Гаронфурӯшӣ
Гаронфурӯшӣ (форсӣ: گرانفروشی) ба арзаи коло ё хидмат бо нархе беш аз ҳадди муайяншуда[1] ё дарёфти баҳое фаротар аз ҳадди эътидол ва инсоф[2] гуфта мешавад. Ҳамчунин ҳар амале, ки боиси афзоиши ғайримаъмулӣ ва беравияи хароҷоти пардохтии харидор шавад, аз намунаҳои гаронфурӯшӣ шумурда шудааст.[3]
Дар фиқҳи исломӣ, гаронфурӯшӣ зери баҳси хиёри ғабн баррасӣ мешавад.[4] Бар ин асос, агар фурӯшанда колоеро ба баҳое беш аз арзиши воқеии он бифурӯшад ва харидор аз нархи воқеӣ огоҳ набошад ғабн таҳаққуқ ёфта ва барои харидор хиёри ғабн собит мешавад, ки бар асоси он метавонад колоро баргардонад.[5]
Дар сарчашмаҳои ривоӣ, гаронфурӯшӣ мазаммат шудааст. Аз Паёмбари акрам (с) нақл шудааст, ки эҷоди гаронӣ дар бозори мусалмонон сабабгори азоби Илоҳӣ мешавад.[6] Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, арзонӣ нишонаи ризоияти Илоҳӣ ва гаронӣ нишонаи ғазаби Худо муаррифӣ шудааст.[7] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) низ касби судҳои ғайримаъмулӣ нописанд дониста шудааст.[8]
Фақеҳон дар бораи ҳукми фиқҳии гаронфурӯшӣ дидгоҳҳои мухталифе доранд. Баъзе бо истинод ба ривоёте, ба вижа ривояти «Ғабн-ул-мустарсили суҳт; пуле, ки аз роҳи фиреб додан ва мағбун кардани шахси эътимодкунанда ба даст ояд, ҳаром аст»,[9] гаронфурӯширо ҳаром донистаанд.[10] Ба гуфтаи Файзи Кошонӣ, мустарсил касе аст, ки дар таъйини нарх ба фурӯшанда эътимод мекунад;[11] аз ин рӯ фиреби чунин шахс аз намунаҳои ғабн аст[12] ва муомилаи бар он асос ҳаром ва ботил хоҳад буд.[13] Дар муқобил, гурӯҳе аз фақеҳон асли муомиларо саҳеҳ дониста ва барои фарди мағбун ҳаққи фасх қоил шудаанд.[14]
Мароҷеи тақлид дар бораи гаронфурӯшӣ дидгоҳҳои мухталифе пешниҳод кардаанд. Имом Хумайнӣ[15] ва Сайид Алии Хоманаӣ[16] гаронфурӯширо дар сурати иҷҳоф ба муштарӣ ё мухолифат бо муқаррароти ҳукумати исломӣ ҷоиз намедонанд. Сайид Алии Систонӣ гаронфурӯширо дар сурате, ки бар хилофи урф ва муқаррарот набошад, аз назари фиқҳӣ ҷоиз, аммо аз назари ахлоқӣ нописандид донистааст.[17] Носир Макорими Шерозӣ низ миқдори судро тобеи ризоияти тарафайн медонад, магар дар мавориде, ки нархгузории расмӣ вуҷуд дошта бошад; бо ин ҳол бар риояи инсоф таъкид кардааст.[18] Софии Гулпойгонӣ низ асли муомиларо тобеи ризоияти тарафайн дониста, аммо дар сурати таҳаққуқи ғабн, барои харидор ҳаққи фасх қоил аст ва бар парҳез аз иҷҳоф ва дурӣ аз беинсофӣ таъкид кардааст.[19]
Дар илми калом, масъалаи гаронӣ ва арзонӣ зери баҳси исъор (нархгузорӣ) аз ин ҷиҳат баррасӣ шудааст, ки оё гаронӣ ва арзонӣ феъли Худост ё инсон.[20] Ашоира бо истинод ба махлуқ будани афъоли бандагон, гаронӣ ва арзониро ба Худо нисбат додаанд;[21] аммо мутакаллимони шиа эътиқод доранд, ҳар гоҳ сабаби гаронӣ рафтори худи инсонҳо бошад, ба худи онон бармегардад.[22]
Гаронфурӯшӣ аз омилҳои муассир бар душвории маишати табақоти заифи ҷомеа дониста шудааст.[23] Ҳамчунин Имом Хумайнӣ, бунёнгузори низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, гаронфурӯшии беш аз ҳадди муқаррариро иҷҳоф ва мухолифи меъёрҳои шаръӣ ва ахлоқӣ донистааст.[24] Сайид Алии Хоманаӣ, дуюмин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, онро рафторе золимона тавсиф карда ва мубориза бо онро муқобила бо зулм донистааст.[25]
Эзоҳ
- ↑ Қонуни таъзироти ҳукуматӣ, моддаи 2.
- ↑ Ҳақиқӣ, «Дар варои гаронфурӯшӣ ва эҳтикор», саҳ.25.
- ↑ Қонуни таъзироти ҳукуматӣ, моддаи 2.
- ↑ Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутааллимин, саҳ.123; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.1, саҳ.522.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, ҷ.5, саҳ.157.
- ↑ Нишобурӣ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, ҷ.2, саҳ.15.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.5, саҳ.162.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.10, саҳ.48-50.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.10, саҳ.24.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, ҷ.17, саҳ.456.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, ҷ.17, саҳ.456.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, ҷ.17, саҳ.456.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, ҷ.17, саҳ.456.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, ҷ.17, саҳ.457.
- ↑ Хумайнӣ, Истифтоот, ҷ.2, саҳ.62.
- ↑ «استفتائات جدید», Сомонаи пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами Раҳбарӣ.
- ↑ «آیا گرانفروشی حرام است؟», Сомонаи Ҳадоно.
- ↑ «معامله سلف», Сомонаи пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
- ↑ «فتوای آیتالله صافی گلپایگانی درباره فروش اجناس به قیمت روز و گرانتر از قیمت اولیه», Сомонаи Шиа-Нюс.
- ↑ Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, ҷ.1, саҳ.342.
- ↑ Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, ҷ.4, саҳ.320.
- ↑ Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, ҷ.1, саҳ.342.
- ↑ «ریشه گرانفروشی کجاست؟/ تاملی بر یکی از جدیترین چالشهای اقتصادی», Сомонаи Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, ҷ.6, саҳ.510.
- ↑ «پیام به رئیس جمهور در خصوص مبارزه با گرانفروشی», Сомонаи пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
Сарчашма
- Ансорӣ, Шайхи Муртазо, Китоб-ул-макосиб, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, 1415ҳ.қ.
- Иҷӣ, Сайид Миршариф, Шарҳ-ул-мавоқиф, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, чопи аввал, 1325ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Интишороти Дор-ул-ҳадис, 1430ҳ.қ.
- Нишобурӣ, Абуабдуллоҳи Ҳоким, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Тафтозонӣ, Саъдуддин, Шарҳ-ул-мақосид, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, Исфаҳон, Китобхонаи Имом Амирулмуъминин (а), 1406ҳ.қ.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Истифтоот, Қум, Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1372ҳ.ш.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи нур, Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1378ҳ.ш.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Наҷаф, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1390ҳ.қ.
- Ҳақиқӣ, Маҷид, «Дар варои гаронфурӯшӣ ва эҳтикор», маҷаллаи Гузориш, №47, декабри 1994.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Табсират-ул-мутааллимин, Теҳрон, Интишороти фақеҳ, чопи аввал, 1368ҳ.ш.
- «فتوای آیتالله صافی گلپایگانی درباره فروش اجناس به قیمت روز و گرانتر از قیمت اولیه» («Фатвои Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ дар бораи фурӯши аҷнос ба нархи рӯз ва гаронтар аз нархи аввалия»), Сомонаи Шиа-Нюс, санаи дарҷи матлаб: 29 августи 2013, санаи боздид: 6 ноябри 2020.
- «ریشه گرانفروشی کجاست؟/ تاملی بر یکی از جدیترین چالشهای اقتصادی» («Решаи гаронфурӯшӣ куҷост? / Тааммуле бар яке аз ҷиддитарин чолишҳои иқтисодӣ»), Сомонаи Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, санаи дарҷи матлаб: 29 сентябри 2017, санаи боздид: 16 ноябри 2020.
- «آیا گرانفروشی حرام است؟» («Оё гаронфурӯшӣ ҳаром аст?»), Сомонаи Ҳадоно, санаи дарҷи матлаб: 8 апрели 2017, санаи боздид: 6 ноябри 2020.
- «معامله سلف» («Муомилаи салф»), пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 6 ноябри 2020.
- «پیام به رئیس جمهور در خصوص مبارزه با گرانفروشی» («Паём ба раисҷумҳур дар хусуси мубориза бо гаронфурӯшӣ»), Сомонаи khamenei.ir, санаи дарҷи матлаб: 7 октябри 1994, санаи боздид: 6 ноябри 2020.
- «استفتائات جدید» («Истифтооти ҷадид»), Сомонаи пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами Раҳбарӣ, санаи дарҷи матлаб: 30 сентябри 2018, санаи боздид: 6 ноябри 2020.