Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ояти 18 сураи Зумар

Аз wikishia
Ояти 18 сураи Зумар
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиЗумар
Шумораи оят18
Ҷузъ23
Шаъни нузулНадорад
Макони нузулМакка
МавзуъЭътиқодӣ
Дар бораиВижагии улул-ул-албоб ва бандагони ҳидоятёфтаи Худо


Ояти 18 сураи Зумар (форсӣ: آیه ۱۸ سوره زمر) ду вижагӣ барои бандагони улул-ул-албоб ва ҳидоятёфтаи Худованд бармешуморад: шунидани сухан ва пайравӣ аз беҳтарини он. Дар ривоёти Аҳли Байт (а) ин оят бар амонатдорӣ дар нақли ҳадис (на афзудан ва на кам кардан дар нақл) ва низ пайравӣ аз имомони шиа (а) татбиқ шудааст.

Дар тафсири ин оят, ду дидгоҳи аслӣ дар бораи мурод аз "ал-қавл" матраҳ шудааст. Гурӯҳе онро ба Қуръон ва суханҳои тавҳидӣ тафсир карда ва эътиқод доранд, ки сиғаи тафзили "аҳсан" далолат бар гузиниши беҳтарин аз миёни гуфторҳои нек дорад. Дар муқобил, гурӯҳе дигар "ал-қавл"-ро ба маънии мутлақи гуфтор, новобаста аз ҳақ ё ботил, донистаанд ва бар ин асос, ташхиси "аҳсан"-ро ниёзманд ба ба коргирии ақл ва истидлол дар тамиз миёни ақволи мухталиф медонанд.

Ду вижагии бандагони ҳидоятёфта ва хирадманд

Ояти 18 сураи Зумар ва ояти қабл аз он ба баъзе аз вижагиҳои бандагони ҳидоятёфта ва хирадманд (улул-ул-албоб) ишора дорад. Қуръон дар ин ду оят, аз шеваи муқоиса баҳра бурда ва дар муқобили мушриконе, ки аз ҳақ рӯйгардон шудаанд, аз бандагоне ёд мекунад, ки мавриди башорати Илоҳӣ қарор гирифтаанд.[1]

Баъзе муфассирон, ояти 18 Зумарро дар пайванд бо ояти пешин тафсир кардаанд. Ба гуфтаи онон, башорати Илоҳӣ дар поёни ояти 17 («فَبَشِّرْ عِبادِ Фабашшир ибод») ба бандагоне ихтисос дорад,[2] ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҳаққанд ва пас аз шинохти он, аз он пайравӣ мекунанд.[3] Аз ин рӯ ин оят баёнгари вижагиҳои ин бандагон дониста шудааст.[4]

Дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён омадааст, ки вожаи «عبادِ» дар асл «ибодӣ» (бандагони ман) буда ва "ё"(ی)-и он ҳазф ва касра (ِ-) ҷойгузини он шудааст.[5]

Қавли аҳсан

Дар тафсири қавли аҳсан ду рӯйкарди аслӣ дар миёни муфассирон дида мешавад. Гурӯҳе онро ба Қуръон ва суханҳои тавҳидӣ тафсир кардаанд ва гурӯҳе дигар онро шомили мутлақи гуфтор, новобаста аз ҳаққу ботил, медонанд.[6]

ал-Қавл ба маънии Қуръон ва суханҳои тавҳидӣ

Шайхи Тӯсӣ дар китоби тафсири ат-Тибён ал-Қавлро нозир ба Қуръон ва маорифи тавҳидӣ донистааст. Вай бо истинод ба вожаи «أَحْسَنَهُ» эътиқод дорад, ки муъминон аз миёни ақволи нек, беҳтарини онро бармегузинанд.[7] Табарсӣ низ дар Маҷмаъ-ул-баён дидгоҳе монанд пешниҳод кардааст.[8]

Алии Астарободӣ дар китоби Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира низ ал-Қавлро ба Қуръон тафсир кардааст.[9] Баъзе дигар аз муфассирон, онро ба оёти дорои фазилати бештар[10] ё оёти муҳками Қуръон дар баробари муташобиҳот донистаанд, ки тобеият аз онҳо лозим ва аз муташобиҳот бидуни ирҷоъ наҳй шудааст.[11]

Дар баъзе тафсирҳо низ «қавли аҳсан» бо истинод ба оёти дигари Қуръон, ба даъвати Илоҳӣ ва суханҳои тавҳидӣ тафсир шудааст.[12]

ал-Қавл ба маънии мутлақи гуфтор

Фахри Розӣ ва Мулло Садро «ал-Қавл»-ро шомили ҳамаи ақвол, новобаста аз ҳақ ё ботил, донистаанд.[13] Бар асоси ин дидгоҳ, ҳидояти инсон дар гарави он аст, ки пас шунидани ақволи мухталиф, беҳтарин ва саҳеҳтарини онҳоро бигузинад ва тамизи ҳаққу ботилро бо ақл ташхис диҳад.[14]

Таботабоӣ, муфассир ва илоҳидони шиӣ, «Қавл»-ро ба сухане тафсир карда, ки инсонро беҳтар ба ҳақ бирасонад ва хайрхоҳонатар бошад.[15] Вай ин гароишро бархоста аз фитрати инсон медонад, ки ба таври табиӣ ба сӯи хайру камол майл дорад.[16] Аз ин рӯ, инсон дар сурати мувоҷеҳа бо маротиби мухталифи ҳақ, ба сӯи мартабаи бартари он гароиш пайдо мекунад.[17]

Макорими Шерозӣ, муфассири шиа, низ тафсири «ал-Қавл»-ро ба Қуръон напазируфта ва зоҳири оятро нозир ба умуми гуфтор донистааст.[18] Ба бовари вай, оят бар баррасӣ ва гузиниши огоҳонаи дидгоҳҳо ва суханҳои мухталиф далолат дорад.[19]

Ривоёти тафсирӣ

Ривоёти Аҳли Байт (а) дар тафсири ояти 18 сураи Зумар, бар даққати шунидан, амонатдорӣ дар нақли ҳадис ва пайравӣ аз ҳақ таъкид доранд.[20] Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а), мақсуд аз ин оят, пайравони ростин Оли Муҳаммад (с) ҳастанд;[21] касоне, ки аҳодиси ононро бидуни афзудан ё костани нақл мекунанд.[22]

Дар ривояте дигар, Имом Козим (а) хатооб ба Ҳишом ибни Ҳакам, ин гурӯҳро «аҳли ақлу фаҳм» муаррифӣ карда; зеро Худованд ононро ба сабаби пайравӣ аз беҳтарин сухан, ҳидоятёфта ва хирадманд номидааст.[23]

Имом Алӣ (а) низ дар васият ба Муҳаммад ибни Ҳанафия вазифаи гӯшро парҳез аз шунидани суханҳои нодуруст ва таваҷҷӯҳ ба гуфтори нек ва ҳақ дониста ва ин маъноро бо ояти 18 Зумар марбут кардааст.[24]

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.411.
  2. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, бетаърих, ҷ.9, саҳ.17; Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.437.
  3. Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, 1404ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.200.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.250.
  5. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.770.
  6. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.38.
  7. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, бетаърих, ҷ.9, саҳ.17
  8. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.770.
  9. Астарободӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира, 1409ҳ.қ., саҳ.21.
  10. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, бетаърих, ҷ.9, саҳ.17
  11. Мусбоҳи Яздӣ, Қуръоншиносӣ, 1394ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.42.
  12. Қироатӣ, Тафсири нур, 1383ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.155.
  13. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.437; Мулло Садро, Шарҳи усули кофӣ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.253.
  14. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.437; Мулло Садро, Шарҳи усули кофӣ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.253.
  15. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.250.
  16. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.250.
  17. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.250.
  18. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.413.
  19. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.412.
  20. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.703.
  21. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.770.
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.51.
  23. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.13; Ҳувайзӣ, Тафсири нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.482.
  24. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.626; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.168.

Сарчашма

  • Астарободӣ, Алӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира фи фазоилул-итратит-тоҳира, мусаҳҳеҳ: Устудвалӣ, Ҳусайн, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Қисми дурӯсоти исломии Муассисаи биъсат, Теҳрон, Бунёди Беъсат, 1416ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, интишороти ал-Кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1383ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Оли-р-Расул, мусаҳҳеҳ: Ҳошими Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
  • Мулло Садро, Муҳаммад ибни Иброҳим, Шарҳи усули кофӣ, мусаҳҳеҳ: Муҳаммади Хоҷаӣ, Теҳрон, Муассисаи мутоалиот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, 1383ҳ.ш.
  • Мусбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Қуръоншиносӣ, Қум, Муассисаи омӯзишӣ-пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, 1394ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, интишороти Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири нур-ус-сақалайн, таҳқиқ: Сайид Ҳошими Расулии Маҳаллотӣ, Қум, интишороти Исмоилиён, 1415ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, мусаҳҳеҳ: Муассисаи Олил-Байт алайҳимуссалом, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт алайҳимуссалом, 1409ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Сайид Муҳаммад, Анвори дурахшон, таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Баҳбудӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Лутфӣ, 1404ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмади Қасири Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.