Таҷрид-ул-эътиқод (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Китоби Таҷрид-ул-эътиқод)
Таҷрид-ул-эътиқод
НависандаХоҷа Насируддини Тӯсӣ
Санаи таълиф660ҳ.қ.
МавзуъФалсафа ва калом
Сабкистидлолӣ
Забонарабӣ
Теъдоди ҷилд1 ҷилд
Санаи нашр1311ҳ.ш.


Таҷрид-ул-эътиқод (арабӣ: تَجریدُ الإعتِقاد) ё Таҷрид-ул-калом (арабӣ: تجرید الکلام) китобе дар илми калом ба забони арабӣ аз Хоҷа Насируддини Тӯсӣ (ваф. 672ҳ.қ.), дар тавзеҳ ва исботи ақоиди имомия бо рӯйкарди фалсафӣ аст.

Бархе аз мавзуоти зикршуда дар ин асар, илова бар исботи вуҷуди Худо ва сифоти Ӯ, иборатанд аз: ҷаҳоншмул будани беъсати ҳазрати Муҳаммад (с), муъҷиза будани Қуръони карим, салоҳият надоштани касе ғайр аз Имом Алӣ (а) барои хилофати пас аз Паёмбар (с), афзал будани вай бар дигарон, исмати имомон ва ҳамчунин маъоди ҷисмонӣ.

Таҷрид-ул-эътиқод аз арзишмандтарин осор дар заминаи эътиқодоти шиа ва аз мухтасартарин матнҳои каломии шиа ба шумор меояд; аз ҳамин рӯ, осори бисёре дар шарҳ ё нақди он навишта шудааст. Дар китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, дасти кам 231 шарҳу ҳошия аз олимони аҳли суннат ва шиа дар ин замина муаррифӣ шудааст; аз ҷумла Кашф-ул-мурод, навиштаи Аллома Ҳиллӣ ва Тасдид-ул-қавоид, навиштаи Абдурраҳмони Исфаҳонӣ.

Ба бовари Мутаҳҳарӣ, Хоҷа Насир дар ин асар, каломро аз илми ҷадалӣ ба илми бурҳонӣ наздик кардааст.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Хоҷа Насируддини Тӯсӣ

Насируддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Тӯсӣ машҳур ба Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, файласуф ва риёзидони бузурги мусулмон (Тӯс 597 - Бағдод 672ҳ.қ.), ки дар даврони ҳукумати Ҳалокухони муғул, расадхонаи Мароғаро дар соли 660ҳ.қ. бунёд ниҳод.[1]

Наздик ба 200 асари таълифӣ, шарҳ, тарҷума ва мақолоти дигар дар мавзуоти мухталифе аз ҷумла улуми ақлӣ монанди фалсафа ва калому ахлоқ, улуме монанди ҳандаса, риёзиёт, ҷабру физик, улуми динӣ монанди фиқҳу тафсир, ва ҳамчунин таърих, шеър, тиб ва мусиқӣ нигоштааст,[2] ки Шарҳи Ишорот, Таҷрид-ул-эътиқод, Таҷрид дар мантиқ, Фусули насирия, Авсоф-ул-ашроф, Қавоид-ул-ақоид, Нақд-ул-муҳассал ва Асос-ул-иқтибос, чанд намуна аз муҳимтарин осор ӯст.[3]

Куллиёт ва муҳтаво

Таҷрид-ул-эътиқод ё чунонки дар бархе аз нусхаҳо омада Таҷрид-ул-ақоид[4] ва ё чунонки Оқобузурги Теҳронӣ дар китоби аз-Зариъа зикр карда, Таҷрид-ул-калом,[5] навиштаи Хоҷа Насируддини Тӯсӣ аст[6] ва бинобар назари машҳур, таълифи он дар соли 660 қамарӣ ба итмом расидааст.[7]

Ин китоб ки ба забони арабии навишта шуда, омехтае аз фалсафаи исломӣ ва каломи шиа аст ва масоили каломӣ дар он бо рӯйкарди фалсафӣ баён шудааст.[8] Таҷрид-ул-эътиқод, аз қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ, улгӯе барои таълифи осори каломии суннӣ ва шиа будааст.[9] Ин китоб дар шаш фасл танзим шудааст:

  1. Умури омма: шомили се бахши вуҷуду адам, моҳият ва ҳамчунин иллату маълул.
  2. Ҷавоҳиру аъроз: шомили панҷ бахши ҷавоҳир, аҷсом (2 бахш), ҷавоҳири муҷаррад ва аъроз.
  3. Исботи холиқ ва сифоти вай: шомили се фасли вуҷуд, сифот ва афъоли Худованд.
  4. Нубувват: шомили 10 фасли беъсати анбиё, вуҷуби беъсат, сифоти паёмбарон, муъҷизот, каромот, ҳамагонӣ будани беъсат, беъсати ҳазрати Муҳаммад (с), муъҷиза будани Қуръони карим, насх, ва ҳамчунин ҳамагонӣ будани беъсати ҳазрати Муҳаммад (с).
  5. Имомат: шомили 12 фасл аз ҷумла вуҷуби насби имом, исмат, афзал будани имом, вуҷуби нас дар бораи имом, имомати Имом Алӣ (а), салоҳият надоштан касе ғайр аз Имом Алӣ (а), 12 имом, мухолифон ва муҳорибон бо Имом Алӣ. Се фасл аз ин бахш, дар бораи Абубакр, Умар ва Усмон аст.
  6. Маод: шомили 11 фасл аз ҷумлаи имкони халқи олами дигар, маоди ҷисмонӣ, савобу иқоб, афви Илоҳӣ, шафоат, тавба ва...

Нахустин матлаби китоб дар фасли аввал дар бораи вуҷуд ва адам аст. Муҳаққиқи Тӯсӣ дар ин фасли ду таъриф барои вуҷуд ва адам нақл кардааст ва тасреҳ карда ки таърифи вуҷуд ва адам мумкин нест ва агар (мутакаллимин ва ҳукамо) таорифе ироа кардаанд фақат аз боби табдили лафзе ба лафзи дигар аст ва ин кор дар таърифи умури бадеҳӣ амре роиҷ аст, ки лафзеро ҷойгузини лафзи возеҳтаре мекунанд ва равшан аст, ки ҳеҷ чизе шинохташудатар аз вуҷуд нест, ки битавон онро дар таърифи вуҷуд ба кор бурд.[10] Матлаби поёнии китоб дар бораи шароити амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст, ки се шартро муҳаққиқи Тӯсӣ баён кардааст: 1 - шинохти маъруф ва мункар тавассути амркунанда ба маъруф ва наҳйкунанда аз мункар; 2 - эҳтимоли доштани таъсир; 3- набудани мафсада.[11]

Ҷойгоҳ

Таҷрид-ул-эътиқод, яке аз муҳимтарин кутуби каломии шиа ва ягона асаре дониста шуда[12] ки бо вуҷуди ҳаҷми кам, бисёре аз олимони мусулмон, бар он шарҳу таълиқа нигошта ва дар бораи қабул ё радди назароти Хоҷа Насируддини Тӯсӣ сухан гуфтаанд.[13] Оқобузурги Теҳронӣ, яке аз барҷастатарин китобшиносони шиа, Таҷрид-ул-эътиқодро арзишмандтарин асари ақоидии шиа донистааст.[14] Бинобар ҷустуҷӯии Алии Садроии Хуӣ, ки дар Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод зикр шуда, дастикам 231 шарҳу ҳошия барои Таҷрид-ул-эътиқод навишта шудааст.[15]

Ба бовари муҳаққиқон, Хоҷа Насири Тӯсӣ дар ин китоб, бо талфиқе аз фалсафаи машшо ва каломи шиа, тавониста ду илми фалсафа ва каломро дар миёни мутаффакирони шиа ба ҳам наздик кунад.[16]

Ба гуфта Муртазо Мутаҳҳарӣ, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ бо таълифи Таҷрид-ул-эътиқод, каломро аз ҳикмати ҷадалӣ ба ҳикмати бурҳонӣ наздик карда[17] ва мутакаллимони мусулмони ашъарӣ ва муътазилӣ аз равиши Хоҷа Насир дар ин китоб тақлид кардаанд.[18] Хоҷа Насир, худ ин китобро бархӯрдор аз беҳтарин равиш ва дарбаргирандаи дидгоҳҳо ва эътиқодоте муаррифӣ карда ки бо бурҳон барои вай исбот шудааст.[19]

Шарҳҳо

Таҷрид-ул-эътиқод аз мухтасартарин матнҳои каломии шиъӣ ба шумор меояд[20] ва донишмандони фирқаҳои мухталифи исломӣ шарҳу ҳошияи фаровон ба форсӣ ва арабӣ бар он нигоштаанд.[21] Кашф-ул-муроди фи шарҳи Таҷрид-ил-эътиқод - навиштаи Аллома Ҳиллӣ, шогирди Хоҷа Насири Тӯсӣ, аввалин шарҳ бар Таҷрид-ул-эътиқод дониста шуда[22] ва Фозили Қӯшчӣ, аз олимони аҳли суннат,[23] ки худ шарҳе бар Таҷрид навишта, бар ин бовар аст, ки агар Аллома Ҳиллӣ шарҳи Таҷридро наменавишт, шояд мақсуди дақиқи Хоҷа аз мабоҳиси ин асар, ҳеҷ гоҳ равшан намешуд.[24]

Аз миёни шарҳҳо ва ҳавошие ки бар Таҷрид-ул-эътиқод навишта шуда, бархе аз онҳо таваҷҷуҳи бештаре барангехта ва ҳатто китобҳое дар ташреҳ ё нақди онҳо интишор ёфтааст. Бархе аз ин шарҳҳо ва ҳошияҳо иборатанд аз:

  • Кашф-ул-муроди фи шарҳи Таҷрид-ил-эътиқод, навиштаи Ҳасан ибни Юсуфи Ҳиллӣ (ваф. 726ҳ.қ.), аввалин шарҳи Таҷрид ки дастикам 10 асар дар шарҳу ҳошия бар он интишор ёфта ки ду маврид аз он ба ҳамроҳи тарҷумаи форсӣ аст.[25]
  • Тасдид-ул-қавоиди фи шарҳи Таҷрид-ул-ақоид, ё Ташйид-ул-қавоид, ё Ташдид-ул-қавоид, машҳур ба Шарҳи қадим, аз Маҳмуд ибни Абдурраҳмони Исфаҳонӣ, дар ради навиштаҳои Хоҷа Насир, ба вижа дар мабҳаси имомат аст.[26] Алӣ ибни Муҳаммад Ҷурҷонӣ, бо истифода аз ҳошияи Насируддини Кошӣ, нақде бар Тасдид-ул-қавоид навиштааст[27] ки Ҳошияи Ҷрҷонӣ хонда мешавад ва дастикам 26 китоб дар нақди он интишор ёфтааст.[28] Илова бар Ҷурҷонӣ, 9 тани дигар бар Шарҳи қадим, нақд навиштаанд.[29]
  • Шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, навиштаи Алӣ ибни Муҳаммади Қӯшчӣ, машҳур ба Шарҳи Қӯшчӣ ва Шарҳи ҷадид. Ин асари ҳам монанди шарҳи Тасдид-ул-қавоид, дар радди ақоиди Хоҷа Насир, хусусан дар баҳси имомат навишта шуда[30] ва беш аз дигар шарҳҳо шӯҳрат ёфта ва ҳамчунин нақдҳои фаровоне бар он навишта шудааст.[31]
  • Табақот-ул-ҷалолийяти ва-с-садрийя, унвони панҷ асаре аст, ки байни Мулло Ҷалоли Даввонӣ ва Садри Даштакӣ, дар бораи шарҳи Қӯшчӣ радду бадал шудааст.[32] Маҷмуи нақдҳои навишташуда дар бораи ин панҷ асар, беш аз 60 асар гузориш шудааст.[33]
  • Шавориқ-ул-илҳоми фи шарҳи Таҷрид-ил-калом, навиштаи Алӣ ибни Ҳусайн Файёзи Лоҳиҷӣ, шогирди барҷастаи Муллосадрои Шерозӣ, муфассалтарин шарҳест, ки бар Таҷрид навишта шуда ва ҳошияҳои фаровоне барои он нигошта шудааст.[34]
Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод

Нусхаҳои мавҷуд

Нусхаҳои бисёре аз Таҷрид-ул-эътиқод мавҷуд аст; аз ҷумлаи нусхае ки таърихи нигориши он 669ҳ.қ. аст ва дар китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломӣ дар Теҳрон нигаҳдорӣ мешавад.[35] Нусхаи чопии Таҷрид-ул-эътиқод, аввалин бор ҳамроҳ бо шарҳи Аллома Ҳиллӣ дар 1311ҳ.ш. интишор ёфт.[36] Чопҳои мухталифе аз ин китоб мавҷуд аст; аз ҷумла нусхаи тасҳеҳшуда тавассути Муҳаммадҷавод Ҳусайнии Ҷалолӣ, ки дар 1407ҳ.қ. дар Қум интишор ёфт. Шарҳи Аллома Ҳиллӣ (Кашф-ул-мурод) низ дар соли 1351ҳ.ш. тавассути Абулҳасани Шаъронӣ тарҷума ва ба ҳамроҳи шарҳ интишор ёфт[37] ва ҳамчунин нусхаи тасҳеҳшуда тавассути Ҳасанзодаи Омулӣ, дар соли 1407ҳ.қ. дар Қум, чоп шудааст.[38]

Оқобузурги Теҳронӣ[39] ва Ҳоҷӣ Халифа[40] шумори зиёде аз шарҳҳо, таълиқот ва ҳавошии Таҷридро муаррифӣ кардаанд. Ҳамчунин Алӣ Садроии Хуӣ ва Сайид Маҳмуди Маръашӣ, дар асаре бо унвони «Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод», бо баррасии нусхаҳои хаттии Таҷрид-ул-эътиқод ва шарҳу ҳавошии зиёди он, ҳамаи осори марбут ба онро муаррифӣ кардаанд. Ин асарро китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ дар соли 1382ҳ.ш. дар Қум мунташир кардааст.[41]

Эзоҳ

  1. Насируддини Тӯсӣ, Тансухномаи Элхонӣ, муқаддама, саҳ.19
  2. Ниг.: Феҳристи осори Хоҷа Насируддини Тӯсӣ
  3. Насируддини Тӯсӣ, Тансухномаи Элхонӣ, муқаддама, саҳ.22
  4. Ниг.: Насируддини Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, саҳ.101
  5. Ниг.: Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа, Дор-ул-азво, ҷ.3, саҳ.352 - 354; Шаъронӣ, Кашф-ул-мурод, 1372ҳ.ш., саҳ.11
  6. Ҳоҷӣ Халифа, Кашф-уз-зунун, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.346
  7. Насируддини Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, таҳқиқи Ҳусайнии Ҷалолӣ, муқаддамаи муҳаққиқ, саҳ.73
  8. Насируддини Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, таҳқиқи Ҳусайнии Ҷалолӣ, муқаддамаи муҳаққиқ, саҳ.71
  9. Насируддини Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, таҳқиқи Ҳусайнии Ҷалолӣ, муқаддамаи муҳаққиқ, саҳ.71
  10. Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105
  11. Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.310
  12. Ниг.: Шаъронӣ, Кашф-ул-мурод, 1372ҳ.ш., саҳ.11
  13. Ҳусайнии Хонсорӣ, Кашф-ул-астор, 1418ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.24
  14. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа, Дор-ул-азво, ҷ.3, саҳ.352
  15. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.13
  16. Аҳмадӣ, «Иҷмоле аз сайри фалсафаи исломӣ...», саҳ.224; Доварӣ, «Пайдоиш ва басти илми калом», саҳ.119
  17. Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо улуми исломӣ, 1369ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.68
  18. Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо улуми исломӣ, 1369ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.57
  19. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-муроди фи шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., саҳ.20
  20. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1407ҳ.қ., саҳ.19; Шаъронӣ, Кашф-ул-мурод, 1372ҳ.ш., саҳ.11
  21. Кунтурӣ, Кашф-ул-ҳуҷуби ва-л-астори ан асмо-ил-кутуби ва-л-асфор, саҳ.97; Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.12 - 13
  22. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.35
  23. Шаъронӣ, Кашф-ул-мурод, 1372ҳ.ш., саҳ.11
  24. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, ҷ.3, саҳ.353; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-муроди фии шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, муқаддамаи Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, саҳ.3; Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.35
  25. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.35 - 41
  26. Ниг.: Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.42
  27. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.44
  28. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.47 - 54
  29. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.55 - 58
  30. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.59
  31. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.59
  32. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.63
  33. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.59 - 130
  34. Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.161 - 162
  35. Насируддини Тӯсӣ, Таҷрид-ул-эътиқод, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, таҳқиқи Ҳусайнии Ҷалолӣ, муқаддамаи муҳаққиқ, саҳ.76
  36. Ван Доик, Актоф-ул-қунуъи бимо ҳува матбуъ, 1409ҳ.қ., саҳ.197
  37. Ниг.: Шаъронӣ, Кашф-ул-мурод: шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, 1372ҳ.ш., саҳ.13
  38. Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1407ҳ.қ.
  39. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, ҷ.3, саҳ.352-354, ҷ.6, саҳ.64-70
  40. Ҳоҷии Халифа, Кашф-уз-зунун, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.346 - 351
  41. Ниг.: Садроии Хуӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-муроди фи шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, Қум, чопи Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, 1407ҳ.қ.
  • Анвор, Абдуллоҳ, Феҳристи нусахи хаттии Китобхонаи миллӣ, Теҳрон, 1343 - 1358ҳ.ш.
  • Аҳмадӣ, Аҳмад, «Иҷмолӣ аз сайри фалсафаи исломӣ баъд аз Ибни Рушд», дар маҷаллаи Фалсафа дар Эрон: маҷмуаи мақолоти фалсафӣ, Теҳрон, ҳикмат, 1358ҳ.ш.
  • Ван Доик, Эдвард, Актоф-ул-қунуъи бимо ҳува матбуъ, Миср, чопи Муҳаммадалии Бабловӣ, 1313ҳ.қ./1896 м (Қум, чоп офсет, 1409ҳ.қ.)
  • Доварӣ, Ризо, «Пайдоиш ва басти илми калом», дар маҷаллаи Фалсафа дар Эрон: маҷмуаи мақолоти фалсафӣ, Теҳрон, ҳикмат, 1358ҳ.ш.
  • Кунтурӣ, Эъҷоз Ҳусайн ибни Муҳаммадқулӣ, Кашф-ул-ҳуҷуби ва-л-астори ан асмо-ил-кутуби ва-л-асфор, Қум, 1409ҳ.қ.
  • Қӯшчӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Шарҳи Таҷрид-ул-ақоид, Теҳрон, чопи сангӣ, 1285.
  • Мударриси Разавӣ, Муҳаммадтақӣ, «Шарҳи ҳоли муаллифи китоб», дар Тансухномаи Элхонӣ, Теҳрон, иттилоот, 1363ҳ.ш.
  • Мударриси Разавӣ, Муҳаммадтақӣ, Аҳволу осори Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, Теҳрон, 1354ҳ.ш.
  • Мунзавӣ, Алинақӣ ва Муҳаммадтақии Донишпажӯҳ, Феҳристи китобхонаи Мадрасаи олии Сипаҳсолор, ҷ.3, Теҳрон, 1340ҳ.ш.
  • Мунзавӣ, Алинақӣ ва Муҳаммадтақии Донишпажӯҳ, Феҳристи китобхонаи Мадрасаи олии Сипаҳсолор, ҷ.4, Теҳрон, 1346ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ошноӣ бо улуми исломӣ, ҷ.2, Теҳрон, 1369ҳ.ш.
  • Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Талхиси ал-муҳассал, Теҳрон, чопи Абдуллоҳи Нуронӣ, Теҳрони 1359ҳ.ш.
  • Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таҷрид-ул-эътиқод, зимни Кашф-ул-муроди фи шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод: таълифи Аллома Ҳиллӣ, Қум, чопи Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, 1407ҳ.қ.
  • Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таҷрид-ул-эътиқод, таҳқиқи Муҳаммадҷавод Ҳусайнии Ҷалолӣ, Теҳрон, Мактаби аъломи исломӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Нусхаҳои хаттӣ: Нашрияи китобхонаи марказии Донишгоҳи Теҳрон, ҷ.5, зери назари Муҳаммадтақии Донишпажӯҳ, Теҳрон, 1346ҳ.ш.
  • Оқобзрги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа, ҷ.3, Бейрут, Дор-ул-азво, бе то.
  • Садриддини Шерозӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, Шарҳи Усули кофӣ, Теҳрон, чопи сангӣ, 1391ҳ.қ.
  • Садроии Хуӣ, Алӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, ба кӯшиши Сайид Маҳмуд Маръашии Наҷафӣ, Қум, китобхонаи бузурги ҳазрати Оятуллоҳи Узмо Маръашии Наҷафӣ, 1382ҳ.ш./ 1424ҳ.қ./ 2003м.
  • Фикрат, Муҳаммади Осиф, Феҳристи алифбоии кутуби хаттии китобхонаи марказии Остони қудси разавӣ, Машҳад, 1369ҳ.ш.
  • Фозил, Маҳмуд, Феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаи Донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исломии Машҳад, Теҳрон, 1355 - 1361ҳ.ш.
  • Ҳоҷӣ Халифа, Мустафо ибни Абдуллоҳ, Кашф-уз-зунуни ан асоми-ил-кутуби ва-л-фунун, бо муқаддамаи Сайид Шаҳобиддини Маръашӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Ҳусайнӣ, Аҳмад, Феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаи умумии ҳазрати Оятуллоҳ Узмо Наҷафии Маръашӣ, Қум, 1354-1374ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Хонсорӣ, Аҳмад, Кашф-ул-ҳуҷуби ва-л-астори ан асмо-ил-кутуби ва-л-асфор, ба кӯшиши Муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом ли эҳё-ит-турос, ҷ.5, Қум, Муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом ли эҳё-ит-турос, 1418ҳ.қ.
  • Шаъронӣ, Абулҳасан, Кашф-ул-мурод: шарҳи форсии Таҷрид-ул-эътиқод, Теҳрон, Китобфурушии исломӣ, 1372ҳ.ш.