Ояти Аҳлуззикр

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти 43 Наҳл)
Ояти Аҳлуззикр
Маълумот дар бораи оят
Номи оятАҳлуззикр
Воқеъ дар сураиНаҳл, Анбиё
Шумораи оят43, 7
Ҷузъ14, 17
Шаъни нузулРадди пиндори мушрикон мабнӣ бар зарурати фаришта будани паёмбарон
Макони нузулМакка
МавзуъЭътиқодӣ
Дар бораиСавол кардан аз аҳли зикр
ДигарАз фазилатҳои Аҳли Байт (а)


Ояти Аҳлуззикр (арабӣ: آية أهل الذكر) ё ояти Суол (Наҳл: 43 ва Анбиё: 7) ҳамаи мардум, ба хусус мушриконро даъват мекунад, ки аз аҳли илм дар бораи ҳақиқати паёмбарии Пайғамбари Ислом (с) пурсанд. Ин оят ҳангоме нозил шуд, ки мушрикони Макка даъвати Пайғамбари Ислом (с)-ро инкор карданду гуфтанд, Худо бояд пайғамбарро аз фариштагон интихоб кунад.

Ба эътиқоди муфассирон, манзур аз аҳли зикр дар ин оятҳо, олимони яҳуду насоро ё доноён ба хабарҳои гузаштагон ва огоҳон ба аҳволи умматҳои гузашта аст ва мақсуд аз суол, пурсиш дар бораи нишонаҳои набувват аст, ки дар китобҳояшон вуҷуд дорад.

Муфассирон, зери ин ду оят бо истинод ривоятҳои сершумори китобҳои шиа ва аҳли суннат, Аҳли Байт (а)-ро равшантарин намунаи аҳли зикр донистаанд, ки бояд аҳкоми дин ва тафсирро аз онҳо ёд гирифт.

Дар баъзе китобҳои усулӣ барои ҳуҷҷияти хабари воҳид ба ин оят истинод шудааст.

Матн ва тарҷума

Шаъни нузул

Аз Ибни Аббос ривоят шудааст, замоне, ки Муҳаммад (с) ба пайғамбарӣ интихоб шуд, ин мавзуъ бар мардуми Макка гарон омад у мункири набуввати ӯ шуданд. Гуфтанд, Худо бузургтар аз он аст, ки аз миёни башар пайғамбаре баргузинад. Дар ҷавоби иддаои мушрикон, ин оят ва ояти дувуми сураи Юнус, «أَ كانَ لِلنَّاسِ عَجَباً أَنْ أَوْحَيْنا إِلى‏ رَجُلٍ مِنْهُمْ» (Оё барои мардум тааҷҷубовар аст, ки ба марде аз худашон ваҳй кардаем) нозил шуд.[1] Ҳамчунин гуфта шудааст, ояти Аҳлуззикр дар ҷавоби мушрикон нозил шуд, ки мегуфтанд, фиристодаи Худо чаро набояд аз ҷинси фаришта бошад.[2]

Мазмун

Табарсӣ дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён фарози ибтидоии оятро нишонгари ин нукта медонад, ки Худо расулашро аз ҷинси мардум фиристод, то мардум ӯро бубинанд, бо ӯ гуфтугӯ кунанд ва суханашро дарк кунанд; бинобар ин, дуруст нест, ки ба ҷои як башар, фариштаеро ҳамчун пайғамбар маъмури иблоғи паём кунад.[3]

Аллома Таботабоӣ низ оятро дар мақоми баёни кайфияти ирсоли расулон медонад, то мушрикон бидонанд даъвати динӣ, як даъвати оддӣ ва маъмулӣ аст, бо ин фарқ, ки Худо ба соҳибони ин даъват ба василаи ваҳй он чи салоҳи дунёву охират астро мефиристад ва ҳеҷ қудрати ғайбие вуҷуд надорад, ки ирода ва ихтиёри мардумро ботил ва ононро маҷбур ба қабули даъвати динӣ кунад ва ҳеҷ пайғамбаре ҳам иддао накардааст, ки қарор аст бо иродаи таквинӣ ва қудрати ғайбии ӯ низоми ҷории ҳоким бар ҷаҳон нобуд шавад.[4] Бар асоси назари вай зоҳири фарози дувуми оят «فَسْئَلُوا أَهْلَ الذِّكْرِ إِنْ كُنْتُمْ لا تَعْلَمُونَ» агарчи хитоб ба Расули Худо (с) ва қавмаш аст, вале умуми мардум ба вижа мушриконро мавриди хитоб қарор медиҳад, ки ҳар кас ҳақиқати даъвати набавиро нафаҳмида бошад, бояд аз аҳли илм суол кунад.[5]

Ба эътиқоди Аллома Таботабоӣ ҳарчанд зоҳири ояти Аҳлуззикр хитоб ба ҳамагон аст, аммо Пайғамбар ва муъминон, ки ҷараёни суннати Илоҳӣ дар бораи пайғамбарон (ки аз ҷинси инсонҳои одӣ ҳастанд) ва маъмурияташонро медонанд ва ниёзе ба пурсидан аз аҳли зикр надоранд ва мушрикон ҳам, ки натанҳо ба набувват ва рисолати Пайғамбар имон надоранд, балки ӯро истеҳзо мекунанд ва маҷнун мепиндоранд. Дар натиҷа фақат пайравони Таврот (яҳудиён) бо тавваҷуҳ ба ин ки бо Пайғамбар ҳам душманӣ доранд, ба унвони мухотабони оят боқӣ мемонанд.[6]

Макорими Шерозӣ дар Тафсири Намуна низ қисмати дувуми оят(суол аз аҳли итилоъ)-ро таъкид ва таъйиди ин воқеият медонад, ки кори расондани ваҳй ба инсонҳо аз тариқи оддӣ вазифаи пайғамбарон аст, на ин ки бо як нерӯи хориқулъода ва барҳам задани қавонини табиат, мардумро маҷбур ба қабули даъват ва тарки ҳамаи инҳирофот кунанд, ки агар чунин буд, дигар имон овардан ифтихор ва такомул набуд.[7]

Аҳлуззикр ва мисдоқҳои он

Муфассирон зайли ояти Аҳлуззикр, манзур аз аҳли зикр ва масодиқи онро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Бар асоси назари онҳо бо тавваҷуҳ ба мазмуни ин оят, манзур аз аҳли зикр, аҳли илм ва хубрагон ҳастанд; касоне ки бештарин тааллуқ ва синхиятро бо зикр (Қуръон, китобҳои осмонӣ ва ғ.) доранд ва дар оёти мавриди баҳс, аҳли зикр, уламои яҳуду насоро[8] ё олимон ба ахбори гузаштагон ва огоҳон ба аҳволи умматҳои гузаштагон ҳастанд.[9]

Мақсуд аз суол низ пурсиш аз нишонаҳои набувват аст, ки дар китобҳояшон вуҷуд дорад.[10] Бо ин ҳол, муфассирон мафҳуми аҳлуззикрро ом гирифта ва мисдоқҳои дигаре барои он зикр кардаанд. Дар миёни муфассирони шиа ва суннӣ ду дидгоҳ дар бораи мисдоқи аҳли зикр матраҳ аст:

Аҳли Байт (а)

Муфассирони шиа бо истинод ба ривоёти бешуморе[11] [Ёддошт 1] мисдоқи бориз ва комили аҳли зикрро Аҳли Байт (а) донистаанд.[12] Дар тафосире аз аҳли суннат низ бо такя бар ривоёте аз ҷумла, ривояти Саддӣ аз Ҳорис аз Имом Алӣ (а) манзур аз аҳлуззикр Муҳаммад, Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн муаррифӣ шудаанд; касоне ки аҳли илм ва маъдани таъвилу танзил ҳастанд.[13] Қуртубӣ ва Табарӣ аз муфассирони аҳли суннат, зайли ояти 7 сураи Анбиё ривоятеро нақл мекунанд, ки дар он Алӣ (а) дар замони нузули ин оят мефармояд «наҳну аҳлуззикр/ نحن اهل‌الذکر; мо аҳли зикр ҳастем».[14]

Дар китоби Басоир-уд-дараҷот 28 ривоят дар бобе бо унвони «Фӣ аиммати Оли Муҳаммад аннаҳум аҳлуззикр аллазина амараллоҳу бисуолиҳим/فی ائمة آل محمد انهم اهل الذکر الذین امر الله بسؤالهم; дар инки аимма (а) ҳамон аҳли зикр ҳастанд, ки Худованд ба суол аз онҳо амр кардааст», нақл шудааст, ки мурод аз аҳли зикрро Аҳли Байт муаррифӣ кардаанд.[15] Аз ҷумла дар ривояти ёздаҳуми ин боб аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки дар тафсири оят фармуд, манзур аз зикр Муҳаммад (с) аст ва мо аимма ҳам аҳли ӯ ҳастем ва аз мо бояд суол шавад.[16]

Кулайнӣ дар Кофӣ ҳам боби «Ан аҳлиззикр аллазина амараллоҳ-ул-халқа бисуолиҳим ҳум-ул-аимма/ ان اهل الذکر الذین امر الله الخلق بسؤالهم هم الائمه»-ро овардааст.[17] Маҷлисӣ ҳам дар Биҳор-ул-анвор дар боби «Аннаҳум (ал-аимма) алайҳимуссалом аззикр ва аҳлуззикр», ривоёте нақл мекунад, ки мурод аз аҳли зикр, имомони шиа ҳастанд.[18]

Дар тавзеҳи ривоёти фавқ ҳамчунин гуфта шудааст, мақсуди аимма аз ин ки гуфтаанд, мо аҳлуззикр ҳастем, зоҳири оят нест; зеро кофирони Макка мумкин набудааст аз аимма чизе бипурсанд ва бар фарзи пурсиш ҳам каломи эшонро ҳуҷҷат намедонистанд, чунонки каломи Расули Худоро намепазируфтанд. Бинобар ин, манзур аз ин ривоёт ташбеҳ ва тамсил аст. Бо ин тавзеҳ, ки ҳар чизро бояд аз аҳлаш пурсид. Ҳамон гуна ки башар будани пайғамбаронро аз олимони умматҳои пешин бояд пурсид, тафсир ва аҳкоми Исломро низ бояд аз имомони маъсум (а) пурсид.[19]

Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ қабули ин масъала, ки Аҳли Байт равшантарин мисдоқи аҳли зикр ҳастанд, бо нузули ин оят дар бораи донишмандони аҳли китоб зиддияте надорад; чароки дар ривоёти тафсирии Қуръон борҳо ин масъала такрор шуда ва мисдоқҳои муайяне вуҷуд дорад, ки мафҳуми васеъи оятро маҳдуд намекунад.[20]

Олимон

Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, ғолибан бо тавваҷуҳ ба мазмуни оят, аҳли зикрро аҳли китоб ё аҳли илм (уламо) маъно кардаанд.[21] Маънои аҳли зикр шомили тамоми касоне аст, ки илм ва огоҳии бештаре доранд. Ин оятро иршод ба яке аз усули уқалоӣ ва аҳкоми омми ақлӣ медонанд, ки аз вуҷуби руҷуъи ҷоҳил ба олим дар ҳар фану ришта сухан мегӯяд ва ба ҳамин ҷиҳат равшан аст, ки ин дастур як дастури тааббудӣ набуда ва амри он ҳам, амри мавлавӣ нест.[22]

Муфассирони аҳли суннат понздаҳ маъно барои аҳли зикр гуфтаанд,[23] ки мурод аз он се гурӯҳанд: «аҳли китоб ба таври аъам (ҳар китобе ба ғайр аз Таврот ва Инҷил) ё ахас (масалан аҳли Таврот)», «аҳли Қуръон»[24] ва «уламои Аҳли Байт».[25]

Корбурди фиқҳӣ

Дар усули фиқҳ, бархе барои исботи ҳуҷҷияти хабари воҳид ба ояти Аҳлуззикр истинод кардаанд; бо ин истидлол, ки вақте дар оят пурсидан аз аҳли зикр воҷиб шуморида шудааст, лузуман қабули сухани онҳо ҳам воҷиб мешавад; вагарна вуҷуби пурсидан лағв хоҳад буд.[26] Ишколоте ба ин истидлол матраҳ кардаанд; аз ҷумла: Шайх Муртазо Ансорӣ гуфтааст, бинобар ривоёт, мурод аз аҳлуззикр имомон аст, на ровиёни аҳодиси онҳо.[27]

Эзоҳ

  1. Муҳаққиқ, Намунаи баййинот дар шаъни нузули оёт, 1361ҳ.ш., саҳ.481.
  2. Воҳидӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.286.
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1371ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.557.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.256.
  5. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.257.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.257 - 258.
  7. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.241.
  8. Абуҳаён, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.533; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.258; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.244.
  9. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.557; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.258; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.244.
  10. Асғарпури Қаромалакӣ, “аҳлуззикр”, саҳ.132.
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210 - 211.
  12. Ҳувайзӣ, Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.55; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.244.
  13. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.432.
  14. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ-ул-аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.272; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.5.
  15. Саффори Қумӣ, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., боби 19, саҳ.38 - 43.
  16. Саффори Қумӣ, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., боби 19, саҳ.40.
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407, ҷ.1, саҳ.303.
  18. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.172.
  19. Шаъронӣ, Насри тубо, 1398ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.276.
  20. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.244.
  21. Наҷҷорзодагон ва Ҳодилав, “Баррасӣ ва арзёбии вуҷуҳи ҷамъи байни ривоёти аҳлуззикр”, саҳ.35.
  22. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.259.
  23. Башавӣ, “Нақд ва баррасии дидгоҳи фариқайн дар бораи аҳли зикр”, саҳ.57.
  24. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ-ул-аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.108.
  25. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.492.
  26. Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.132; Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300.
  27. Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133.


Ёддошт


Сарчашма

  • Абуҳаён, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баҳр-ул-муҳит фи-т-тафсир, Бейрут, Дорулфикр, 1420.
  • Ансорӣ, Муртазо, Фароид-ул-усул, Қум, муассисаи нашри исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Асғарпури Қаромалакӣ, Муҳсин, “Аҳлуззикр”, дар доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, Бустони китоб, 1383ҳ.ш.
  • Башавӣ, Муҳаммадяъқуб, “Нақд ва баррасии дидгоҳи фариқайн дар бораи аҳли зикр”, дар маҷаллаи пажуҳишномаи ҳикмат ва фалсафаи исломӣ, Қум, Ҷомеъатул-Мустафо алъоламия, шумораи 7, поизи 1382ҳ.ш.
  • Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбобу нузул-ил-Қуръон, таҳқиқи Камол Басюнӣ Зағлул, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, таҳқиқи Муҳаммадҳусайни Шамсиддин, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ-ул-аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаққиқ, Муҳаммадбоқир, Намунаи баййинот дар шаъни нузули оёт, Теҳрон, исломӣ, 1361ҳ.ш.
  • Наҷҷорзодагон, Фатҳуллоҳ ва Ҳодилав, Сумая, “Баррасӣ ва арзёбии вуҷуҳи ҷамъи байни ривоёти аҳлуззикр”, маҷаллаи улуми ҳадис, шумораи 65, поизи 1391.
  • Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим, Кифоят-ул-усул, Қум, муассисаи Олулбайт, 1409ҳ.қ.
  • Саффори Қумӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили оли Муҳаммад (с), тасҳеҳ ва таълиқи Мирзо Муҳсини Кучабоғии Табрезӣ, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмаърифат, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ҳувайзӣ, Абдулал ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, мусаҳҳеҳи Ҳошими Расулӣ, Қум, Исмоилиён, 1415ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайти лиэҳёилтурос, 1414ҳ.қ.
  • Шаъронӣ, Абулҳасан, Насри тубо, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1398ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found