Инҷил

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Китоби Муқаддаси масеҳиён)
ИНҶИЛ
وسط
Оёти нахустини Инҷили Матто ба хатти насх мутааллиқ ба қарни чордаҳуми мелодӣ
Яке аз қадимтарин нусхаҳои хаттии Китоби Муқаддас ба забони порсӣ

МАЪЛУМОТ


Унвон: Китоби осмонии Исо (а) ба эътиқоди мусалмонон, бахши нахуст аз аҳди ҷадид (Китоби Муқаддаси масеҳият
Инҷилҳои расмӣ: Матто, Марқус, Луқо, Юҳанно
Санаи нигориш: қарни аввали мелодӣ: аз соли 38 то 98
Нависандагон: Матто, Марқус, Луқо, Юҳанно
Инҷилҳои ғайрирасмӣ: Инҷили Барнобо, Инҷили мисриён, Инҷили Петрус ва...

Инҷил (англисӣ: Gospel) тибқи таълимоти исломӣ, номи китоби осмонии ҳазрати Исо (а) аст, ки аз ҷониби Худованд ба ӯ нозил шудааст. Дар оятҳои Қуръон, бар ваҳёнӣ будани Инҷил, муждаи Инҷил дар бораи рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) ва нубуввати Исо (а) таъкид шуда, таълимоти сегона ва улуҳияти Исо (а) ботил шуморида шудааст. Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, китоби осмонии ҳазрати Исо (а) аз байн рафтааст ва танҳо қисматҳое аз он, бо хурофот омехта шуда, дар инҷилҳои дигар боқӣ мондааст.

Бархе аз муҳаққиқони мусалмон, ҳамчун Оятуллоҳ Маърифат, Инҷилро як китоби осмонӣ ва нозилшуда бар ҳазрати Исо (а) надониста, муътақиданд, ки он чи ба Исо (а) нозил шудааст, таълимот ва муждаҳои каломие буд, ки ҳавориюн онро ба насли оянда мунтақил карданд, ки дар инҷилҳои маъруф ҷамъоварӣ карда шуданд.

Ба гуфтаи масеҳиён, Исо ҳеҷ гоҳ китоберо бо номи Инҷил наовардааст. Аз нигоҳи онҳо, Исо (а) таҷассум ва айни ваҳй ва паёми Илоҳӣ аст, на оварандаи он. Дар фарҳанг ва анъанаҳои масеҳӣ, Инҷил ба бахше аз китоби муқаддаси насрониҳо гуфта мешавад, ки аз чаҳор китоби Инҷили Матто (انجیل مَتّی), Инҷили Марқус (انجیل مَرْقُس), Инҷили Луқо (انجیل لُوقا) ва Инҷили Юҳанно (انجیل یُوحَنّا) иборат аст. Ин чаҳор Инҷил, ки чаҳор китоби аввали Аҳди Ҷадид ҳастанд, аз ҷониби шогирдон ё шогирдони шогирдони Исо (а) ва дар бораи зиндагӣ ва суханони Исо (а) навишта шудаанд.

Масеҳиён аз байни инҷилҳои гуногун, танҳо ин чаҳор Инҷилро расмӣ ва қонунӣ мешуморанд. Се Инҷили Матто, Марқус ва Луқо аз сабаби монандиҳои бисёр ба якдигар инҷилҳои назир ё ҳамнаво номида мешаванд. Улуҳият ва писари Худо будани Исо (а) танҳо дар Инҷили Юҳанно омадааст.

Инҷили Барнобо яке аз инҷилҳои ғайрирасмие аст, ки мавриди таваҷҷуҳи мусулмонон қарор гирифтааст, аммо масеҳиён онро қалбакӣ медонанд. Ин Инҷил улуҳият ва писари Худо будани Исо (а) ва маслуб шудани ӯро рад карда, ба Масеҳ будани ҳазрати Муҳаммад (с) башорат додааст.

Баъзеҳо, ишколоте ба инҷилҳо ворид кардаанд, аз ҷумла: боваринок набудани нависандагони инҷилҳо ба хотири эмин набудан аз хатоҳо ва гуноҳҳо, вуҷуди таноқузҳову парадоксхо, хатоҳо ва хурофот дар инҷилҳо.

Китоби осмонии Исо (а)

Бар асоси оёти Қуръон[1] ва аҳодиси исломӣ,[2] номи китоби осмонии ҳазрати Исо (а) Инҷил аст, ки аз сӯи Худованд бар ӯ нозил шудааст.[3] Баъзеҳо муътақиданд, ки аҳодис дар ин бора, ба қадре фаровон аст, ки инсон ба вуҷуди китоби осмоние ба номи Инҷил ба яқин мерасад.[4] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ - муфассири шиа, китоби осмонии Исо (а) аз байн рафта ва шогирдони Исо (а) танҳо қисматҳое аз онро дар инҷилҳои худ нақл кардаанд, ки бо хурофот омехта шудааст.[5]

وَ قَفَّيْنا عَلى‏ آثارِهِمْ بِعيسَى ابْنِ مَرْيَمَ مُصَدِّقاً لِما بَيْنَ يَدَيْهِ مِنَ التَّوْراةِ وَ آتَيْناهُ الْإِنْجيلَ فيهِ هُدىً وَ نُورٌ وَ مُصَدِّقاً لِما بَيْنَ يَدَيْهِ مِنَ التَّوْراةِ وَ هُدىً وَ مَوْعِظَةً لِلْمُتَّقين‏َ

«Ва аз пайи ин пайғамбарон, Исо писари Марямро фиристодем, дар ҳоле ки Тавротро, ки пеш аз ӯ буд тасдиқ мекард; ва Инҷилро ба ӯ додем, ки дар он ҳидоят ва нуре буд ва Тавротро ки пеш аз он буд тасдиқ мекард ва раҳнамуду пандӣ буд барои тақвопешагон.»

Сураи Моида, ояти 46

Бар асоси назари баъзе аз муҳаққиқони улуми қуръонӣ, аз ҷумла: Муҳаммадҳодии Маърифат, бар хилофи тасаввури роиҷи мусулмонон дар бораи Инҷил, Инҷил як китоби мудаввану нозилшуда бар Исо (а) нест.[6] Аз назари Оятуллоҳ Маърифат, он чи бар Исо (а) нозил шуда, таълимот ва башоратҳои шифоҳие буд, ки дар тули замони рисолаташ ба мардум ва ҳавориюн баён кард ва ҳавориюн ин таълимотро нигаҳдорӣ намуданд ва ба насли баъд мунтақил карданд, то ин ки дар инҷилҳои маъруф гирдоварӣ шуд.[7]

Ин муҳаққиқон китоберо, ки бар асоси оёти Қуръон ба Исо ато шуда, ба маънои ваҳй ва аҳкоми ташреъӣ донистаанд[8] ва муътақиданд, Қуръон дар ҳеҷ ояте, Инҷилро китоби Исо (а) муаррифӣ намекунад, балки Инҷилро шомили ваҳйи нозилшуда бар ӯ медонад.[9] Ҳамчунин гуфтаанд, Қуръон аз боби ҷидоли аҳсан, номи Инҷилро, ки бар китобҳое, ки шомили таълимоти шифоҳии нозилшуда бар Исо (а) буд, баргузид.[10]

Вижагиҳои Инҷил дар Қуръон ва ривоёт

Вожаи Инҷил дар оёти Қуръон 12 бор[11] ба шакли муфрад ба кор рафтааст[12] ва вуҷуди чандин Инҷил рад шудааст.[13] Дар ин оёт, бар ваҳёнӣ будани Инҷил, гувоҳии он бар ҳаққонияти Таврот, башорати Инҷил дар бораи беъсати ҳазрати Муҳаммад (с) ва фарогир шудани даъвати ӯ ишора шудааст.[14]

Тибқи ояти 46 сураи Моида, Инҷил дарбардорндаи «ҳидоят» ва «нур» ва «мавъиза» барои аҳли тақво аст.[15] Ҳамчунин дар оёте ҳамчун ояти 171 сураи Нисо бар инсон ва пайғамбар будани Исо (а) таъкид ва омӯзаи сегонапарастӣ ва улуҳияти Исо (а) ботил дониста шудааст.[16]

Бар асоси ҳадисе аз Имом Содиқ (а), Инҷил дар шаби дувоздаҳум[17] ё шаби сездаҳуми моҳи Рамазон[18] бар Исо (а) нозил шуд. Гуфта шудааст, Инҷил ба таври якбора ва дафъӣ нозил шуд. Бар пояи ривоятҳои мутааддид, Инҷил ва дигар китобҳои осмонӣ, назди имомони шиа аст.[19]

Дидгоҳи олимони мусулмон

Олимони мусулмон дар бораи инҷилҳои мавҷуд буда ду эҳтимол додаанд:

  • Эҳтимоли нахуст: бисёре аз қисматҳои Инҷили аслӣ, ба дасти нависандагони баъдии аноҷил ҳазф шуда ва хурофоти зиёде ба он афзуда шудааст;
  • Эҳтимоли дуввум: Инҷили аслӣ ба куллӣ фаромӯш ва канор гузошта шуда ва ба ҷои он, китобҳои дигаре навишта шудааст.[20]

Бархе аз муҳаққиқон муътақиданд, он чи дар ривоёти шиа дар бораи муҳтавои Инҷил омадааст, иштирокоте бо муҳтавои инҷилҳои чаҳоргона (Матто, Марқус, Луқо ва Юҳанно) дорад, ки нишонаи ин аст, ки инҷилҳои мавҷуда муштаракоти зиёде бо Инҷиле доранд, ки имомон (а) ё асҳоби онҳо аз он сухан гуфтаанд.[21] Бархе аз муштаракот чунин баён шудааст: наҳй аз айбҷӯӣ, мазаммати риёкор, парҳез аз дурӯғгӯён, тақаддуми ҳаққуннос бар ҳаққуллоҳ, посухгӯӣ дар қиёмат ва тавсия ба мудоро.[22]

Инҷил назди масеҳиён

«Инҷили расулон» қадимитарин нусхаи хаттии мавҷуд аз Аноҷил, ки ба забони сирёнии қадим (Ошӯрӣ) бар рӯи пӯсти моҳӣ навишта шуда ва дар китобхонаи марказии Табрез нигаҳдорӣ мешавад.[23]

Дар масеҳият, Инҷил ба ҳар як аз чаҳор китоби аввали Аҳди ҷадид [Ёддошт 1] гуфта мешавад, ки иборатанд аз: Матто, Марқус,[Ёддошт 2] Луқо ва Юҳанно.[24] Дар китобҳои таърихи адён ба вижаи масеҳият, Инҷил ба китобҳое гуфта мешавад, ки дар садаҳои нахусти масеҳият барои сабти суханон ва рафторҳои Исо (а) нигориш шуданд.[25]

Бар асоси дидгоҳи масеҳиён, Исо (а) ҳаргиз китобе ба номи Инҷил наёвард. Аз дидгоҳи онон, овардани ваҳй монанди ончи мусулмонон дар бораи Қуръон ва Пайғамбар (с) эътиқод доранд, дар масеҳият ҷое надорад. Масеҳиён, Исо (а)-ро таҷассум ва айни ваҳй ва паёми Илоҳӣ медонанд, на оварандаи он.[26] Масеҳиён муътақиданд, чаҳор Инҷил фақат зиндагинома ва суханони ҳазрати Исо (а)-ро гузориш мекунанд ва бар хилофи Таврот, ҳаргиз чизе аз маориф ва таълимоти худро ба паёми мустақими Илоҳӣ нисбат намедиҳанд.[27]

Масеҳиён танҳо ба чаҳор Инҷили Матто, Марқус, Луқо ва Юҳанно эътиқод доранд ва онҳоро саҳеҳ медонанд; зеро масеҳиёни нахустин, онҳоро аз ҷониби Худо медонистанд.[28] Ба гуфтаи Томас Мишел, кашиш ва мутакаллими масеҳӣ (тав. 1941м.), масеҳиён ҳеҷ таноқузе дар матолиби аноҷили чаҳоргона намебинанд ва аз назари онон ҳар чаҳор Инҷил аз дараҷаи эътибор ва аҳамияти яксоне бархӯрдоранд.[29] Аз назари онон, даст бардоштан аз ҳаряк аз инҷилҳо муҷиби нақси имон хоҳад шуд.[30] Дар муқаддимаи Аҳди ҷадид омадааст, ки масеҳиён ҳудудан аз соли 150 мелодӣ, дар иҷтимоъоти якшанбе дар калисо, бахшҳое аз чаҳор Инҷилро мехонданд ва онҳоро ба манзалаи осори расулон мешумориданд ва барои онҳо ҳамонанди Китоби Муқаддас ҳуҷҷият қоил буданд.[31]

Инҷилҳо зиндагӣ, муъҷизот, таълимот, сира ва суханони ҳазрати Исо (а)-ро гузориш кардаанд.[32]

Мафҳумшиносӣ

Мапиндоред, ки омадаам то шариат ё китобҳои пайғамбаронро мансух кунам! Наёмадаам, то мансух кунам, балки омадаам, то комил гардонам!

Инҷили Матто, боби 5, ояти 17.

Инҷил калимаи юнонӣ ба маънои мужда ва башорат аст;[33] мужда ба фаро расидани малакути осмон ё паймони ҷадид.[34] Ба хотири ин ки инҷилҳо шомили башорат ба малакути Худо ё паймони тозае ҳастанд, онҳоро Инҷил меноманд.[35] Гуфта шудааст, ин башорат дар оғози зуҳури ҳазрати Исо (а) ба маънои башорати бахшоиш ва зуҳури малакути Худованд ба кор мерафт, аммо дар асри ҳавориюн (шогирдони Исо) ки инҷилҳо ба нигориш даромад, ба маънои муждаи зуҳури писари Худо ва растохези ӯ ба кор рафт.[36]

Сайри тадвин ва расмӣ шудани инҷилҳои чаҳоргона

Инҷилнависӣ аз миёнаҳои даҳаи 60 мелодӣ шурӯъ шуд. Аввал Инҷили Марқус, сипас Матто ва Луқо навишта шуданд ва дар поёни қарни аввал, низ Инҷили Юҳанно нигориш шуд.[37] Ба эътиқоди масеҳиён, пас аз уруҷи Исо (а) дар соли 30м.,[38] суханон ва рӯйдодҳои марбут ба ӯ ба таври шифоҳӣ нақл мешуд,[39] то ин ки дар нимаи қарни аввали мелодӣ андешаи нигориши ин анъанаи шифоҳӣ байни масеҳиён қувват гирифт ва иддае ба навиштани зиндагинома ва суханони Исо (а) пардохтанд.[40]

Нигориши инҷилҳо ҳамзамон бо таблиғи масеҳият тавассути Пулус ва ташкили калисоҳои мутааддид буд. Аз ин рӯ, афроди мухталифе бо сабк ва нигориши хоссе ба навиштани зиндагинома ва ҳаводиси марбут ба Исо (а) пардохтанд ва инҷилҳои мутааддиде ба вуҷуд омад.[41] Ба гуфтаи Томас Мишел, масеҳиёни нахустин бо кумаки Рӯҳулқудс аз байни навиштаҳои гуногун, чаҳор Инҷил ва 23 китоби дигарро ба унвони Китоби Муқаддас ва навиштаҳои илҳомшуда пазируфтанд.[42]

Дар хусуси замони расмият ёфтани инҷилҳои чаҳоргона дидгоҳҳо мухталиф аст: як назар ин аст, ки дар соли 397 мелодӣ дар маҷмаъи рӯҳонии «Картаж», ҳамаи инҷилҳо, ғайр аз инҷилҳои чаҳоргона канор гузошта шуданд ва дар авоили қарни панҷум, чаҳор Инҷил ба унвони инҷилҳои расмӣ ва қонунӣ дар Аҳди ҷадид шинохта ва тасбит шуд.[43] Бархе муътақиданд, инҷилҳои чаҳоргона ҳудудан аз соли 150 мелодӣ ба манзалаи осори расулон шуморида мешуд ва барои онҳо ҳуҷҷият қоил буданд ва дар ҳудуди соли 170 мелодӣ, ҷойгоҳи осори қонунӣ ва расмиро касб карда буданд, аммо ба забон оварда намешуд.[44] Дар муқаддамаи Аҳди ҷадид тарҷумаи Пирӯзи Сайёр омадааст, дар оғози садаи сеюми мелодӣ, чаҳор Инҷил ба расмият шинохта шуданд ва баъд аз он муноқишае дар онҳо сурат нагирифт.[45]

Вижагиҳои инҷилҳои чаҳоргона

Дар бораи нависандагони чаҳор Инҷил тардидҳое вуҷуд дорад ва интисоби онҳоро мусалламу қатъӣ намедонанд.[46] Ҳусайни Тавфиқӣ дар китоби Ошноӣ бо адёни бузург менависад, масеҳиён муътақиданд, чаҳор Инҷилро ҳавориюн ё шогирдони ҳавориюн, солҳо баъд аз Исо (а) нигоштаанд.[47] Ба гуфтаи Томас Мишел, масеҳиён нависандагони Аҳди ҷадидро пайғамбар намедонанд, балки муътақиданд, онҳо аз пайравони Исо (а) буданд ва он китобҳоро бо илҳоми Илоҳӣ навиштаанд.[48] Мегӯянд, забони инҷилҳои чаҳоргона, ибтидо юнонӣ будааст.[49]

Инҷилҳои ҳамнаво

Се Инҷили Матто, Марқус ва Луқо ба хотири монанддӣ ва ҳамоҳангии байнашон дар забони нигориш ва муҳтаво, инҷилҳои ҳамнаво, ҳамназар ё назир номида мешаванд.[50] Мушаххасаҳое, ки муҷиби тафовути Инҷили Юҳанно аз инҷилҳои дигар шуда, ба ин сурат баён шудааст: шомили муъҷизоте аст, ки дар боқии инҷилҳо наёмадааст; монанди муъҷизаи табдил шудани об ба шароб дар Қоно ё зинда шудани шахсе ба номи Лаъозар; вуҷуди хитобаҳои тулонӣ дар он; Масеҳшиносии хосси ин Инҷил, ки дар он бар улуҳияти Исо (а) таъкид шудааст.[51] Инҷилҳои ҳамнаворо мутаассир аз адабиёти яҳудӣ ва Инҷили Юҳанноро мутаассир аз фалсафаи Юнон донистаанд.[52]

Матто

Инҷили Матто аввалин китоб аз китобҳои Аҳди ҷадид аст.[53] Ба гузориши Томас Мишел, донишмандони Китоби Муқаддас муътақиданд, ки Инҷили Матто бо ҳадафи гуфтугӯ ва ҷадал бо баъзе аз бузургони яҳудӣ нигориш ёфтааст.[54] Дар бораи замон ва макони нигориши ин Инҷил ихтилоф ҳаст. Соли 38 м., байни солҳои 50 то 60 мелодӣ[55] ва соли 70м.[56] Дидгоҳҳо дар бораи замони нигориши он аст ва Фаластину Интокияи Сурия[57] дидгоҳҳо дар бораи макони он аст.

Ин китоб, Исо (а)-ро комил кунандаи дини яҳуд, муаллими аъзам, Мусои ҷадид ва соҳиби шариъати Аҳди ҷадид муаррифӣ мекунад.[58] Муҳтавои ин Инҷилро чунин баён кардаанд: насабномаи Исо (а), наҳваи вилодати вай, имтиҳони ӯ ба дасти шайтон, фармонҳои ахлоқӣ ба мардум ва шогирдонаш, муъҷизоти Исо (а), интихоби дувоздаҳ расул, зоҳир шудани Мусо (а) ва Илёс бар ӯ, тавтеаи қатли Исо (а) ва бархостани ӯ аз қабр.[59]

Матто, нависандаи ин Инҷил, аз ҳавориюни Исо (а) буд, ки гуфта шудааст, пеш аз имон ба Исо (а), маъмури гирифтани молият ва боҷгир будааст.[60] Дар гузашта, Инҷили Матторо аввалин ва қадимитарин Инҷил медонистанд, аммо муҳаққиқини имрӯз Инҷили Марқусро қадимитарин Инҷил медонанд.[61]

Марқус

Инҷили Марқус кӯтоҳтарин ва қадимитарин Инҷил дониста шудааст.[62] Нависандаи ин Инҷил, Марқус, аз ҳавориюн набуд, балки аз пайравон ва шогирдони Петруси расул,[Ёддошт 3] буд[63] ки дар ҳаволии соли 60,[64] 61[65] ё 70 мелодӣ[66] дар Италия ё Рум[67] Инҷили худро таълиф кард. Дар ин Инҷил, бар ҷанбаҳои башарӣ ва инсон будани Исо (а) ва ранҷҳои ӯ таъкид шудааст.[68] Инҷили Марқус ба ду бахш тақсим мешавад: дар бахши нахуст ба кистии Исо (а) ва подшоҳии ӯ ва дар бахши дуввум ба марги ӯ пардохта шудааст.[69] Марқус бештар ба корҳои Исо (а) пардохта ва муқобилаи ӯ бо девҳо ва хориҷ кардани онҳо аз беморони равонӣ, бахшидани гуноҳкорон ва муъҷизоти ӯро гузориш кардааст.[70] Ин Инҷил, Исо (а)-ро аз замони таъмиди ӯ ба дасти Яҳё (а) ва оғози рисолаташ муаррифӣ карда ва шаҷаранома ва таваллуди ӯро матраҳ накардааст.[71] Нахустин ҷумлаи Инҷили Марқус чунин аст: «Оғози башорати Исои Масеҳ, писари Худо».[72]

Луқо

Инҷили Луқо, ки тӯлонитарин Инҷил шумурда шудааст,[73] дар солҳои байни 70 то 90 мелодӣ хитоб ба мушрикон[74] дар Рум[75] навишта шудааст. Шарҳи таваллуд ва даврони кӯдакии Исо (а)-ро аз вижагиҳои хосси ин Инҷил баршумурдаанд.[76] Таваллуди Яҳё (а), мӯъҷизоти мутааддиди Исо (а), эътои қудрати хориқулъода ба ҳавориюн, интихоби ҳафтод тан (ғайр аз ҳавориюн) барои таблиғ, ба салиб кашида шудан ва бархостан аз қабр аз дигар матолиби ин Инҷил аст.[77] Дар ин Инҷил, ҳавориюн, Исо (а)-ро Худованд хитоб кардаанд.[78] Ҳамчунин гуфтаанд, дар ин Инҷил, Исо (а) ба унвони инсони комил матраҳ шудааст.[79]

Луқо аз шогирдон ва ёрони ғайрияҳудиюласли Пулуси расул буд. Аз ин рӯ, аз ҳавориюни Исо (а) ба шумор намеравад.[80] Луқоро танҳо нависандаи Аҳди ҷадид донистаанд, ки яҳудӣ набудааст.[81]

Юҳанно

Инҷили Юҳанно:

Исо ӯро гуфт: ман растохезам. Он кас ки бар ман имон дорад, ҳатто агар бимирад, зинда хоҳад буд ва ҳар он кас мизияд ва бар ман имон дорад, ҳаргиз нахоҳад мурд. Оё бар ин имон дорӣ? Ӯро гуфт: оре эй Худованд, имон дорам, ки ту Масеҳ писари Худоӣ; ҳаму ки ба ҷаҳон меояд.

Инҷили Юҳанно, боби 11, ояти 25 - 27.

Инҷили Юҳанно, мутааххиртарин китоби сира ва суханони Исо (а) дониста шудааст, ки бар фавқи башар будани Исо (а) таъкид дорад.[82] Юҳанно аз ҳавориюни дувоздаҳгонаи Исо (а) ба шумор меравад.[83] Дар бораи соли нигориши ин Инҷил ихтилоф вуҷуд дорад,[84] ки дар ду дидгоҳ дастабандӣ шудааст: дидгоҳи суннатӣ, ки тибқи он соли нигориш ба авохири қарни аввали мелодӣ, аз соли 85 мелодӣ ба баъд бозмегардад ва дидгоҳи дуввум, ки таърихи нигоришро байни даҳаи 50 ва 70 мелодӣ медонад.[85] Бархе соли 65-умро тарҷеҳ додаанд.[86] Дар ин Инҷил ба суханони Исо (а) бештар тавваҷуҳ шудааст, то шарҳи зиндагонӣ ӯ ва суханони Исо (а) ба сурати хутбаҳои баланд ва шомили андешаҳои печидаю мармуз арза шудааст.[87] Нависанда дар ин Инҷил ҳадаф аз нигориши онро чунин баён кардааст: «Инҳо ба нигориш даромад, то имон оред, ки Исо, Масеҳ ва писари Худо аст ва бо имон овардан, дар номи ӯ ҳаёт ёбед!».[88]

Дар Инҷили Юҳанно, Исо (а) писари Худо,[89] калима[90] ва касе ки аз азал буда, муаррифӣ шудааст.[91] Дар бархе маворид[92] низ лақаби Худо ба ӯ дода шудааст.[93] Ҳамчунин нақл шудааст, ки танҳо дар ин Инҷил аз Фороқлити мавъуд (ба маънои тасаллидиҳанда) сухан гуфта шуда ва омадааст, ки ӯ пас аз Исо (а) меояд ва ҳамаи чизро таълим хоҳад дод ва ҷаҳонро доварӣ хоҳад кард.[94]

Дар муқаддимаи Инҷили Юҳанно дар китоби Аҳди ҷадид, тарҷумаи Пирӯзи Сайёр омадааст, ки дар бораи нависандаи ин Инҷил ба далели вуҷуди таноқузоту ибҳомоте дар он, тардид вуҷуд дорад. Эҳтимол додаанд, ки бархе аз муҳтавои он, тавассути шогирдони Юҳанно ва пас аз маргаш афзуда шуда бошад. Ҳамчунин муҳтамал донистаанд, ин Инҷил дар мароҳили мутаволӣ шакл ёфта ва нигориш шуда бошад. Ба гуфтаи нависандаи муқаддима, номи касе ки таҳрир ва нигориши ниҳоии ин Инҷил ба дасти ӯ сурат гирифтааст, ношинохта аст.[95]

Инҷилҳои ғайрирасмӣ

Афзун бар инҷилҳои чаҳоргона, инҷилҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки ба ҳамроҳи бархе китобҳои ғайрирасмии дигар, ба «Апукрифо» ё китобҳои ҷаълии Аҳди ҷадид шуҳрат доранд ва калисои онҳоро ба расмият намешиносад.[96] Инҷили Иброниён, Инҷили Мисриён, Инҷили Петрус, Инҷили Тумо, Инҷили Филипс (ё Филипус) ва Инҷили кудакӣ аз ҷумлаи инҷилҳои ғайрирасмӣ ба шумор мераванд.[97]

Инҷили Барнобо

Инҷили Барнобо:

Ба таҳқиқ, ки пайғамбарон, ҳамаашон омаданд, магар Расулуллоҳ; он ки зуд аст баъд аз ман бияёд; зеро Худо мехоҳад, то ки ман муҳайё созам роҳи ӯро.

Инҷили Барнобо, боби 36, ояти 6.

Инҷили Барнобо, аз аноҷили ғайрирасмие аст, ки мавриди таваҷҷуҳи мусулмонон қарор гирифтааст, аммо масеҳиён онро ҷаълӣ медонанд.[98] Мегӯянд, ин Инҷил бо сесад Инҷили дигар дар Шӯрои Ниқия (нахустин шӯрои калисои ҷаҳонӣ) дар соли 325 мелодӣ,[99] ғайрирасмӣ шинохта ва аз байн бурда шуд. Пас аз он низ попҳо онро ҷузви китобҳои мамнуъа эълом карданд.[100] Иллати мамнуъият ва ғайрирасмӣ будани ин Инҷил, носозгории муҳтавои он бо эътиқодоти расмии калисо дониста шудааст. Ҳамчунин дар ин китоб, мухолифатҳое бо Пулуси расул ва эътиқодоташ ёфт мешавад.[101]

Инҷили Барнобо дар чанд маврид бо Инҷилҳои чаҳоргона фарқ дорад:

  • Улуҳият ва писари Худо будани Исо (а)-ро рад кардааст;[102]
  • Дар Инҷили Барнобо чанд бор, аз забони Исо (а) ба Масеҳ будани ҳазрати Муҳаммад (с) башорат дода шудааст;[103]
  • Бар асоси ин Инҷил, ба ҷои Исо (а), яке аз ҳавориюни ӯ ба номи Яҳудои Асхарютӣ, ки монанди Исо (а) шуда буд, ба салиб кашида шуд.[104]

Инҷили Барнобо таъорузҳое бо Қуръон ва боварҳои мусулмонон низ дорад. Аз ҷумла, тибқи он, инсонҳо фарзанди Худо ва зотан гуноҳкоранд, пайғамбарон ба ҷуз Исо (а), монанди Иброҳим, Ҳорун ва Айюб (а) гуноҳ ва муҳаббати ширкомез доштаанд.[105]

Муҳаққиқони масеҳӣ бар ин боваранд, ки ин Инҷил дар замоне ғайр аз асри Исо (а) ва дар маконе ғайр аз Фаластин нигориш ёфтааст.[106] Томас Мишели масеҳӣ гуфтааст, донишмандон бар асоси шавоҳиди торихӣ ва лафзӣ, замони китобати ин Инҷилро авохири қарни шонздаҳуми мелодӣ донистаанд.[107] Дар муқобил, бархе аз муҳаққиқони мусулмонон ин Инҷилро асил донистаанд.[108]

Дар хусуси нависандаи ин Инҷил ҳам ихтилоф вуҷуд дорад. Бархе, Барноборо лақаби яке аз мубаллиғони масеҳӣ ба номи Юсуф донистаанд, ки аҳли Кипр ва аз хонаводае яҳудӣ ва аз дудмони Ловӣ писари Яъқуби набӣ буд,[109] ки ба хотири кӯшиши фаровон дар таблиғи масеҳият, ӯро Барнобо ба маънои мубаллиғи тавоно номиданд.[110] Ӯ мавриди эътимоди ҳавориюн[111] ва Бар асоси Аҳди ҷадид, шахсе солеҳу боимон буд.[112] Дар муқобил, бархе аз мутакаллимони масеҳӣ, нависандаи ин Инҷилро як масеҳии испониюлӣ дар қарни шонздаҳуми мелодӣ медонанд ки ба Ислом гаравида буд.[113]

Нақдҳо бар инҷилҳо

Мунтақидон ба инҷилҳои чаҳоргона ва ба таври куллӣ Аҳди ҷадид интиқодоте ворид кардаанд; аз ҷумла:

  • Муътабар набудани нависандагон: Гуфтаанд ба тасреҳи ҳамаи масеҳиён, нависандагони аноҷил пайғамбар набуданд ва аз иштибоҳу гуноҳ масуният надоштанд, балки онҳо инсонҳои маъмулие буданд, ки ба Исо (а) имон доштанд. Дар аноҷил, ба сароҳат ба бархе аз ҳавориюн ва шогирдони Исо (а), беимонӣ, инкори Масеҳ ва суханонаш ва носозгорӣ бо якдигар нисбат дода шудааст. Аз ин рӯ, наметавон ба ин китобҳо ба унвони манбаи аслии таълимоти ҳазрати Исо (а) эътимод кард.[114] Томас Мишел, ки аз мутакаллимони масеҳӣ аст, тасреҳ кардааст, ки бисёре аз масеҳиён исмати лафзии Китоби Муқаддасро намепазиранд. Ҳамаи масеҳиён муътақиданд, ки асли паём аз тарафи Худост, вале шакл ва сохтори он аз тарафи башар аст, ки монанди дигар мардум дар маърази хатост. Аз ин рӯ, мумкин аст нависандаи башарии ин китобҳову паёмҳо, назариёти ғалат ва иштибоҳи худро дар он китобҳо гунҷонда ва боқӣ монда бошад.[115]
  • Таноқузоти инҷилҳо: бархе аз таноқузот ва носозгориҳое, ки дар инҷилҳо вуҷуд дорад, далел бар муътабар набудани онҳо дониста шудааст.[116] Барои намуна байни Инҷили Матто, Луқо ва Марқус дар насабномаи Исо (а) ихтилофи шадид вуҷуд дорад. Дар Инҷили Матто[117] ва Луқо[118] Исо (а) аз насли Довуд муаррифӣ шудааст, аммо дар Марқус[119] гуфта шудааст, Довуд, Исоро Худои худ медонист. Пас чӣ тавр мешавад Исо писари ӯ бошад? Аз дигар носозгориҳои баёншуда, наҳваи дастгирии Исо (а), аломати шогирди хиёнаткори Исо (Яҳудо Асхарютӣ), моҷарои зинда шудани Исо ва бархостани ӯ аз қабр аст.[120]
  • Иштибоҳот ва хурофоти аноҷил: омӯзаи сегонапарастӣ, омӯзаи фидо (Исо (а) бо қурбонӣ шудани худ сабаби наҷоти башар ва бахшида шудани гуноҳон шуд), бахшида шудани гуноҳон тавассути рӯҳонияти калисо аз ҷумлаи хурофоти инҷилҳо шумурда шудааст.[121] Иштибоҳоте низ ба инҷилҳо нисбат дода шудааст.[122]

Китобшиносӣ

Дар бораи Инҷил китобҳои мутааддиде ба забони форсӣ ва арабӣ нигориш шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Ал-Тавзиҳ фӣ баёни мо ҳува-л-Инҷил ва ман ҳува-л-Масиҳ, таълифи Муҳаммадҳусайн Кошифулғито (1256-1333ҳ.ш.), аз мароҷеъи тақлид дар Наҷаф. Муаллиф дар ин китоб мабонии Инҷил ва эътиқодоти масеҳиятро бо истинод ба Китоби Муқаддас ташреҳ кардааст. Ин китобро Сайидҳодии Хусравшоҳӣ бо номи «Пажӯҳише дар бораи Инҷил ва Масеҳ», ба форсӣ тарҷума карда ва интишороти Бустони китоб нашр додааст.
  • Инҷил Юҳанно фӣ-л-мизон, китобе ба забони арабӣ ба қалами Муҳаммадалии Заҳрон, ки ба баррасии муҳтавоӣ, таърихӣ ва шахсияти нависанда мепардозад. Ин китобро интишороти Дор-ул-Арқам мунташир кардааст.
  • Сайри таърихии Инҷили Барнобо, асари Ҳусайни Тавфиқӣ. Ин китоби камҳаҷм дар бораи Сайри таърихии Инҷили Барнобо ва мухтасаре аз муҳтавои он ва посух ба бархе шубаҳот дар бораи он нигориш ва тавассути Муассисаи дар роҳи ҳақ, дар соли 1361 ҳиҷрии шамсӣ мунташир шудааст.[123]
  • Татаввур-ул-аноҷил; ал-Масиҳ ибнуллоҳ ам маликун мин насли Довуд? Диросатун нақдия ва тарҷиматун ҷадида ли ақдам-ил-Аноҷил такшифу мафоҳима мусира, асли ин китоб ба забони англисӣ ва таълифи Айнук Павел аст, ки Аҳмад Айбаш онро ба арабӣ тарҷума кардааст. Ин китобро нахустин бор интишороти Дору Қутайба дар Бейрут мунташир кард.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Сураи Оли Имрон, ояти 3 ва 4; сураи Моида, ояти 46 ва 47; сураи Марям, ояти 30; сураи Ҳадид, ояти 27.
  2. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.157; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159.
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.423; Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.155 ва 156; Разавӣ, “Инҷил”, саҳ.77 ва 83.
  4. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.156 ва 157.
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.425.
  6. Ниг.: Маърифат, Сиёнат-ул-Қуръон мин-ат-таҳриф, 1428ҳ.қ., саҳ.129; Нақавӣ, “Тадвини Таврот ва Инҷил аз дидгоҳи оёти Қуръон”, саҳ.19 - 23; Муаддаб ва Хаббозиён, “Баррасии фарҳангии торихии корбурди Инҷил дар Қуръон”, саҳ.110.
  7. Маърифат, Сиёнат-ул-Қуръон мин-ат-таҳриф, 1428ҳ.қ., саҳ.129.
  8. Ниг.: Нақавӣ, “Тадвини Таврот ва Инҷил аз дидгоҳи оёти Қуръон”, саҳ.21; Муаддаб ва Хаббозиён, “Баррасии фарҳангӣ-таърихии корбурди Инҷил дар Қуръон”, саҳ.110.
  9. Муаддаб ва Хаббозиён, “Баррасии фарҳангии торихии корбурди Инҷил дар Қуръон”, саҳ.112.
  10. Муаддаб ва Хаббозиён, “Баррасии фарҳангӣ-таърихии корбурди Инҷил дар Қуръон”, саҳ.110.
  11. Барои намуна ниг.: сураи Оли Имрон, ояти 3, 48 ва 65; сураи Моида, ояти 46 ва 47, 66, 68 ва 110; сураи Аъроф, ояти 157.
  12. Ниг.: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.391.
  13. Асадӣ, “Инҷили Қуръон”, саҳ.31.
  14. Разавӣ, “Инҷил”, саҳ.83; Асадӣ, “Инҷили Қуръон”, саҳ.31-37.
  15. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.396.
  16. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.221 - 224.
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.157; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159.
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.629.
  19. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.225, 227; Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.132 - 141.
  20. Разавӣ, “Инҷил”, саҳ.84 ва 85.
  21. Ҳайдарӣ ва Хусравӣ, “Дарунмояи Инҷил дар ривоёти шиъӣ”, саҳ.122.
  22. Ниг.: Ҳайдарӣ ва Хусравӣ, “Дарунмояи Инҷил дар ривоёти шиъӣ”, саҳ.108 - 116.
  23. “Қадимитарин Инҷили ҷаҳон дар Табрез”, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ.
  24. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.43.
  25. Разавӣ, “Инҷил”, саҳ.77.
  26. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.49 ва 50.
  27. Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.174.
  28. Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.176.
  29. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.44.
  30. Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.176.
  31. Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Даромаде бар Аҳди ҷадид, саҳ.58.
  32. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.43; Асадӣ, “Инҷили Қуръон”, саҳ.27.
  33. Ниг.: Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., саҳ.85; Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.43.
  34. Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.169.
  35. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.139.
  36. Лоҷвардӣ, “Инҷил”, саҳ.318.
  37. Сулаймонии Ардистонӣ, Сайре дар адёни зиндаи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.217.
  38. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.43.
  39. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.43 ва 44 ва 50.
  40. Разавӣ, “Инҷил”, саҳ.78.
  41. Разавӣ, “Инҷил”, саҳ.78.
  42. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.51.
  43. Разавӣ, “Инҷил”, саҳ.79 ва 80.
  44. Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Даромаде бар Аҳди ҷадид, саҳ.59.
  45. Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Даромаде бар Аҳди ҷадид, саҳ.60.
  46. Сулаймонии Ардистонӣ, Сайре дар адёни зиндаи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.218 ва 219.
  47. Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.174.
  48. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.43.
  49. Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Даромаде бар Аҳди ҷадид, саҳ.64; Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.42.
  50. Ниг.: Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Муқаддимаи Инҷилҳои назир, саҳ.85; Муҳаммадиён, Доиратулмаорифи кутуби Муқаддас, 1381ҳ.ш., саҳ.259; Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.170.
  51. Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Муқаддамаи Инҷил ва рисолаҳои Юҳанно, саҳ.451.
  52. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.146; Сулаймонии Ардистонӣ, Сайре дар адёни зиндаи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.214 ва 215.
  53. Лоҷвардӣ, “Инҷил”, саҳ.318.
  54. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.45.
  55. Некзод, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, 1380ҳ.ш., саҳ.42.
  56. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.45.
  57. Муҳаммадиён, Доиратулмаорифи Китоби Муқаддас, 1381ҳ.ш., саҳ.261.
  58. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.4; Разавӣ, “Инҷил”, саҳ.80.
  59. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.139.
  60. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.139.
  61. Некзод, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, 1380ҳ.ш., саҳ.42.
  62. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.46; Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.171; Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.146.
  63. Некзод, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, 1380ҳ.ш., саҳ.43.
  64. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.44; Некзод, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, 1380ҳ.ш., саҳ.102.
  65. Некзод, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, 1380ҳ.ш., саҳ.44.
  66. Сулаймонии Ардистонӣ, Сайре дар адёни зиндаи ҷаҳон, 1387ҳ.ш., саҳ.217; Разавӣ, “Инҷил”, саҳ.80.
  67. Муҳаммадиён, Доиратулмаорифи Китоби Муқаддас, 1381ҳ.ш., саҳ.264.
  68. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.46.
  69. Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Муқаддимаи Инҷилҳои назир, саҳ.103 ва 104.
  70. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.46.
  71. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.140.
  72. Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Инҷили Марқус, саҳ.259.
  73. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.140.
  74. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.148; Разавӣ, “Инҷил”, саҳ.80ـ81.
  75. Муҳаммадиён, Доиратулмаорифи Китоби Муқаддас, 1381ҳ.ш., саҳ.268.
  76. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.140.
  77. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.140.
  78. Нигоҳ кунед ба: Инҷили Луқо, боби 11, ояти 1.
  79. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.141.
  80. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.46.
  81. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.140.
  82. Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.171.
  83. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.141; Некзод, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, 1380ҳ.ш., саҳ.45.
  84. Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Муқаддамаи Инҷил ва рисолаҳои Юҳанно, саҳ.463 - 465.
  85. Муҳаммадиён, Доиратулмаорифи Китоби Муқаддас, 1381ҳ.ш., саҳ.270 ва 271.
  86. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.48.
  87. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.49.
  88. Инҷили Юҳанно, боби 29, ояти 31.
  89. Нигоҳ кунед ба: Инҷили Юҳанно, боби 1, ояти 49 ва боби 5, ояти 19 - 27.
  90. Нигоҳ кунед ба: Инҷили Юҳанно, боби 1, ояти 1 - 3.
  91. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.141.
  92. Инҷили Юҳанно, боби 1, ояти 1 ва боби 20, ояти 28.
  93. Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Муқаддамаи Инҷил ва рисолаҳои Юҳанно, саҳ.460.
  94. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.141.
  95. Ниг.: Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Муқаддамаи Инҷил ва рисолаҳои Юҳанно, саҳ.459 - 462.
  96. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.51.
  97. Аҳди ҷадид, 1394ҳ.ш., Даромаде бар Аҳди ҷадид, саҳ.63; Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.51 ва 52.
  98. Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1389ҳ.ш., саҳ.170.
  99. Илҳомӣ ва Нодирӣ, “Барнобо”, саҳ.213.
  100. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.162 ва 163.
  101. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.164.
  102. Инҷили Барнобо, боби 52, ояти 12-15 ва боби 53, ояти 35.
  103. Нигоҳ кунед ба: Инҷили Барнобо, боби 43, ояти 30 ва боби 82, ояти 9-19.
  104. Муътамидӣ, “Барнобо”, саҳ.19; Илҳомӣ ва Нодирӣ, “Барнобо”, саҳ.214.
  105. Ниг.: Ҳайдарӣ ва дигарон, “Инҷили Барнобо дар таъоруз бо Қуръони Карим”, саҳ.7-28.
  106. Муътамидӣ, “Барнобо”, саҳ.19.
  107. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381, саҳ.53.
  108. Ниг.: Инҷили Барнобо, Муқаддимаи сардор Кобулӣ, саҳ.297-313.
  109. Муътамидӣ, “Барнобо”, саҳ.17.
  110. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.161.
  111. Зебонажод, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.161.
  112. Аҳди ҷадид, Аъмоли расулон, боби 11, ояти 22 - 25.
  113. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381, саҳ.53.
  114. Некзод, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, 1380ҳ.ш., саҳ.103 - 109.
  115. Мишел, Каломи масеҳӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.27.
  116. Некзод, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, 1380ҳ.ш., саҳ.119.
  117. Инҷили Матто, боби 1, ояти 1 ва боби 20, ояти 30.
  118. Инҷили Луқо, боби 1, ояти 27 ва боби 3, ояти 31.
  119. Инҷили Марқус, боби 12, ояти 36 ва 37.
  120. Ниг.: Некзод, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, 1380ҳ.ш., саҳ.119 - 140.
  121. Ниг.: Некзод, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, 1380ҳ.ш., саҳ.140 - 149.
  122. Ниг.: Некзод, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, 1380ҳ.ш., саҳ.149 - 160.
  123. Тавфиқӣ, Сайри торихии Инҷили Барнобо, 1361ҳ.ш., саҳ.5.

Ёддошт


Сарчашма

  • Асадӣ, Алӣ, “Инҷили Қуръон”, нашрияи Маърифат, шумораи 120, озари 1386ҳ.ш.
  • Аҳди ҷадид, тарҷумаи Пирӯзи Сайёр, Теҳрон, нашри нав, 1394ҳ.ш.
  • Зебонажод, Муҳаммадризо, Масеҳиятшиносии муқоисаӣ, Теҳрон, Сурӯш, чопи сеюм, 1389ҳ.ш.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, Қум, ҷомеъаи мударрисин, 1404ҳ.қ.
  • Илҳомӣ, Довуд ва Нигор Нодирӣ, “Барнобо”, дар донишномаи ҷаҳони Ислом (ҷ.3), зери назари Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
  • Инҷили Барнобо, тарҷумаи Ҳайдарқулии Сардори Кобулӣ, Теҳрон, нашри ниёиш, 1380ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қадимитарин Инҷили ҷаҳон дар Табрез», маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 10 исфанди 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 20 исфанди 1401ҳ.ш.
  • Қуръон
  • Лоҷвардӣ, Фотима, “Инҷил” дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.10, Теҳрон, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубиал-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Сиёнат-ул-Қуръон мин-ат-таҳриф, Қум, алтамҳид, чопи аввал, 1428ҳ.қ.
  • Мишел, Томас, Каломи масеҳӣ, тарҷумаи Ҳусайни Тавфиқӣ, Қум, маркази мутолиъот ва таҳқиқоти адёну мазоҳиб, 1381ҳ.ш.
  • Муаддаб, Сайидризо ва Майсами Хаббозиён, “Баррасии фарҳангӣ торихии корбурди Инҷил дар Қуръон”, фаслномаи Мутолиъоти қуръонӣ ва фарҳанги исломӣ, шумораи 3, поизи 1396ҳ.ш.
  • Муҳаммадиён, Баҳром, Доиратулмаорифи кутуби Муқаддас, Теҳрон, Сурхдор, 1381ҳ.ш.
  • Муътамидӣ, Мансур, “Барнобо” дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.12, Теҳрон, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1383ш.
  • Нақавӣ, Ҳусайн, “Тадвини Таврот ва Инҷил аз дидгоҳи оёти Қуръон”, фаслномаи Маърифати адён, шумораи 9, зимистони 1390ҳ.ш.
  • Некзод, Аббос, Нақд ва баррасии Китоби Муқаддас, Қум, маркази пажӯҳишҳои исломии садо ва симо, 1380ҳ.ш.
  • Разавӣ, Расул, “Инҷил”, дар фаслномаи Каломи исломӣ, шумораи 49, баҳори 1383ҳ.ш.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фӣ фазоили Оли Муҳаммад (с), Қум, мактабаи Оятуллоҳил Маръашии ан-Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Сулаймонии Ардистонӣ, Абдураҳим, Сайре дар адёни зиндаи ҷаҳон (ғайр аз Ислом), Қум, Ояти ишқ, чопи дувум, 1387ҳ.ш.
  • Тавфиқӣ, Ҳусайн, Ошноӣ бо адёни бузург, Теҳрон, самт; Қум, муассисаи фарҳангии Тоҳо ва ҷомеъатул-Мустафо алъоламия, чопи сездаҳум, 1389ҳ.ш.
  • Ҳайдарӣ, Ҳусайн ва дигарон, “Инҷили Барнобо дар таъоруз бо Қуръони Карим”, Маърифати адён, шумораи 21, зимистони 1393ҳ.ш.
  • Ҳайдарӣ, Ҳусайн ва Ризвон Хусравӣ, “Дарунмояи Инҷил дар ривоёти шиъӣ”, дуфаслномаи ҳадиспажӯҳӣ, шумораи 17, баҳор ва тобистони 1396ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1413ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found