Аҳли суннат ва ҷамоат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Тасаннун)

Аҳли суннат ва ҷамоат, яке аз ду мазҳаби бузурги Ислом аст, ки аксарияти ҷамъияти мусулмононро шомил мешавад. Аҳли суннат бо номҳои суннӣ ва аҳли тасаннун низ шинохта мешаванд.

Аҳли суннат шомили фирқаҳое аст, ки ба вуҷуди нас бар имом ва халифаи Расули Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) муътақид нестанд ва таъйини халифа ва имомро бар уҳдаи мусулмонон ва ба интихоби онон медонанд. Ҷуз Эрон, Ироқ, Озарбойҷон, Баҳрайн ва Лубнон, дар дигар кишварҳои исломӣ, аксарият бо аҳли суннат аст.

Аҳли суннат аз назари каломӣ ва фиқҳӣ ба фирқаҳо ва мазҳабҳои гуногуне тақсим мешаванд. Мазоҳиби фиқҳии аҳли суннат иборатанд аз: ҳанафӣ, пайравони Абӯҳанифа; моликӣ, пайравони Молик ибни Анас; шофеӣ, пайравони Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ; ҳанбалӣ, пайравони Аҳмад ибни Ҳанбал.

Аз назари эътиқодӣ низ аҳли суннат ба ин фирқаҳо тақсим мешаванд: ашоира, пайравони Абулҳасани Ашъарӣ; аҳли ҳадис, пайравони Аҳмад ибни Ҳанбал; муътазила, пайравони Восил ибни Ато; мотуридия, пайравони Абумансури Мотуридии Самарқандӣ.

Истилоҳи аҳли суннат

Луғат

Истилоҳи аҳли суннат аз ду калимаи арабии аҳл ва суннат таркиб ёфта аст. Аҳл дар луғат ба маънои гуруҳе аст, ки дар амре аз умур бо ҳам шарик бошанд, монанди: аҳли байт, ки дар пайванди хонаводагӣ, аҳли Ислом, ки дар ақидаи қалбӣ, шарики якдигаранд.[1] Суннат дар луғат ба роҳ ва равиши некӯ ва писандида гуфта мешавад.[2]

Маъноҳои истилоҳии суннат

Суннат дар истилоҳ, маъонии мухталифе дорад:

  1. Ба маънои мустаҳаб; ки амал ба он савоб дорад ва тарки он азоб надорад.
  2. Амале, ки мутобиқи амали соҳиби шаръ аст. Дар муқобили ин лафз, бидъат аст.
  3. Дар қарни аввал ва дувум, суннат ба маънои осори расида аз Пайғамбар, саҳоба ва тобеъин буд ва маънои васеъе дошт.
  4. Суннат ба маънои «қавл, феъл ва тақрири Пайғамбар» дар назди аҳли суннат ва «қавл, феъл ва тақрири маъсум» назди шиъа, яке аз манобеъи истинбот аст.[3]

Таърихи пайдоиши аҳли суннат

Дар даҳаҳои миёнии садаи 2-уми қамарӣ, гуруҳи умдаи аҳли суннат дар муқобили «асҳоби рай» ки ба раъйи фиқҳии худ арҷ мениҳоданд, дар фиқҳ бар пайравии «асар» яъне ривоёти ҳокӣ аз гуфтор ва рафтори Пайғамбари Ислом (с) ба ҳамроҳи гуфтор ва рафтори саҳоба ва тобеъин, такя дошта бо унвони «асҳоби асар» ном бурда мешуданд.[4] То инки Шофеӣ, фақеҳи қарни дувум, дар фиқҳ, низоме мудаввану равишманде арза кард ва мабонии онро дар китоби ар-Рисола таҳрир намуд. Ӯ дар китоби худ бо интиқод аз фуқаҳои пешини асҳоби асар, ақволи саҳоба ва тобеъинро аз таърифи суннат хориҷ кард ва онро дар ҳадиси набавӣ мунҳасир намуд.[5] Пас аз ӯ шогирдаш Аҳмад ибни Ҳанбал дар масъалаи халқи Қуръон дар баробари муътазила муқовимат кард ва дар раъси аҳли ҳадис қарор гирифт[6] ӯ бо андаке ихтилоф, роҳи Шофеиро паймуд ва суннатро чунин таъриф кард: суннат дар назди мо осори Расули Худо аст ва усули суннат тамассук ба он чизе аст, ки асҳоби Расули Худо бар он буданд. Ӯ дидгоҳҳои муҳаддисинро дидгоҳи «аҳли суннат» номид ва мухолифони худро аҳли бидъат хонд ва китоби Усул-ус-суннатро тадвин намуда дар партави ҳимояти Мутаваккил, халифаи Аббосӣ ва илму зуҳди хеш таъсири қобили таваҷҷуҳе бар аҳли суннат ниҳод.[7] То ҷое ки аҳли ҳадис ва ё аҳли суннат дар пайравони Ибни Ҳанбал хулоса гардид, ва мутакаллимону хирадварзон ва ҳар касе ки ба навъе бар ақидаи исломӣ, бо ақл истидлол мекард, аз чатри аҳли суннат берун рафт ва аз ин истилоҳ, ҷуз асҳоби ҳадис ба раҳбарии Аҳмад ибни Ҳанбал чизе ба зеҳн хутур намекард.[8]

Дар оғози қарни чаҳорум, Абулҳасани Ашъарӣ дар масҷиди ҷомеъи Басра аз эътизол тавба карда, худро пайрави Аҳмад ибни Ҳанбал номид ва ба танзими ақоиди суннати маврус аз Аҳмад, пардохт ва ҳамзамон бо ӯ Абумансури Мотуридии Самарқандӣ дар машриқи ҷаҳони Ислом бо барномае мушобеҳи Абулҳасани Ашъарӣ зуҳур кард. Ин ду ба мурури замон ба унвони пешвои аҳли суннат ва ҷамоат дар илми калом матраҳ шуданд.[9]

Шумули истилоҳи аҳли суннат ва ҷамоат

Истилоҳи аҳли суннат ва ҷамоат, бо қайди суннат, мазоҳиби бидъатгузор ва бо қайди ҷамоат, мазоҳиби аҳли хуруҷро аз ҷиргаи аксарият хориҷ кардааст, аммо бояд тавваҷуҳ дошт, ки мақсуд аз суннат ва бидъат дар инҷо, суннату бидъат бар пояи таърифе аст, ки аксарият аз ин ду истилоҳ доштаанд. Дар тӯли таърихи Ислом, наметавон гуруҳе аз мусулмононро ном бурд, ки нисбати инҳироф аз суннат ва гароиш ба бидъатро бар худ писандида бошанд. Дар ҳоли ҳозир, танҳо гуруҳҳое аз мусулмонон, ки аз шумули таъбири аҳли суннат ва ҷамоат хориҷ ҳастанд, гуруҳҳои шиъа ва абозияанд, аммо дар нигоҳи торихӣ, бояд ёдовар шуд, ки бархе аз шуъаби каломии мусулмонон, ҳамчун муътазила ва мурҷиа низ аз сӯи аксарият дар шумори аҳли суннат ва ҷамоат шуморида намешудаанд. [ниёзманди манбаъ]

Дар сурате, ки табйини марзҳои торихии байни аҳли суннату ҷамоат бо гуруҳҳои дигар мавриди назар бошад, нукоти бисёре бояд мавриди тавваҷуҳ қарор гирад, аммо марзбандии байни аҳли суннату ҷамоат ва гуруҳҳои дигар дар асри ҳозир, амалан бар мабнои дидгоҳи мазоҳиб нисбат ба хулафои нахустин сурат мепазирад. Бад-ин тавзеҳ, ки аҳли суннат ва ҷамоат, бо вуҷуди гуногунии тайфҳои он, бар машруъияти хилофати 4 халифаи нахустин иттифоқи назар доранд, дар ҳоле ки шиъаён - ба таври хосс имомия исмоилия - ҳазрати Алӣ (а)-ро ҷонишини билофасли Пайғамбар (с) мешуморанд ва абозия нисбат ба хилофати Усмон ва ҳазрати Алӣ (а), интиқодотеро ворид медонанд. Шуъбаи зайдия аз шиъа бо вуҷуди инки беш аз дигар гуруҳҳои шиъа ба аҳли суннат ва ҷамоат наздик гаштаанд, вале ҳануз бархе дидгоҳҳои мабноии эшон дар боби имомат, ин фирқаро низ аз аҳли суннат ва ҷамоат мутамойиз нигоҳ доштааст.[10]

Мазҳабҳои фиқҳии аҳли суннат

Навиштори аслӣ: мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат

Аз мобайни мазоҳиби гуногуни аҳли суннат, чаҳор мазҳаби ҳанафӣ, Моликӣ, шофеӣ ва ҳанбалӣ дар тӯли таърих беш аз ҳама аҳамият ёфта ва дар ҳоли ҳозир низ аксарияти қариб ба иттифоқи аҳли суннату ҷамоат пайрави ҳамин мазоҳиби чаҳоргонаанд. Ба унвони мазоҳиби дигари фиқҳӣ байни аҳли суннат ва ҷамоат бояд аз мазҳаби авзоъӣ, мазҳаби Суфёни Суврӣ, мазҳаби Абусавр ва мазҳаби зоҳирӣ ёд кард, ки ҷуз осори бисёр маҳдуд аз мазҳаби ахир, ҳамагӣ ба таърих супурда шудаанд.

Мазҳаби зоҳирӣ, имрӯза ба унвони мазҳабе аз мазоҳиби ҳаштгонаи мусулмонон, мавриди таваҷҷуҳи маҳдуд қарор гирифтааст. Афзун бар ончӣ ёд шуд, бояд ҳаракатҳои ислоҳгаро дар фиқҳи аҳли суннат ва ҷамоатро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод, ки ба дунболи истинботи мустақими аҳкоми фиқҳӣ аз адилла ва нусуси шаръӣ аст ва пайравии мазҳабии хос аз мазоҳиби арбаъаро канор ниҳодааст.[11]

Ҳанафӣ

Бузургтарин мазҳаби исломӣ аст. Имоми ин мазҳаб Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит аст. Абӯҳанифа, мазҳаби фиқҳии худро бар манобеи Қуръон, суннати набавӣ, қавли саҳобӣ, қиёс, истеҳсон, иҷмоъ ва урф бино ниҳод. Бархеҳо иллати тамассук ба қиёс дар фиқҳи Абӯҳанифаро камбуди ҳадиси муътабар назди ӯ донистаанд.[12] Ончӣ дар масъалаи қиёс мӯҷиби тамоюзи Абӯҳанифа аз дигарон буд, мизони корбурд ва ба хусус чигунагии бархӯрд дар мавориди таъорузи қиёс бо адиллаи заъифи нақлие ҳамчун хабари воҳид ва бархе завоҳир буд. Ҳамин нукта, боис мешуд, то бархе муосирони ҳадисгарои Абӯҳанифа ҳамчун Молик, ки худ қиёсро дар фиқҳ ба кор мебастанд, бар қиёси ӯ ишкол гиранд.[13]

Моликӣ

Ба пайравони Молик ибни Анас, моликӣ гуфта мешавад. Молик китобе дар ҳадис бо номи «ал-Муваттаъ» дорад. Ӯ дар «иҷтиҳод»-и худ эътимод бар Қуръони Карим ва ҳадис мекард ва агар ҳадисе пайдо намекард ба «қиёс» руҷуъ менамуд. Мазҳаби моликӣ дар Мадина нашъат ёфт ва дар Ҳиҷоз мунташир гашт, сипас аҳли Мағриб ва Анделус онро пазируфтанд ва акнун ин мазҳаб дар Марокиш, Алҷазоир, Тунис, Либиё, Миср, Судон, Баҳрайн ва Кувайт ривоҷ дорад ва пайравони он қариби панҷоҳ миллион мусулмонанд.[14] Усули мазҳаби фиқҳии моликӣ иборатанд аз Қуръон, суннати набавӣ, амали аҳли Мадина, қавли саҳобӣ (дар сурати фиқдони ҳадиси набавӣ), масолеҳи мурсала, қиёс, сади зароеъ, иҷмоъ, урфу одат, истеҳсон ва истисҳоб.[15]

Шофеӣ

Муҳаммад ибни Идриси шофеӣ бунёнгузори ин мактаб аст. Шофеӣ мобайни солҳои 146 то 150 қамарӣ дар Ғазза ба дунё омад ва дар соли 204 вафот ёфт. Ӯ аз Молик ибни Анас ва Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, шогирди Абӯҳанифа баҳра бурд. Усули мазҳаби шофеӣ бар Қуръон, суннати набавӣ, иҷмоъ ва қиёс устувор аст.[16] Ӯ бо дохил кардани мазҳаби ҳанафӣ бо моликӣ, равиши навинеро бино ниҳод, ки аз ҳадис дар он баҳра меҷуст. Шофеӣ дар аҳди хилофати Амини Аббосӣ, дар Ироқ китоби қадимии худ ба номи «Ҳуҷҷат»-ро таълиф кард. Чанд сол баъд дар Миср, ороъи ҷадиди худро, ки «қавли ҷадид» аз он ёд мешавад, мунташир кард. Ороъаш дар китоби «ал-Умм» гирд омада аст. Пас аз ғалабаи Салоҳиддини Айюбӣ бар Миср, фиқҳи шофеӣ дар онҷо равнақ гирифт.[17]

Ҳанбалӣ

Аҳмад ибни Ҳанбал (164 – 241 ҳ.қ.) имоми ин мазҳаб аст. Ӯ аз бузургони муҳаддисини аҳли суннат аст. Дар ин, шакк аст, ки оё худи ӯ фатвои муҷтаҳидона медода аст, ё аз фатво парҳез дошта ва танҳо ба ривоят амал мекарда ва шогирдонаш будаанд, ки ороъи ӯро мунташир карданд.[18] Ибни Қайими Ҷавзӣ аз муридони Аҳмад ибни Ҳанбал, усули мазҳаб ва манобеи фиқҳи ҳанбалиро дар панҷ асл хулоса кардааст: нусус, фатвои саҳоба, ахз ба фатвои наздиктар ба китобу суннат дар ҳангоми ихтилофи фатво, ахз ба ҳадиси мурсал ва заъиф дар ҳангоме, ки ҳадис, муснад ва саҳеҳ набошад, қиёс дар сурате, ки ҳеҷ навъи ҳадис ва фатвои саҳоба набошад. Ин панҷ асл ба тартиби зикр бар дигарӣ муқаддам аст.[19] Бархе аз муосирин иддао кардаанд Аҳмад ибни Ҳанбал дар истинботи худ ба ҳашт далел такя кардааст: Қуръон, суннат, фатвои саҳоба, иҷмоъ, қиёс, истисҳоб, масолеҳи мурсала, садди зароеъ.[20]

Мазоҳиби каломӣ

Мазоҳиби каломии аҳли суннат ба қарори зер аст:

Аҳли ҳадис

Навиштори аслӣ: асҳоби ҳадис

Гуруҳ ва ҷараёне дар миёни аҳли суннат, ки ӯҳдадори гирдоварӣ, омӯзиш ва густариши аҳодис буданд ва бо истинод ба зоҳири аҳодис дар бораи масоили эътиқодӣ ва фиқҳӣ назар медоданд ва истифодакунандагон аз равишҳои истидлолии ақлӣ дар заминаи фиқҳу каломро мазаммат мекарданд.[21] Молик ибни Анас, Шофеӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал ва Довуд ибни Алии Исфаҳонӣ, раиси мазҳаби довудия аз бузургони аҳли ҳадис дар арсаи фиқҳ ба шумор меоянд.[22] Дар замони даргирии байни аҳли ҳадис ва мутакаллимин, Аҳмад ибни Ҳанбал ба далели муқовимат дар баробари фишорҳои Маъмун ва Муътасими Аббосӣ, ки аз ҳомиёни муътазила буданд, раҳбарии аҳли ҳадисро ба ӯҳда гирифт ва бо пофишорӣ бар қадим будани Қуръон бо нигориши китоби «Усул-ус-суннат» ба танзими назариёти аҳли ҳадис дар арсаи масоил эътиқодӣ пардохт.[23]

Аҳли ҳадис сифоти хабарии худоро ба ҳамон маънои зоҳирӣ мегиранд ва мегӯянд муъминон Худоро дар охират ҳамчун моҳи шаби чаҳордаҳум мебинанд.[24] Қарор гирифтани муътазила дар муқобили шеваи зоҳиргароёнаи аҳли ҳадис мӯҷиб шуд, дар авоили қарни чаҳорум афроде ҳамчун Ашъарӣ ва Мотуридӣ дар дифоъ аз он дарсадади ақлонӣ кардани он бароянд. Ва мазоҳиби каломии баъдии аҳли суннатро поягузорӣ кунанд.[25]

Муътазилӣ

Навиштори аслӣ: Муътазила

Муътазила ҷараёни фикрӣ дар аҳл суннат аст, ки ақлгароиро мабнои фикрии хеш қарор дод ва бо пазириши ҳуҷҷияти ақл, қаламрави васеъе дар ҳавзаи назар ва амал барои он тарсим намуд.[26] Нахустин раҳбари ин гуруҳ Восил ибни Ато (вафоти 110 ҳ.қ.) буд. Ӯ бо тарҳи ин назария, ки муртакиби гуноҳони кабира на, кофир ва на муъмин, балки байни ду марҳалаи куфр ва имон аст, аз ними дарси устодаш Ҳасани Басрӣ ба каноре аз масҷид рафт ва ба ҳамин хотир ӯ ва пайравонаш муътазила ном гирифтанд.[27] Муътазила бо назарияи «қадим будани Қуръон» мухолиф буда, ба халқ ва ҳудуси Қуръон эътиқод доштанд ва сифоти азалии Худоро айни зоти Ӯ медонистанд.[28] Яке аз усули эътиқодии онон адл аст. Онҳо ба «ҳусн ва қубҳи ақлӣ» эътиқод доштанд ва дар партави он муътақид буданд, ки аз Худои одил, амале, ки ақл онро қабеҳ медонад, сар намезанад.[29] Усули бунёдини эътиқодии мазҳаби муътазила ба усули хамса маъруфанд, ки иборатанд аз: тавҳиди сифотӣ, адл, ваъду ваъид (қатъӣ будани подош ва кайфари илоҳӣ), манзалате байни ду манзалат, амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар.[30]

Ашъарӣ

Навиштори аслӣ: Ашоира

Пайравони мактаби каломии Абулҳасан Алӣ ибни Исмоили Ашъарӣ (260 – 330 ҳ.қ.). Ӯ шогирди Абуалии Ҷуббоӣ аз олимони муътазилӣ буд, аммо дар ҳудуди чиҳил солагӣ аз муътазила даст бардошт ва боқии ҳаётро дар мубориза бо онон гузаронд ва китобҳои зиёде дар исботи равиш худ навишт. Абулҳасани Ашъарӣ дар фуруъи фиқҳ тобеъи мазҳаби имом Шофеӣ буд, вале дар исботи ақоиди динӣ бо вуҷуди наҳйи асҳоби суннату ҳадис, адиллаи каломиро бакор бурд. Ва усули онро бо ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат вифқ дода, мазҳаби ашъариро бунёд ниҳод.[31] Ашоира сифоти Худовандро ғайр аз зот дониста,[32] каломуллоҳро қадим медонанд.[33]

Мотуридия

Навиштори аслӣ: Мотуридия

Ҳамзамон бо Абулҳасани Ашъарӣ, ки дар Ироқ худро ёр ва ёвари Аҳмад ибни Ҳанбал муаррифӣ намуд, Абумансури Мотуридии Самарқандӣ (250 – 333 ҳ.қ.), дар машриқи ҷаҳони Ислом ба ҷонибдорӣ аз аҳли ҳадис бархост, албатта бидуни инки ин ду аз ҳам итилоъе дошта бошанд.[34] Мотуридӣ аз ороъи каломии Абӯҳанифа иқтибоси зиёде намуда аст. Илова бар инки пайравони Мотуридӣ дар фиқҳ, пайрави Абӯҳанифаанд,[35] мотуридия талоше барои ҷамъ байни муътазила ва аҳли ҳадис буд ва дар истидлолҳои каломӣ ба ақл баҳо медиҳад ва аз нақл низ баҳра мебарад.[36] Дидгоҳи ӯ дар Илоҳиёт, танзиҳӣ аст.[37] Бархеҳо байни мотуридия ва ашоира фарқи муҳимме намебинанд. Аммо бештари муҳаққиқон ороъ ва равиши каломии мотуридияро аз ашоира ҷудо мекунанд. Абузуҳра мегӯяд: «дар равиши Мотуридӣ ақл султаи азиме дорад. Аммо ашоира ба равиши нақлӣ пойбанданд ва онро бо ақл таъйид мекунанд. Ашоира дар хати байни аҳли ҳадис ва эътизол қарор гирифтаанд ва мотуридия байни ашоира ва эътизол».[38]

Ваҳҳобият

Навиштори аслӣ: Ваҳҳобият

Ваҳҳобиҳо тарафдорони Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳастанд, ки дар авохири қарни дувоздаҳи ҳиҷрӣ ба тарвиҷи афкори Ибни Таймия пардохтанд,[39] ки муътақид буд бархе аз эътиқодот ва аъмоли мусулмонон бо тавҳиди ибодӣ носозгор аст.[40] Онҳо тавассул, сохти бино бар қубур, зиёрат ва талаби шафоатро бидъат ва ширк мепиндоранд.[41]

Албатта дар конфаронсе, ки бо унвони "Аҳли суннат ва ҷамоат кист?" аз 25 то 27-уми августи 2016 бо ҳузури имоми Акбари ал-Азҳар ва 200 тан аз олимони аҳли суннат дар пойтахти Чечен баргузор шуд, ваҳҳобият ҷузъи мазоҳиби эътиқодии аҳли суннат ба ҳисоб наомад ва аҳли суннат мунҳасир дар ашъария, мотуридия ва аҳли ҳадис дониста шуд.[42]

Эзоҳ

  1. Муфрадоти Роғиб, модаи аҳл
  2. Лисон-ул-араб, ҷ.13, модаи синн
  3. Фармониён, Фирақи тасаннун, 1386 ҳ.ш., саҳ.18/ Ник: Доират-ул-маъорифи форсӣ, Мусоҳиб, зайли мадхали суннат;
  4. Покатчи, «Асҳоби ҳадис», саҳ.114.
  5. Покатчи, «Асҳоби ҳадис», саҳ.118.
  6. Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Аҳли суннат», 581.
  7. Фармониён, Фирақи тасаннун, 1386 ҳ.ш., саҳ.19.
  8. Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Аҳли суннат», 581.
  9. Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Аҳли суннат», саҳ.581 ва 582.
  10. «Аҳли суннат ва ҷамоат», саҳ.474 ва 475
  11. «Аҳли суннат ва ҷамоат», саҳ.475.
  12. Таърихи Бағдод, ҷ.13, саҳ.368.
  13. Покатчи, «Абӯҳанифа», саҳ.398.
  14. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1372 ҳ.ш., саҳ.384.
  15. Мадкур, Маноҳиҷ-ул-иҷтиҳод фи-л-Ислом, 1977 м, саҳ.613 – 616.
  16. Дар бораи усули мазҳаби шофеӣ бингаред: Абдусалом, ал-Имом Шофеӣ, саҳ.207 – 242.
  17. Муқаддимаи Ибни Халдун, саҳ.415.
  18. Ник: Абуҳабиб, Аҳмад ибни Ҳанбал, ас-сира ва-л-мазҳаб, саҳ.57 – 69/ Ошноӣ бо фирақи тасаннун, саҳ.199.
  19. Абузуҳра, Таърих-ул-мазоҳб-ил-исломийя, Дор-ул-фикр-ил-арабӣ, саҳ.529.
  20. Аҳмад Фарроҷ Ҳусайн, Таърих-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, саҳ.38.
  21. Разавӣ, «Аҳли ҳадис», саҳ.563.
  22. Разавӣ, «Аҳли ҳадис», саҳ.565.
  23. Разавӣ, “Аҳли ҳадис», саҳ.565.
  24. Разавӣ, “Аҳли ҳадис», саҳ.566.
  25. Разавӣ, “Аҳли ҳадис», саҳ.567.
  26. Рук: Толиқонӣ ва Малик Макон, «Чистии ақл дар ақлгароии муътазила», саҳ.129 то 142.
  27. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1372 ҳ.ш., саҳ.416.
  28. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1372 ҳ.ш., саҳ.416.
  29. Анворӣ, Муҳаммадҷавод, «Усули хумса», саҳ.280.
  30. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1372 ҳ.ш., саҳ.417.
  31. Хотамӣ, Фарҳанги илми калом, 1370 ҳ.ш., саҳ.48.
  32. Тафтозонӣ, Шарҳ ал-Ақоид-ун-насафийя, 1407 ҳ.қ., саҳ.36.
  33. Тафтозонӣ, Шарҳ ал-Ақоид-ун-насафийя, 1407 ҳ.қ., саҳ.45.
  34. Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Муассисаи Имом Содиқ, ҷ.3, саҳ.11.
  35. Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Муассисаи Имом Содиқ, ҷ.3, саҳ.13 ва 14.
  36. Ҷалолӣ, “Пажӯҳише дар боби мотуридия», саҳ.98.
  37. Ҷалолӣ, “Пажӯҳише дар боби мотуридия», саҳ.104.
  38. Ҷалолӣ, “Пажӯҳише дар боби мотуридия», саҳ.98 ва 99.
  39. Амин, Сайид Муҳсин, Кашф-ул-иртиёб, Дор-ул-кутуб-ил-исломӣ, саҳ.10.
  40. Нигоҳ кунед ба: Ибни Таймия, Маҷмуъат-ул-васоили ва-л-масоил, Лаҷанат-ут-турос-ил-арабӣ, саҳ.3 - 1, 20, 21, 42 - 43.
  41. Муғния, Ҳазиҳи ҳия-л-ваҳҳобийя, Муназзамат-ул-аълом-ил-исломӣ, саҳ.74 - 76.
  42. Эъломи бароъати аҳли суннат аз ваҳҳобият, шабакаи ал-Олам, таърихи хабар: 8 шаҳривари 1395 - ҳамчунин руҷуъ кунед ба вебгоҳи расмии ин конфаронс ва баёнияи ихтитомияи он.

Сарчашма

  • Ибни Таймияи ал-Ҳарронӣ, Аҳмад, Маҷмуъат-ул-васоили ва-л-масоил, таҳқиқи Муҳаммад Рашид Ризо, Луҷнат-ут-турос-ил-арабӣ.
  • Абузаҳра, Муҳаммад, Таърих-ул-мазоҳб-ил-исломийя, Бейрут, Дор-ул-фикр-ил-арабӣ.
  • Амин, Сайид Муҳсин, Кашф-ул-иртиёб фи атбоъи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломӣ.
  • Анворӣ, Муҳаммадҷавод, «Усули хамса», дар Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, ҷ.9, саҳ.279 то 282.
  • «Аҳли суннат ва ҷамоат», дар Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, ҷ.9.
  • Биринҷкор, Ризо, Ошноӣ бо фирақ ва мазоҳиби исломӣ, Қум, китоби Тоҳо.
  • Покатчи, Аҳмад, «Абӯҳанифа», дар Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, ҷ.5.
  • Покатчи, Аҳмад, « Асҳоби ҳадис », дар Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, ҷ.9.
  • Тафтозонӣ, Саъдиддин, Шарҳи ал-Ақоид-ун-насафийя, Қоҳира, Мактабат-ул-куллиёт-ил-азҳарийя, чопи аввал, 1407 ҳ.қ.
  • Ҷалолӣ, Сайидлутфуллоҳ, “Пажӯҳише дар боби Мотуридия», дар маҷаллаи маърифат, хурдоди 1383, шумораи 78, саҳ.96 то 110.
  • Хотамӣ, Аҳмад, Фарҳанги илми калом, Теҳрон, Сабо, чопи аввал, 1370 ҳ.ш.
  • Разавӣ, Расул, “Аҳли ҳадис”, дар Донишномаи каломи исломӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ, 1387 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.563 то 569.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, Муассисаи Имом Содиқ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Аҳли суннат», дар Донишномаи каломи исломӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ, 1387 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.579 то 583.
  • Толиқонӣ, Сайидҳасан ва Малик Макон, Ҳамид, «Чистии ақл дар ақлгароии муътазила», дар маҷаллаи каломи Исломӣ, шумораи 84, зимистони 1391 ҳ.ш., саҳ.129 то 142.
  • Ғаззолӣ, Абуҳомид, Фазоиҳ-ул-ботинийя, Бейрут, Мактабат-ул-асрийя, 1422 ҳ.қ.
  • Фармониён, Маҳдӣ, Фирақи тасаннун, Қум, нашри Адён, 1386 ҳ.ш.
  • Мадкур, Муҳаммадсалом, Маноҳиҷ-ул-иҷтиҳод фи-л-Ислом фи-л-аҳком-ил-фиқҳийя ва-л-ақоидийя, ҷомеъат-ул-Кувай, Кувайт, 1977 м.
  • Машкур, Муҳаммадҷавод, Фарҳанги фирақи исломӣ, Машҳад, остони қудси Разавӣ, чопи дувум, 1372 ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Ҳазиҳи ҳия-л-ваҳҳобийя, Теҳрон, Муназзамат-ул-аълом-ил-исломӣ.