Тавқиъ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Тавқиот)
Ин мақола дар бораи мафҳум тавқиъ аст. Барои ошноӣ бо тавқиъҳои Имоми дувоздаҳум, мадхали тавқиоти Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро бубинед.

Тавқиъ (ба арабӣ: توقیع) ба номаҳо ва навиштаҳои имомони шиа ишора дорад. Тавқиъҳо ба хат ё имлои имомон буд ва маъмулан дар посухи пурсишҳо ва дархостҳои шиаён содир мешуд ва аз тариқи шабакаи ваколат ба дасти шиаён мерасид.

Тавқиот дар мавзуоти фиқҳӣ, эътиқодӣ, азлу насби вакилон, эъломи вусули вуҷуҳоти шаръӣ, такзиби муддаиёни дурӯғини ниёбат ва ғ. будааст. Дар манобеъ ҳудуди 100 тавқиъ ба Имом Маҳдӣ (аҷ) нисбат дода шудааст, ки марбут ба давраи ғайбати суғро аст.

Фақеҳони шиа дар мавориде барои истинботи аҳкоми шаръӣ ба тавқиъҳо истинод кардаанд. Аз назари онҳо тавқиъҳое, ки судурашон аз имомон қатъӣ аст, муътабаранд.

Мафҳумшиносӣ

Тавқиъ дар фарҳанги шиа ба навиштаҳо, номаҳо ва дар мавориде ба паёмҳои шифоҳии имомони шиа ишора дорад.[1] Тавқиъ дар асл ба навиштае дар ҳошия ва пушти шикоёт, ба хати халифа ё султон ё бархе аз фармонравоён гуфта мешуд, ки бар расидагӣ ба шикоёт таъкид мекард.[2]

Сайри татаввури тавқиъ

Чунонки дар китоби Донишномаи Имом Маҳдӣ (а) омадааст нахустин навишта аз имомони шиа ки тавқиъ номида шуд, дастхати Имом Козим (а) дар посухи тағои Ҳасан ибни Алӣ Вашшоъ буд, ки аз вай дархост карда буд барои писардор шуданаш дуо кунад.[3] Матни тавқии мазкур дар китоби Қурб-ул-иснод омадааст.[4] Баъд аз он, таъбири тавқиъ дар бораи бархе аз навиштаҳои Имом Ризо (а) низ ба кор рафтааст.[5] Дар давраи Имомайни Аскарияйн бо густардатар шудани ҷомеъаи шиа ва ҳасри Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а), судури тавқиъ аз ин ду имом нисбат ба имомони пешин бештар шуд.[6]

Тавқиъ дар даврони ҳузури имомон фақат ба посухҳои мактубе, ки эшон дар посух ба шиаён содир мекарданд гуфта мешуд. Аммо дар бораи ҳазрати Маҳдӣ ҳамаи навиштаҳои ӯро шомил мешавад, ҳарчанд дар посух ба дархост ё пурсише набошад. Ҳамчунин тавқиъ дар бораи аҳодиси ғайримактуби ҳазрати Маҳдӣ низ ба кор рафтааст.[7]

Хатти тавқиот

Охирин тавқии Имом Маҳдӣ (аҷ) ба ноиби чаҳорум:

«Ту то шаш рӯзи дигар вафот хоҳӣ кард. Пас худро омода соз ва ба касе барои ҷонишинии баъд аз худат васият накун; чароки ғайбати дувум (комил) оғоз гардидааст ва маро зуҳуре нахоҳад буд, магар ба изни Худованд. Зуҳур баъд аз гузашти замони дароз ва сахт шудани дилҳо ва пур шудани замин аз ҷавру ситам хоҳад буд. Ба зудӣ касоне аз шиаёнам меоянду иддаои дидани маро мекунанд. Огоҳ бошед, ки ҳар кас пеш аз хуруҷи Суфёнӣ ва сайҳа, иддаои дидани маро кунад, дурӯғгӯ ва ифтирозананда аст!»

Тавқиот ё ба хатти худи имомон будааст ё онҳо имло мекардаанд ва дигарон менавиштаанд.[9] Онон дар мавориде, зайли тавқиъ, бар нигориши он ба хатти худ тасреҳ кардаанд.[10] Эҳтимол дода шудааст, ки тасреҳ бар нигориши тавқиъ ба хатти Имом Маҳдӣ (аҷ),[11] барои шиносоии тавқиоти дурӯғине будааст, ки ба ӯ нисбат дода мешуд ва ё шиносоии иддаои бархе мунҳарифон дар мавриди нигориши тавқиъ.[12] Шоҳиди ин сухан он аст, ки Аҳмад ибни Исҳоқи Қумӣ дар дидор бо Имом Аскарӣ (а) аз ӯ дархост кард навиштае барояш бинигорад, то бо он номаҳои Имомро шиносоӣ кунад ва Имом дархости ӯро иҷобат кард.[13] Асҳоби имомон бо дастхатти онҳо ошно буданд ва онро аз дигар хатҳо ташхис медоданд.[14]

Ирсоли тавқиот аз тариқи шабакаи ваколат

Радду бадал кардани тавқиот аз тариқи вакилони имомон, ки ба он шабакаи ваколат гуфта мешуд, сурат мегирифт. Шиаён аз минтақаҳои гуногун вуҷуҳоти шаръӣ, дархостҳо ва пурсишҳои худро аз тариқи вакилони имомон ба онҳо расонда ва аз ҳамин тариқ посухҳо ва тавқиотро дарёфт мекарданд.[15] Дар давраи ғайбати суғро ин вазифа бар ӯҳдаи нуввоби арбаъа буд[16] ва онон аз тариқи вакилони худ бо шиаён дар манотиқи мухталиф дар иртибот буданд.[17] Албатта гузоришҳои ривоие вуҷуд дорад, ки бар асоси онҳо шиаён аз роҳҳои дигаре ва бидуни воситаи вакилон низ дархостҳои худро ба имомон расонда ва ё тавқиотеро аз онон дарёфт мекарданд. Ба унвони мисол бар асоси нақли Қутби Ровандӣ, Муҳаммад ибни Юсуфи Шошӣ бо воситаи зане, ки ба хонаи Имом Маҳдӣ (а) рафту омад дошт, номаи худро ба ӯ расонда ва тавқиъе дарёфт кардааст.[18]

Тавқиъҳо, пас аз судур, тавассути пайки махсусе, бо ироаи нишонае фиристода мешуд.[19] Ҳувияти пайкҳо дар гузоришҳо зикр нашуда ва бо таъбирҳое ҳамчун «имраа» (зан), ғулом (ҷавон), ғуломун асвад (ҷавони сиёҳ), аррасул мин индил-Ҳусайн бен Рӯҳ (фиристодаи Ҳусайн ибни Рӯҳ) ва расулулхалаф (фиристодаи ҷонишин) аз онон ёд шудааст.[20] Далели ин кор тақия дониста шудааст.[21]

Мавзуъ

Тавқиот ба мавзуи хоссе мунҳасир набудааст; чароки бештарашон дар посух ба пурсишҳои фиқҳӣ ва эътиқодӣ ва низ дархостҳои шиаён содир шудааст. Аз ин рӯ, дар онҳо аз мавзуоти мухталиф сухан омадааст. Азлу насби вакилон, баёни вазоифи вакилон, эъломи вусули вуҷуҳоти шаръӣ, такзиби муддаиёни дурӯғини ниёбат ва посух ба дархостҳои шахсии шиаён аз мавзуоти тавқиот будааст.[22]

Эътибори тавқиъот

Аз назари фақеҳон, ҳар тавқиъе, ки ба судури он аз имомон итминон ҳосил шавад, муътабар хоҳад буд.[23] Аз ин рӯ, бархе аз фақеҳони шиа дар мавориде барои истинботи аҳкоми шаръӣ ба тавқиот истинод кардаанд.[24] Бо ин ҳол, бархе аз фақеҳон дар эътибори мукотибот (тавқиот маъмулан ба сурати мукотиба будааст) муноқиша карда[25] ва онҳоро бо аҳодиси шифоҳӣ баробар надонистаанд.[26] Аммо дар китобҳои фиқҳӣ, далеле бар беэътибории мукотиба ё ҳамарз набудани эътибори он ва ҳадиси шифоҳӣ зикр нашудааст.[27]

Ҳамчунин дар муқобили ин сухан, гуфтаанд китобат сираи имомони шиа ва низ равиши мутадовили ақвоми гуногун буда[28] ва мукотибот барои амал кардан содир мешудааст.[29]

Тавқиоти Имоми Замон (аҷ)

Мақолаи аслӣ: Тавқиъоти Имоми Замон (аҷ)

Ба номаҳо ва навиштаҳои Имоми дувоздаҳуми шиаён ишора дорад, ки дар давраи ғайбати суғро дар посух ба пурсишҳои шиаён содир шудааст. Дар манобеи ҳадисии шиа ҳудуди 100 тавқиъ аз Имом Маҳдӣ (а) дар мавзуоти фиқҳӣ, эътиқодӣ ва ғайра нақл шудааст.[30]

Манбаъшиносӣ

Тавқиот дар манобеи ривоии шиа ба сурати пароканда зикр шудааст. Дар китоби Риҷоли Кашшӣ тавқиоти фаровоне аз имомони шиа нақл шудааст.[31] Дар китобҳои Камол-уд-дини Шайхи Садуқ ва ал-Ғайбати Шайхи Тӯсӣ, тавқиоти Имом Маҳдӣ дар бахши мустақиле гирдоварӣ шудааст.[32]

Дар бораи тавқиот осоре ҳам ба сурати мустақил дар қарни сеюми қамарӣ ва пас аз он навишта шудааст. Дар Риҷоли Наҷҷошӣ аз китобҳои «Масоилу Абимуҳаммад ва тавқиъот», «Қурб-ул-аснод ило соҳиб-ил-амр алайҳиссалом» ва «Масоил-ур-риҷол ва мукотиботуҳум Аболҳасанис-Солис алайҳиссалом» асари Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Ҳимярӣ муҳаддиси шиа дар қарни сеюми қамарӣ[33] ва ат-Тавқиъот навиштаи Муҳаммад ибни Исо ибни Убайд аз асҳоби Имом Ҷавод[34] ном бурда шудааст.

"ат-Тавоқиъ" таълифи Абдуллоҳ ибни Салт аз асҳоби Имом Ризо (а) аз дигар осор дар ин замина аст.[35]

Эзоҳ

  1. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, ҷ.4, саҳ.115.
  2. Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, 1414ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.525, зайли «вақъ».
  3. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.115 - 116.
  4. Ҳимярӣ, Қурб-ул-иснод, 1413ҳ.қ., саҳ.332.
  5. Барои намуна, ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.5.
  6. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, ҷ.4, саҳ.116.
  7. Шубайрӣ, “Тавқиъ”, саҳ.577.
  8. Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.516.
  9. Барои намуна, ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.96, 102- 103, 107, 510
  10. Барои намуна, ниг.: Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.513, 551.
  11. Барои намуна ниг.: Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.290.
  12. Шубайрӣ, “Тавқиъ”, саҳ.579 - 580.
  13. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.513.
  14. Шубайрии Занҷонӣ, Китоби никоҳ, ҷ.9, дарси 329, саҳ.3 ба нақл аз Шубайрӣ, “Тавқиъ”, саҳ.584.
  15. Ниг.: Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.354.
  16. Ниг.: Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.356.
  17. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.588.
  18. Барои намуна ниг.: Қутби Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.695.
  19. Шубайрӣ, “Тавқиъ”, саҳ.581.
  20. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.487 ва 491 ва 495 ва 497 ва 505.
  21. Шубайрӣ, “Тавқиъ”, саҳ.581.
  22. Шубайрӣ, “Тавқиъ”, саҳ.582.
  23. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.121.
  24. Барои намуна, ниг.: Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, 1419ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.212 - 214; Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.635; барои мушоҳидаи дигар маворид ниг.: Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.255 - 320.
  25. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.248; Тӯсӣ, ал-Истибсор, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.171.
  26. Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.659.
  27. Шубайрӣ, “Тавқиъ”, саҳ.584.
  28. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.121.
  29. Канӣ, Тавзеҳ-ул-мақол, 1421ҳ.қ., саҳ.260.
  30. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.117.
  31. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.113.
  32. Ниг.: Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.482 - 532; Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.281 ба баъд.
  33. Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.220.
  34. Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.334.
  35. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.117.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиа фи аҳком-иш-шариат, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Зубайдӣ, Муртазо, Тоҷ-ул-арус мин ҷавоҳир-ил-қомус, тасҳеҳи Алии Шерӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Қум, интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
  • Канӣ Теҳронӣ, Алӣ, Тавзеҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, таҳқиқи Муҳаммадҳусайни Мавлавӣ, Қум, муассисаи илмӣ ва фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1421ҳ.қ.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷол-ул-Кашшӣ - ихтиёру маърифат-ир-риҷол, тасҳеҳи Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ, тасҳеҳ: Ҳасани Мустафавӣ, Машҳад, муассисаи нашри донишгоҳи Машҳад, 1409ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, Муассисат-ул-Имом-ил-Маҳдӣ алайҳиссалом, 1409ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, тасҳеҳи Муҳаммадалии Ҳайдарӣ, Сайид Маҳдии Шамсиддин, Сайид Абумуҳаммад Муртазавӣ ва Сайидалии Мусавӣ, Қум, муассисаи Сайидушшуҳадо, 1407ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), Қум, Дор-ул-ҳадис, 1393ҳ.ш.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, Қум, муассисаи нашруссаломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Омилӣ, Сайид Ҷавод ибни Муҳаммад, Мифтоҳ-ул-каромат фи шарҳ-ил-қавоид-ил-аломат, тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Холисӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳл-ил-лаҷоҷ, тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Хирсон, Машҳад, нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Истибсор фимо ухтулифа мин-ал-ахбор, тасҳеҳи Ҳасан Мусавии Хирсон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1390ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Китоб-ул-ғайбат, Қум, тасҳеҳи Ибодуллоҳ Теҳронӣ ва Алӣ Аҳмад Носеҳ, Қум, Дор-ул-маъориф-ил-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Қум, маркази нашри алсоқатил-исломия фил-олам, 1372.
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-аснод, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1413ҳ.қ.
  • Ҳорисӣ, Ҳусайн ибни Абдуссамад, Вусул-ул-ахбор ило усул-ил-ахбор, Абдуллатиф Ҳусайнии Куҳкамарӣ, Маҷмаъ-уз-захоир-ил-исломия, 1041ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, Ансориён, 1381ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, исломия, 1395ҳ.қ.
  • Шубайрӣ, Муҳаммадҷавод, “Тавқиъ”, Донишномаи ҷаҳони Ислом (ҷ.8), Теҳрон, 1383ҳ.ш.