Дурӯғ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Дурӯғгӯӣ)
Макорими ахлоқ

Дурӯғ (форсӣ: دروغ) аз разоили ахлоқӣ ба маънои сухани хилофи воқеъ гуфтан аст. Дурӯғ аз гуноҳони кабира аст, ки дар Қуръон ва аҳодис аз он наҳй шуда ва калиди ҳамаи бадиҳо ва мояи нобудии имон муаррифӣ шудааст. Дурӯғ гуфтан ҳаром аст, аммо дар мавориде ҷоиз шуморида шудааст; аз ҷумла барои ҳалли ихтилофоти мардум, ҳифзи ҷон ва моли худ ё дигарӣ аст.

Дар ривоёт барои дурӯғгӯӣ паёмадҳои дунявӣ ва ухравӣ зикр шудааст; монанди беэътибор шудан ва хор шудан назди мардум, фақр, азоби илоҳӣ, нобуд шудани имон ва гирифтор шудан ба лаъни малоика.

Ҳасодат, бухл, заъфи имон ва ғ. аз ангезаҳои дурӯғгӯӣ ба ҳисоб меравад. Тавваҷӯҳ ба осор ва паёмадҳои дурӯғ ва низ оёту ривоёт дар мазаммати он, аз роҳкорҳои дармони дурӯғгӯӣ баён шудааст.

Мафҳумшиносӣ

Дурӯғ аз разоили ахлоқӣ ва ба маънои гуфтани сухани хилофи воқеъ[1] ва ё нақли гуфторе аз касе аст, ки онро нагуфтааст.[2] Дурӯғ муқобили сидқу ростист ва касе, ки дурӯғ мегӯяд дурӯғгӯ хонда мешавад.[3]

Ҷойгоҳ ва аҳамият

جُعِلتِ الخَبائِثُ کُلها فی بَیت وَ جُعِل مِفتاحُها الکَذِبَ

Тамоми палидиҳо дар хонае қарор дода шуда ва калид он дурӯғгӯӣ аст.

Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.69, саҳ.263

Дурӯғгӯӣ аз бузургтарин разоили ахлоқӣ[4] ва зишттарини гуноҳон аст[5] ва дар бархе ривоёт калиди ҳамаи бадиҳо муаррифӣ шудааст.[6] Ба гуфтаи Мулло Аҳмади Нароқӣ, дар оёт ва ривоёти зиёде ба мазаммати дурӯғ ва дурӯғгӯӣ ишора шудааст.[7] Ҳамчунин дар китобҳои ҳадисӣ[8] ва ахлоқӣ, бобҳои ҷудогонае ба дурӯғ бахшида шудааст. Барои намуна дар китоби ал-Кофӣ дар боби ал-Кизб, 22 ҳадис дар мазаммати дурӯғ нақл шудааст.[9] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) ки дар бораи лашгариёни ақл ва ҷаҳл нақл шудааст, ростгӯӣ аз лашгариёни ақл ва дурӯғ аз лашгариёни ҷаҳл баршумурда шудааст.[10] Дар Қуръон дурӯғгӯӣ сазовори лаъну хашми Худо муаррифӣ шудааст.[11] Дурӯғ дар китобҳои ахлоқӣ низ ба унвони яке аз разоили ахлоқӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст.[12]

Аз дурӯғ дар бобҳои рӯза, ҳаҷ, муомилот ва қасами[13] китобҳои фиқҳӣ низ сухан ба миён омадааст. Барои намуна дурӯғ гуфтан аз муҳаррамоти эҳром аст, ки дар маносики Ҳаҷ аз он сухан гуфта шудааст.[14] Ҳамчунин дурӯғ бастан ба Худо ва Пайғамбар (с) аз мубтилоти рӯза аст, ки дар баҳси аҳкоми рӯза аз он баҳс мешавад.[15]

Оё дурӯғ гуноҳи кабира аст?

Дар бархе ривоёт дурӯғ аз гуноҳони кабира шуморида шудааст.[16] Аз ин рӯ, Шаҳиди Сонӣ онро аз гуноҳони кабира донистааст, ки сабаб мешавад одамӣ аз адолат (одил будан) хориҷ шавад.[17] Бо ин ҳол, Шайхи Ансорӣ бо истинод ба ривоёти дигаре[18] эҳтимол дода, ки дурӯғ гуфтан дар сурате аз гуноҳони кабира аст, ки мафсада дошта бошад.[19]

Ҳамчунин дар бархе ривоёт, дурӯғ бастан ба Худо ва Пайғамбар (с) аз гуноҳони кабира шуморида шудааст.[20] Бархе бо истинод ба ин ривоёт эҳтимол додаанд, ки кабира будани дурӯғ махсуси ҳамин маврид бошад, ё ин ки ин аҳодис далолат бар шиддати гуноҳи он дар ин маворид дорад.[21]

Сабабҳо ва ангезаҳои дурӯғгӯӣ

Барои дурӯғгӯӣ сабаб ва ангезаҳои мухталифе зикр шудааст; бар асоси ривояте, дурӯғгӯӣ аз пастии рӯҳ реша мегирад.[22] Ҳамчунин мавориде ҳамчун заъфи имон ва васвасаҳои шайтон, бухл ва ҳасодат аз дигар иллатҳо ва расидан ба молу мақом аз ангезаҳои дурӯғгӯӣ зикр шудааст.[23]

Осор ва паёмадҳо

Бархе аз паёмадҳои дурӯғгӯӣ иборатанд аз:

  • Беэътибории дурӯғгӯ: аз Имом Алӣ (а) нақл шуда, ки аз дӯстӣ бо дурӯғгӯ парҳез шавад; чароки ӯ он қадар дурӯғ мегӯяд, ки росташро ҳам бовар намекунанд.[24]
  • Аз байн рафтани имони дурӯғгӯ: бар асоси ривояте аз Имом Боқир (а) дурӯғ хонаи имонро вайрон мекунад.[25]
  • Азоби Илоҳӣ: аз Пайғамбари Худо (с) нақл шудааст, ки аз дурӯғ бипарҳезед, дурӯғ аз фуҷур ва ситамкорӣ аст ва дурӯғгӯву фоҷир дар оташи ҷой доранд.[26]
  • Гирифтор шудан ба лаъни малоика: аз Пайғамбари Акрам (с) нақл шудааст: «Мӯъмин ҳаргоҳ бидуни узр дурӯғе бигӯяд, ҳафтод ҳазор фаришта ӯро лаънат мекунанд ва бӯи баде аз қалбаш берун меояд, ки то ба арш мерасад ва Худованд ба сабаби ин дурӯғ, гуноҳи ҳафтод зино, ки камтарини он зинои бо модар астро барои ӯ менависад».[27]

Ҳамчунин беобрӯӣ,[28] фақр[29] ва фаромӯшӣ[30] аз дигар паёмадҳои дурӯғгӯӣ аст, ки дар ривоёт ба онҳо ишора шудааст. Ба гуфтаи Мулло Аҳмади Нароқӣ дар Меъроҷ-ус-саодат, дурӯғгӯӣ одамиро хору беэътибор мекунад ва сабаби рехтани обрӯи ӯ назди мардум ва боиси рӯсиёҳиаш дар дунёву охират мешавад.[31]

Роҳкорҳои дармони дурӯғгӯӣ

Мулло Аҳмади Нароқӣ мӯътақид аст, ки барои дармони сифати дурӯғгӯӣ бояд мароҳилеро анҷом дод, то ростгӯӣ малакаи одамӣ гардад; аз ҷумла:

  • Тавваҷӯҳ ба оёту ривоёте, ки дар мазаммати дурӯғгӯӣ ворид шудааст.
  • Тавваҷӯҳ ба осори дунявӣ ва ухравии дурӯғгӯӣ, монанди азоб дар охират ва расвоию беэътибор шудан назди мардум дар дунё.
  • Тааммул дар осор ва фоидаҳи ростӣ
  • Тааммул кардан қабл аз сухан гуфтан
  • Парҳез аз ҳамнишинӣ бо дурӯғгӯёну фосиқон.[32]

Ҳамчунин аз назари Носир Макорими Шерозӣ, аз мароҷеи тақлид ва муффасирони Қуръон, дар китоби Ахлоқ дар Қуръон, дурӯғро аз тариқи дармони решаҳои он бояд дармон кард. Ба унвони намуна агар ангезаи дурӯғ заъфи имон аст, бояд имонро тақвият кард ва агар бухлу ҳасодат аст, бояд онҳоро бартараф кард. Ҳамчунин бояд аз афроде, ки дурӯғ мегӯянд ё фазоҳое, ки дар онҳо ба дурӯғ ташвиқ мекунанд, парҳез кард.[33]

Дурӯғҳои ҷоиз

لَا يَجِدُ عَبْدٌ طَعْمَ الْإِيمَانِ حَتَّى يَتْرُكَ الْكَذِبَ هَزْلَهُ وَ جِدَّهُ

Банда маззаи имонро намечашад то ин ки дурӯғи шӯхӣ ва ҷиддро тарк кунад.

Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.340, ҳадиси 11
Мақолаи аслӣ: Дурӯғи маслиҳатомез

Дурӯғ гуфтан ҳаром аст.[34] Бо ин ҳол дар мавориде, ки фоидаи муҳимме дошта бошад, ҷоиз ва воҷиб шуморида шудааст:[35]

  • Дар ҳоли зарурат: дар сурате, ки зарурат (икроҳ ва изтирор) иқтизо кунад, дурӯғ гуфтан ҷоиз аст;[36] монанди ҷое ки ҷон, моли худ ё дигарӣ дар хатар бошад.[37]
  • Ислоҳи зоталбайн: дурӯғгӯӣ бо ҳадафи ислоҳ ва оштӣ додани байни афрод ҷоиз аст.[38]
  • Дар ҷанг бо душман: бинобар ривоёт, дурӯғ гуфтан дар ҷанг барои фиреби душман ҷоиз аст.[39]

Додани ваъдаи дурӯғ ба ҳамсар ва фарзанд

Бар асоси бархе ривоёт, додани ваъдаи дурӯғ ба ҳамсар ҷоиз аст.[40] Аз ин рӯ, дар китобҳои ахлоқӣ, додани ваъда ба ҳамсару фарзанд низ аз ҳаром будани дурӯғ истисно шудааст.[41] Бо ин ҳол, фуқаҳои шиа дурӯғ гуфтан ба ҳамсарро ҷоиз намедонанд.[42] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ин ривоёт носозгор бо оёте ҳастанд, ки хулфи ваъдаро нораво мешуморанд[43] [Ёддошт 1] ва низ ривоёте, ки аз ваъда додани бидуни қасди анҷом он наҳй кардаанд.[44] Бо ин ҳол бархе мӯътақиданд, ки амал ба муҳтавои ин гуна ривоёт, бадомӯзии тарбиятӣ дорад ва фарзандонро ба дурӯғгӯӣ ва ваъдахилофӣ ташвиқ мекунад.[45][Ёддошт 2]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон, 1367ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.33.
  2. Шаъронӣ, Насри Тубо, интишороти исломия, ҷ.2, саҳ.331.
  3. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон, 1367ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.33.
  4. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, Ҳиҷрат, саҳ.573.
  5. Барои намуна нигоҳ кунед ба Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, ҷ.2, саҳ.332.
  6. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.69, саҳ.263.
  7. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, Ҳиҷрат, саҳ.573.
  8. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.338 - 343.
  9. Нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.338 - 343.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.21.
  11. Сураи Нур, ояти 7.
  12. Барои намуна нигоҳ кунед ба Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, муассисаи аъламӣ ли-л-матбуъот, ҷ.2, саҳ.332 - 338.
  13. Нигоҳ кунед ба имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, ҷ.2, саҳ.110 - 111.
  14. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, ҷ.1, саҳ.399.
  15. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.549.
  16. Нигоҳ кунед ба Шайх Ансорӣ, Макосиб, туросу аш-Шайх-ил-аъзам, ҷ.2, саҳ.12.
  17. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1398ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.129.
  18. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.338, ҳадиси 2.
  19. Шайхи Ансорӣ, Макосиб, туросу аш-Шайх-ил-Аъзам, ҷ.2, саҳ.13 ва 14.
  20. Нигоҳ кунед ба Муҳаддиси Нурӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.248.
  21. Шайхи Ансорӣ, Макосиб, туросу аш-Шайх-ил-Аъзам, ҷ.2, саҳ.13.
  22. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.69, саҳ.262.
  23. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.234 - 236.
  24. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.341, ҳадиси 14.
  25. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.339, ҳадиси 4.
  26. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.88.
  27. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.69, саҳ.263.
  28. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.87.
  29. Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1363ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.455.
  30. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.341, ҳадиси 15.
  31. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, Ҳиҷрат, саҳ.573.
  32. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, Ҳиҷрат, саҳ.578 - 580.
  33. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.235 - 236.
  34. Шайхи Ансорӣ, Макосиб, туросу аш-Шайх-ил-Аъзам, ҷ.2, саҳ.11.
  35. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, Ҳиҷрат, саҳ.575.
  36. Шайхи Ансорӣ, Макосиб, туросу аш-Шайх-ил-Аъзам, ҷ.2, саҳ.21.
  37. Шайхи Ансорӣ, Макосиб, туросу аш-Шайх-ил-Аъзам, ҷ.2, саҳ.21.
  38. Шайхи Ансорӣ, Макосиб, туросу аш-Шайх-ил-Аъзам, ҷ.2, саҳ.31.
  39. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Теҳрон, ҷ.4, саҳ.359.
  40. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.342, ҳадиси 18.
  41. Барои намуна нигоҳ кунед ба Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, муассисаи аъламӣ ли-л-матбуъот, ҷ.2, саҳ.236 - 237.
  42. Нигоҳ кунед ба имом Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, ҷ.2, саҳ.140; Таботабоии Ҳаким, Минҳоҷ-ус-солеҳин (ал-Муҳашшо ли-л-Ҳаким), ҷ.2, саҳ.15.
  43. Сураи Исро, ояти 34.
  44. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.101, саҳ.73.
  45. Иравонӣ, «Асли садоқат дар Қуръон ва таҳлили мавориди ҷавози кизб», саҳ.126.

Ёддошт

  1. وَأَوْفُوا بِالْعَهْدِ ۖ إِنَّ الْعَهْدَ كَانَ مَسْئُولًا / тарҷума: ва ба паймони [худ] вафо кунед, зеро ки аз паймон пурсиш хоҳад шуд.
  2. Бархе аз муҳаққиқон бар ин бовар ҳастанд, ки агар ривоёти ворида дар бораи ин мавзӯъро бипазирем, дурӯғи мард ба ҳамсараш вақте ҷоиз мешавад, ки мӯҷиби ислоҳ ва тақвияти бунёни хонавода шавад, вале фуқаҳо бо тавваҷӯҳ ба бархе аз мушкилоти санадӣ ва далолатӣ, аҳодиси мавҷуд дар бораи ҷавози дурӯғ гуфтани мард ба ҳамсарашро қабул накардаанд. [Ниёзманди манбаъ]

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, бе то.
  • Иравонӣ, Ҷавод, «Асли садоқат дар Қуръон ва таҳлили мавориди ҷавози кизб», дар маҷаллаи Омӯзаҳои қуръонӣ, донишгоҳи улуми исломии Разавӣ, шумораи 13, баҳор ва тобистони 1390.
  • Шаъронӣ, Абулҳасан, Насри Тубо ё доиратулмаорифи луғоти Қуръони Маҷид, Теҳрон, интишороти исломия, бе то.
  • Шаҳиди Сонӣ, Шарҳ-ул-маъа, таҳқиқи Сайидмуҳаммади Калонтар, алтабъатуссония, 1398ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, ал-Макосиб, туросу аш-Шайх-ил-Аъзам, бе то.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1367 - 1369.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, муассиса ал-нашр-ул-исломӣ, алтабъатулуло, 1420ҳ.қ.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Сафинат-ул-биҳор, Теҳрон, Фароҳонӣ, 1363ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, Қум, муассисаи Олулбайт, 1408ҳ.қ.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, Теҳрон, вазорат-ус-сақофати ва-л-иршод-ул-исломӣ алдоиратулъомату ли-л-марокизи ва-л-ъалоқот-ис-сақофия, 1368ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Ахлоқ дар Қуръон, Қум, мадрасат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1377ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, китоби Меъроҷ-ус-саъодат, муқаддамаи Муҳаммади Нақдӣ, Қум, муассисаи интишороти Ҳиҷрат, бе то.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, таълиқи Муҳаммади Калонтар, Бейрут, муассисаи аъламӣ ли-л-матбуъот, чопи чаҳорум, Бейрут, бе то.