Улуламр

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ул-ул-амр)
Ояти Улул-амр, ояти 59 сураи Нисо

Ин мақола дар бораи мафҳуми улуламр аст. Барои ошноӣ бо ояте бо ҳамин унвон, мадхали ояти Улуламрро бубинед.

Ул-ул-амр (арабӣ: اوُلوالْاَمْر) ба маънои соҳибони амр, касоне ҳастанд, ки бар асоси ояти Улул-амр, итоат аз онон фарз аст. Ин истилоҳ дар ояти 59 сураи Нисо омада аст. Дар бораи исмати улуламр ва инки онҳо кӣ ҳастанд, дар китобҳои каломӣ ва тафсирии шиъа ва аҳли суннат, назароти гуногуне ироа шуда аст. Ба эътиқоди имомия, манзур аз калимаи улуламр, имомони маъсум ҳастанд, вале аз назари аҳли суннат, хулафои рошидин, ҳокимони одил ва иҷмоъ аз масодиқи он аст. Шиъаён муътақиданд ба далели таъкиди ояти Улуламр бар итоати беқайду шарт аз улуламр, ин оят бар исмати соҳибони амр далолат мекунад, вале бештари уламои аҳли суннат муътақиданд исмати улуламр аз ин оят ба даст намеояд.

Ояти Улул-амр

Навиштори аслӣ: Ояти Улуламр

Калимаи «улуламр» ба маънои соҳибони амр аз ояти 59 сураи Нисо гирифта шуда аст, ки дар он омада аст:

یا أَیهَا الَّذِینَ آمَنُواْ أَطِیعُواْ اللّهَ وَأَطِیعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِی الأَمْرِ مِنکمْ

«Эй касоне ки имон овардаед, Худоро итоат кунед ва Пайғамбар ва улуламри худро [низ] итоат кунед!».

Муффасирони шиъа монанди Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ ва Аллома Таботабоӣ[1] ва мутакаллимони имомӣ[2] аз ин оят, исмати улуламрро бардошт мекунанд. Сипас бо истинод ба ривоёте дар бораи масодиқи улуламр, бар исмати имомони дувоздаҳгона истидлол мекунанд.[3]

Исмати улуламр

Истидлоли шиъаён бар исмати улуламр бо истинод ба ояти Улуламр, бар ин мабно устувор аст, ки оят ба итоати беқайду шарт аз улуламр дастур дода аст.[4] Далоили онҳо бар ин матлаб: 1- итлоқи оят аст; яъне оят пас аз амр ба итоат аз улуламр, истисно наёварда аст. 2- Дар оят, амр ба итоат аз улуламр, дар канори амр ба итоат аз Расули Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) омада аст. Ба эътиқоди эшон ин масъала нишон медиҳад ҳамон тавр ки бояд беқайду шарт аз Пайғамбар (с) итоат кард, аз улуламр ҳам фарз аст ба ҳамин сурат пайравӣ кард.[5]

Тибқи ин мабно, истидлол ба ин шакл аст, ки тибқи оят, итоати беқайду шарт аз улуламр фарз аст. Агар улуламр маъсум набошанд ва ба амали ҳаром амр кунанд, байни ду фармони Худованд таоруз пеш меояд; зеро аз як сӯй фарз аст аз улуламр итоат кунем ва кори ҳаромеро анҷом диҳем ва аз сӯи дигар он кор ҳаром аст ва набояд онро анҷом диҳем. Бинобарин улуламр исмат доранд.[6]

Фахри Розӣ аз олимони аҳли суннат низ чунин дидгоҳе дорад,[7] аммо дигар уламои аҳли суннат, дидгоҳи дигаре дар ин хусус доранд. Ба ақидаи онон дар ояти Улул-амр, пас аз амр ба итоат аз улуламр, омада аст, ки агар дар масъалае ихтилофи назар пайдо кардед, ба Худо ва Пайғамбар (с) руҷӯъ кунед. Ин қарина нишон медиҳад, ки фарзи итоат аз улуламр беқайду шарт нест. Ҳаргоҳ онҳо ба амали ҳароме амр карданд, набояд аз онҳо итоат кард. Бинобарин ба бовари эшон ин оят бар исмати улуламр далолат надорад.[8]

Дар муқобил ба ақидаи шиъаён, амри мавҷуд дар оят ба гунае баён шуда аст, ки истиснопазир нест; яъне аз назари урфӣ аз он бардошт мешавад, ки бе қайду шарт бояд аз улуламр итоат кард ва лозимаи ин сухан исмати онон аст.[9]

Мисдоқи улуламр

Дар хусуси масодиқи улуламр баҳсҳои бисёре дар китобҳои тафсирии шиъа ва суннӣ сурат гирифта аст[10] ва байни шиъаён ва аҳли суннат ихтилофи назар ҳаст.

Тибқи ҳадиси Ҷобир, ки дар манобеи ривоии шиъа ҳамчун Кифоят-ул-асар[11] ва Камол-уд-дин[12] омада аст, имомони дувоздаҳгона масодиқи улуламр ҳастанд. Шиъаён ҳамчунин барои исботи ин матлаб ба ривоёте ҳамчун ҳадиси Сафина ва ҳадиси Сақалайн, истинод мекунанд.[13] Ба гуфтаи Аллома Ҳиллӣ ривоёти мутавотире аз ровиёни шиъа ва аҳли суннат вуҷуд дорад, ки бар ин масъала далолат мекунад.[14]

Уламои аҳли суннат ин дидгоҳро намепазиранд ва худ дидгоҳҳои мухталифе доранд. Бархе манзур аз улуламрро хулафои рошидин медонанд, ба ақидаи баъзеҳо манзур аз он олимони динӣ аст ва бар тибқи дидгоҳи дигаре, фармондеҳони сарияҳо мисдоқҳои онанд.[15]

Замахшарӣ навишта аст, ки манзур аз он, ҳар ҳокими одиле аст, ки бар асоси дин ҳукумат мекунад; ҳамчун хулафои рошидин ва ҳокимоне, ки монанди онон амал мекунанд.[16]

Фахриддини Розӣ ба иллати инки бархилофи дидгоҳи дигар уламои аҳли суннат ва монанди шиъаён, эътиқод дорад, ки тибқи оят, лозим аст, ки улуламр маъсум бошанд, мегӯяд манзур аз улуламр иҷмоъ аст. Истидлоли ӯ ин аст, ки маъсум ё ҳамаи уммати мусулмон аст, ё бархе аз афроди он. Аз онҷо ки имрӯза имкони шинохти афроде, ки маъсум бошанд вуҷуд надорад, бархе аз афроди уммат маъсум нестанд. Бинобарин, бояд гуфт маъсум, иҷмоъи мусулмонон аст.[17] Муроди ӯ аз иҷмоъ, аҳли ҳаллу ақд, яъне уламои мусулмон аст.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372, ҷ.3, саҳ.100 ва 101/ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.319.
  2. Барои намуна нигоҳ кунед ба Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.493.
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372, ҷ.3, саҳ.100 ва 101/ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.319.
  4. Барои намуна нигоҳ кунед ба Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.493/ Мисбоҳи Яздӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.206.
  5. Нигоҳ кунед ба Мисбоҳи Яздӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.206.
  6. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.493/ Мисбоҳи Яздӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.206.
  7. Нигоҳ кунед ба Фахриддини Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.113.
  8. Нигоҳ кунед ба Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.250.
  9. Нигоҳ кунед ба Мисбоҳи Яздӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.207.
  10. Барои намуна нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.392 – 401/ Фахриддини Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.112 – 114.
  11. Хазози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.54 - 55.
  12. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.253 - 254.
  13. Барои намуна нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.399.
  14. Нигоҳ кунед ба Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.539.
  15. Фахриддини Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.113, 114.
  16. Нигоҳ кунед ба Замахшарӣ, тафсири Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.524.
  17. Нигоҳ кунед ба Фахриддини Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.113.
  18. Нигоҳ кунед ба Фахриддини Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.113.

Сарчашма

  • Тафтозонӣ, Саъдуддин Масъуд ибни Умар, Шарҳ-ул-мақосид, таҳқиқи Абдурраҳмон Умайра, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Хазози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, тасҳеҳи Абдуллатиф Ҳусайнии Куҳкамарӣ, Қум, Бедор, чопи дувум, 1401ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1395ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, таҳқиқи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳафтум, 1417ҳ.қ.
  • Фахриддини Розӣ, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, Қум, интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.