Ояти Саала соил

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояи саала соил)
Ояти Саала соил
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти Азоби воқеъ
Воқеъ дар сураиМаориҷ
Шумораи оят1
Ҷузъ29
Шаъни нузулазоби Нуъмон ибни Ҳориси Фаҳрии эътирозкунанда ба ҷонишинии Имом Алӣ (а) дар Ғадири Хум
Макони нузулМадина


Ояти Саала соил ё ояти Азоби воқеъ (Маориҷ: 1 ва 2) дар бораи дархости азоб тавассути шахсе кофар аз ҷониби Худо аст. Ба гуфтаи муфассирон, пас аз ин дархост, санге аз осмон бар сари дархосткунандаи азоб фуруд омад ва кушта шуд.

Муфассирони шиа, шаъни нузули ин оятро моҷарои эътирози Нуъмон ибни Ҳориси Фаҳрӣ ба эъломи ҷонишинии Имом Алӣ (а) дар воқеаи Ғадир донистаанд. Ибни Таймия – пешвои салафия, дар шаъни нузули ин оят дар бораи воқеаи Ғадир ташкик кардааст. Иддаои маккӣ будани сураи Маориҷ ва машҳур набудани моҷарои мазкур аз далоил ӯст.

Алломаи Таботабоӣ дар ҷавоби Ибни Таймия гуфтааст ҳарчанд сиёқи оёти мазкур бо сураҳои Маккӣ ҳамоҳанг аст, вале оёти дигаре аз ин сура дар бораи мунофиқон ва воҷиб шудани закот, мутобиқ бо оёти сураҳои маданист; ба ҳамин далел ояти саала соил ҳам маданист. Алломаи Аминӣ дар китоби ал-Ғадир, барои исботи шуҳрати маданӣ будани ин оят, ба гуфтаи сӣ тан аз олимони маъруфи аҳли суннат истинод кардааст.

Матн ва тарҷума

Ба гуфта Алломаи Таботабоӣ, ояти Саала соил бо навъе таҳаккум ва таҳқир барои иҷобат ҳамроҳ аст ва аз дархости азоб (азобе ки махсуси кофарон аст ва дафъкунандае барои он нест), тавассути баъзе аз куффор ҳикоят мекунад.[1] Калимаи савол ба талаб ва дуо маъно шудааст.[2]

Шаъни нузул

Ба назари теъдоде аз муфассирони шиа, ояти нахусти сураи Маориҷ дар бораи Нуъмон ибни Ҳориси Фаҳрӣ ё шахси дигаре[3] аст, ки ба эъломи ҷонишинии Имом Алӣ (а) дар воқеаи Ғадир эътироз кард.[4] Ӯ вақте хабари ҷонишинии ҳазрати Алӣ (а)-ро аз Паёмбар (с) шунид, хитоб ба Паёмбар (с) гуфт аз мо хостӣ ба ягонагии Худо ва набувватат шаҳодат диҳем, мо ҳам шаҳодат додем. Сипас моро ба ҷиҳод, ҳаҷ, рӯза, намоз ва закот амр кардӣ, мо ҳам пазируфтем; аммо ба инҳо розӣ нашудӣ то ин ки ин ҷавон(Алӣ (а))-ро ба ҷонишинии худ мансуб кардӣ.[5] Оё ин тасмими худат аст ё Худо? Паёмбар савганд ёд кард, ки ин сухан аз ҷониб Худованд аст. Нуъмон гуфт: «Худовандо, агар ин сухан ҳақ аст ва аз ҷониби Туст, санге аз осмон бар мо биборон.»[6] Бар асоси ривоёт, пас аз дархости вай, санге аз осмон бар сараш фуруд омад ва кушта шуд. Сипас ин оят нозил шуд.[7]

Бархе аз муфассирон, шаъни нузули ин оятро марбут ба Назр ибни Ҳорис донистаанд.[8] Ӯ дар Масҷид-ул-ҳаром бо ҳолати тамасхуромез хитоб ба Паёмбар (с) гуфт: «Худоё агар Муҳаммад бар ҳақ аст ва он чи мегӯяд аз Туст, санге бар мо бибор ё моро ба азоби алим гирифтор кун.»[9] Пас аз сухани ӯ, ин оят бар Паёмбар (с) нозил шуд.[10] Албата ин гурӯҳ аз муфассирон дар зайли оят ба моҷарои Нуъмон ибни Ҳорис низ ишора кардаанд, ҳарчанд қавли дигарро тарҷеҳ додаанд.[11] Ҳамчунин гуфта шуда ин оят дар бораи Абуҷаҳл нозил шуда ва ояти «فَأَسْقِطْ عَلَيْنا كِسَفاً مِنَ السَّماءِ إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ»[12] нақли қавл аз забон ӯст.[13] Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ дар бораи номи ин шахс миёни Нуъмон ибни Ҳориси Фаҳрӣ, Ҳорис ибни Нуъмон ё Ҷобир ибни Назр ихтилоф вуҷуд дорад, вале ин матлаб таъсире дар асли моҷарои шаъни нузул надорад.[14] Бархе нависандагон монанди Макорими Шерозӣ Нуъмонро фарде мунофиқ[15] ва бархе вайро яҳудӣ[16] муаррифӣ кардаанд.

Иртибот бо воқеаи Ғадир

Ибни Таймия ва Олусӣ аз олимон ва муфассирони аҳли суннат, муътақиданд ин оят бо воқеаи Ғадир иртибот надорад; чунки сураи Маориҷ дар Макка ва қабл аз ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Мадина нозил шудааст, дар ҳоле ки воқеаи Ғадир дар соли даҳуми қамарӣ ва пас аз бозгашти Паёмбар (с) аз ҳаҷҷат-ул-видоъ рух додааст.[17] Дар муқобил, Аллома Таботабоӣ гуфтааст ҳарчанд сиёқи оёти нахусти ин сура, ҳамонанди сураҳои маккӣ ва дар бораи азоби куффор дар рӯзи қиёмат аст, аммо дар ин сура, оёте вуҷуд дорад, ки собит мекунад оёти нахустини он маданианд; аз ҷумла ояти 24 ки дар он сухан аз закот аст ва закот дар Мадина ташреъ шудааст.[18] Ба гуфтаи вай оёти мазкур дар бораи мунофиқон аст ва ин бо маданӣ будани он бештар татбиқ дорад; зеро пайдоиши нифоқ дар Мадина будааст.[19]

Ибни Таймия ҳамчунин муътақид аст дар сурате ки моҷарои Нуъмон ибни Ҳорис [Ёддошт 1] дуруст бошад, миёни муҳтавои ояти 33 сураи Анфол ва нузули азоб бар Нуъмон дар замони ҳузури Паёмбар (с), носозгорӣ вуҷуд дорад;[20] ба ҷиҳати он ки аз ривоёт ба даст меояд, ки Ҳорис ибни Нуъмон бо ин ки мабонии Исломро қабул дошта, дар замони ҳузури Паёмбар (с) азоб шудааст, аммо бар асоси ояти 33 сураи Анфол, то замоне ки Паёмбар (с) дар миёни умматаш бошад, Худо ононро азоб намекунад.[21] Дар посухи ин ҳарфи Ибни Таймия гуфтаанд ояти 33 сураи Анфол дар хусуси азоби дастаҷамъӣ аст ва азобҳои шахсиро шомил намешавад;[22] чунонки дар таърихи Ислом, номи Абузамъа, Молик ибни Талола ва Ҳакам ибни Абилъос ба унвони касоне ки дар замони Паёмбар (с) дучори азоби Илоҳӣ шудаанд, сабт шудааст.[23] Ҳамчунин эътирози Нуъмон ба амри Худои худ шадидтарин мартабаи куфр аст ва ба навъе иртидод ба ҳисоб меояд.[24]

Зикр нашудани номи Нуъмон дар бархе аз манобеи саҳобанигорӣ, ҳамчун ал-Истиоб ва машҳур набудани моҷароӣ ӯ монанди достони Асҳоби Фил аз дигар ишколоти Ибни Таймия аст.[25] Дар посухи ӯ омада, ки дар манобеи саҳобанигорӣ, номи тамоми саҳоба зикр намешавад. Барои намуна дар китоби «Усуд-ул-ғобаҳ» ки дар бораи асҳоби Паёмбар (с) навишта шуда, танҳо номи 7504 нафар зикр шудааст, дар ҳоле ки дар ҳаҷҷат-ул-видоъ 100 ҳазор нафар ё бештар ҳамроҳи Паёмбар (с) буданд.[26] Ҳамчунин гуфтаанд моҷарои Нуъмон ибни Ҳорис шаъни нузули машҳури оят аст ва дар китоби ал-Ғадир - асари Аллома Аминӣ, ин моҷаро аз сӣ тан аз уламои маъруфи аҳли суннат нақл шудааст.[27]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.6
  2. Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.6; Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.62; Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.10, саҳ.113
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.8; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.11
  4. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.6
  5. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.62; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.6; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.11; Шарифи Лоҳиҷӣ, Тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.574; Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1330ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.4; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.529
  6. Сураи Анфол, ояти 32
  7. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.7; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.11
  8. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.63
  9. Сураи Анфол, ояти 32
  10. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1419ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.235; Қумии Кошонӣ, Манҳаҷ-ус-содиқин, 1330ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.3; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.278
  11. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.278; Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.62
  12. Сураи Шуаро, ояти 187
  13. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.62
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.8
  15. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.153
  16. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Амиралмуъминин (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, Дор-ул-ҳадис, ҷ.2, саҳ.311
  17. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.63; Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.45
  18. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.5 - 6
  19. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.6
  20. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.46
  21. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.46
  22. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.12
  23. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.12 - 13
  24. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.13
  25. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.47 - 46
  26. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.14
  27. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.7 - 8

Ёддошт:


Сарчашма

  • Қуръони Карим, тарҷумаи Фулодванд.
  • Абуҳайёни Андалусӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баҳр-ул-муҳити фи-т-тафсир, таҳқиқи Сидқӣ Муҳаммад Ҷамил, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1420ҳ.қ.
  • Алломаи Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, таҳқиқи Муҳаммадҳусайни Шамсиддин, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийяти фи нақзи калом-иш-шиат-ил-қадарийя, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, Ҷомеъат-ул-имом Муҳаммад ибни Сауд ал-исломийя, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Кошонӣ, Муллофатҳуллоҳ, Манҳаҷ-ус-содиқин, Теҳрон, чопхонаи Муҳаммадҳасани Илмӣ, 1330ҳ.ш.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хусрав, 1364ҳ.ш.
  • Мазҳарӣ, Муҳаммади Саноуллоҳ, Тафсир-ул-Мазҳарӣ, Покистон, Мактабаи Рушдия, 1412ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1374ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Амиралмуъминин (а) бар пояи Қуръон, ҳадису таърих, Қум, Дор-ул-ҳадис, бе то.
  • Олусӣ, Сайид Маҳмуд, Рӯҳ-ул-маонӣ фи Тафсир-ил-Қуръон-ил-азим, таҳқиқи Алӣ Абдулборӣ Атийя, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Шарифи Лоҳиҷӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, таҳқиқи Мирҷалол‏иддини Ҳусайнии Армавӣ, Теҳрон, Дод, 1373ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found