Эҳсон ба волидайн
Бо ҳаққи волидайн иштибоҳ нашавад.
Эҳсон ба волидайн (форсӣ: احسان به والدین), эҳтиром ба падару модар, таъзими онҳо ва анҷоми ҳаргуна некӣ ба онҳост.
Дар Қуръон, эҳсон ба волидайн ҳамрадифи фармон ба парастиши Худо қарор гирифтааст. Муфассирон ин дастури қуръониро шомили ҳар волидайне; новобаста аз кофир ё мусулмон ва некӯкор ё бадкор, донистаанд.
Дар манобеи ҳадисии шиа ва суннӣ, эҳсон ба волидайн аз бартарин ва маҳбубтарини амалҳо назди Худо дониста шуда ва осори мухталифе барои он баён гардидааст; аз ҷумла: зиёд шудани ризқу рӯзӣ, умри дароз, осон шудани сакароти марг, бахшида шудани гуноҳон ва вуруд ба биҳишт дар қиёмат.
Рафтори хуб, заррае сахтгирӣ накардан бо волидайн, нигоҳи меҳрубонона ва дод назадану овоз баланд накардан назди онҳо аз мисдоқҳои эҳсон ба волидайн дониста шудааст.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
“ | Ва Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳаргоҳ яке аз он ду, ё ҳардуи онҳо, назди ту ба сини пирӣ расанд, камтарин беҳурматие ба онҳо раво мадор ва бар онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу санҷидаю бузургворона ба онҳо бигӯ ва болҳои тавозуи хешро аз муҳаббату лутф, дар баробари онон фуруд оварда бигӯй: «Парвардигоро, ҳамонгуна, ки онҳо маро дар хурдӣ тарбият карданд, машмули раҳматашон қарор деҳ!» |
” |
Эҳсон ба волидайн аз дастурҳои мавриди таъкиди Қуръон аст[1] ва дар оёти Қуръон, ҳамрадифи фармон ба парастиши Худо қарор гирифтааст.[2] Муфассирони Қуръон ин амрро нишонаи аҳамияти некӣ ба падару модар[3] ва ҷойгоҳи баланди итоат аз ин дастур назди Худованд медонанд.[4] Фақеҳон низ онро бар фарзандон воҷиб донистаанд.[5] Ҳамчунин дар бархе китобҳои ахлоқӣ, аз эҳсон ба волидайн ба унвони бартарин чизе ки мӯҷиби саодату наздикӣ ба Худост ёд шудааст.[6]
Дар Тафсири Намуна, зери ояти 23-уми сураи Исро омадааст, қарор додани тавҳид дар канори эҳсон ба падару модар, баёнгари таъкиди Қуръон бар рафтори нек бо падару модар аст.[7]
Эҳсон ба волидайн ба маънои ниҳояти таъзим нисбат ба падару модар дониста шуда[8] ва ҳаргуна хубие ки сазовори мақоми он ду бошадро шомил мешавад.[9] Ҳамчунин мутлақ будани «волидайн»-ро баёнгари фарогирии он бар ҳар падару модаре медонанд; некӯкор бошад ё бадкирдор,[10] кофир бошад ё мусулмон.[11]
Иллати эҳсон ба волидайн ва таносуби он бо тавҳид
- Мақолаи аслӣ: Ояти Эҳсон ба волидайн
Иддае аз муфассирон, таносуби байни тавҳид ва эҳсон ба волидайнро ки дар Қуръон дар канори ҳам қарор гирифтаанд, ин гуна баён намудаанд, ки Худованд сабаби ҳақиқии вуҷуди инсон буда ва падару модар, сабаби зоҳирӣ ва маишатии ӯянд.[12] Ҳамчунин, ҳамонтавр ки шукри неъматҳои Худо ба унвони неъматдиҳандаи ҳақиқӣ фарз аст, шукри неъматҳои бандагон ҳам фарз аст ва ҳеҷ кас ҳамчун волидайн дар ҳаққи инсон заҳмат накашида ва мустаҳаққи шукргузорӣ нест.[13]
Аллома Таботабоӣ иллати таъкиди Қуръон дар бораи эҳсон ба волидайнро чунин баён кардааст, ки робитаи отифии байни волидайну фарзандон сабаби пайванди муҳками насли нав бо насли гузашта ва мӯҷиби истеҳкоми хонавода мегардад. Қивоми хонавода низ ба унвони яке аз муҳимтарин умур дар равобити иҷтимоӣ, сабаби устувории ҷомеаи инсонӣ аст.[14]
Эҳсон ба волидайн аз нигоҳи ҳадис
Дар аҳодиси маъсумон бар ҷойгоҳи вижаи волидайн ва эҳсон ба онҳо таъкид шудааст.[15] Дар манобеи ҳадисии шиа ва суннӣ бахши мустақиле ба он бахшида шудааст.[16] Дар ривоёт, некӣ дар рафтор бо падару модар, аз бартарин[17] ва маҳбубтарини аъмол назди Худо[18] ва аз хислатҳои боризи шиаён шуморида шудааст.[19]
Ҳамчунин омадааст, нигоҳи [меҳрубонона] ба волидайн ибодат аст[20] ва ризоят ва ғазаби Илоҳӣ дар хушнудӣ ва нохушнудии онҳо аз фарзандонашон арзёбӣ мешавад[21] ва дар кӯтоҳии эҳсон ба онҳо ҳеҷ узре пазируфта нест.[22]
Дар бораи сираи Паёмбар гузориш шудааст, ки ӯ модари разоъии худро бисёр бузург медошт[23] ва касоне, ки бо падару модари хеш хушрафтор будандро эҳтироми хос менамуд.[24] Дар ривоёт, мусулмонон ба некӣ дар ҳаққи волидайн ва таҳаммули сахтиҳои нигаҳдорӣ аз онҳо амр шудаанд,[25] гарчи волидайн мушрик[26] ё бадкор бошанд.[27] Ҳамчунин тавсия шудааст, агар онҳо зинда нестанд, бо талаби мағфират, адои дайн (вазифаро адо кардан) қазои ибодоташон, мавриди эҳсон қарор гиранд.[28]
Супориши бештар ба эҳсон ба модар
Марде назди Паёмбар (с) омаду гуфт, ҳеҷ кори зиште нест, ки накарда бошам. Оё роҳи тавбаю бозгашт бароям вуҷуд дорад? Паёмбар ҷавоб дод, оё аз падару модарат, касе зиндааст? Гуфт падарам. Паёмбар гуфт, бирав ва ба ӯ некӣ кун. Вақте он мард рафт, Расули Худо (с) гуфт, эй кош модараш зинда мебуд.
Дар ояти 15-уми сураи Аҳқоф, пас аз супориш ба эҳсони волидайн ва баёни фалсафаи он, танҳо аз заҳамоти модар ёд шудааст. Ин масъала, ба бовари олимони мусулмон, таъкиде бар ҳаққи модар ва супориши бештар нисбат ба ӯст.[29] Имом Саҷҷод (а) дар Рисолат-ул-ҳуқуқ, сахтиҳое, ки модар дар даврони бордорӣ ва пас аз он дар даврони кӯдакии фарзанд таҳаммул мекунадро гӯшзад намуда ва ба таври хос, фарзандро ба қадршиносӣ аз заҳамоти модар супориш менамояд.[30]
Ҳамчунин Кулайнӣ дар китоби Кофӣ ҳадисе овардааст, ки марде аз Паёмбар (с) пурсид, ба кӣ эҳсон кунам? Паёмбар ҷавоб дод, ба модарат. Он мард ду бори дигар ин суолро пурсид ва Паёмбар боз гуфт ба модарат ва танҳо вақте барои бори чорум пурсид, Паёмбар ҷавоб дод ба падарат.[31] Дар ривояти дигаре аз Паёмбар чунин нақл шудааст, ки некӣ ба модар каффораи гуноҳон аст.[32]
Мисдоқҳо ва намунаҳои эҳсон
Дар оёти 23 ва 24-уми сураи Исро, пас аз фармони эҳсон ба волидайн, бархе мисдоқҳо дар ин бора, ҳамчун наҳй аз гуфтани «уф» ва камтарин тундие ба онҳо баён шудааст.[33] Дар манобеи ҳадисӣ нақл шудааст, вақте аз Имом Содиқ (а) дар хусуси ин оят суол шуд, ки мурод аз эҳсон чист, ҷавоб дод, эҳсон ба волидайн он аст, ки бо онҳо ба некӣ рафтор кунӣ ва пеш аз он ки чизе аз ту бихоҳанд, барои онон фароҳам созӣ, ҳарчанд худи онҳо битавонанд онро таҳия кунанд.[34]
Дар идомаи ривоят омадааст, ин ки оят мегӯяд ба онон «уф» нагӯй, яъне агар хафаат карданд, бо онҳо камтарин тундие накун ва ин ки мегӯяд: «ба онҳо сухани бузургворона бигӯй», яъне ҳатто агар туро заданд, бигӯй: Худо шуморо бибахшад ва ин ки мегӯяд: «аз рӯи меҳрубонӣ дар баробари онҳо фурутанӣ кун», яъне чашмонатро ба онҳо хира накун, балки аз рӯи меҳрубонию дилсӯзӣ ба онҳо нигар ва овозатро аз овози онҳо баландтар накун. Ҳамчунин ҳангоми додани чизе ба онҳо дастатро болои дасти онҳо қарор надеҳ ва ҳангоми роҳ рафтану нишастан, аз онҳо пешӣ нагир.[35]
Осори эҳсон ба волидайн
Агар мехоҳӣ, ки Худованд умратро дароз кунад, падару модаратро хурсанд кун!
Дар манобеи ҳадисӣ, барои эҳсон ба волидайн, асарҳои моддӣ ва маънавие баён шудааст; аз ҷумла: аз байн рафтани фақр,[36] зиёд шудани ризқ,[37] дароз шудани умр,[38] осон шудани сакароти марг,[39] хушнудии Худо ва бахшида шудани гуноҳон,[40] осон шудани ҳисобрасии аъмол[41] ва бархурдорӣ аз ҷойгоҳи биҳишт дар қиёмат.[42]
Ҳамчунин дар ривоёт омадааст, нигоҳи меҳрубононаи фарзанд ба волидайнаш сабаби кушода шудани дарҳои раҳмати Худо мешавад[43] ва савоби ҳаҷҷи мақбул барои ӯ дорад.[44] Дар китоби Кофӣ, аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки инсон дар ивази эҳсон ба волидайн ва анҷоми корҳоеи нек ҳамчун намоз ва садақа барои волидайне, ки аз дунё рафтаанд, савоби ҳамон аъмол ва ҳатто беш аз онро дарёфт мекунад.[45]
Тибқи аҳодиси дигар, риоят накардани эҳсон ба волидайн, осоре чун инҳироф аз итоати Худо, носипосӣ ва куфрони неъмат, тарки шукр, бурида шудани насл[46] ва маҳрум шудан аз биҳиштро[47] ба ҳамроҳ дорад.
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1373ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.74.
- ↑ Ниг.: сураи Нисо, ояти 36; сураи Анъом, ояти 151; сураи Исро, ояти 23.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.586; Қосимӣ, Маҳосин-ут-таъвил, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.453.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.323; Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.2222.
- ↑ Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.24; муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, ҷ.3, саҳ.85.
- ↑ Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Аъламӣ, ҷ.2, саҳ.273; Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, 1377ҳ.ш., саҳ.533; Қумӣ, Ахлоқ ва одоб, 1389ҳ.ш., саҳ.152.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1373ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.74.
- ↑ Гунободӣ, тафсири Баён-ус-саъодат, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.438.
- ↑ Сақафии Теҳронӣ, Тафсири Равони ҷовид, 1398ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.351.
- ↑ Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.367.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1373ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.74; Мирзои Қумӣ, Ҷомеъ-уш-шатот, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241.
- ↑ Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.252; Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.381; Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.185.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.321.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.374 ва ҷ.13, саҳ.80.
- ↑ Таҷлили Табрезӣ, Муъҷам-ул-маҳосини ва-л-масовӣ, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.389.
- ↑ Барои намуна руҷӯъ кунед: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.157; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.71, саҳ.22; Бухорӣ, Саҳиҳ Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.2; Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳиҳ Муслим, Дорул-фикр, ҷ.8, саҳ.1.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.158.
- ↑ Бухорӣ, Саҳиҳ Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.2.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.74.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.240.
- ↑ Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.207; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.428.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162.
- ↑ Абудовуд, Сунани Абудовуд, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.507 - 508.
- ↑ Руҷӯъ кунед: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413, ҷ.4, саҳ.407 ва 408.
- ↑ Бухорӣ, Саҳиҳ Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.4.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.158; Мозандаронӣ, Шарҳ-ул-Кофӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.19.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1373ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.40; Ибни Муфлиҳ, ал-Одоб-уш-шаръийя ва-л-манҳ-ул-маръийя, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.338.
- ↑ Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413, ҷ.2, саҳ.621.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159; Бухорӣ, Саҳиҳ Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.2.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.324.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.157.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.158; Мозандаронӣ, шарҳи ал-Кофӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.19.
- ↑ Шайх Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.389.
- ↑ Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ., саҳ.166.
- ↑ Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ., саҳ.166.
- ↑ Шайх Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.389.
- ↑ Кӯфии Аҳвозӣ, аз-Зуҳд, 1402ҳ.қ., саҳ.35.
- ↑ Қутбиддини Ровандӣ, ад-Даъавот (салват-ул-ҳазин), 1407ҳ.қ., саҳ.126.
- ↑ Шаъирӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, матбаъаи Ҳайдарийя, саҳ.106.
- ↑ Шаъирӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, матбаъаи Ҳайдарийя, саҳ.101.
- ↑ Ибни Абиддунё, Макорим-ул-ахлоқ, 2004м., саҳ.74.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.1059.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.349.
Сарчашма
- Абудовуд, Сулаймон ибни Ашъас, Сунани Абудовуд, чопи Саид Муҳаммад Лиҳом, Бейрут, 1410ҳ.қ.
- Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳиҳ ал-Бухорӣ, муҳаққиқ: Муҳаммад Зуҳайр, Димишқ, Дору тавқил-наҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Гунободӣ, Султон Муҳаммад, тафсири Баён-ус-саъодат фи мақомот-ил-ибодат, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
- Ибни Абиддунё, Абдуллоҳ, Макорим-ул-ахлоқ, муҳаққиқ: Маҷдӣ, Сайид Иброҳим, Қоҳира, чопи мактабатул-Қуръон, 2004м.
- Ибни Муфлиҳ, Муҳаммад ибни Муфлиҳ, ал-Одоб-уш-шаръийя ва-л-манҳ-ул-маръийя, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, маншуроти Муҳаммад Алӣ Байзун, чопи дувум, 1424ҳ.қ.
- Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул ан Ол-ир-Расул, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Кӯфии Аҳвозӣ, Ҳусайн ибни Саид, аз-Зуҳд, таҳқиқи Ғуломризо Ирфониён, Қум, ал-Матбаъатул-илмийя, 1399ҳ.қ.
- Қосимӣ, Муҳаммад Ҷамолиддин, Маҳосин-ут-таъвил, таҳқиқ: Уюн ал-Савд, Муҳаммад Босил, Дорул-кутубил-илмийя, Бейрут, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Қумӣ, Аббос, Ахлоқ ва одоб (мақомот-ул-алийя фи муҷибот-ис-саъодат-ил-абадийя), Қум, Нури матоф, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
- Қумии Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, тафсири Канз-уд-дақоиқ ва баҳр-ул-ғароиб, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, Созмони чоп ва интишороти Вазорати иршоди исломӣ, 1368ҳ.ш.
- Қуръони Карим, тарҷумаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
- Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, ад-Даъавот (салват-ул-ҳазин), Қум, интишороти мадрасаи Имом Маҳдӣ (аҷ), чопи аввал, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Мирзои Қумӣ, Абулқосим ибни Муҳаммадҳасан, Ҷомеъ-уш-шатот фи аҷвибат-ис-суолот, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Разавӣ, Муртазо, Теҳрон, муассисаи Кайҳон, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ, шарҳи ал-Кофӣ (ал-Усул ва-р-равза), муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Абулҳасани Шаъронӣ, ал-Мактабатул-исломийя, Теҳрон, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
- Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ, Шарҳ-ул-Кофӣ, Теҳрон, ал-Мактабатул-исломийя, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ тибқан ли мазҳаб, зери назари Сайид Маҳмуд Шоҳрудӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
- Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳиҳ Муслим, Бейрут, Дорул-фикр, бе то.
- Нароқӣ, Мулло Аҳмад, Меъроҷ-ус-саъодат, Ҳиҷрат, Қум, чопи панҷум, 1377ҳ.ш.
- Нароқӣ, Мулло Муҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Бейрут, Аъламӣ, чопи чаҳорум, бе то.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Қучонӣ, Аббос, Охундӣ, Алӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Сайид Қутб, Сайид ибни Қутб ибни Иброҳим, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут, Қоҳира, Дорул-шуруқ, чопи ҳафдаҳум, 1425ҳ.қ.
- Сақафии Теҳронӣ, Муҳаммад, Тафсири Равони ҷовид, Теҳрон, интишороти Бурҳон, чопи сеюм, 1398ҳ.қ.
- Табарсӣ, Алӣ ибни Ҳасан, Мишкот-ул-анвор фи ғурар-ил-ахбор, Наҷафи ашраф, ал-Мактабатул-Ҳайдария, чопи дувум, 1385ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Таҷлили Табрезӣ, Абутолиб, Муъҷам-ул-маҳосини ва-л-масовӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмизӣ, Бейрут, чопи Абдулваҳҳоб Абдуллатиф, 1403ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Тафсир-ус-Софӣ, Теҳрон, мактабатул-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин ибни Шоҳ Муртазо, ал-Вофӣ, Исфаҳон, китобхонаи Имом Амирулмуъминин Алӣ (а), 1406ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб (ат-Тафсир-ул-кабир), Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, ал-Амолӣ, Теҳрон, интишороти Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Шаъирӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-ахбор, Наҷаф, матбаъаи Ҳайдарийя, чопи аввал, бе то.