Каломи исломӣ
Ин навиштор дар бораи каломи исломӣ аст. Барои илми калом дар шиаи имомия, каломи имомияро бибинед.
Каломи исломӣ шохае аз улуми исломие аст, ки дар бораи ақоиди исломӣ баҳ ва аз онҳо дифоъ мекунад.
Калом барои исботи масъалаҳои худ ва қонеъ кардани мухотаб аз равишҳои гуногуне ҳамчун бурҳон, тамсил ва ҷадал истифода мекунад.
Масъалаҳои илми калом мунҳасир дар усули дин ё усули ақоид нест, балки вазифаи мутакаллим ин аст, ки ба ҳаргуна ишколе, ки дар бораи маҷмӯаи таълимот ва ҳукмҳои динӣ матраҳ мешавад, посух диҳад. Ин илмро бо номҳое чун илми усули дин, илми усули ақоид ва фиқҳи акбар низ зикр кардаанд.
Дар бораи таърихи пайдоиши ин илм гуфта шудааст, баҳсҳои каломӣ аз ҳамон оғози Ислом матраҳ ва аввалин масъалаи он, ҷабр ва ихтиёр будааст. Мавзуъоте ҳамчун сифоти Худо, ба хусус тавҳид ва адли Илоҳӣ, ҳусн ва қубҳи амалҳо, қазо ва қадар, нубувват, қиёмат ва имомат аз мавзӯъҳои муҳимме дар илми калом маҳсуб мешавад.
Ихтилоф бар сари мавзуъоти каломӣ сабаби пайдоиши фирқаҳои каломии бисёре дар Ислом шудааст. Муҳимтарин фирқаҳое, ки барои шиа зикр шудааст, имомия, зайдия, исмоилия ва кайсония ҳастанд ва фирқаҳои каломии аҳли суннатро мурҷиа, аҳли ҳадис, ашоира, мотуридия ва ваҳҳобият баршумурдаанд.
Шайхи Муфид (вафоти 413ҳ.қ.), Хоҷа Насируддини Тусӣ (вафоти 672ҳ.қ.) ва Аллома Ҳиллӣ (вафоти 726ҳ.қ.)-ро аз мутакаллимони барҷастаи имомия, Қозӣ Абдулҷаббори Муътазилӣ, Абулҳасани Ашъарӣ, Абуҳомиди Ғаззолӣ ва Фахри Розиро аз мутакаллимони машҳури аҳли суннат донистаанд.
Китобҳои Тасҳиҳ-ул-эътиқод, Таҷрид-ул-эътиқод ва Кашф-ул-мурод, аз китобҳои муҳимми каломии шиа ва шарҳи ал-Усул-ул-хамса, шарҳи ал-Мақосид ва шарҳи ал-Мавоқиф аз осори каломии аҳли суннат шуморидааст.
Каломи ҷадид илме аст, ки дар бораи як будан ё фарқ доштани он бо каломи (қадим) ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе аз мавзуъоти каломи ҷадид аз ин қарор аст: таъриф, пайдоиш, қаламрав ва забони дин, ниёзи инсон ба дин, ақл ва дин, ақл ва имон, илм ва дин, таҷрибаи динӣ ва такассургароии динӣ.
Таъриф ва номҳо
Илми каломи яке аз улуми исломие аст, ки дар бораи ақоиди исломӣ [Ёддошти 1 ] баҳс мекунад; [ 1 ] ингуна ки онҳоро тавзеҳ медиҳад, барои онҳо истидлол мекунад ва аз онҳо дифоъ мекунад. [ 2 ] Албатта таърифҳои дигаре ҳам аз ин илм ироа шудааст, ки ҳаряк хусусияте аз ин илмро баён мекунанд, [ 3 ] монанди инки илми калом, илми назарие аст, ки ба кумаки он метавон ақоиди диниро бо истидлол исбот кард, [ 4 ] ё илме аст, ки дар бораи зот, сифот ва афъоли Худованд баҳс мекунад. [ 5 ] Замахшарӣ илми каломро фиқҳи акбар муаррифӣ кардааст. [ 6 ] Файзи Кошонӣ дар китоби Мафотиҳ-уш-шароиъ омухтани илми каломро аз тоъатҳои қалбии мустаҳабӣ донистааст, ки фоидааш ҷавоб гуфтан ба аҳли бидъат аст. [ 7 ]
Номҳо ва иллати номгузорӣ
Машҳуртарин ном барои ин илм, «калом» аст ва донишманди ин илмро «мутакаллим» гӯянд. [ 8 ] Дар хусуси инки чаро ин илмро «калом» номидаанд, иллатҳои мухталифе баён шудааст, [Ёддошти 2 ] ки беҳтаринашон[ 9 ]ро ин донистаанд, ки илми калом қудрати мунозира ва ҷидолро дар шахс тақвият мекунад ва мунозира чизе ғайр аз такаллуму гуфтугӯ нест. [ 10 ] Дар гузашта, илми каломро бо номҳои дигаре ҳам мешинохтанд: илми усули дин, илми усули ақоид, фиқҳи акбар, илми тавҳид, илм-уз-зоти ва-с-сифот. [ 11 ]
Мавзӯъ, аҳдоф ва равиш
Мавзӯъ
Мутакаллимон дар бораи мавзӯи илми калом, ҳамраъй нестанд. Бархе муътақиданд, ин илм мавзӯи мушаххасе надорад, [ 12 ] аммо касоне ки муътақиданд, илми калом мавзӯъ дорад, ҳар як мавзӯе барои ин илм баён кардаанд. Муҳимтарини онҳо ин маворид аст: [ 13 ] мавҷуд би мо ҳува мавҷуд, [ 14 ] маълумоти хос (маърифатҳое, ки барои исботи ақоиди динӣ аз онҳо истифода мешавад), [ 15 ] вуҷуди Худованд ва вуҷуди мумкинот, зоти Худованд ва сифот Ӯ, [ 16 ] ақоиди динӣ. [ 17 ] Ҳамчунин гуфта шудааст, таҳаввул ва такомули илми калом дар тули таърих мӯҷиби шудааст мавзӯи он дар замонҳои мухталиф, мутафовит бошад. [ 18 ]
Аҳдоф ва фоидаҳо
Мутаффакирони мусулмон аҳдофе барои илми калом баршумурдаанд; аз ҷумла:
- Истинбот ва истихроҷи ақоиди исломӣ (диншиносии таҳқиқӣ), [ 19 ]
- Тавзеҳи мафоҳим ва масоили эътиқодии исломӣ, [ 20 ]
- Ироаи муназзами таълимоати эътиқодӣ, [ 21 ]
- Исботи эътиқодот ва таълимоти динӣ, [ 22 ]
- Дифоъ аз ақоиди динӣ дар баробари шубҳаҳо ва эродҳо. [ 23 ]
Равиш
Илми каломи мутаносиб бо аҳдоф, рӯйкардҳо, масоил ва мухотабони мухталифе, ки дорад, аз равишҳои мухталифе дар истидлолҳояш истифода мекунад. [ 24 ] Гуфтаанд, ин илм барои шинохти ақоиди динӣ ва исботи онҳо, ниёзманди равише аст, ки яқиновар бошад; монанди равиши қиёс (қиёси мантиқӣ), аммо барои дигар аҳдофаш, ки азҷумлаи онҳо дифоъ аз ақоиди динӣ аст, илова бар равишҳои яқиновар, метавонад аз дигар равишҳо истифода кунад; равишҳое чун тамсил, хитоба, ҷадал ва анвоъи равишҳои ақлӣ ва нақлӣ ва ҳатто таҷрибӣ ва таърихӣ. [ 25 ]
Замон ва авомили пайдоиш ва густариш
Дар бораи решаҳои аслии илми калом Ибни Абилҳадид муътақид аст, илми калому эътиқодот, ки ашрафи улум аст, аз каломи Имом Алӣ (а) иқтибос шудааст. [ 26 ] Муҳаққиқи Ирбилӣ низ тасреҳ кардааст, ки пешвоёни мактабҳои каломӣ; яъне ашоира, муътазила, шиа ва хавориҷ, ҳама худро мансуб ба он ҳазрат медонанд. [ 27 ]
Назари машҳур ин аст, [ 28 ] ки баъд аз футуҳоти исломӣ ва густариши доманаи ҳукумати исломӣ, мусулмонон бо пайравони дигар адёну мазоҳиб даромехтанд ва ҳамин масъала сабаби паҳншавии ақоид ва афкори мазоҳиб ва адёни мухталиф шуд. Бинобар ин, мусулмонон барои дифоъ аз ақоиди исломӣ ва посух ба ишколҳо ва шубҳаҳои эътиқодӣ, равишҳо ва мабоҳиси каломиро равнақ доданд ва аз ин тариқ илми калом шакл гирифт. [ 29 ]
Тибқи дидгоҳи дигаре, барои инки таърихи пайдоиши илми калом мушаххас шавад, ибтидо бояд манзур аз илми каломро равшан кард. [ 30 ] Агар мақсуд аз илми калом, гуфтугӯ дар бораи ақоиди динӣ бошад, таърихи пайдоиши он, ҳамзамон бо таърихи зуҳури Ислом аст; зеро ин мабоҳис дар Қуръону ривоёт ва дар баҳсҳои Пайғамбар (с) бо бутпарастон ва аҳли китоб дар бораи тавҳид, набувват ва маъод ҷараён доштааст. [ 31 ] Аммо агар манзур, мубоҳисаҳои каломии байни худи мусулмонон ва пайдоиши фирқаҳои динӣ ва каломӣ аст, таърихи пайдоиши он, баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) аст. Аз муҳимтарин ихтилофот дар он замон, ихтилоф бар сари масъалаи имомату хилофат, қазову қадар, сифоти Худованд ва моҷарои ҳакамият буд, ки ба дунболи ин ихтилофот, фирқаҳои қадария, мушаббаҳа, хавориҷ ва дигарон ба вуҷуд омаданд. [ 32 ] Агар ҳам манзур аз калом, зуҳури мазоҳиби каломии дорои усулу қавоид таъриф шуда ва равиши муайяни каломӣ аст, таърихи пайдоиши он ба оғози қарни дувуми ҳиҷрӣ бармегардад. [ 33 ]
Авомили пайдоиш ва густариш
Авомили мухталифе барои пайдоиши илми калом ва паҳншавии он байни мусулмонон баён шудааст; азҷумла:
1. Таълимоти қуръонӣ ва ривоӣ ва ниёзи мардум: нахустин омили пайдоиши илми калом, таълимоти қуръонӣ, ривоӣ ва ниёзи мардум барои фаҳми ин таълимот баён шудааст. [ 34 ] Қуръон ба таълимоати эътиқодӣ тавваҷуҳи хоссе нишон дода ва имон ба онҳоро лозим хондааст. [ 35 ] Бинобарин, донишмандони исломӣ барои фаҳми ин таълимот илми каломро поярезӣ карданд. [ 36 ] [Ёддошти 3 ]
2. Ихтилофот ва мунозиъоти сиёсӣ: порае аз кашмакашҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мӯҷиб шуд, баҳсҳои каломӣ равнақ бигиранд ва кам-кам илми калом шакл бигирад; монанди баҳс дар бораи «хилофату имомат» баъд аз реҳлати Пайғамбар (с), масъалаи «имон ва иртикоби гуноҳи кабира» ва «ҳакамият», ки хавориҷ матраҳ карданд, ё масъалаи «ҷабру ихтиёр» ки умавиён барои тавҷеҳи қудрати худ пеш кашиданд. [ 37 ]
3. Даромехтани мусулмонон бо ғайри мусулмонон: ҳангоме, ки мусулмонон бо ғайри мусулмонон монанди эрониёну румиёну мисриён иртибот пайдо карданд, ихтилофи ақоиди исломӣ бо ақоиди дигар миллатҳо ошкор шуд ва байни онон таъоруз оғоз гардид. Мусулмонон барои дифоъ аз таълимоти асосии Ислом, баҳсҳои каломиро пеш кашиданд ва ба онҳо равнақ доданд; бинобарин, илми калом паҳн шуда густариш ёфт. [ 38 ]
4. Даромехтан бо дигар мазҳабҳо: баъд аз онки сарзаминҳои исломӣ густариш ёфт, мардум аз дигар адёну мазоҳиб ба Ислом рӯй овараданд. Онон усулеро, ки Ислом бо онҳо мухолиф буд, раҳо карданд, аммо дар бораи бархе аз боварҳояшон, ки назари Ислом дар бораи онҳо дар ибтидо чунон возеҳ набуд, тафсири исломӣ ва қуръонӣ ироа карданд; [Ёддошти 4 ] бинобарин, олимони исломӣ талош карданд ба кумаки баҳсҳои каломӣ ҳам, назари Исломро равшан кунанд ва ҳам, аз дарҳам омехтани чунин ақоиде пешгирӣ кунанд. [ 39 ]
5. Наҳзати тарҷума: матраҳ шудан, тахассусӣ шудан ва мураттаб шудани бархе аз масоили каломи исломӣ, дар асри наҳзати тарҷума рух дод. Ин наҳзат аз нимаи дувуми қарни дувуми ҳиҷрӣ (150ҳ.қ.) оғоз шуд ва то чандин қарн идома дошт. [ 40 ]
Мароҳили таҳаввулу дигаргунӣ
Барои таҳаввул ва дигаргунии илми каломи исломӣ мароҳили мухталифе гуфтаанд. Муҳаммадтақии Субҳонӣ аз муҳаққиқони таърихи илми калом, мароҳили дигаргунии ин илмро чаҳор марҳала баён карда, менависад, дар ин марҳалабандии умумӣ, байни мазоҳиби исломӣ фарқҳое низ вуҷуд дорад: 1. Марҳалаи асолату истиқлол, 2. Марҳалаи рақобату ихтилот, 3. Марҳалаи идғому истиҳола, 4. Марҳалаи эҳё ва таҷдид. [ 41 ] Ин тақсимбандӣ бо тавваҷуҳ ба доду ситади илми калом бо илмҳои берунӣ, ба хусус фалсафа анҷом шудааст. [ 42 ]
Ба гуфтаи Муҳаммадтақии Субҳонӣ, марҳалаи нахуст, панҷ садаи садри Исломро дарбар мегирад ва худ шомили се марҳала мешавад: алиф) пайдоишу шаклгирӣ, б) таквини каломи назарӣ, в) тадвини китобҳои ҷомеъи каломӣ. [ 43 ] Дар марҳалаи дувум (марҳалаи рақобату ихтилот), мутакаллимон бо кушодадастӣ ба ҷазби мафоҳим ва равишҳои фалсафӣ рӯй овараданд ва ба бозсозии калом бар асоси ин мафоҳими нав даст заданд ва аз сӯи дигар сахтгирона ба дифоъ аз ақоиди каломӣ дар баробари андешаҳои фалсафӣ пардохтанд. Ин марҳала аз садаи панҷум то садаи нуҳуми ҳиҷрӣ идома дошт. [ 44 ]
Дар марҳалаи сеюм (марҳалаи идғому истиҳола), каломи аҳли суннат ба шиддат уфул кард ва дар шиа комилан фалсафӣ шуд. [ 45 ] Марҳалаи чаҳорум (марҳалаи эҳё ва навсозӣ) аз садаи дувоздаҳум оғоз шуд. Дар ин марҳала, бархе аз зарурати таъсиси «каломи ҷадид» сухан ронданд ва талошҳое барои рушди илми калом ва посухгӯӣ ба пурсишҳои ҷадид шуд. Барои муаррифии ин талошҳо, аз истилоҳоте чун «навмуътазилӣ», «навашъарӣ» ё «навсалафигарӣ» истифода шудааст. Дар олами ташайюъ, дар канори эҳёи андешаҳои садроӣ дар илми калом, ки гоҳ аз он ба фалсафаи «навсадроӣ» ёд мешавад, шоҳиди эҳёи мадрасаи каломии мутааххирин, монанди Аллома Ҳиллӣ дар миёни фақеҳон ва эҳёи мадрасаи фикрии Кӯфа ва Қум ҳастем, ки ғолибан бо унвони «мактаби тафкик» аз он ёд мешавад. [ 46 ]