Муқсит ибни Зуҳайри Тағлабӣ
Номи комил | Муқсит ибни Зуҳайри Тағлабӣ |
---|---|
Маҳалли зиндагӣ | Кӯфа |
Насаб | қабилаи Тағлаб |
Санаи шаҳодат | соли 61ҳ.қ. |
Маҳалли шаҳодат | Карбало |
Маҳалли дафн | Ҳарами Имом Ҳусайн |
Хешовандон | Курдус ва Қосит |
Аз ëрони | Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) |
Муқсит ибни Зуҳайр ибни Ҳарси Тағлабӣ (арабӣ: مقسط بن زُهیر بن حرث تغلبی) (шаҳодат: 61ҳ.қ.) аз асҳоби Имом Алӣ (а) ва шаҳидони Карбало.
Муқсит аз лашкариёни Имом Алӣ (а) дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон буд. Ӯ дар воқеаи Карбало ҳамроҳи бародаронаш Курдус ва Қосит худро шабона ба корвони Имом Ҳусайн (а) расонд ва дар рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.
Насаб
Муқсит ибни Зуҳайр ибни Ҳарси Тағлибӣ, мансуб ба қабилаи Тағлаб буд, аз ин рӯ дар китоби Ибсор-ул-айн номи ӯ дар шумори шуҳадои Тағлабӣ омадааст.[1]
Ҳузур дар Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон
Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Тоҳири Самовӣ (1292 - 1370ҳ.қ.) дар китоби Ибсор-ул-айн, Муқсит аз лашкариёни Имом Алӣ (а) дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон буда, аз ин рӯ, аз ӯ дар ҷангҳо ба вижа Сиффин сухан ба миён омадааст.[2] Ҳамчунин Самовӣ вайро аз асҳоби Имом Ҳасан (а) низ донистааст.[3]
Шаҳодат дар Карбало
Ба гуфтаи Самовӣ, Муқсит дар Кӯфа зиндагӣ мекард, баъд аз вуруди Имом Ҳусайн (а) ба Карбало, ҳамроҳи бародаронаш Курдус ва Қосит шабона ба сипоҳи ӯ пайваст ва дар рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.[4]
Дар зиёрат-уш-шуҳадо, аз бародаронаш Курдус ва Қосит ба унвони шуҳадои Карбало ёд шудааст,[5] аммо номи ӯ наёмадааст.
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.199 - 200.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.494; Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.153; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.98, саҳ.273.
Сарчашма
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб алайҳимус-салом, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн алайҳис-салом, Қум, интишороти донишгоҳи Шаҳид Маҳаллотӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазор, таҳқиқи мадрасаи Имом Маҳдӣ алайҳиссалом, Муҳаммадбоқир Муваҳҳид Абтаҳии Исфаҳонӣ, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ алайҳиссалом, чопи аввал, 1410ҳ.қ.