Тавҳид баргирифтааст.[48] [Ёддошт 2] Ҳасанзода роҳи расидан ба шинохти ҳақиқии тавҳидро, роҳи шуҳуди ирфонӣ дониста[49] ва дар девони худ чунин сурӯдааст:

Ҳама аз даст шуду ӯ шудааст,
Анаву антаву ҳу, Ҳу шудааст.
Дарси ишқ асту алифбое нест,
Лоиқи Ӯ дили ҳарҷоӣ нест.
Турраи ишқшикан дар шикан аст,
Ҳасан андар ҳасан андар ҳасан аст.[50]

Осор

Мақолаи аслӣ: Феҳристи осори Ҳасанзодаи Омулӣ
Ман ин дунёи фониро намехоҳам, намехоҳам,
Ман ин лаззоти ониро намехоҳам, намехоҳам.
Алию оли покашро пазируфтам, пазируфтам,
Фулонию фулониро намехоҳам, намехоҳам.
Ҳасанзодаи Омулӣ, Девони ашъор, 1391ҳ.ш., саҳ.162

Ҳасанзода, чунончи худаш гуфта, то соли 1380ш, 178 асари чопшудаву чоп нашуда доштааст.[51] Осори ӯ дар мавзуоти фалсафа, ирфон, калом, ахлоқ, фиқҳ, риёзиёт, нуҷум, адабиёти араб, адабиёти форсӣ, улуми табиӣ, тибби қадим, улуми ғариба ва риҷол навишта шудааст. Ӯ худ яке аз осори муҳиммашро китоби Сарҳ-ул-уюни фи шарҳ-ил-уюн дониста, ки аз диди фалсафӣ ва ирфонӣ ба маърифати нафас пардохтааст.[52]

Вай китоби “Фассу ҳикмати исматийяти фи калимати фотимия”-ро ба унвони такмилае бар китоби Фусус-ул-ҳикам – навиштаи Ибни Арабӣ, нигоштааст. Ӯ дар ин китоб ба вижагиҳои ҳазрати Фотима (с) бо нигоҳ ба ривоёт ва бо рӯйкарди фалсафӣ ва ирфонӣ пардохтааст.[53]

Тасҳеҳи китоби Калила ва Димна, тасҳеҳи Гулистони Саъдӣ, девони ашъор ва сарчашмаҳои ашъори мансуб ба Амиралмуъминин (а), аз ҷумлаи осори адабии ӯст.[54] Ҳасанзода ҳамчунин ба тасҳеҳи осоре монанди Наҳҷ-ул-балоға, Тафсири хулосаи Манҳаҷ-ус-содиқин ва Шифои Ибни Сино, ва шарҳу ҳошия бар осоре монанди Тамҳид-ул-қавоиди Ибни Турка ва Фусуси Қайсарӣ пардохтааст.[55]

Осори баргузида

Китоби «Сарҳ-ул-уюни фи шарҳ-ил-уюн» навиштаи Ҳасанзодаи Омулӣ дар сеюмин давраи Ҳамоиши Китоби соли ҳавза ки дар соли 1380ҳ.ш. дар шаҳри Қум баргузор шуд аз ҷумлаи осори баргузидаи ин давра аз ҳамоиш тавассути доварон шинохта шуд.[56]

Китоб «ал-Ҳуҷаҷ-ул-болиғати ало таҷарруд-ин-нафс-ин-нотиқа» дар панҷумин давраи Ҳамоиши Китоби соли ҳавза, ки дар соли 1382ҳ.ш. дар шаҳри Қум баргузор гардид ба унвони китоби баргузидаи ин давра аз ҳамоиш шинохта шуда ва мавриди тақдир қарор гирифт.[57]

Сираи амалӣ

Ҳасанзодаи Омулӣ ба гуфтаи худ, мукошифоте дошта[58] ва теъдоде аз онҳоро дар китоби Инсон дар урфи ирфон гирд овардааст.[59] Абдуллоҳ ҷаводии Омулӣ – муфассир ва файласуфи шиа, низ Ҳасанзодаи Омулиро ҳакиме Илоҳӣ ва ҷомеъи ақли назару ақли амал ва орифе камназир хонда, ки ҳам роҳи ақл ва ҳам роҳи шуҳудро[Ёддошт 3] паймудааст. Ӯ ҳамчунин чилланишинӣ, шабзиндадорӣ, саҳархезӣ ва рӯзадории моҳҳои раҷаб ва шаъбонро аз сираҳои амалии Ҳасанзода шумурдааст.[60]

Аллома Ҳасанзода ҳамсарашро ки дар соли 1382ҳ.ш. ҳамзамон бо шаҳодати ҳазрати Фотима (с) даргузашт, дар ҳавлии хонааш дар рустои Иро, дар утоқе ки онро байт-ур-раҳма (хонаи меҳрбонӣ) номид дафн кард.[61] Бар асоси манобеи ғайрирасмӣ, Ҳасанзода далели ин корро хизмати бештар ба ҳамсараш донистааст.[62] Ҳасанзода бино ба васияти худаш дар ҳамин утоқ канори ҳамсараш дафн шуд.[63]

Фаъолияти сиёсӣ

Аёдати Оятуллоҳ Хоманаӣ аз Ҳасанзодаи Омулӣ дар яке аз бемористонҳои Теҳрон дар 9 меҳри 1391ҳ.ш.[64]

Ҳасанзодаи Омулӣ чунонки худаш гуфта, пеш аз табъиди Имом Хумайнӣ ба Туркия дар соли 1342ҳ.ш., ба Қум рафта ва бо вай байъат кардааст.[65] Ба гуфтаи Алии Муаллимӣ - шогирди ӯ, Ҳасанзодаи Омулӣ дар шикасти иттиҳодияи коммунистҳои Эрон ки дар соли 1360ҳ.ш. дар Омул алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон иқдом мусаллаҳона карданд (ғоилаи Омул), муассир буд.[66]

Ҳамчунин ӯ аз раҳбарии Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳимоят мекард ва ба гуфта шогирдаш Ҳасани Рамазонӣ дар умури ҷузъии сиёсӣ дахолат намекард.[67] Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми таслиятӣ, аз ӯ бо унвони олими раббонӣ, солики тавҳидӣ ва донишманди зуфунун ёд кардааст.[68]

Осор дар бораи Ҳасанзодаи Омулӣ

Дар бораи Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ китобҳо, мустанадҳо ва ҳамоишҳое пахшу баргузор шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Китоби «Наҷмиддин; нимнигоҳе ба зиндагиномаи ҳазрати Оятуллоҳ Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ» навиштаи Муҳсини Барзагар дар соли 1383ҳ.ш. мунташир шуд.[69]
  • Китоби «Гуфтугу бо Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ» ба иҳтимоми Муҳаммад Бадеъӣ ки дар шонздаҳ мусоҳиба бо Ҳасанзода танзим шудааст. Дар ин китоб, ба мавзуоте монанди зиндагии илмии Ҳасанзода, устодони вай, таълифоти ӯ, улуми ҳавзавӣ ва шахсиятҳои барҷастаи фалсафӣ ва ирфонӣ пардохта шудааст.[70]
  • Китоби «Ташнаи дониш: роҳнамои донишпажӯҳӣ бар асоси зистномаи илмии Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ» навиштаи Сайид Муртазо Ҳусайнии Камолободӣ, ки дар он хотироти таҳсилии Аллома Ҳасанзода баён шуда ва мавриди таҳлил қарор гирифтааст.[71]
  • Мустанади панҷ қисматии «Манзумаи ҳусн» ба коргардонии Масъуд Аминии Тиронӣ дар бораи зиндагиномаи Аллома Ҳасанзода аст, ки ба ҳиммати шабакаи чори симои Ҷумҳурии исломии Эрон тавлид ва пахш шудааст.[72]
  • Мустанади «Ривояти санавбар» достони зиндагии Ҳасанзодаи Омулӣ ва коре аз Имони Аҳмадист, ки дар тирмоҳи 1394ҳ.ш. аз шабакаи уфуқи Эрон пахш шуд.[73]
  • Сеюмин Ҳамоиши табиби рӯҳонӣ дар бузургдошт ва таҷлил аз Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ дар 26 урдибиҳишти 1392ҳ.ш. ба ҳиммати донишгоҳи Теҳрон, дар донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон баргузор шуд.[74]

Ҳасанзодаи Омулӣ дар сеюмин ҳамоиши чеҳраҳои мондагор дар соли 1382ҳ.ш. ба унвони чеҳраи мондагор баргузида шуд.[75]

Эзоҳ

  1. Ҳасанзодаи Омулӣ, Ҳазору як калима, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.334
  2. «Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ҳаким, ориф, адиб ва риёзидон», саҳ.4
  3. «Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ», қисмати аввал, саҳ.19 - 20
  4. «Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ», қисмати аввал, саҳ.21
  5. Ҳасанзодаи Омулӣ, Ҳазору як калима, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.334
  6. Ҳасанзодаи Омулӣ, Ҳазору як калима, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.334 - 336; «Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ», қисмати аввал, саҳ.21 - 25
  7. Ҳасанзодаи Омулӣ, Дар осмони маърифат, 1381ҳ.ш., саҳ.425
  8. Ҳасанзодаи Омулӣ, Ҳазору як калима, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.334 ва 335
  9. «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори алломаи зуфунун аз забони худаш/Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ беш аз ҷавонҳо мутолиа мекард», хабаргузории Китоби Эрон
  10. «Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ҳаким, ориф, адиб ва риёзидон», саҳ.5
  11. «Ҷавонии ду олими бузурги ҳавзаи илмия», сайти Минҳоҷ
  12. «Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ», қисмати аввал, саҳ.25
  13. Ҳасанзодаи Омулӣ, Ҳазору як калима, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.336
  14. «Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ҳаким, ориф, адиб ва риёзидон», саҳ.7
  15. Ҳасанзодаи Омулӣ, Ҳазору як калима, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.336
  16. Ҳасанзодаи Омулӣ, Дар осмони маърифат, 1381ҳ.ш., саҳ.438
  17. Ҳасанзодаи Омулӣ, Инсон дар урфи ирфон, 1383ҳ.ш., саҳ.19
  18. «Мусоҳиба бо устод Ҳасанзодаи Омулӣ», саҳ.26
  19. «Эъломи як ҳафта азои умумӣ дар Омул», хабаргузории ИСНА
  20. Иқомаи намози Раҳбари инқилоб бар пайкари Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ, хабаргузории Садову симо
  21. Маросими ташйиъи пайкари Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ баргузор шуд, хабаргузории ИСНА
  22. «Пайкари Аллома канори ҳамсараш дар хоки Иро ором гирифт», хабаргузории Тасним
  23. «Шабзиндадор кист?», хабаргузории Форс
  24. «Зиндагиномаи ҳазрати ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Сайид Муҳаммадризо Мударрисии Яздӣ», сайти Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум
  25. «Мансурии Лориҷонӣ: баъд аз ҷанг сартипи 2 шудам», пойгоҳи хабарии Ҳарозиниюз
  26. «Аллома Самадии Омулӣ», шахсиятнигор
  27. «Зиндагиномаи ҳазрати Устод», пойгоҳи расмии итилоърасонии Устод Рамазонӣ
  28. «Маҳдии Аҳадӣ», пойгоҳи андешаварони Ҳавза
  29. «Зиндагиномаи устод Яздонпаноҳ», пойгоҳи итилоърасонии устод Сайид Ядуллоҳи Яздонпаноҳ
  30. «Зиндагиномаи Оятуллоҳ Табарсӣ намояндаи собиқи валии фақиҳ дар Мозандарон», сайти Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон
  31. «Сайид Ҳасан Шуҷоии Киёсарӣ», сайти Китоби фардо
  32. «Тавсияи Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ ба туллоб», Муовинати фарҳангӣ ва таблиғии Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум (Балоғ)
  33. «Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ҳаким, ориф, адиб ва риёзидон», саҳ.12
  34. «Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ҳаким, ориф, адиб ва риёзидон», саҳ.10 ва 11
  35. «Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ҳаким, ориф, адиб ва риёзидон», саҳ.12
  36. Ҳасанзодаи Омулӣ, Инсон дар урфи ирфон, 1383ҳ.ш., саҳ.12
  37. «Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ҳаким, ориф, адиб ва риёзидон», саҳ.11
  38. «Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ҳаким, ориф, адиб ва риёзидон», саҳ.12
  39. «Гуфтугу бо ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Яздонпаноҳ ба муносибати маросими таҷлили Маҷмаъи олии ҳикмати исломӣ аз мақоми илмии устод ҳазрати оятуллоҳ Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ», пойгоҳи иттилоърасонии Маҷмаъи олии ҳикмати исломӣ
  40. «Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ҳаким, ориф, адиб ва риёзидон», саҳ.12
  41. Ҳасанзода, Хайр-ул-асар дар радди ҷабр ва қадар, 1369ҳ.ш., саҳ.121 ва 122
  42. Ҳасанзода, Наҳҷ-ул-вилоя, 1390ҳ.ш., саҳ.44
  43. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.214 ва саҳ.335
  44. Ҳасанзода, Ҳазору як калима, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.112
  45. Ҳасанзода, Тавҳиди аҳлуллоҳ, 1387ҳ.ш., саҳ.24
  46. Ҳасанзода, Ҳазору як калима, 1377ҳ.ш., калимаи 443, ҷ.5, саҳ.70
  47. Рудгар, «Тавҳиди самадӣ дар уфуқи андешаи Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ», саҳ.171
  48. Ҳасанзода, Нусус-ул-ҳикам бар Фусус-ул-ҳикам, 1375ҳ.ш., саҳ.54
  49. Ҳасанзода, Инсон дар урфи ирфон, 1383ҳ.ш., саҳ.91
  50. Ҳасанзода, Девони ашъор, 1391ҳ.ш., саҳ.345
  51. Бадиъӣ, Гуфтугӯ бо Аллома Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, 1382ҳ.ш., саҳ.56 - 60
  52. Мафотиҳ-ул-асрори ли суллок-ил-асфор, ҷ.2, саҳ.6, ба нақл аз Ҳасанзода, Муассири осор, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.281
  53. Рудгар, «Муруре бар китоби Фассу ҳикмати исматийяти фи калимати фотимия», саҳ.253
  54. «Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ҳаким, ориф, адиб ва риёзидон», саҳ.15
  55. «Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ ҳаким, ориф, адиб ва риёзидон», саҳ.15
  56. Дабирхонаи Ҳамоиши Китоби соли ҳавза, Вижаномаи сеюмин Ҳамоиши Китоби соли ҳавза, 1380ҳ.ш., саҳ.12 - 16
  57. Дабирхонаи Ҳамоиши Китоби соли ҳавза, Вижаномаи панҷумин Ҳамоиши Китоби соли ҳавза, 1382ҳ.ш., саҳ.19
  58. Ҳасанзодаи Омулӣ, Инсон дар урфи ирфон, 1383ҳ.ш., саҳ.18
  59. Ҳасанзодаи Омулӣ, Инсон дар урфи ирфон, 1383ҳ.ш., саҳ.50
  60. «Паёми таслияти Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ба муносибати иртиҳоли Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ», хабаргузории Форс
  61. «Макони дафни Аллома Ҳасанзода Омулӣ куҷост?», хабаргузории Шафақно
  62. «Истидлоли ҷолиби Аллома Ҳасанзода барои маҳалли тадфини ҳамсараш», хабаргузории Машриқ
  63. «Хоксупории Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ дар байтурраҳма», хабаргузории Форс
  64. «Аёдати раҳбари инқилоб аз Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ», Вебсайти Дафтари ҳифзу нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  65. «Гуфтугӯ бо Ҳасани Рамазонӣ», 1389ҳ.ш., саҳ.41
  66. «Ҳузури Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ дар ҷаласоти рӯҳониюни мубориз», Маркази асноди Инқилоби исломӣ
  67. «Гуфтугӯ бо Ҳасани Рамазонӣ», 1389ҳ.ш., саҳ.41
  68. «Паёми таслият дар паи даргузашти олими раббонӣ ва солики тавҳидӣ Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ», Вебсайти Дафтари ҳифзу нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  69. «Наҷмуддин; нимнигоҳе ба зиндагиномаи ҳазрати Оятуллоҳ Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ», Шабакаи ҷомеъи Китоби Гесум
  70. Бадиъӣ, Гуфтугӯ бо Аллома Ҳасанзода, 1382ҳ.ш., Феҳристи китоб
  71. «Китобшиносии ташнаи дониш», Муассисаи хонаи китоб ва адабиёти Эрон
  72. «Пахши мустанади “Манзумаи ҳусн” аз шабакаи чаҳор симо», Вебсайити шабакаи чаҳор
  73. «Мустанади Ривояти санавбар; достони зиндагии Аллома Ҳасанзодаи Омулӣ», хабаргузории Тасним
  74. «Таҷлил аз мақоми Оятуллоҳ Ҳасанзодаи Омулӣ дар сеюмин ҳамоиши табиби рӯҳонӣ», хабаргузории Форс
  75. «Чеҳраҳои мондагори Эрон», Вебсайти Бунёни чеҳраҳои мондагор

Ёддошт

  1. Илми арсмотиқии яке аз риштаҳои риёзии қадим аст, ки дар он ба шинохти адад ва анвоъ ва вижагиҳои он пардохта мешавад (Саҷҷодӣ, Фарҳанги маорифи исломӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.144)
  2. Ҳасанзода бар асоси ривояте муътақид аст самад дар сураи Тавҳид ба маънои «ло ҷавфа лаҳу» (пур) аст. (Ҳасанзода, Нусус-ул-ҳикам бар Фусус-ул-ҳикам, 1375ҳ.ш., саҳ.54.) ба гуфтаи вай, пур фақат метавонад яке бошад на бештар; зеро касе ки таркиб дар ӯ роҳ надорад (басит-ул-ҳақиқат) фақат якест. (Ҳасанзода, Нусус-ул-ҳикам бар Фусус-ул-ҳикам, 1375ҳ.ш., саҳ.54.)
  3. Шуҳуд дар истилоҳи ирфон, идроке дарунӣ бидуни истифода аз ҳис ва истидлол аст, ки аз шинохти ҳиссӣ ва ақлонӣ қавитар шумурда шудааст. (Рудгар, «Маърифати шуҳудӣ ба Ҳақ таоло дар ирфони ваҳёнӣ», саҳ.7.)

Сарчашма

Пайванд ба берун