Үндана:Камфурӯшӣ
Камфурӯшӣ (форсӣ: کمفروشی) ё татфиф (арабӣ: التَّطفِيف) ба маънии кам гузоштан дар паймона, вазн ё миқдори мол ҳангоми муомила аст. Дар фиқҳи исломӣ, камфурӯшӣ ҳаром ва аз гуноҳони кабира шумурда шуда Қуръон ва ривоёти исломӣ аз он наҳй кардаанд. Фақеҳон ҳором будани онро бо истинод ба Қуръон, суннат, иҷмоъ ва ақл исбот мекунанд.
Фақеҳон, камфурӯширо фақат дар молҳои вазнӣ ва паймонаӣ намедонанд ва онро ҳар гуна костан аз ҳаққи дигарон дар арзаи мол ё анҷоми хизмат маънӣ мекунанд. Бар ин асос, илова бар молҳои метрӣ ва шумурданӣ, мавориде монанди камкорӣ дар анҷоми вазифаҳои шуғлӣ низ аз намунаҳои он дониста шудааст.
Мафҳумшиносӣ ва ҳукми фиқҳӣ
Камфурӯшӣ ба маънии кам гузоштан дар паймона, вазн ё миқдори мол ҳангоми фурӯш ба муштарӣ аст.[1] Дар матнҳои динӣ ва фиқҳӣ аз ин амал бо унвонҳое монанди «татфиф», «бахс», «нақс» ва «ихсор» ёд шудааст.[2] Ривоёти марбут ба камфурӯшӣ бештар дар бахши «Одоб-ут-тиҷора»-и сарчашмаҳои ҳадисӣ гирдоварӣ шудаанд.[3]
Фақеҳон камфурӯширо ҳаром ва аз гуноҳони кабира донистаанд.[4] Шайхи Ансорӣ онро аз аъмоле мешуморад, ки затан ҳароманд ва муомила бар пояи онҳо низ ҳаром аст.[5] Ҷаъфари Субҳонӣ низ ҳурмати камфурӯширо аз аҳкоми қатъӣ ва зарурии фиқҳи шиа донистааст.[6] Дар Қуръон ва ривоёт ба камфурӯшон, ваъдаи азоби Илоҳӣ дода шудааст.[7]
Намунаҳои камфурӯшӣ
Ба гуфтаи Шайхи Ансорӣ, камфурӯшӣ ба молҳои вазнӣ ва паймонаӣ маҳдуд нест ва молҳои шумурданӣ ва метрӣ, монанди порчаро низ дарбар мегирад.[8] Сайид Абулқосими Хӯӣ низ меъёри камфурӯширо ҳар гуна костан аз ҳаққи дигарон аз рӯи зулм ё хиёнат медонад ва зикри паймона ва вазн дар ривоётро аз боби баёни мисдоқ, на инҳисори ҳукм, мешуморад.[9] Бар ҳамин асос баъзе фуқаҳо, аз ҷумла Макорими Шерозӣ, бо истинод ба қоидаи «Илғои хусусият», ҳукми камфурӯширо ба ҳар гуна кӯтоҳӣ дар анҷоми масъулиятҳо таъмим додаанд.[10] Аз ин рӯ, камкории муаллимон, кормандон, қозиён ва хатибон, монанди таъхир дар анҷоми вазифаҳо ё анҷоми масъулият бидуни омодагии кофӣ, аз намунаҳои камфурӯшӣ дониста шудааст.[11]
Баъзе пажӯҳишгарон ин ҳукмро шомили хизматҳои маҷозӣ низ медонанд; барои намуна, агар ширкати пешниҳодкунандаи интернет, суръат ё ҳаҷми камтар аз миқдори харидашударо дар ихтиёри муштарак қарор диҳад ва камбудии онро ҷуброн накунад, ин амал дар ҳукми камфурӯшӣ аст.[12] Ҳамчунин арзаи молҳои бастабандишуда бо мазмуне камтар аз миқдори дарҷшуда ё камтар аз миқдори маъмул, аз дигар намунаҳои камфурӯшӣ ба шумор омадааст.[13]
Далелҳои ҳурмати камфурӯшӣ
Фақеҳон барои исботи ҳурмати камфурӯшӣ ба чаҳор далел (Қуръон, ривоёт, иҷмоъ ва ақл) истинод кардаанд.[14]
Оёти Қуръон
Дар Қуръон, ҳафт оят бо ибораҳое монанди «татфиф», «бахс», «нақс» ва «ихсор» аз камфурӯшӣ ва костан аз ҳуқуқи мардум наҳй карда ва ба пурра додани паймона, риояи адолат дар вазн ва адои пурраи ҳаққи дигарон фармон додаанд.[15] Аз ҷумла, оёти оғозини сураи Мутаффифин аст, ки бо ибораи «Вайлун ли-л-мутаффифин» оғоз мешавад ва касонеро накӯҳиш мекунад, ки ҳангоми харид, ҳаққи худро пурра мегиранд, аммо ҳангоми фурӯш аз ҳаққи дигарон мекоҳанд. Бештари муфассирон «вайл»-ро таъбире барои таҳдид ба азоб донистаанд[16] ва баъзе низ онро номи ҷойгоҳе дар дӯзах муаррифӣ кардаанд.[17] «Мутаффиф» низ ба касе гуфта мешавад, ки дар паймона ё вазн кам мегузорад.[18]
Ривоёт
Барои ҳурмати камфурӯшӣ ба ривоёт низ истинод шудааст. Аз ҷумла дар ривояте, Имом Алӣ (а) тоҷиронро ба фаро гирифтани аҳкоми тиҷорат пеш аз оғози касбу кор фарохонда ва танҳо тоҷиреро аз азоби Илоҳӣ истисно кардааст, ки ҳаққи худ ва дигаронро ба таври комил риоя кунад.[19] Имом Ризо (а) низ кам гузоштан дар паймона ва тарозуро аз гуноҳони кабира донистааст.[20] Ҳамчунин, дар ривояте аз Паёмбар (с), камфурӯшӣ аз омилҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ, қаҳтӣ, душвории маишат ва салтанати ҳокимони ситамгар бар ҷомеа муаррифӣ шудааст.[21]
Иҷмои фақеҳон
Ба гуфтаи Сайид Абулқосими Хӯӣ, бештари фақеҳони мусалмон камфурӯширо ҳаром медонанд.[22] Аллома Ҳиллӣ[23] ва Соҳиби Мифтоҳ-ул-карома[24] низ бар ин ҳукм даъвои иҷмоъ кардаанд. Бо ин ҳол, Ҷаводи Табрезӣ ин иҷмоъро мунтабӣ бар оёту ривоёт дониста ва онро далели мустақилле барои исботи ҳукм намешуморад.[25] Ба назари ӯ, ҳурмати камфурӯшӣ бо истинод ба Қуръон, ривоёт ва ақл қобили исбот аст.[26]
Далели ақлӣ
Фақеҳон камфурӯширо мисдоқи зулм медонанд ва бо назар ба ин ки ақл зулмро нописанд мешуморад, ҳурмати онро низ таъйид мекунад.[27] Сайид Абулқосими Хӯӣ ин ҳукмро аз мустақилоти ақлӣ медонад.[28] Дар муқобил, Сайид Тақии Таботабоии Қумӣ эътиқод дорад, ки ақл ба танҳоӣ барои исботи ҳукми шаръӣ кофӣ нест;[29] аз ин рӯ, ҳурмати камфурӯширо мустанад ба оёти Қуръон ва ривоёт медонад.[30]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Тафсир ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.10, саҳ.295; Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, ҷ.1, саҳ.199.
- ↑ Субҳонӣ, ал-Мавоҳиб, ҷ.1, саҳ.415.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.10, саҳ.15; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Муассисаи Оли-л-Байт ли эхё-ит-турос, ҷ.12, саҳ.282.
- ↑ Ҳиллӣ, Қавоидул-аҳком, ҷ.2, саҳ.10.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, ҷ.1, саҳ.163.
- ↑ Субҳонӣ, ал-Мавоҳиб, ҷ.1, саҳ.415.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.13, саҳ.320.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, ҷ.1, саҳ.199.
- ↑ Хӯӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳа, ҷ.1, саҳ.386.
- ↑ Эзадифард, Ҳусайн Ковёр, «Баррасии фиқҳии камфурӯшӣ дар муомилот», саҳ.113.
- ↑ حكم «کم فروشی» در اسلام و سرنوشت «کم فروشان», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
- ↑ Муҳаммадирод ва Момақонӣ, «Қаламрави камфурӯшӣ дар фиқҳ ва ҳуқуқи Эрон», саҳ.208.
- ↑ Муҳаммадирод ва Момақонӣ, «Қаламрави камфурӯшӣ дар фиқҳ ва ҳуқуқи Эрон», саҳ.208.
- ↑ Хӯӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳа, ҷ.1, саҳ.384; Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, ҷ.1, саҳ.199.
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 85; сураи Ҳуд, оятҳои84-85; сураи Шуаро, ояти 183; сураи Мутаффифин, оятҳои 1-3; сураи Раҳмон, ояти 9; сураи Шуаро, ояти 181.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Тафсир ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.10, саҳ.295.
- ↑ Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.888.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.10, саҳ.295.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.10, саҳ.15-16.
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюн ахбор-ир-Ризо (а), ҷ.1, саҳ.134.
- ↑ Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, ҷ.1, саҳ.252.
- ↑ Хӯӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳа, ҷ.1, саҳ.384.
- ↑ Ҳиллӣ, Тазикрат-ул-фуқаҳо, ҷ.12, саҳ.148.
- ↑ Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-карома, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.12, саҳ.299.
- ↑ Табрезӣ, Иршод-ут-толиб, ҷ.1, саҳ.132.
- ↑ Табрезӣ, Иршод-ут-толиб, ҷ.1, саҳ.132.
- ↑ Зеҳнии Теҳронӣ, Ташриҳ-ул-матолиб, ҷ.2, саҳ.427.
- ↑ Хӯӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳа, ҷ.1, саҳ.385.
- ↑ Таботабоии Қумӣ, Умдат-ул-матолиб, ҷ.1, саҳ.178.
- ↑ Таботабоии Қумӣ, Умдат-ул-матолиб, ҷ.1, саҳ.178.
Сарчашма
- Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ул-макосиб, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, 1415ҳ.қ.
- Зеҳнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҷавод, Ташриҳ-ул-матолиб, Қум, нашри Ҳозиқ, 1369ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, интишороти Дор-ул-ҳадис, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
- Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби аҳли байт (а), зери назари: Сайид Маҳмуди Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Қум, Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Муҳаммадирод, Ҳамид; Момақонӣ, Зайнаб, «Қаламрави камфурӯшӣ дар фиқҳ ва ҳуқуқи Эрон», маҷаллаи Фиқҳ ва мабонии ҳуқуқи исломӣ, №1, баҳор ва тобистони 1397ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммад Ҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳи Аббоси Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-қалам, 1412ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Мавоҳиб фи таҳрири аҳком-ил-макосиб, Қум, Муассисат-ул-имом ас-Содиқ (а), 1416ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Муассисат-ул-аъломии ли-л-матбуот, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Таботабоии Қумӣ, Сайид Тақӣ, Умдат-ул-матолиб фи-т-таълиқ ала-л-макосиб, Қум, нашри Маҳаллотӣ, 1413ҳ.қ.
- Табрезӣ, Мирзо Ҷавод, Иршод-ут-толиб ило таълиқ-ил-макосиб, Қум, Матбааи Меҳр, 1399ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсир ат-Тибён, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мисбоҳ-ул-фақоҳа, Қум, Мактабат-уд-Доварӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоидул-аҳком, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1418ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазикрат-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а) ли эхё-ит-турос, 1422ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (алайҳимуссалом) ли эхё-ит-турос, бетаърих.
- Ҳусайнии Омилӣ, Сайид Ҷавод, Мифтоҳ-ул-карома, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бетаърих.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқобул-аъмол, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1364ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюн ахбор-ир-Ризо (а), Бейрут, Муассисат-ул-аъломии ли-л-матбуот, 1404ҳ.қ.
- Эзадифард, Алиакбар ва Ҳусайн Ковёр, «Баррасии фиқҳии камфурӯшӣ дар муомилот», фаслиномаи Иқтисод ва бонкдории исломӣ, №1, зимистони 1391ҳ.ш.
- حكم «کم فروشی» در اسلام و سرنوشت «کم فروشان», («Ҳукми «камфурӯшӣ» дар Ислом ва сарнавишти «камфурӯшон»), Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 10 ноябри 2020.