Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ояти 116 сураи Нисо

Аз wikishia
Ояти 116 сураи Нисо
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиНисо
Шумораи оят116
Ҷузъ5
Макони нузулМадина
Дар бораиБахшида нашудани ширк ва имкони бахшиши ҳамаи гуноҳон ғайр аз ширк
Оёти муртабитОяти 48 сураи Нисо, Ояти 53 сураи Зумар


Ояти 116 сураи Нисо (форсӣ: آیه ۱۱۶ سوره نساء) баён мекунад, ки ҳар гуноҳе мумкин аст бахшида шавад,[1] ҷуз ширк, ки ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад.[2] Муфассирон бо такя ба ин оят, ширкро бузургтарин гуноҳ медонанд.[3]

Ин оят аз умедбахштарин оятҳои Қуръон ба шумор меояд.[4] Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ дар ояти 48 Нисо, фасоди ширк аз ҷанбаи Илоҳӣ тарҳ шуда, дар ҳоле ки дар ин оят, зиёнҳои он барои мардум баён шудааст.[5] Муфассирон такрори ин ду оятро баёнгари аҳамияти ин мазмун медонанд.[6]

Аз назари баъзе муфассирон мақсуд аз бахшиши гуноҳони ғайр аз ширк, он аст ки ин гуноҳон қобилияти омурзиш доранд[7] аммо бахшиши онҳо вобаста ба машияти Илоҳӣ аст.[8]

Алломаи Таботабоӣ ояти 116 сураи Нисоро тавзеҳ ё далели ояти қаблӣ дониста ва бо таваҷҷуҳ ба сиёқи оятҳо, душманӣ бо Пайғамбар (с)-ро аз намунаҳои ширк ба Худованд медонад.[9] Дар поёни оят, ширк ба «гумроҳии дур» ташбеҳ шуда, ки ба гуфтаи Мулло Фатҳуллоҳи Кошонӣ, баёнгари ниҳояти залолат ва болотaрин дараҷаи гумроҳӣ аст.[10]

Дар бораи сабаби нузули оят, нақл шудааст ки пирамарди аъробӣ аз Пайғамбар (с) дар бораи саранҷоми худ пурсид, дар ҳоле ки ба гуноҳонаш иқрор мекард, аммо муртакиби ширк нашуда ва ба куфр бознагашта буд. Дар посухи ӯ ин оят нозил шуд.[11] Дар нақли дигар, ин оят дар бораи Туъайма ибни Абирақ нозил шуд, ки муртад шуда буд.[12]

Дар тафсирҳо омадааст, ки ҳеҷ амали солеҳе дар сурати ҳамроҳӣ бо ширк, муҷиби наҷоти инсон намешавад.[13] Ҳамчунин гуфта шуда, ки бахшида нашудани ширк марбут ба ҳолатест, ки шахс мушрик аз дунё биравад ва дар ғайри ин сурат ҳар гуноҳе бо тавба қобили омурзиш аст.[14]

Эзоҳ

  1. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.3, саҳ.409.
  2. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.5, саҳ.83.
  3. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.4, саҳ.132; Қироатӣ, Тафсири нур, ҷ.2, саҳ.164.
  4. ↑ Қироатӣ, Тафсири нур, ҷ.2, саҳ.163.
  5. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.4, саҳ.133.
  6. ↑ Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-Ҷомеъ, ҷ.1, саҳ.288; Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, ҷ.2, саҳ.97.
  7. ↑ Қурашӣ Бунобӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.2, саҳ.453.
  8. ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, ҷ.6, саҳ.113.
  9. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.5, саҳ.83.
  10. ↑ Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, ҷ.3, саҳ.115.
  11. ↑ Майбудӣ, Кашф-ул-асрор, ҷ.2, саҳ.689.
  12. ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, ҷ.6, саҳ.113.
  13. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.3, саҳ.409.
  14. ↑ Қурашӣ Бунобӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.2, саҳ.453.

Сарчашма

  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва равҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Остони қудси разавӣ, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1408ҳ.қ.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Фатҳуллоҳ ибни Шукруллоҳ, Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, Китобфурӯшии исломия, бетаърих.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
  • Қурашӣ Бунобӣ, Алиакбар, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, Бунёди баъсат, Маркази чоп ва нашр, 1375ҳ.ш.
  • Майбудӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Кашф-ул-асрор ва уддат-ул-аброр, Теҳрон, Амири Кабир, 1371ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломӣ, 1371ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, тасҳеҳи Абулқосим Гурҷӣ, Қум, Ҳавзаи илмияи Қум, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.