Ояти Улул-амр

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояи 59 сураи Нисоъ)
Ояти Улул-амр
Ин мақола дар бораи ояти Улул-амр аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми улул-амр, мадхали Улуламрро бибинед.

Ояти Улул-амр ё ояти Итоат (Нисо, 59) муъминонро ба итоат аз Худо, Расули Худо (с) ва улул-амр дастур додааст. Аз назари шиаён ва бархе аз аҳли суннат ҳамчун Фахри Розӣ, ин оят бар исмати улул-амр далолат дорад.

Шиаён бар асоси ривоёт, мурод аз улул-амрро имомони шиа (а) медонанд ва муътақиданд, ин оят бар исмат ва фарз будани итоат аз онҳо далолат мекунад, аммо аҳли суннат дар ин бора ихтилофи назар доранд.

Хулафои рошидин, ҳар ҳокими одил, олимони динӣ ва маҷмӯи уммати исломӣ аз ҷумлаи намунаҳо ва мисдоқҳое ҳастанд, ки уламои аҳли суннат барои улуламр баён кардаанд.

Матн ва тарҷумаи оят

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَطِيعُواْ الله وَأَطِيعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِي الأَمْرِ مِنكُمْ فَإِن تَنَازَعْتُمْ فِي شَيْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى الله وَالرَّسُولِ إِن كُنتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ ذَلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلاً ﴿۵۹ نساء﴾

Эй касоне ки имон овардаед, Худоро итоат кунед ва пайғамбар ва улул-амри худро [низ] итоат кунед. Пас ҳаргоҳ дар амре [диние] ихтилофи назар ёфтед, агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доред, онро ба [китоби] Худо ва [суннати] Пайғамбари [Ӯ] арза бидоред. Ин беҳтару некфарҷомтар аст.

Далолат бар исмат ва фарз будани итоати улул-амр

Аз назари муфассирони шиа, ояти Улуламр бар исмати улуламр далолат дорад.[1] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, атфи улул-амр бар Пайғамбар (с), бе такрори феъли «атиъу/ أَطیعُوا», нишонаи ин аст, ки ҳамонгуна ки итоат аз Расули Худо (с) мутлақан фарз аст, итоат аз улул-амр низ беқайду шарт фарз аст.[2] Агар Худованд ба итоати беқайду шарт аз касе фармон диҳад, он кас, маъсум хоҳад буд; чун агар маъсум набошад ва дастур ба анҷом додани гуноҳ диҳад, иҷтимои нақизайн лозим меояд; яъне ҳам бояд аз ӯ итоат кард (бино бар фармоне, ки Худованд додааст) ва ҳам итоат накард (бино бар инки инсон набояд гуноҳ кунад).[3] Фахри Розӣ - муфассири аҳли суннат, низ муътақид аст, ки ин оят бар исмати улул-амр далолат мекунад. Албатта масодиқашро имомони шиа намедонад.[4]

Ибни Таймия - [5] пешвои салафия ва Носир ал-Қафорӣ[6] аз ваҳобиён, бар онанд, ки ҷумлаи «فَإِنْ تَنازَعْتُمْ فِی شَیْ‏ءٍ فَرُدُّوهُ إِلَی اللهِ وَ الرَّسُولِ» бар ин нукта далолат дорад, ки ғайр аз Расули Худо (с) маъсуми дигаре надорем; зеро дар ин оят ба муъминон дастур дода шудааст, ки ҳангоми танозуъ, ба сӯи Худо ва Пайғамбар (с) бозгарданд. Аз дидгоҳи онон, агар ғайр аз Пайғамбар (с), маъсуми дигаре вуҷуд медошт, Худованд ба бозгашт ба сӯи ӯ низ фармон медод.

Дар ҷавоб ба ин ашхос, гуфта шудааст, манзур аз ихтилофу танозуъ дар оят, ихтилоф дар аҳком ва қонунҳои куллии Ислом аст, ки ташреъи онҳо бо Худо ва Расули Худо (с) аст ва имомон (а) ҳамвора дар масири иҷрои аҳкоми Худою Пайғамбар (с) ҳастанд.[7] Ва бар асоси ояти 83 сураи Нисо, руҷуъ ба аимма (а) ба манзалаи руҷуъ ба Худою Пайғамбар (с) аст; зеро аимма (а) дар сиёнат ва ҳифзи шаръ ҳамчун Пайғамбар (с) ҳастанд.[8]

Улуламр киҳо ҳастанд?

Дар бораи мисдоқи улуламр, байни шиаю суннӣ ихтилофи назар ҳаст: шиаён муътақиданд, манзур аз улуламр, имомони дувоздаҳгона аст, аммо ба бовари аҳли суннат, хулафои рошидин ё ҳокимони одил ё уламо мисдоқи улуламранд.

Имомони шиа

Ривоёти мутааддиде дар манобеи шиа[9] ва аҳли суннат[10] манзур аз улуламрро аимма (а) муаррифӣ мекунанд.[11] Уламои шиа бар асоси ин ривоёт, мисдоқи улуламрро имомони дувоздаҳгона медонанд.[12] Бархе аз ин ривоёт аз ин қарор аст:

  1. Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ, дар ривояте, ки ба ҳадиси Ҷобир маъруф аст, аз Пайғамбар (с) дар бораи калимаи «улул-амр» савол кард. Пайғамбар (с) дар ҷавоб гуфт, онон ҷонишинони ман ва имомони мусулмонони баъд аз ман ҳастанд, ки аввали онон Алӣ ибни Абутолиб аст ва баъд аз ӯ ба тартиб номи якояки дувоздаҳ имомро зикр кард.[13]
  2. Дар тафсири ояти Улуламр аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, улул-амр, имомоне аз фарзандони Алӣ ва Фотима (с) ҳастанд, то онки рӯзи қиёмат барпо шавад. Дар ривояти дигаре аз Имом Боқир (а) омадааст, Худованд аз улул-амр фақат моро қасд кардааст ва ҳамаи муъминонро то рӯзи қиёмат ба пайравии мо фармон додааст.[14]
  3. Имом Содиқ (а): «Онон (улул-амр) Алӣ ибни Абутолиб, Ҳасан, Ҳусейн, Алӣ ибни Ҳусейн, Муҳаммад ибни Алӣ ва Ҷаъфар, яъне ман ҳастем. Шукри Худоро ба ҷой оваред, ки имомон ва раҳбаронатонро дар замоне ба шумо шиносонд, ки мардум ононро инкор мекунанд!».[15]

Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон гуфтааст, манзур аз улул-амр афроде ҳастанд, ки аз назари исмат ва фарз будани амал ба фармонҳояшон, монанди Пайғамбаранд ва ин зиддият надорад, ки мафҳуми улул-амр густарда бошад, вале мисдоқаш мушаххасу маҳдуд; чунонки дар ҳамин оят, калимаи расул мафҳумаш густарда аст, дар ҳоле ки мақсуд аз он фақат ҳазрати Муҳаммад (с) аст.[16]

Хулафои рошидин ва ҳар ҳокими одил

Уламои аҳли суннат дар бораи мисдоқҳои улул-амр дидгоҳҳои мухталифе доранд. Бархе манзур аз улуламрро хулафои рошидин медонанд, ба бовари ҷамъе дигар, манзур аз он, олимони динӣ аст. Касоне ҳам гуфтаанд, фармондеҳони сарияҳо мисдоқҳои улул-амранд.[17] Аз назари Замахшарӣ - муфассири аҳли суннат, манзур аз он, ҳар ҳокими одиле аст, ки бар асоси дин ҳукумат мекунад; ҳамчун хулафои рошидин ва ҳокимоне ки монанди онон амал мекунанд.[18] Фахри Розӣ, мисдоқи онро аҳли ҳаллу ақд медонад, ки бо иҷмоъи уммат ҳуҷҷият меёбанд.[19]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Тусӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.236; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.391.
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.391.
  3. Музаффар, Далоил-ус-сидқ, Мактабатуз-зуҷоҷ, ҷ.2, саҳ.17.
  4. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.113 - 114.
  5. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.381.
  6. Қафорӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиъат-ил-имомийя, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.792.
  7. Ниг.: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.441; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.388 ва 389.
  8. Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.236; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100.
  9. Ниг.: Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.109 - 115.
  10. Ибни Мардавия, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.236; Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.190 ва 191.
  11. Макорими Шерозӣ, Оёти вилоят дар Қуръон, 1386ҳ.ш., саҳ.116.
  12. Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.236; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.399.
  13. Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.54 - 55; Қундӯзӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.341.
  14. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, Исмоилиён, саҳ.383 ва 386.
  15. Айёшӣ, Тафсири Айёшӣ, 1363ҳ.ш., саҳ.252, ҳадиси 174.
  16. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.401.
  17. Ниг.: Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.113, 114.
  18. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.524.
  19. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.113.

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсири Айёшӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Мактабат илмия исломийя, 1363ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Исмоилиён, бе то.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, Ғоят-ул-маром ва ҳуҷҷат-ул-хисом фи таъйин-ил-имом, таҳқиқи Сайидалии Ошур, Бейрут, Муассисаи таърихи исломӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Мардавияи Исфаҳонӣ, Абубакр Аҳмад ибни Мусо, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб (а) ва мо нузила мин-ал-Қуръон фи Алӣ, таҳқиқи Абдурразоқ Муҳаммадҳусейн Ҳирзуддин, Қум, Дорул-ҳадис, чопи дувум, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя фи нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадарийя, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, Ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Саъуд ал-исломийя, чопи аввал, 1406ҳ.қ. - 1986м.
  • Қафорӣ, Носир Абдуллоҳ ибни Алӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиъат-ил-имомийят-ил-исноъашарийя; арз ва нақд, ҷизаҳ, Дорул-Ризо, чопи чаҳорум, 1431ҳ.қ. - 2010м.
  • Қундузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат ли завӣ-л-қурбо, Қум, Усва, 1422ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Оёти вилоят дар Қуръон, Қум, интишороти Насли ҷавон, 1386ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Музаффар, МуҳаммадҲасан, Далоил-ус-сидқ, Теҳрон, Мактабатуз-зуҷоҷ, бе то.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Фазлуллоҳ Яздӣ ва Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусейн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи аввал, бе то.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Хаззози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аимматил-исноъашар, тасҳеҳ: Абдуллатиф Ҳусейнӣ Куҳкамарӣ, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Ҳокими Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, Теҳрон, Вазоратус-сақофати вал-иршодул-исломӣ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.