Идда
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Идда (арабӣ: العدّة) муддати муайяне аст, ки зан баъд аз ҷудоӣ аз шавҳар ё вафоти ӯ ба лиҳози шаръӣ наметавонад издивоҷ кунад. Идда ақсоме дорад, ки муддаташон бо ҳам фарқ дорад. Шарти вуҷуби идда дар ҳамаи ақсоми он ба ҷуз иддаи вафот, ин аст, ки наздикӣ анҷом нагирифта бошад.
Иддаи талоқ, ба андозаи се давра покӣ аз хуни ҳайз аст; албатта агар зан бордор бошад, иддаи ӯ то замони вазъи ҳамл аст. Иддаи талоқи зане, ки дар синни ҳайз аст, аммо ҳайз намебинад, се моҳи қамарӣ аст. Иддаи вафот шавҳар ҳам чаҳор моҳу даҳ рӯз аст ва агар зан бордор бошад, иддаи ӯ ба муддати яке аз чор моҳу даҳ рӯз ва замони вазъи ҳамл аст, ки тӯлонитар бошад. Иддаи издивоҷи муваққат ба муддати ду бор ҳайз дидани зан ва агар зан ҳайз намебинад 45 рӯз аст.
Аз ҷумла аҳкоми фиқҳии идда, ҳаром будани издивоҷ бо зане аст, ки дар идда ба сар мебарад. Агар мард бо зане, ки дар идда аст, издивоҷ кунад, он зан бар ӯ ҳароми абадӣ мешавад; яъне издивоҷи он ду ботил мешавад ва ҳеҷгоҳ наметавонанд бо ҳам издивоҷ кунанд. Ҳамчунин хостгорӣ аз зане, ки дар иддаи талоқи риҷъӣ аст, ҳаром аст. Ҳаром будани ороиш кардан барои зане, ки дар иддаи вафот қарор дорад, аз дигар аҳкоми идда аст.
Таърифи фиқҳӣ
Идда ба давраи замони муайяне мегӯянд, ки дар он зан баъд аз талоқ ё вафоти ҳамсараш ё баъд аз наздикии иштибоҳӣ бо касе, ҳаққи издивоҷ надорад.[1]
Ақсом
Идда, ақсоме ҳамчун иддаи талоқ, иддаи вафот, иддаи издивоҷи муваққат, иддаи омезиши иштибоҳӣ ва иддаи мафқудуласар дорад, ки муддаташон ғолибан аз якдигар фарқ мекунад. Ба фатвои фақеҳон, дар ҳамаи иддаҳо ба ҷуз иддаи вафот, шарти вуҷуби идда ин аст, ки омезиш сурат гирифта бошад.[2]
Иддаи талоқ
Иддаи зане, ки ба василаи талоқ ё фасхи никоҳ аз шавҳараш ҷудо мешавад, се туҳр (се давраи пок шудан аз хуни ҳайз) аст.[3] Мустанади қуръонии ин ҳукм, ояти 228 сураи Бақара аст: «وَالْمُطَلَّقَاتُ يَتَرَبَّصْنَ بِأَنفُسِهِنَّ ثَلَاثَةَ قُرُوءٍ; ва занони талоқ додашуда, бояд муддати се покӣ интизор кашанд!»[4]
Албатта бино ба дидгоҳи машҳури байни фуқаҳо, иддаи талоқи зани бордор, замони вазъи ҳамл поён меёбад.[5] Ин ҳукми шаръӣ дар ояти 4 сураи Талоқ баён шудааст: “وَ أُوْلَاتُ الْأَحْمَالِ أَجَلُهُنَّ أَن يَضَعْنَ حَمْلَهُن” (ва занони бордор муддаташон ин аст, ки вазъи ҳамл кунанд).
Заноне, ки дар синни ҳайз қарор доранд, вале одати моҳиёна надоранд, бояд се моҳи қамарӣ идда нигаҳ доранд.[6] Ин фатво низ ба ояти 4 сураи Талоқ мустанад шудааст, ки мегӯяд: «وَاللَّائِي يَئِسْنَ مِنَ الْمَحِيضِ مِن نِّسَائِكُمْ إِنِ ارْتَبْتُمْ فَعِدَّتُهُنَّ ثَلَاثَةُ أَشْهُرٍ وَاللَّائِي لَمْ يَحِضْن» (ва аз занонатон, онон ки аз одати моҳона маъюсанд, агар дар вазъи онҳо (аз назари бордорӣ) шак кунед, иддаи онон се моҳ аст, ва ҳамчунин аст онҳо ки одати моҳона надидаанд).[7]
Иддаи вафот
Иддаи зан дар вафоти шавҳар, чаҳор моҳу даҳ рӯз аст.[8] Ин ҳукми шаръӣ дар ояти Тараббус омадааст;[9] фарқе низ надорад, ки наздикӣ сурат гирифта бошад, ё на ва издивоҷ доим бошад, ё муваққат.[10]
Албатта агар зан бордор бошад, ҳаряк аз чаҳор моҳу даҳ рӯз ва вазъи ҳамл, ки замонаш тӯлонитар бошад, муддати иддаи ӯст.[11]
Иддаи издивоҷи муваққат
Иддаи издивоҷи муваққат, баъд аз поёни замони ақд, ё бахшидани муддат аз сӯи шавҳар,[12] ду ҳайз аст.[13] Агар зан дар синни ҳайз аст, аммо ҳайз намебинад, бояд 45 рӯз идда нигаҳ дорад.[14]
Иддаи наздикии иштибоҳӣ
Ба фатвои фақеҳон, агар марде ба хаёли ин ки зане ҳамсарӣ ӯст бо ӯ наздикӣ кунад, он зан бояд ба андозаи иддаи талоқ; яъне се туҳр идда нигаҳ дорад, чи он зан медониста ҳамсари ӯст ё на, аммо дар хусуси замоне, ки мард медонад, ки зан ҳамсараш нест, аммо зан намедонад, ихтилофи назар ҳаст. Бархе мегӯянд зан бояд идда нигаҳ дорад ва фатвои гурӯҳе ин аст, ки идда лозим нест.[15]
Иддаи мафқудуласар
Зане, ки шавҳараши мафқудуласар (яъне беному нишон хабаре аз ӯ нест) шуда ва бо иҷозаи ҳокими шаръ талоқ гирифтааст, бояд иддаи вафот нигаҳ дорад.[16]
Иддаи зинокор
Фақеҳон мегӯянд зане, ки зино карда ва аз он бордор шудааст, идда надорад, аммо дар хусуси зани зинокоре, ки бордор нест, ихтилофи назар доранд. Фатвои бештарашон ин аст, ки идда надорад, аммо бархе аз онҳо мегӯянд, бино бар эҳтиёт ӯ бояд ба андозаи як бор дидани хуни ҳайз, идда нигаҳ дорад.[17]
Иддаи иртидод
Бар асоси фатвои фақеҳон, ҳаргоҳ яке аз зану мард баъд аз издивоҷ муртад шавад, издивоҷ фасх мешавад.[18] Агар мард муртадди фитрӣ шавад, ҷудоии онҳо қатъӣ мешавад ва зан бояд иддаи вафот нигаҳ дорад, аммо агар муртадди миллӣ шавад, зан бояд иддаи талоқ нигаҳ дорад ва дар муддати идда агар мард дубора мусулмон шавад, издивоҷ идома пайдо мекунад.[19]
Аммо агар зан муртад шавад, чӣ миллӣ бошад, чӣ фитрӣ, бояд иддаи талоқ нигаҳ дорад.[20]
Аҳкоми идда
Бархе аз аҳкоми фиқҳии идда, бар пояи фатвоҳои мароҷеи тақлид ба шарҳи зер аст:
- Издивоҷ бо зане, ки дар идда ба сар мебарад, ҷоиз нест; фарқ намекунад, ки ӯ дар иддаи издивоҷи доим бошад, ё муваққат ё иддаи вафот.[21]
- Агар марде бо зане, ки дар иддаи талоқи риҷъӣ аст, издивоҷ кунад ва наздикӣ дошта бошад, он зан бар ӯ ҳароми абадӣ мешавад; ҳарчанд ҳукми издивоҷ дар иддаро надонад, ё итилоъ надошта бошад, ки зан дар идда аст.[22]
- Агар марде бо вуҷуди огоҳӣ аз ҳаром будани издивоҷ дар идда ва итилоъ аз ин ки зан дар идда қарор дорад, бо ӯ издивоҷ кунад, он зан ба ӯ ҳароми абадӣ мешавад; ҳарчанд бо ӯ наздикӣ накарда бошад.[23]
- Хостгорӣ аз зане, ки дар иддаи талоқи раҷъӣ қарор дорад, ҷоиз нест.[24]
- Нафақаи зане, ки дар иддаи талоқи раҷъӣ аст, бар уҳдаи шавҳар аст, аммо дар иддаи талоқи боин, агар зан бордор бошад, мард фақат дар давраи бордорӣ, бояд нафақа бидиҳад.[25]
- Барои мард ҷоиз нест занеро, ки дар иддаи талоқи раҷъӣ аст, аз манзиле, ки ҳангоми талоқ дар онҷо зиндагӣ мекарда, берун кунад. Ҳамчунин ин зан бидуни иҷозаи шавҳараш наметавонад аз манзил берун равад.[26]
- Дар иддаи вафот, анҷом додани коре ки зинат маҳсуб мешавад, мисли сурма кашидан ва пӯшидани либосҳои зинатӣ, бар зан ҳаром аст.[27]
- Зино кардан бо зане, ки дар иддаи талоқи раҷъӣ аст, мӯҷиби ҳароми абадии он ду ба ҳамдигар мешавад.[28]
Заноне ки идда надоранд
Бар асоси дидгоҳҳои фиқҳӣ, бархе аз занон дар сурати ҷудоӣ идда надоранд. Аз он миён духтари ноболиғ ва занни ёиса аст.[29] Ҳамчунин зане, ки баъд аз издивоҷ бо ӯ наздикӣ нашудааст, идда надорад, магар он ки иллати поёни издивоҷи ӯ вафоти шавҳар бошад, ки дар ин сурат бояд иддаи вафот нигаҳ дорад.[30] Зани зинокор ҳам агар бордор бошад, идда надорад ва агар бордор набошад, ба фатвои бештари фақеҳон воҷиб нест идда нигаҳ дорад.[31]
Ҳикмат
Дар бархе аз китобҳои ҳадисӣ, тафсирӣ ва фиқҳӣ, иллатҳое барои ҳукми идда дар Ислом баён шудааст. Дар Тафсири Намуна, ҳикмати иддаи вафот, эҳтиром ба шавҳар баён шудааст, бо ин истидлол, ки издивоҷ билофосила баъд аз марги шавҳар, бо эҳтиром ба ӯ созгор нест ва сабаби ҷариҳадор шудани авотифи бастагонаш ҳам мешавад.[32] Ҳамчунин ҳикмати иддаи талоқ фурсат додан ба шавҳар барои таҷдиди назар дар талоқ баён шудааст.[33]
Тибқи ривояте дар Илал-уш-шароеъ, иллати ин ки иддаи вафот чор моҳу даҳ рӯз аст, ҳаддиаксари зарфияти ниёзи ҷинсии зан дониста шудааст; бо истинод ба ин ҳукми фиқҳӣ, ки бар шавҳар воҷиб аст ҳаддиақал ҳар чор моҳ як бор бо ҳамсараш наздикӣ дошта бошад.[34]
Ҳамчунин, пок шудани раҳим[35] ва ҷилавгирӣ аз махлут шудани насабҳо аз дигар иллатҳое аст, ки барои ҳукми идда баён шудааст.[36]
Қонунҳои ҳуқуқӣ
Аҳкоми идда дар модаҳои 1150 то 1158 қонуни мадании Эрон, ки бар мабнои фиқҳи имомия навишта шуда,[37] омадааст.[38] Бар асоси модаи 1150 қонуни мадании Эрон, идда муддате аст ки ақди издивоҷ мунҳал шуда, аммо зан наметавонад шавҳари дигар ихтиёр кунад.[39]
Гуфтаанд дар бархе аз кишварҳо ҳарчанд идда вуҷуд надорад, барои ҷилавгирӣ аз ихтилоти нисбатҳо тамҳидоте дар назар гирифта шудааст, ки тӯлонӣ будани додрасӣ ва ҷилавгирӣ аз издивоҷи муҷаддади завҷайн ба муддати муайяне, аз ҷумлаи онҳост.[40]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.211.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.57; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.3, саҳ.22; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.211 ва 212.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.219; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.23.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайхи Муфид, Аҳком-ун-нисо, 1413ҳ.қ., саҳ.43; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.116; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.213.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.252; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.26.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.230; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.24.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.229; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.230.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.274; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.27.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 234.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.200 ва ҷ.32, саҳ.275; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.27 ва ҷ.2, саҳ.251.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.200, ҷ.32, саҳ.275; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.27.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.196.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.251; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.196.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.251; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.199.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.378 ва 379.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.293.
- ↑ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.532 ва 533.
- ↑ Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.75.
- ↑ Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.79.
- ↑ Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.228.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Наҷот-ул-ибод, 1422ҳ.қ., саҳ.370.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.471.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.470.
- ↑ Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.256; Файёз, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1426ҳ.қ., саҳ.552.
- ↑ Файёз, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1426ҳ.қ., саҳ.565; Баҳҷат, Ҷомеъ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.108 ва 109.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.530.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.527.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Истифтоъот, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.299 ва 300; Баҳҷат, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1428ҳ.қ., саҳ.382.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.41.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.57; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.3, саҳ.22; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.211 ва 212.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.532 ва 533.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.193.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.222.
- ↑ Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.508.
- ↑ Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.508.
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-сломӣ, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.470.
- ↑ Сафоӣ ва Имомӣ, Мухтасари ҳуқуқи хонавода, 1389ҳ.ш., саҳ.106.
- ↑ Шамс, Қонуни маданӣ ва қонуни масъулияти маданӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.260 то 262.
- ↑ Шамс, Қонуни маданӣ ва қонуни масъулияти маданӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.260.
- ↑ Рустамии Табрезӣ, “Татбиқи қавонини идда дар Эрон ва соири кишварҳо”, саҳ.215.
Сарчашма
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Истифтоъот, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1422ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Наҷоҳ-ул-ибод, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳулмасоили мароҷеъи мутобиқ бо фатовои сездаҳ нафар аз мароҷеи муаззами тақлид, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1424ҳ.қ.
- Баҳҷат Фуманӣ, Муҳаммадтақӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, дафтари Оятуллоҳ Баҳҷат, чопи дувум, 1426ҳ.қ.
- Баҳҷати Фуманӣ, Муҳаммадтақӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум, шафақ, чопи наваду дувум, 1428ҳ.қ.
- Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъатул фиқҳил исломӣ тибқан лимазҳаби Аҳли-л-Байт алайҳимуссалом, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, 1413ҳ.қ.
- Рустамии Табрезӣ, Ламёъ, “Татбиқи қавонини идда дар Эрон ва соири кишварҳо”, маҷаллаи мутолиоти роҳбурдии Занон, шумораи 43, 1388ҳ.ш.
- Шамс, Абдуллоҳ, Қонуни мадании Эрон ва қонуни масъулияти маданӣ, Теҳрон, дарок, чопи даҳум, 1394ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш./1966м.
- Сафоӣ ва Имомӣ, Сайидҳусайн ва Асадуллоҳ, Мухтасари ҳуқуқи хонавода, бунёди ҳуқуқии мизон, чопи бисту панҷум, 1389ҳ.ш.
- Файёз Кобулӣ, Муҳаммадисҳоқ, Қум, Маҷлисӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
- Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Мӯсавии Ардабилӣ, Сайид Абдулкарим, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, Қум, муассисаи интишороти донишгоҳи Муфид, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.
- Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фимо туалламу биҳи-л-балво, таҳқиқи Аҳмад Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.