Тавассул ба мурдагон
Ин мақола дар бораи тавассул ба мурдагон аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми тавассул, мадхали Тавассулро бубинед.
Тавассул ба мурдагон (форсӣ:تَوَسُّل به مردگان) ё тавассул ба амвот, восита (миёнарав) қарор додани бузургони диние монанди Маъсумон (шахсони бегуноҳ) пас аз маргашон назди Худованд барои бароварда шудани ҳоҷатҳо аст.
Тавассул ба мурдагон яке аз эътиқодоти мусалмонон, ба хусус шиаён аст, ки бар мабнои қабули шунидани мурдагон ва зиндагии барзахӣ бино шудааст.
Дар манобеъи шиа ва суннӣ мавориде аз тавассули Аҳли Байт (а) ва бархе аз саҳобагон ба Пайғамбар (с) баъд аз вафоти он ҳазрат омада аст.
Ваҳҳобиҳо ва Ибни Таймия тавассул ба мурдагонро ҷоиз ва шаръӣ намедонанд.
Ба эътиқоди олимони мусалмон, байни тавассул ба авлиёи Илоҳӣ дар замони ҳаёт ва маргашон ҳеҷ фарқе нест. Ҳамон гуна ки дар замони ҳаёти Пайғамбар (с) ва дигар авлиёи Худо аз онон метавон хост, то барои инсон дуою истиғфор кунанд, баъд аз маргашон низ ҳамин дархостро метавон кард.
Мафҳумшиносӣ
Тавассул ба мурдагон, восита қарор додани бузургони диние монанди маъсумон баъд аз маргашон назди худованд барои бароварда шудани ҳоҷатҳост.[1]
Шунаво будани мурадгон ва ҳаёти барзахӣ
Тавассул ба мурдагон дар сурате қабулкарданӣ аст, ки ақида ба ҳаёти барзахӣ ва симоъи мавто (мурдагон мешунаванд) пазируфта шавад ва имкони иртиботи зиндагон бо арвоҳ дар олами барзах ва шунидани овози зиндагон тавассути онон вуҷуд дошта бошад.[2]
Машруъият
Ҳамчунин бибинед: Тавассул
Барои машруъияти тавассул ба мурдагон ба оёти Қуръон, сираи Аҳли Байт ва сираи мусулмонон истинод шудааст:
Шавоҳиди қуръонӣ
Барои машруъияти тавассул ба амвот, ба умумияти ояти 64 сураи Нисо истидлол шудааст, ки муъмининро ташвиқ мекунад, ки аз Пайғамбар бихоҳанд барои онон истиғфор кунад. Ин умумият, замони ҳаёт ва марги Пайғамбар (с)-ро дарбар мегирад.[3] Ҳамчунин ояти 35 сураи Моида, тавассулро ба таври мутлақ ҷоиз мешуморад ва аз итлоқи ин оят истифода кардаанд, ки метавон ба арвоҳи муъминину пайғамбарон баъд аз маргашон низ тавассул ҷуст.[4]
Сираи имомони шиа
Бар асоси бархе манобеъ, имомони шиа баъд аз вафоти Пайғамбар ба ӯ мутавассил мешудаанд. Ҳазрати Алӣ (а)[5] ва Имом Ҳусайн (а) ба Пайғамбар (с)[6] тавассул кардаанд. Имом Саҷҷод (а) низ дар тавассул ба чаҳордаҳ маъсум байни зиндагону мурдагон фарқ нагузоштааст.[7][Ёддошт 1]
Ҳамчунин дуоҳои ба даст омада аз Аҳли Байт (а) монанди дуои Сариъул-иҷоба нишон медиҳад, ки тавассул ба бузургон баъд аз ҳаёташон низ мавриди супориш будааст.[8]
Рафтори саҳоба
Дар манобеи ривоии аҳли суннат, гузоришҳое аз тавассули бархе саҳоба ва мусулмонон ба Пайғамбар баъд аз вафоти он ҳазрат, нақл шудааст. Бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Тавассули Оиша барои бартараф шудани қаҳтию хушксолӣ ба Пайғамбар (с) ва қабри он ҳазрат.[9]
- Тавассули марде дар замони Усмон бо роҳнамоии Усмон ибни Ҳунайф ба Пайғамбари Акрам.[10][Ёддошт 2]
- Тавассули Билол ибни Ҳорис барои талаби борон ба Пайғамбар (с).[11]
- Бино бар гузорише, Молик ибни Анас дар гуфтугӯе бо Мансури Давониқӣ, чигунагии зиёрати Пайғамбар (с) ва тавассул ба он ҳазратро ба вай омухтааст.[12]
Дидгоҳи аҳли суннат
Бештари олимони аҳли суннат, тавассул ба амвотро ҷоиз дониста, ба бузургони динӣ мутавассил мешудаанд. Аз ҷумла:
- Самҳудӣ аз уламои шофеии қарни даҳуми қамарӣ гузоришҳое аз касоне ки бо тавассул ба Пайғамбар ба хостҳои худ расидаандро дар китоби «Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Мустафо» овардааст. Вай муътақид аст, истиғоса, шафоат ва тавассул ба Пайғамбар (с) назди Худованд аз корҳои анбиё ва сираи солеҳон буда ва дар ҳар замоне анҷом мегирифтааст; чӣ пеш аз хилқат ва чӣ баъд аз ӯ, чӣ дар ҳаёти дунявӣ ва чӣ дар барзах.[13]
- Абуали Хилол гуфтааст, ҳаргоҳ барояш мушкилие пеш меомад ба зиёрати қабри Имом Козим (а) мерафта, ба ӯ тавассул мекарда, мушкилаш бартараф мешудааст.[14] Аз Шофеӣ низ нақл шудааст, ки қабри Имом Козим (а)-ро «доруи шифобахш» тавсиф кардааст.[15]
- Олусӣ дар тафсири худ пас аз нақли бархе аз гузоришҳои торихӣ ва ривоёте дар боби тавассул ва таҷзияву таҳлили тӯлонии онҳо ба ин натиҷа мерасад, ки монеъе дар тавассул ба пешгоҳи Худованд ба мақоми Пайғамбар (с) нест, чӣ дар ҳоли ҳаёти Пайғамбар ва чӣ баъд аз реҳлаташ. Вай баъд аз баҳси нисбатан машруҳе дар ин замина, эътироф мекунад, тавассул ҷустан ба мақоми ғайри Пайғамбар низ дар пешгоҳи Худо монеъе надорад ба шарти инки ӯ ҳақиқатан дар пешгоҳи Худо мақоме дошта бошад.[16]
- Асқалонӣ баъд аз нақли ҷараёни дархости Умар ибни Хаттоб аз Ибни Аббос барои дуо ва талаби борон эътироф карда аст истифшоъ (талаби шафоат) ба аҳли хайру салоҳ ва ба хусус Аҳли Байт мустаҳаб аст.[17]
Дидгоҳи ваҳҳобиён
Ваҳҳобиён тавассул ба мурдагонро ҷоиз ва машрӯъ намедонанд. Ибни Таймия (ки ваҳҳобиён ба дидгоҳҳои ӯ истинод мекунанд) бар ин бовар аст, ки тавассул ба дуои Пайғамбар (с) ва солеҳон, фақат дар замони ҳаёти онон саҳеҳ аст ва тавассул ба онон баъд аз маргашон, ширк аст.[18]
Ҷавоб
Аз назари мувофиқони тавассул, байни тавассул дар ҳаёт ва мамоти авлиёи Илоҳӣ фарқе нест. Ҳамон гуна ки дар замони ҳаёти Пайғамбар (с) ва дигар авлиёи Худо метавон аз онон хост то барои инсон дуову истиғфор кунанд, баъд аз ҳаёташон низ метавон ҳамин дархостро дошт.[19] Ҳамчунин дар ин замина ба ояти «وَلَوْ أنَّهُمْ إذْ ظَلَمُوا أنْفُسَهُمْ جَاءُوک فَاسْتَغْفَرُوا اللهَ وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُوا اللهَ تَوَّاباً رَحیماً» [Нисо, 64] истинод шудааст, ки ҳам, замони ҳаёти Пайғамбар (с) ва ҳам баъд аз марги он ҳазратро дарбар мегирад.[20] Сираи мусулмонон аз ҷумла, саҳоба нишон медиҳад, ки тавассул ба амвот, амри ҷоизе будааст.[21]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Субҳонӣ, Буҳусун қуръония фи-л-тавҳиди ва-л-ширк, 1426ҳ.қ., саҳ.93.
- ↑ Субҳонӣ, Буҳусун қуръония фи-л-тавҳиди ва-л-ширк, 1426ҳ.қ., саҳ.111.
- ↑ Нававӣ, ал-Маҷмуъ, 1421ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.274.
- ↑ Руҷуъ кунед ба: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1380ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.365.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Наҳҷ-ул-балоға, ҳикмати 353, саҳ.479.
- ↑ Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.19.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.84, саҳ.285.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.583.
- ↑ Дорамӣ, Сунан-ул-Дорамӣ, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.227.
- ↑ Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.195.
- ↑ Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.195.
- ↑ Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.195.
- ↑ Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.195.
- ↑ Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133.
- ↑ Каъбӣ, ал-Имом Мусо ибни-л-Козим алайҳи-ссалом сияруҳу ва таърих, 1430ҳ.қ., саҳ.261.
- ↑ Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-и-Азим, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.297
- ↑ Ал-Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1397ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.497
- ↑ Ибни Таймия, Маҷмуъ-ул-фатово, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159. https://shamela. ws/book/6919/17
- ↑ Руҷӯъ кунед ба: Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.197 - 196.
- ↑ Руҷӯъ кунед ба: Ибни Таймия, Маҷмуъ-ул-фатово, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.197 - 195.
Ёддошт
Сарчашма
- Ал-Асқалонӣ, ибни Ҳаҷа, Фатҳ-ул-борӣ, таълиқоти Абдулъазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, Бейрут, Дорул-маърифат, 1397ҳ.қ.
- Дорамӣ, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон, Сунан-ул-Дорамӣ, таҳқиқи Ҳусайн Салим Асад ал-Доронӣ, алмамлакатул-арабият ас-Саъудия, Дорул-муғнӣ линнашри валтавзиъ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Маҷмуъат-ул-фатово, таҳқиқи Шайх Абдурраҳмон ибни Қосим, ал-мадинатул-набавия, маҷмаъул-малик Фаҳд, литабоъатил-мусҳафил-шариф, 1416ҳ.қ.
- Каъбӣ, Алӣ Мусо, ал-Имом Мусо ибни-л-Козим алайҳиссалом; сира ва таърих, марказ алрисола, 1430ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, интишороти исломия, 1362ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи чиҳилу якум, 1380ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1403ҳ.қ.
- Нававӣ, Муҳиддин ибни Шараф, ал-Маҷмуъ шарҳ-ил-муҳаззаб, Бейрут, Дорул-фикр, 1421ҳ.қ.
- Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Азизуллоҳ Уторидӣ, Теҳрон, бунёди Наҳҷ-ул-балоға, 1413ҳ.қ.
- Олусӣ, Сайидмаҳмуд, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим таҳқиқ: Алӣ Абдулборӣ Атия, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, ҷ.1, 1415ҳ.қ.
- Самҳудӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Мустафо, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 2006м.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун қуръония фи-л-тавҳиди ва-л-ширк, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи сеюм, 1426ҳ.қ.
- Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, таҳқиқи Ҳамд ибни Абдулмаҷид ал-Салафӣ, Қоҳира, мактабат Ибни Таймия, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
- Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1417ҳ.қ.
Пайванд ба берун
Қавидаст, Карима, Масъалаи тавассул ба амвот бо нигоҳе ба ояти 22 сураи муборакаи Фотир
Баррасии дидгоҳи ваҳҳобиён дар бораи тавассули салаф ба Пайғамбар пас аз ҳаёт
Симоъи мавто ва робитаи он бо тавассул ба арвоҳи авлиёи Илоҳӣ
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found