Зуҳайр ибни Сулайми Аздӣ

Аз wikishia
Зуҳайр ибни Сулайми Аздӣ
Насабқабилаи Азд
Санаи шаҳодатсоли 61ҳ.қ.
Маҳалли шаҳодатКарбало
Маҳалли дафнҲарами Имом Ҳусайн (а)
ХешовандонМихнаф ибни Сулайми Аздӣ (бародар)
Аз ëрониИмом Ҳусайн (а)
Фаолиятҳоҳузур дар ҷанги Қодисия


Зуҳайр ибни Сулайми Аздӣ (арабӣ: زُهَیْر بن سُلَیْم الأزدي) аз шуҳадои Карбало дар рӯзи Ошурои соли 61 қамарӣ.[1] Ӯро аз ёрони Имом Алӣ (а) низ донистаанд.[2]

Ба гуфтаи Момақонӣ (ваф. 1351ҳ.қ.) дар Танқиҳ-ул-мақол, бар асоси гузориши таърихнигорон, Зуҳайр бо лашкари Умари Саъд вориди Карбало шуд, аммо дар шаби Ошуро, ҳангоме ки аз тасмими лашкари Умар ибни Саъд бар куштани Имом Ҳусайн (а) огоҳ шуд, ба Имом Ҳусайн (а) пайваст ва дар рӯзи Ошуро дар ҳамлаи нахуст ба шаҳодат расид.[3] Ин матлаб дар китоби «Ибсор-ул-айн» асари Муҳаммади Самовӣ (ваф. 1371ҳ.қ.) низ омадааст.[4] Дар зиёрат-уш-шуҳадо бо иборати «Ассалому ало Зуҳайр ибни Сулайм/السَّلَامُ عَلَى زُهَيْرِ بْنِ سُلَيْمٍ الْأَزْدِی» ба ӯ салом дода шудааст.[5]

Зуҳайр дар ҷанги Қодисия ҳузур дошт ва яке аз сардорони сипоҳи Эрон ба номи Нахорҷон ё Нахирхонро ба қатл расонд.[6]

Вай бародари Михнаф ибни Сулайми Аздӣ, саҳобии Пайғамбар (с) ва аз фармондеҳони сипоҳи Имом Алӣ (а), буд.[7]

Дар манобеи таърихӣ аз шахсе ба номи Абдуллоҳ ибни Зуҳайр ибни Сулайм ба унвони яке аз фармондеҳони лашкари Умари Саъд дар воқеаи Карбало ёд[8] ва фарзанди Зуҳайр дониста шудааст.[9]

Эзоҳ

  1. Ибни Зубайри Кӯфӣ, Тасмиятун мин қатл маъа-л-Ҳусайн (а), 1406ҳ.қ., саҳ.156; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.113.
  2. Камараӣ, Унсури шуҷоат, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.41.
  3. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.314.
  4. Самовӣ, Абсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.162
  5. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.494.
  6. Нигоҳ кунед ба: Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., саҳ.258; Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1373ҳ.ш., саҳ.123.
  7. Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1373ҳ.ш., саҳ.123.
  8. Нигоҳ кунед ба: Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Дорултурос, ҷ.5, саҳ.422; Самовӣ, Абсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.60 ва 180.
  9. Сингарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.520.

Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабатилҳилол, 1988м.
  • Ибни Зубайри Кӯфӣ, Тасмиятун мин қатл маъа-л-Ҳусайн (а), 1406ҳ.қ., таҳқиқи Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, муассисаи Олулбайт, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Аҳмад ибни Довуд, Ахбор-ут-тивол, таҳқиқи Муҳаммад Абдулмунъим Омир, Қум, маншуроти Шарифи Разӣ, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
  • Камараӣ, Мирзохалил, Унсури шуҷоат ё ҳафтоду ду тану як тан, Қум, Дорулъирфон, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Момқонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1431ҳ.қ.
  • Самовӣ, Муҳаммад, Абсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн (а), таҳқиқи Муҳаммадҷаъфари Табасӣ, Қум, замзами ҳидоят, 1384ҳ.ш.
  • Сингарӣ, Муҳаммадризо, Оинадорони офтоб: пажӯҳиш ва нигориши нав аз зиндагӣ ва шаҳодати ёрони Абоабдиллоҳил-Ҳусайн (а), Теҳрон, созмони таблиғоти исломии ширкати чоп ва нашри байналмилал, чопи чаҳорум, 1390ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ: Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дорултурос, бе то.