Язид ибни Муовия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Язид писари Муовия)

Язид ибни Муовия ибни Абӯсуфён (26 – 64ҳ.қ.), дуввумин ҳокими умавӣ аст, ки ба дастури ӯ, Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар Карбало ба шаҳодат расиданд. Язид пас аз падараш - Муовия, се солу ҳашт моҳ ҳукумат кард ва дар ин муддат, даст ба се ҷинояти муҳим зад: дар соли 61 қамарӣ, воқеаи Карбалоро рақам зад; соли 63 қамарӣ ба Мадина ҳамла кард, ки ба кушта шудани ҳазорон нафар аз саҳобаву ҳофизони Қуръон анҷомид ва ба воқеаи Ҳарра маъруф шуд ва дар соли 64 қамарӣ низ барои саркӯби мухолифонаш, ба Макка ҳамла карду Каъбаро бо манҷаниқ ҳадафи оташ қарор дод.

Бар асоси манобеи таърихӣ, Язид ба сурати ошкоро шароб мехӯрд ва табъе шоирона дошт. Ӯ нахустин касе буд, ки бар хилофи суннати хулафои пеш, бо интисоб аз сӯи падараш ва ба сурати маврусӣ ба хилофат расид. Ҳамчунин баргузидани ӯ бар хилофи сулҳномаи Имом Ҳасан бо Муовия буд. Язид аз чеҳраҳои манфур назди шиаён аст. Шиаён ва гурӯҳе аз аҳли суннат, бо истинод ба корҳое, ки Язид дар даврони хилофаташ анҷом дод, ӯро сазовори лаън медонанд ва дар бархе аз ривоёт, ба лаъни ӯ тасреҳ шудааст.

Зиндагинома

Бар асоси манобеи таърихӣ Язид дар соли 26 ҳиҷрии қамарӣ ба дунё омад.[1] Падари ӯ Муовия фарзанди Абусуфён ва модараш Майсун духтари Баҳдали Калбӣ аст. Маймун пас аз издивоҷ бо Муовия, натавонист зиндагӣ дар Дамишқро таҳаммул кунад ва пас аз ҷудоӣ аз Муовия, ба саҳро бозгашт. Бино бар эҳтимоли манобеъ, ӯ дар ин ҳангом, Язидро бордор буда ё Язид ширхор будааст. Язид кӯдакии худро дар қабилаи Майсун ва дар канори модараш гузаронд. Мардумони он қабила аз қабоили Ҳувворин (дар минтақаи Ҳимси Шом) бо пешинаи масеҳият дар замони пеш аз Ислом ва аҳли фасоҳату шеъри арабӣ буданд ва Язид низ таҳти таъсири онон суханпардоз ва шоир шуд.

Муовия ба ҳамроҳи падараш Абусуфён, модараш Ҳинди ҷигархор ва иддае дигар, пас аз Фатҳи Макка, Ислом овараданд ва Пайғамбар (с) ононро тулақо (асирони озодшуда) хитоб намуд ва аз муҷозот, афв кард. Ҳазрати Зайнаб пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) дар хутбае Язидро фарзанди тулақо хитоб кард. Дар зиёрати Ошуро низ бо иборати «Вабну окилатил акбод» (фарзанди зани ҷигархор) аз Язид ёд шудааст.

Язид чандин фарзанд, аз ҷумла, Холид, Муовия, Абусуфён ва Абдуллоҳ ва ҳамсароне ба номҳои Фохта, Уммукулсум ва Уммумискин доштааст. Ӯ пас аз се солу ҳашт моҳ ҳукумат, дар 14-уми рабиулаввали соли 64ҳ.қ., дар 38-солагӣ, даргузашт. Гурӯҳе сабаби марг ӯро мастии беш аз ҳад зикр кардаанд. Гуфтаанд рӯзе дар ҳолати мастӣ, маймуни худро бар хари ваҳшие савор карда буду аз қафои он метохт, то ин ки аз асб афтоду аз дунё рафт. Бархе низ мегӯянд бар асари бемории зотулҷанб (чирки шуш) аз дунё рафт. Ӯро дар Дамишқ дафн карданд. Нақл шудааст вақте Аббосиён бар Дамишқ мусаллат шуданд, қабри вайро набш карданд.

Шахсияти Язид

Бештари манобеи таърихӣ ба рӯҳияи шоирӣ ва хушгузаронӣ ва шаробхории Язид ишора кардаанд.

Хушгузаронӣ

Тибқи нақли манобеъ Язид хушгузарон ва ҳавасбоз буд. Ба сурати ошкор шароб мехӯрд ва дар ин кор зиёдаравӣ мекард. Бархе саҳобаи Пайғамбар (с) ва низ Имом Ҳусайн (а) ба сароҳат ӯро фосиқ ва аҳли гуноҳ хондаанд. Балозурӣ ӯро нахустин халифае медонад, ки ошкоро шароб менӯшид, занони хонанда ва навозандаро назди худ нигаҳ медошт ва барои лаззат бурдан, сагҳову хурусҳоро ба ҷанги ҳамдигар во медошт. Ӯ маймуне дошт, ки ӯро Абоқис номид ва ба ӯ шароб менӯшонд ва аз ҳаракоташ механдид. Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ Язид ба ин ҳайвон либоси абрешиму ҳариру дебо ва ҷомаҳои зарбафт мепӯшонид ва ӯро дар маҷлиси шароби хеш ҳозир мекард ва модахари чобуке дошт ва гоҳе Абоқайс, ки таълим дода шуда буд савори он модахар мешуд ва дар мусобиқаи асбҳо ширкат мекард. Худаш хеле алоқа дошт, ки Абоқайс барандаи мусобиқа бишавад (ва шояд ҳам аҳёнан саворкорҳо ба хотири Язид амдан модахарро пеш меандохтанд).

Бархе муътақиданд рушду парвариши Язид таҳти таъсири ақоиди масеҳиёни тозамусулмони қабилаи Майсун, дар таквини шахсияти ӯ муассир будааст. Онон вуҷуди мушовирони масеҳии ҳамонанди Сирҷун ва Ахтали насронӣ дар дарбори ӯ ва созиш бо румёни шарқиро гувоҳ бар иддаои худ медонанд.

Шоир будан

Язид фарде суханпардозу шоир буд. Девони шеъри ӯ низ ба чоп расида ва ба забони форсӣ низ тарҷума шудааст. Яке аз шеърҳое, ки пас аз воқеаи Ошуро, аз ӯ нақл шуда, ин аст: ҷоме аз шароб ба ман биӯшон, ки устухонҳоямро сероб кунад. Сипас баргард ва Ибни Зиёдро чунин ҷоме бинӯшон, ҳамон ки роздор ва амини ман аст ва асоси хилофати ман ба дасти ӯ устувор гардид.

اسقنی شربة تروی مشاشی ثم صل فاسق مثلها ابن زیاد

صاحب السر و الامانة عندی و لتسدید مغنمی و جهادی

Муаррихон нақл кардаанд дар замоне, ки Муовия, Язидро бо сипоҳи Ислом ба сӯи Рум фиристод, лашкариён пеш рафта, дучори обла ва таб шуданд, вале Язид бо ҳамсараш байни роҳ монд, саргарми майгусорӣ шуд ва ашъоре чунин суруд: аз табу облае, ки ба лашкар расид боке надорам, ҳар гоҳ дар дайри марон дар ғурфаҳо бар тахт такя дода бошаму дар канорам Кулсум бошад.

ما ان ابالی بما لاقت جموعهم بالغذقذونة من حمی و من موم

اذا اتکأت علي الأنماط فی غرف بدیر مران عندی ام كلثوم

Байъат гирифтани Муовия барои Язид

Вақте Муовия дар соли 56 қамарӣ тасмим ба вилоятъаҳдии Язид гирифт, Зиёд ибни Абиҳ ба ӯ гуфт: «Язид инсон сусте аст, ки ба шикор кардан беш аз хилофат алоқа дорад ва барои хилофат муносиб нест». Муовия барои нишон додани чеҳрае муҷоҳид аз Язид, дар соли 52 қамарӣ ӯро бо сипоҳёни мусулмон, ба сӯи Рум фиристод. Ҳамчунин мақоми амирии ҳоҷиёнро ба Язид дод, то ӯро аз шаробхорӣ боз дорад ва аз мухолифатҳо алайҳ ӯ бикоҳад. Ба илова ин ки байъат гирифтан барои Язидро то пас аз шаҳодати Имом Ҳасан (а) ба таъхир андохт.

Дар сулҳномаи Имом Ҳасан (а) омада буд, ки Муовия набояд касеро ҷонишини худ кунад ва интихоби халифаро ба шӯрои мусулмонон вогузорад. Ба гузориши манобеи таърихӣ, пас аз шаҳодати Имом Ҳасан (а), Муовия ба сулҳнома вафодор намонд ва ба фармондорону коргузоронаш дастур дод ба ситоиш аз Язид бипардозанд ва ҳайъатҳое аз шаҳрҳои бузург барои байъат бо Язид ба сӯи ӯ равона кунанд.

Мардуми Мадина беш аз дигар шаҳрҳои исломӣ, бо байъат мухолиф буданд. Муовия ба шоирони мухолифи Язид, ҳадяҳое дод ва назари ононро баргардонд. Ҳамчунин ба Мадина сафар кард, то аз мардум байъат бигирад, вале натавонист Имом Ҳусайн, Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Абдуллоҳ ибни Умар ва Абдурраҳмон ибни Абибакрро водор ба байъати бо Язид кунад. Нақл аст Абдуллоҳ ибни Умар дар бораи байъат бо Язид гуфт: «Байъат кунем бо касе ки бо маймунҳову сагҳо бозӣ мекунаду шароб менушад ва ошкоро фисқ мекунад?! Узри мо назди Худо чист?!».

Имом Ҳусайн (а) низ дар маҷлисе, ки Муовия ва Ибни Аббос ва бархе аз дарбориён ва хонадони умавӣ ҳузур доштанд, Муовияро мазаммат кард ва бо ишора ба хулқу хуйи Язид, Муовияро аз талош барои ҷонишинии ӯ барҳазар дошт ва ба ибтоли истидлолҳои Муовия барои ҷалби байъат бо Язид пардохт. Ҳамчунин дар маҷлиси дигаре, ки умуми мардум дар он ҳузур доштанд, Язидро шаробхор ва аҳли ҳавову ҳавас муаррифӣ кард.

Хилофати Язид

Пас аз марги Муовия, Язид ба ҳукумат расид. Ӯ нахустин касе буд ки бар хилофи суннати хулафои пешин, ба интисоб аз сӯи падараш ва ба сурати меросӣ ҳоким шуд. Бар асоси манобеи таърихӣ, Язид дар замони ҳукуматаш ҳар гуна мухолифатеро саркӯб мекард. Дар рӯзи нахуст, номае ба ҳокими Мадина навишт ва ӯро аз марги Муовия бохабар сохт ва ба ӯ дастур дод, ки аз Ҳусайн ибни Алӣ (а) ва Абдуллоҳ ибни Умар ва Абдурраҳмон ибни Абибакр ва Абдуллоҳ ибни Зубайр ба зӯр байъат бигирад ва ҳар касе напазируфт гарданашро бизанад.

Абдулҳусайни Зарринкӯб:

Дар таърихи хулафо ҳеҷ номе аз номи Язид шумтару нафратангезтар нест. Хилофати кӯтоҳи ӯ фақат сею ним сол тӯл кашид... Як сол Ҳусайн ибни Алӣ (а)-ро кушт, як сол Мадинаро ғорат кард ва як сол ҳам Каъбаро ба сангу оташ баст. Ҳар як аз ин се воқеа метавонист як Халифа ва як хонадонро нангин кунад. Аммо аз шӯрбахтии нанг ҳар се гуноҳ бар гардан ӯ афтод.

Масъудӣ дар тавсифи сиёсати ӯ ме‎нависад: сираи Язид ҳамон сираи Фиръавн буд, балки Фиръавн, одил‎тар аз ӯ дар миёни раияташ ва мунсифтар аз ӯ дар миёни хоссу омаш буд. Ҳамчунин Масъудӣ аз Абумихнаф, нақл карда, ки дар замони ҳукумати Язид, шаробхорӣ ва гуноҳ ба дасти коргузорони ӯ дар Макка ва Мадина ба таври ошкор ривоҷ ёфт.

Ҳукумати Язид се сол тӯл кашид. Муаррихон аъмол ва иқдомоти ӯ дар ин се солро сароғози бисёре аз мухолифатҳо бар зидди хулафои Банӣ Умайя ва суқути ҳукумати онон медонанд. Ӯ дар соли аввали ҳукуматаш Имом Ҳусайн (а) ва аҳли байти ӯро шаҳид кард, дар соли дуввум, ҳурмати Мадинаро шикаст ва ба муддати се рӯз ҷон ва моли мардуми Мадинаро бар сипоҳиёнаш ҳалол кард ва дар соли сеюм Каъбаро мавриди тохту тоз қарор дод ва онро ба оташ кашид.

Воқеаи Карбало

Навиштори аслӣ: Воқеаи Карбало

Язид вақте ба ҳукумат расид, ба волии Мадина дастур дод «аз Ҳусайн байъат бигир ва агар напазируфт, сари ӯро бароям бифирист». Имом Ҳусайн бо Язид байъат накард ва ба ҳамроҳи хонавода ва шуморе аз Банӣ Ҳошим аз Мадина ба самти Макка рафт. Кӯфиён бо ирсоли номаҳои фаровон Имомро ба Кӯфа даъват карданд ва Имом ба самти он ҷо ҳаракат кард. Язид Убайдуллоҳ ибни Зиёдро ҳокими Кӯфа кард ва ӯ тавонист кӯфиёнро аз атрофи Имом дур кунад. Пас аз паймоншикании кӯфиён, Имом ба сӯи Карбало рафт. Дар он ҷо дар рӯзи даҳуми муҳаррам бо лашкариёни Умари Саъд, ки аз тарафи Ибни Зиёд ба фармондеҳӣ мансуб шуда буд рӯ ба рӯ шуд.

Дар ин ҷанг Имом Ҳусайн ва фарзандонаш, бародараш Аббос, 17 нафар аз Банӣ Ҳошим ва беш аз 50 нафар аз ёронаш шаҳид шуданд. Пас аз ҷанг лашкариёни Умари Саъд бо асбҳои худ бар бадани кушташудагон тохтанд. Ба хаймаҳои бозмондагон ҳамла карданд ва он чи буд ба ғанимат гирифтанд ва хаймаҳоро оташ заданд. Имом Саҷҷод (а) ба иллати беморӣ натавонист ҷанг кунад ва зинда монад. Ӯ ба ҳамроҳи ҳазрати Зайнаб ва дигар занон ва бачаҳо асири сипоҳ Кӯфа шуд. Сипоҳиёни Умари Саъд сарҳои шаҳидонро ба найза заданд ва ба ҳамроҳи асирон ба Кӯфа назди Убайдуллоҳ ибни Зиёд ва аз он ҷо ба Шом назди Язид бурданд.

Рафтори Язид бо асирони Карбало

Ҳангоми вуруди асирон ба Шом Язид дастур дод шаҳрро озинбандӣ кунанд. Ӯ ҳамчунин қасрро тазйин кард ва бузургони Шомро ба ҳузур талабид. Язид дар ҳузури асирон, сари Имом Ҳусайн (а)-ро дар зарфи тилло гузошт ва бо чӯбдасте ба он мезад ва ин шеъри Ибни Забъариро такрор мекард: "Эй кош бузургоне аз қабилаи ман, ки дар ҷанги Бадр кушта шуданд, буданд ва зории қабилаи Хазраҷро медиданд, шодмонию хушҳолӣ мекарданд ва мегуфтанд: эй Язид, дасти ту дард накунад! Банӣ Ҳошим бо ҳукумат бозӣ карданд вагарна хабаре наёмада буд ва ваҳйе нозил нашуда буд."

لیت أشیاخی ببدرٍ شَهِدوا جزعَ الخزرجِ من وَقْع الأسَلْ

لأهلّوا و استهلّوا فرحاً ثُمّ قالوا یایزیدُ لاتُشَلْ

لعِبَتْ هاشمُ بالملکِ فلا خبرٌ جاءَ ولاوحی نَزَلْ

Дар ривояте аз Имом Ризо (а) омада, Язид сари Имом Ҳусайн (а)-ро дар таште гузошт ва бар рӯи он мизи ғизо ниҳод. Он гоҳ бо ёронаш саргарми хӯрдани ғизо ва обиҷав шуд, сипас мизи бозии шатранҷро рӯи он ташт гузошта ва ба бозии шатранҷ машғул шуд. Ҳангоме, ки дар бозӣ пирӯз мешуд, ҷоми обиҷавро гирифта менӯшид ва таҳмондаи онро дар канори ташт, бар замин мерехт. Яҳё ибни Ҳакам ба ин рафтори Язид эътироз намуд, ки Язид бо мушт ба синааш зад. Абубарзаи Асламӣ низ эътироз кард, ки ба дастури Язид аз маҷлис ихроҷ шуд.

Аз манобеи таърихӣ ва ривоӣ бармеояд, ки Язид ибтидо асиронро дар вайронаи бесақфе, ки ба харобаи Шом маъруф аст иқомат дод. Пас аз суханрониҳои Имом Саҷҷод (а) ва Зайнаб (с), ононро ба хонае наздики қасри худ мунтақил кард.

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, бархӯрди Язид дар мақотеъи мухталифи ҳузури асирони Аҳли Байт (а) бо онон мутафовит буда, гоҳе ҳамаи тақсиротро бар уҳдаи Ибни Зиёд андохта иллаташро надоштани робитаи хешовандии Ибни Зиёд бо Аҳли Байт (а) дониста ва гоҳ ба ҳамсараш Ҳинд, ки сарзада вориди маҷлис шуда ва ба қарор гирифтани сари Имом (а) болои найза эътироз карда мегӯяд, ки бар духтарзодаи Пайғамбар (с) гиря кун! Ва мегӯяд, ки Худо Ибни Зиёдро бикушад, ки дар кораш аҷала кард. Ва гоҳе аз амалкарди хеш ба шиддат изҳори пушаймонӣ мекард ва Ибни Зиёдро лаън мекард, ки бо куштани Ҳусайн (а) ва масдуд кардани роҳи чора бар ӯ боиси манфур шудани Язид шудааст. Аллома Шаъронӣ изҳори надомат ва пушаймониҳои зиёди Язидро дурӯғ ва роҳе барои ҳифзи салтанат ва ҷалби дили мардум дониста ва далелашро такрими Ибни Зиёд ва додани ҳадоё ва тӯҳфаҳо ба ӯ дар хилват донистааст.

Воқеаи Ҳарра

Навиштори аслӣ: Воқеаи Ҳарра

Бар асоси манобеи таърихӣ, пас аз рӯи кор омадани Язид ва афзоиши норизоятиҳо, мардуми Мадина дар соли 63 қамарӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ ибни Ҳанзала бар зидди ҳукумати Язид ибни Муовия қиём карданд. Язид лашкаре ба фармондеҳии Муслим ибни Уқба ба Мадина фиристод. Вақте хабар ба мардуми Мадина расид, атрофи шаҳр хандақ канданду паноҳ гирифтанд. Лашкариёни Язид бо убур аз Ҳарра, дар шарқи Мадина пиёда шуданд ва ба мардуми Мадина се рӯз муҳлат доданд таслим шаванд. Аммо мардуми Мадина таслим нашуданд. Язид се рӯз ҷон ва моли ононро бар сипоҳиёнаш ҳалол кард. Бар асоси нақли таърих, дар ин воқеа, лашкариёни Язид аз иртикоби корҳое чун таҷовуз ба занон, берун кашидани ҷанин аз шиками занон, куштани навзодон ва тавҳин ба саҳобаи Пайғамбар (с) низ фуругузор накарданд. Дар ин ҷанг теъдоди зиёде аз мардуми Мадина, аз ҷумла 80 тан аз саҳобаи Пайғамбар (с) ва 700 тан аз ҳофизони Қуръон кушта шуданд.

Ҳамла ба Макка

Ҳамзамон бо қиёми мардуми Мадина дар шаҳри Макка мардум бо Абдуллоҳ ибни Зубайр байъат карданд, ки боиси тасаллут ёфтани ӯ ва ёронаш бар шаҳри Макка гардид. Пас аз воқеаи Ҳарра, ба дастури Язид, сипоҳи Шом, раҳсипори ҷанг бо Ибни Зубайр дар Макка шуд ва шаҳрро муҳосира намуд. Дар тайи рӯзҳои муҳосираи Макка, хонаи Худо бар асари исобати сангҳову гулулаҳои оташине, ки бо манҷаниқҳои лашкари Шом ба сӯи Макка партоб мешуд, осеб дида ва ба оташ кашида шуд. Ин муҳосира то замоне, ки хабари марги Язид ба лашкариёнаш расид идома дошт.

Футуҳоти низомӣ

Бар асоси манобеи таърихӣ, Язид дар соли 61 ҳиҷрӣ, сипоҳеро ба ҷанги румиён фиристод, ки ба «Ҷанги Суриё» маъруф аст. Ҳамчунин волии ӯ дар Хуросон, тавонист то навоҳии Самарқанд, пеш рафта ва Суғду Бухороро фатҳ кунад, вале дар соли 62 ҳиҷрӣ бо аҳли «Хоразм» ба чаҳорсад ҳазор динор сулҳ кард. Дар замони Язид, сипоҳи мусулмонон дар шимоли Африқо ба футуҳоте даст ёфтанд, вале Язид дастур дод қалъаи мусулмонон дар ҷазираи Арвод Африқоро хароб кунанд ва ба Шом баргарданд. Ӯ лашкариёни худро аз Кипр фарохонд, ҳамчунин аз бархе манотиқ, ки дар замони Муовия бо сарфи ҳазинаҳо ва талафоти бисёр фатҳ шуда буд, ақиб нишаст.

Дидгоҳи мусулмонон дар бораи Язид

Дидгоҳи шиа

Воқеаи Карбало сабаб шуд Язид ба яке аз манфуртарин шахсиятҳо назди шиаён табдил шавад. Шиаён Язидро мустаҳаққи лаън дониста ва безорӣ ҷустан аз ӯро аз заруриёти мактаби худ медонанд. Дар манобеи ривоии шиа, ривоёте аз Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а) дар лаъни Язид ва қотилони Имом Ҳусайн нақл шудааст. Дар зиёрати Ошуро иборате дар лаъни ҳамаи хулафои Банӣ Умайя вуҷуд дорад. Афзун бар ин, дар нусхаи машҳури зиёрати Ошуро, бо иборати «اللهُمَّ الْعَنْ یزِیدَ خَامِساً وَ الْعَنْ عُبَیدَ اللهِ بْنَ زِیادٍ...» ба лаъни Язид тасреҳ шудааст.

Дидгоҳи аҳли суннат

Аз бархе донишмандони аҳли суннат ҳамонанди Аҳмад ибни Ҳанбал, Заҳабӣ, Ибни Имоди Ҳанбалӣ, Ибни Ҷавзӣ ва Ибни Халдун нақл шуда, ки муътақид ба лаъни Язид ҳастанд. Ибни Халдун иддао мекунад уммати Ислом бар фисқи Язид иҷмоъ доранд. Ибни Ҷавзӣ - олими аҳли суннат, дар китоби «ар-Радд алал-мутаассиб-ил-анид ал-монеъ мин замми Язид» ба далоили лаъни Язид пардохта, мегӯяд Язид илова бар инки эҳтироми ҳарами Пайғамбар (с) (Мадина)-ро шикаст, бархилофи дастури Пайғамбар (с), Имом Ҳусайн (а)-ро шаҳид кард ва пас аз он ба сари буридаи ӯ ва хонадонаш беэҳтиромӣ намуд.

Иддаи дигаре аз аҳли суннат, ҳамонанди Ғазолӣ, лаъни ҳеч як аз мусулмонон, аз ҷумла Язидро ҷоиз намедонанд. Баъзеи дигар мегӯянд шаҳодати Имом Ҳусайн ба дастури Ибни Зиёд сурат пазируфт ва Язид ба далели нисбате, ки бо Имом Ҳусайн дошт ва ин ки ҳар ду аз қабилаи Қурайш буданд, розӣ ба ҷангидан ва шаҳодати ӯ набуд. Тафтозонӣ низ мегӯяд Язид мустаҳаққи лаън аст, вале барои ҷилавгирӣ аз густариши лаън ва сирояти он ба дигар саҳоба набояд ӯро лаън кард.

Бозтоби лаъни Язид дар адабиёти форсӣ

Шоирон дар мазаммат ва лаъни Язид, шеърҳои фаровон сурудаанд. Фағонӣ - шоири суннӣ, хитоб ба Ғаззолӣ дар эътироз ба адами лаъни Язид мегӯяд:

Бар чунин кас накунӣ лаънату шармат бодо,
Лаъаналлоҳу Язидан ва ало оли Язид.

Саноии Ғазнавӣ низ дар бораи зарурати лаъни Язид чунин сурудааст:

Достони писари Ҳинд магар нашнидӣ,
Ки аз ӯ бар сари авлоди Паямбар чӣ расид?
Падари ӯ лабу дандони Паямбар бишикаст,
Модар ӯ ҷигари амми Паямбар бимакид.
Худ ба ноҳақ ҳақи домоди Паямбар бигирифт,
Писари ӯ сари фарзанди Паямбар бибурид
Бар чунин қавм чаро лаънату нафрин накунам,
Лаъаналлоҳу Язидан ва ало оли Язид.

Эзоҳ

  1. Тақуш, Давлати умавиён, 1389ҳ.ш., саҳ.61.
  2. Зарринкӯб, Бомдоди Ислом, 1369ҳ.ш., саҳ.119

Сарчашма