Қосит ибни Зуҳайр ибни Ҳарси Тағлабӣ (арабӣ: قاسِط بن زُهیر بن حرث تغلبی) (шаҳодат: 61ҳ.қ.) аз асҳоби Имом Алӣ (а) ва шуҳадои Карбалост. Қосит аз лашкариёни Имом Алӣ (а) дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон буд. Ӯ дар воқеаи Карбало ҳамроҳи бародаронаш Курдус ва Муқсит худро шабона ба корвони Имом Ҳусайн (а) расонд. Ӯ дар рӯзи Ошуро дар ҳамлаи нахусти лашкариёни Умар ибни Саъд ба шаҳодат расид.
![]() | |
Номи комил | Қосит ибни Зуҳайр Тағлабӣ |
---|---|
Маҳалли зиндагӣ | Кӯфа |
Насаб | қабилаи Тағлаб |
Санаи шаҳодат | соли 61ҳ.қ. |
Маҳалли шаҳодат | Карбало |
Маҳалли дафн | Ҳарами Имом Ҳусайн (а) |
Хешовандон | Курдус ва Муқсит |
Аз ëрони | Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) |
Насаб
Қосит ибни Зуҳайр ибни Ҳарси Тағлабӣ, мансуб ба қабилаи Тағлаб буд, аз ин рӯ, дар китоби Ибсор-ул-айн номи ӯ дар зумраи шуҳадои тағлабӣ омадааст.[1]
Ҳузур дар Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон
Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Тоҳири Самовӣ (1292 - 1370ҳ.қ.) дар китоби Ибсор-ул-айн, Қосит аз лашкариёни Имом Алӣ (а) дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон будааст, аз ин рӯ, аз ӯ дар ҷангҳо ба вижа Сиффин сухан ба миён омадааст.[2] Ҳамчунин Самовӣ вайро аз асҳоби Имом Ҳасан (а) низ донистааст.[3]
Шаҳодат дар Карбало
Қосит дар Кӯфа зиндагӣ мекард, баъд аз вуруди Имом Ҳусайн (а) ба Карбало, ҳамроҳи бародаронаш Курдус ва Муқсит шабона ба лашкари ӯ пайваст ва дар рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.[4] Ба гуфтаи Ибни Шаҳрошуб, вай аз шаҳидони Карбало дар ҳамлаи нахусти сипоҳи Умар ибни Саъд будааст.[5]
Дар Зиёрат-уш-шуҳадо, аз ӯ ва бародараш Курдус бо иборати «ассалому ала Қосит ва Курдус ибни Зуҳайр ал-Тағлабияйн/ السلام علی قاسط و کردوس إبنی زهیر التغلبیین» ба унвони шуҳадои Карбало ёд шудааст.[6]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.199 - 200.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.113.
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.494; Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.153; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.98, саҳ.273.
Сарчашма
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб алайҳимус-салом, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн алайҳис-салом, Қум, интишороти донишгоҳи Шаҳид Маҳаллотӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазор, таҳқиқи мадрасаи Имом Маҳдӣ алайҳис-салом, Муҳаммадбоқир Муваҳҳид Абтаҳии Исфаҳонӣ, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ алайҳис-салом, чопи аввал, 1410ҳ.қ.