Сураи Фил

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Яксадупанҷумин сура)
Сураи Фил
Сураи Фил
Рақами сура105
Ҷузъ30
Нузул
Тартиби нузул19
Маккӣ/МаданӣМаккӣ
Иттилооти оморӣ
Теъдоди оятҳо5
Теъдоди калимаҳо23
Теъдоди ҳарфҳо97


Сураи Фил, садупанҷумин сура ва аз сураҳои маккии Қуръон, ки дар ҷузъи сиюм ҷой гирифтааст. Ин сура ба ин далел сураи Фил номида шуда, ки ба достони асҳоби фил мепардозад; касоне, ки ба қасди вайрон кардани Каъба аз сарзамини худ ҳаракат карданд ва Худованд мурғони Абобилро ба сӯи онон фиристод ва мурғони бо боридани кулухҳои сангӣ бар сари онон ҳалокашон карданд. Бино бар назари бархе аз мароҷеи тақлид, агар касе бихоҳад сураи Филро дар намозҳои фарзи явмийя баъд аз сураи Ҳамд бихонад, бино бар эҳтиёт бояд сураи Қурайшро ҳамроҳи он бихонад; зеро ин ду сура дар ҳукми як сураанд. Дар фазилати тиловати сураи Фил аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст хондани он дар намозҳои фарз сабаб мешавад дар рӯзи қиёмат тамомии мавҷудоти олам шаҳодат диҳанд, ки ӯ аз намозгузорон будааст; пас Худованд шаҳодати ононро мепазирад ва дастур медиҳад ӯро вориди биҳишт кунанд.

Муаррифӣ

* Номгузорӣ

Ба ин муносибат ин сураро сураи Фил меноманд, ки достони асҳоби филро тавсиф мекунад. Гоҳе низ ин сураро сураи «алам таракайфа» меноманд, ба ин хотир, ки бо ин иборат оғоз мешавад.[1]

* Тартиб ва маҳалли нузул

Сураи Фил ҷузви сураҳои маккӣ ва дар тартиби нузул, нуздаҳумин сурае аст, ки бар Расулуллоҳ (с) нозил шуда аст. Ин сура дар чиниши кунунии Мусҳаф, садупанҷумин сура аст[2] ва дар ҷузъи 30 Қуръон ҷой дорад.

* Теъдоди оёт ва дигар вижагиҳо

Сураи Фил 5 оят, 23 калима ва 97 ҳарф дорад. Ин сура ҷузви сураҳои кӯтоҳ ва аз сураҳои Муфассалот (дорои оёти кӯтоҳи) Қуръон аст. Сураи Фил аз сураҳое аст, ки ҳамаи оёти он якҷо бар Пайғамбар (с) нозил шудааст.[3]

Муҳтаво

Худованд дар ин сура ба достони асҳоби фил ишора мекунад, ки ба қасди вайрон кардани Каъба аз сарзамини худ ҳаракат карданд ва Худованд бо фиристодани парандагони Абобил ононро ҳалок кард. Парандагон бо боридани кулӯхҳои сангӣ бар сари онон ҳалокашон карданд, ба гунае ки ҳамчун барги ҷавидашуда шуданд. Ин воқеа дар омулфил, ки ҳамон соли вилодати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аст, рух додааст.[4]

Муҳтавои сураи Фил[5]

Шикасти асҳоби фил; нишонаи қудрати Худо дар саркӯби душманони дин Матлаби дувум; ояти 3 - 5 Равиши Худо дар саркӯби асҳоби фил Матлаби аввал; ояти 1 – 2 Нотавонии асҳоби фил дар баробари қудрати Худо Нуктаи аввал; ояти 3 Истифода аз парандагони майда Нуктаи аввал; ояти 1 Нокоромадии созу барги низомии асҳоби фил Нуктаи дувум; ояти 4 Истифода аз сангҳои гилӣ Нуктаи дувум; ояти 2 Беасар шудани нақшаҳо ва тадбирҳои асҳоби фил Натиҷа; ояти 5 Дарҳам шикаста шудани асҳоби фил бо қудрати илоҳӣ

Шаъни нузул

Дар бораи шаъни нузули сураи Фил аз Имом Саҷҷод (а) нақл шудааст: Абутолиб ба Пайғамбар (с) гуфт: оё ту барои ҳамаи мардум мабъус шудаӣ, ё танҳо қавми худат мухотаби ту ҳастанд? Пайғамбар посух дод: «на, барои ҳамаи инсонҳо мабъус шудаам, аз сафеду сиёҳ, арабу аҷам; ман тамоми касонеро, ки бар қуллаи куҳҳову дарёҳо ҳастанд, ба ин оин фаро мехонам, ман тамоми Форсу Румро даъват мекунам». Ин сухани Пайғамбар (с) ба гӯши Қурайш расид ва мӯҷиби тааҷҷуб ва ҳайрати онон шуд. Қурайш ба Абутолиб гуфтанд: оё гӯш ба суханони фарзанди бародарат намедиҳӣ ки чӣ мегӯяд? Ба Худо савганд! Агар мардуми Форсу Рум ин суханонро бишунаванд, моро аз сарзаминамон мерубоянд ва сангҳои Каъбаро қитъа-қитъа ҷудо мекунанд. Инҷо буд, ки Худованд дар бораи ин сухани онон, ки мардуми Форсу Рум хонаи Каъбаро муталошӣ мекунанд, сураи Филро нозил кард.[6]

Қироати сураи Фил дар намоз

Бино бар назари бархе аз мароҷеи тақлид агар касе бихоҳад сураи Филро дар намозҳои фаризаи рӯзона баъд аз Ҳамд бихонад, бино бар эҳтиёт бояд ин сураро ҳамроҳи сураи Қурайш бихонад; чароки ин ду сура дар ҳукми як сураанд.[7]

Фазилат ва хавос

Навиштори аслӣ: Фазоили сувар

Дар фазилати тиловати сураи Фил аз ҷумла аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст хондани он дар намозҳои фарз сабаб мешавад дар рӯзи қиёмат тамомии мавҷудоти олам шаҳодат диҳанд, ки ӯ аз намозгузорон буда аст ва нидодиҳанда дар рӯзи қиёмат нидо медиҳад, ки дар бораи бандаи Ман ба ростӣ шаҳодат додед. Шаҳодати шуморо дар бораи ӯ пазируфтам. Ӯро вориди биҳишт кунед ва ӯ аз касоне аст, ки Худованд ӯ ва корҳояшро дӯст медорад.[8]

Дар бархе аз ривоёт, барои хондани сураи Фил хавоссе баён шудааст, аз ҷумла раҳоӣ аз шарри душман[9] ва мубтало нашудан ба масху тӯҳмат.[10]

Матн ва тарҷума

بِسْمِ اللَّـهِ الرَّ‌حْمَـٰنِ الرَّ‌حِيمِ

أَلَمْ تَرَ‌ كَيْفَ فَعَلَ رَ‌بُّكَ بِأَصْحَابِ الْفِيلِ ﴿١﴾ أَلَمْ يَجْعَلْ كَيْدَهُمْ فِي تَضْلِيلٍ ﴿٢﴾ وَأَرْ‌سَلَ عَلَيْهِمْ طَيْرً‌ا أَبَابِيلَ ﴿٣﴾ تَرْ‌مِيهِم بِحِجَارَ‌ةٍ مِّن سِجِّيلٍ ﴿٤﴾ فَجَعَلَهُمْ كَعَصْفٍ مَّأْكُولٍ ﴿٥﴾

Ба номи Худованди раҳматгари меҳрубон

Магар надидӣ Парвардигорат бо пилдорон чӣ кард? (1) Оё найранагашонро бар бод надод? (2) ва бар сари онҳо, даста-даста парандагони "абобил" фиритод. (3) (ки) бар онон сангҳое аз гил (-и сахт) меафкананданд. (4) Ва (саранҷом, Худо) онҳоро монанди коҳи ҷавидашуда гардонд. (5)

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ш, ҷ.2, саҳ.1268.
  2. Маърифат, Омузиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.166.
  3. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1268.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1974м, ҷ.20, саҳ.361.
  5. Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи Муассисаи фарҳангии Қуръон ва итрати Нур-ус-сақалайн, Қум, нашри Нашро, ҷ.1, 1392ҳ.ш.
  6. Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.54–55.
  7. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.69, бино бар назари оятуллоҳ Хуӣ, Систонӣ, Софӣ ва Ваҳиди Хуросонӣ.
  8. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1382ҳ.ш., саҳ.126.
  9. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.55.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.820.

Сарчашма

  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1418ҳ.қ./ 1376ҳ.ш.
  • Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ: мутобиқ бо фатовои шонздаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, Ол-ул-байт, 1414ҳ.қ.
  • Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон: Дӯстон - ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, таҳқиқ: Содиқи Ҳасанзода, Теҳрон, Армағони тубо, 1382ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, чопи дувум, 1974м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, ба тасҳеҳи Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Ҳошими Расулӣ, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Фаттоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, интишороти Разӣ, чопи аввал, 1375ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омузиши улуми Қуръон, [бе ҷо], Маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1371ҳ.ш.