Ҳамла ба Ҳарами Шоҳчароғ (2022)
Шарҳи моҷаро | Ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ |
---|---|
Замон | 26 октябри 2022 |
Макон | Ҳарами Шоҳчароғ - Шероз |
Омилҳо | ДИИШ |
Талафот | 13 кушта ва 30 захмӣ |
Вокунишҳо | СММ, бархе давлатҳо, шахсиятҳо ва мароҷеи тақлид ин ҳамларо маҳкум карданд |
Ҳамла ба ҳарами Шоҳчароғ (форсӣ: حمله به حرم شاهچراغ) ҳамлаи террористӣ ба зоирони ҳарами Шоҳчароғ, аз зиёратгоҳҳои шиа дар Шероз, ки дар 26 октябри 2022, рух дод[1] ва гурӯҳи такфирии ДИИШ масъулияти онро ба уҳда гирифт.[2] Дар ин ҳамла сездаҳ нафар кушта ва сӣ нафар захмӣ шуданд.[3] [Ёддошт 1] Дар миёни кушташудагон ду кӯдаку як зан буданд.[4]
Омили ҳамла шахси силоҳдоре муаррифӣ шуд, ки ба ҳарам ворид шуда ва ба тарафи зоирон тирандозӣ кардааст.[5] Бархе манобеи ғайрирасмӣ, шахси силоҳдорро ваҳҳобӣ ва такфирӣ донистанд.[6] Омили ин ҳамла захмӣ шуда боздошт шуд ва бар асари ҷароҳоти ворида вафот кард.[7]
Нашрияи ан-Набаъ, мунтасаб ба ДИИШ, низ омили амалиёти мазкурро вобаста ба ДИИШ хонд.[8] Ба гуфтаи Вазири иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон, омили дувуми ин ҳамла дар 31 октябр дастгир шуд.[9] Вазорати иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон дар баёнияе дар 7 ноябри 2022, омили аслии ҳамларо табаъаи Тоҷикистон ва омили дувумро ки пуштибони вай будааст, табаъаи Афғонистон муаррифӣ кард. Дар ин баёния, унсури аслӣ ва ҳидояткунандаи амалиёт, шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон ва муртабит бо ДИИШ муаррифӣ шудааст.[10]
Антонио Гутерриш, дабирикулли СММ, ин ҳамларо сазовори маҳкумият донист ва ба мардум ва давлати Ҷумҳурии исломии Эрон таслият гуфт.[11] Иттиҳодияи Аврупо низ ин ҳамларо террористӣ дониста, онро маҳкум кард.[12] Давлатҳои Чин, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Уммон, Сурия, Покистон, Венесуэла, Миср, Туркия, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Лубнон, Финланд ва Ироқ ин ҳамларо маҳкум карданд.[13] Ҳамчунин Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабирикулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, Сайид Аммор Ҳаким, раҳбари ҷараёни ҳикмати миллии Ироқ, Ансоруллоҳи Яман, Ҷумбиши Ҳамос, Асоибу аҳл-ил-ҳақ (аз гурӯҳҳои Ҳашд-уш-шаъбӣ)[14] ва Толибон[15] ин ҳамларо маҳкум карданд.
Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар паёми таслиятӣ, ин ҳамларо ҷиноят хонд[17] ва Носир Макорими Шерозӣ, Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ, Ҷаъфари Субҳонӣ ва Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, аз мароҷеъи тақлиди шиа, ин ҳамларо маҳкум карданд.[18] Дар вилояти Форси Эрон се рӯз азои умумӣ эълом шуд.[19] Ҳамчунин рӯзи 7 обон/29 октябр дар ин вилоят таътил эълом шуд.[20]
Гурӯҳҳое аз мардум дар Эрон дар 28 октябр бо роҳпаймоии баъд аз намози ҷумъа дар шаҳрҳои мухталиф, иқдоми террористӣ дар ҳарами Шоҳчароғро маҳкум карданд.[21]
Кушташудагон ин ҳамла дар 29 октябр, дар Шероз[22] ва Машҳад[23] ташйиъ шуданд ва шаш тан аз онҳо дар 30 октябр дар ҳарами Шоҳчароғ дафн шуданд.[24] Дигар кушташудагон барои тадфин ба шаҳрҳои худ мунтақил шуданд.[25] [Ёддошт 2]
Маросими бузургдошт барои кушташудагони ин ҳамла, дар шаҳрҳои мухталиф аз ҷумла маросиме аз сӯи Носир Макорими Шерозӣ, аз мароҷеъи тақлиди шиа, дар Қум баргузор шуд.[26]
Дар 8 июли 2023, ду тан аз омилҳои ин ҳамла эъдом шуданд.[27] Дар 13 августи 2023, ҳамлаи дигаре ба Шоҳчароғ сурат гирифт, ки ду кушта ва теъдоде захмӣ бар ҷой гузошт. Тибқи эъломи ДИИШ ин ҳамла барои интиқом анҷом шудааст.[28]
Эзоҳ
- ↑ «خبرگزاری فرانسه: داعش حمله تروریستی در شاهچراغ را به عهده گرفت», хабаргузории Форс.
- ↑ «Islamic State claims responsibility for shrine attack in Iran», reuters; «حمله به شاهچراغ؛ داعش مسئولیت حمله را پذیرفت», хабаргузории BBC.
- ↑ «جدیدترین آمار رسمی شهدای حادثه تروریستی شاهچراغ تا ظهر امروز», сайти Ҳамшаҳрӣ онлайн.
- ↑ «یک زن و دو کودک در عملیات تروریستی شاهچراغ شهید شدند», хабаргузории Бурно.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба «خبرگزاری فرانسه: داعش حمله تروریستی در شاهچراغ را به عهده گرفت», хабаргузории Форс; «تیراندازی تروریستی در حرم شاهچراغ», хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА).
- ↑ «یک منبع آگاه: عامل حادثه شیراز عنصر وهابی-تکفیری بوده است», хабаргузории Тасним.
- ↑ «استاندازی فارس: عامل حمله تروریستی شاهچراغ شیراز به هلاکت رسید», хабаргузории Асри Эрон.
- ↑ «گزارش هفتهنامه داعش از عملیات تروریستی در شیراز», хабаргузории Форс.
- ↑ «وزیر اطلاعات: عامل دوم جنایت تروریستی شیراز دستگیر شد», хабаргузории Форс.
- ↑ «اطلاعیه دوم وزارت اطلاعات درباره حادثه شاهچراغ», хабаргузории Асри Эрон.
- ↑ «Statement attributable to the Spokesperson for the Secretary-General - on attack at Shah Cheragh Holy Shrine in.Shiraz, Iran», United Nations
- ↑ «اتحادیه اروپا حمله به شاهچراغ را محکوم کرد», хабаргузории ал-Олам.
- ↑ «واکنشهای بینالمللی به اقدام تروریستی در شاهچراغ شیراز», хабаргузории Форс.
- ↑ «واکنشهای بینالمللی به اقدام تروریستی در شاهچراغ شیراز», хабаргузории Форс; «جهان یکصدا حمله تروریستی به شاهچراغ را محکوم کرد», хабаргузории Эрно.
- ↑ «طالبان حمله تروریستی به حرم شاهچراغ را محکوم کرد», хабаргузории Тасним.
- ↑ «تشییع پیکر شهدای حمله تروریستی حرم شاهچراغ(ع)», хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ (Эрно).
- ↑ «پیام در پی حادثه تروریستی در حرم حضرت احمد بن موسی (شاهچراغ) شیراز», сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ «واکنش رهبر معظم انقلاب و مراجع معظم تقلید به حادثه تروریستی حرم احمد بن موسی(ع) در شیراز» хабаргузории расмии Ҳавза.
- ↑ «تیراندازی تروریستی در حرم شاهچراغ», хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА).
- ↑ «وضعیت عامل حمله تروریستی به حرم شاهچراغ وخیم است», хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ (ИСНА).
- ↑ «راهپیمایی عظیم سراسری در محکومیت آشوب و ترور», хабаргузории Форс.
- ↑ «تشییع شهدای حادثه تروریستی شاهچراغ», хабаргузории Форс.
- ↑ «تشییع پیکر شهیدان حادثه شاهچراغ در مشهد», хабаргузории Форс.
- ↑ «پیکر ۶ تن شهید در حرم شاهچراغ آرام گرفت», хабаргузории Тасним.
- ↑ «آیین تشییع شهدای حمله تروریستی به حرم شاهچراغ در شیراز برگزار شد», хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА).
- ↑ «مراسم بزرگداشت شهدای حرم حضرت شاهچراغ در قم», хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА).
- ↑ «۲ نفر از عوامل حمله تروریستی به حرم شاهچراغ اعدام شدند», хабаргузории Тасним.
- ↑ جزئیات حمله تروریستی ۲۲ مرداد به حرم مطهر شاهچراغ, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
Ёддошт
- ↑ Албатта омори аввалия понздаҳ тан кушта эълом шуд, ки ба гуфтаи устондори Форс, ду нафар аз кушташудагон ба иштибоҳ ду бор шумориш шуда буданд. («Устондори Форс: ду нафар аз шуҳадои ҳодисаи террористии Шоҳчароғ ду бор шуморида шуда буданд, барои ҳамин теъдоди шуҳадо ба иштибоҳ 15 нафар эълом шуд», хабаргузории Интихоб).
- ↑ Яке аз кушташудагон аҳли Теҳрон, дар 6 обон қабл аз ташйиъи ҷанозаи кушташудагон дар Шероз, дар Теҳрони ташйиъ ва дафн шуд. («маросими ташйиъи шаҳид Маъсумӣ аз шуҳадои ҳодисаи террористии Шоҳчароғ дар Теҳрон», хабаргузории Интихоб).
Сарчашма
- “Islamic State claims responsibility for shrine attack in Iran”, reuters, санаи дарҷи матлаб: 5 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Statement attributable to the Spokesperson for the Secretary - General - on attack at Shah Cheragh Holy Shrine in. Shiraz, Iran”, United Nations, санаи дарҷи матлаб: 26 октябри 2022м., санаи дарҷи матлаб: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Ас-Сайид Аммор ал-Ҳаким ядину ҳуҷума Шероз-ил-ирҳобӣ”, қанотул-Олам, санаи дарҷи матлаб: 27 октябри 2022м., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Вазири иттилоот: омили дувуми ҷинояти террористии Шероз дастгир шуд”, хабаргузории Форс, санаи дарҷи матлаб: 9 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 22 обони 1401ҳ.ш.
- “Вазъияти омили ҳамлаи террористӣ ба Ҳарами Шоҳчароғ вахим аст”, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ (Эрно), санаи дарҷи матлаб: 5 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Вокунишҳои байналмилалӣ ба иқдоми террористӣ дар Шоҳчароғи Шероз”, хабаргузории Форс, санаи дарҷи матлаб: 5 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Вокуниши раҳбари муаззами инқилоб ва мароҷеъи муаззами тақлид ба ҳодисаи террористии Ҳарами Аҳмад ибни Мусо (а) дар Шероз” хабаргузории расмии Ҳавза, санаи дарҷи матлаб: 5 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Вокунишҳо ба ҳамлаи террористии ДИИШ ба Шоҳчароғ” хабаргузории ал-Олам, санаи дарҷи матлаб: 5 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Гузориши ҳафтаномаи ДИИШ аз амалиёти террористӣ дар Шероз”, хабаргузории Форс, санаи дарҷи матлаб: 6 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 8 обони 1401ҳ.ш.
- “Ин чароғ равшан аст”, рӯзномаи Ватани имрӯз, шумораи 3614, 8 обони 1401ҳ.ш.
- “Иттилоияи дувуми Вазорати иттилоот дар бораи ҳодисаи Шоҳчароғ”, хабаргузории Асри Эрон, санаи дарҷи матлаб: 16 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 22 обони 1401ҳ.ш.
- “Иттиҳодияи Аврупо ҳамла ба Шоҳчароғро маҳкум кард”, хабаргузории Ал-Олам, санаи дарҷи матлаб: 5 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Маросими бузургдошти шуҳадои Ҳарами ҳазрати Шоҳчароғ дар Қум”, хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Эсно), санаи дарҷи матлаб: 7 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 16 обони 1401ҳ.ш.
- “Маросими ташйиъи шаҳид Маъсумӣ аз шуҳадои ҳодисаи террористии Шоҳчароғ дар Теҳрон”, хабаргузории Интихоб, санаи дарҷи матлаб: 6 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 8 обони 1401ҳ.ш.
- “Оини ташйиъи шуҳадои ҳамлаи террористӣ ба Ҳарами Шоҳчароғ дар Шероз баргузор шуд”, хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Эсно), санаи дарҷи матлаб: 7 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 8 обони 1401ҳ.ш.
- “Паём дар пайи ҳодисаи террористӣ дар Ҳарами ҳазрати Аҳмад ибни Мусо (Шоҳчароғ)-и Шероз”, сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 5 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Пайкари 6 тан шаҳид дар Ҳарами Шоҳчароғ ором гирифт”, хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 8 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 8 обони 1401ҳ.ш.
- “Роҳпаймоии азими саросарӣ дар маҳкумияти ошубу террор”, хабаргузории Форс, санаи дарҷи матлаб: 6 обони 401ҳ.ш., санаи боздид: 6 обони 1401ҳ.ш.
- “Ташйиъи шуҳадои ҳодисаи террористии Шоҳчароғ”, хабаргузории Форс, санаи дарҷи матлаб: 7 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 7 обони 1401ҳ.ш.
- “Тирандозии террористӣ дар Ҳарами Шоҳчароғ”, хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Эсно), санаи дарҷи матлаб: 5 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Толибон ҳамлаи террористӣ ба Ҳарами Шоҳчароғро маҳкум кард”, хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 6 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 8 обони 1401ҳ.ш.
- “Устондори Форс: ду нафар аз шуҳадои ҳодисаи террористии Шоҳчароғ ду бор шуморида шуда буданд, барои ҳамин теъдоди шуҳадо ба иштибоҳ 15 нафар эълом шуд”, хабаргузории Интихоб, санаи дарҷи матлаб: 5 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 8 обони 1401ҳ.ш.
- “Устондории Форс: омили ҳамлаи террористии Шоҳчароғи Шероз ба ҳалокат расид”, хабаргузории Асри Эрон, санаи дарҷи матлаб: 7 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 8 обони 1401ҳ.ш.
- “Хабаргузории Фаронса: ДИИШ ҳамлаи террористӣ дар Шоҳчароғро ба уҳда гирифт”, хабаргузории Форс, санаи дарҷи матлаб: 4 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Ҳамла ба Шоҳчароғ; ДИИШ масъулияти ҳамларо пазируфт”, хабаргузории BBC, санаи дарҷи матлаб: 4 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Ҷадидтарин омори расмии шуҳадои ҳодисаи террористии Шоҳчароғ то зуҳри имрӯз”, сайти Ҳамшаҳрӣ онлайн (сайти хабарии рӯзномаи Ҳамшаҳрӣ), санаи дарҷи матлаб: 5 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Ҷузъиёти ҳамлаи террористӣ ба Ҳарами Шоҳчароғ”, хабаргузории Хабаронлайн, санаи дарҷи матлаб: 4 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.
- “Як зану ду кӯдак дар амалиёти террористии Шоҳчароғ шаҳид шуданд”, хабаргузории Бурно, санаи дарҷи матлаб: 4 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 16 обони 1401ҳ.ш.
- “Як манбаи огоҳ: омили ҳодисаи Шероз унсури ваҳҳобӣ - такфирӣ будааст”, хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 4 обони 1401ҳ.ш., санаи боздид: 5 обони 1401ҳ.ш.