Ат-Тафсиру ва-л-муфассирун (китоб)

Аз wikishia
ат-Тафсиру ва-л-муфассирун
НависандаМуҳаммадҳодии Маърифат
ЗабонАрабӣ
Теъдоди ҷилд2
НоширДафтари нашри Донишгоҳи улуми исломии разавӣ


ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳ-ил-қашиб (арабӣ: التَفسیر وَ المُفَسِّرون فی ثَوبِه القَشیب) китобе ба забони арабӣ, навиштаи Муҳаммадҳодии Маърифат (1385ҳ.ш.), дар дифоъ аз усул ва мабонии тафсир дар ташайюъ, ва дар посух ба китоби Муҳаммадҳусайни Заҳабӣ, аз уламои донишгоҳи ал-Азҳари Миср, бо унвони ат-Тафсиру ва-л-муфассирун навишта шудааст.

Китоб дар ду ҷилд навишта шудааст; ҷилди аввал, илова бар таърифи тафсир, таъвил ва анвоъи тафсир, ба баёни сайри таърихии тафсири Қуръони Карим дар давраи Пайғамбар (с), саҳоба ва тобеъин пардохта ва нақши Аҳли Байт дар тафсири Қуръон Каримро низ мавриди тавваҷуҳ қарор додааст. Муаррифии муфассирони машҳур дар давраи пас аз тобеъин, бахши дигаре аз ҷилди аввали китоб аст. Ҷилди дувум, ҳовии матолибе дар бораи тафсири асарӣ ва ҳамчунин баррасии ҷаълиёту исроилиёт дар тафсири нақлӣ аст. Муҳимтарин осори тафсири ривоии шиа ва суннӣ, дар ин ҷилд муаррифӣ шудааст.

Муҳаққиқон, вижагиҳое аз ҷумла дифоъ аз усулу мабонии тафсирии шиа, истифода аз манобеи густарда ва муътабар, тавваҷуҳ ба исроилиёт ва ҳамчунин навовариро барои китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассирун баршумурдаанд ва дар айни ҳол, тавваҷуҳ накардан ба макотиби тафсирӣ дар Миср ва Яманро аз нақдҳои ворид бар он донистаанд.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Муҳаммадҳодии Маърифат

Муҳаммадҳодии Маърифат (1309 - 1385ҳ.ш.), ҳадисшинос, фақиҳи шиа ва муфассир Қуръон аст.[1] Вай илова бар китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, осори мутаъаддиде дар бораи Қуръони Карим дорад; аз ҷумла ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон,[2] ат-Тафсир-ул-арасий-ил-ҷомеъ,[3] Шубаҳотун ва рудудун ҳавл-ал-Қуръон[4] ва Сиёнат-ул-Қуръони мин-ат-таҳриф.[5] Вай ҳамчунин осоре дар фиқҳ ва усули фиқҳ дорад.[6]

Муҳтаво ва сохтори китоб

«ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳ-ил-қашиб» (ба маънии: Тафсиру муфассирон дар либоси нав) китобе дар мавзуи улуми қуръонӣ ки дар ду ҷилд ба чоп расидааст. Ин китоб бо муқаддамае ки шомили иллати нигориши китоб ва вижагиҳои он аст, оғоз мешавад.[7] Бинобар тасреҳи Муҳаммадҳодии Маърифат, ин китоб, посухест ба китобҳои «ат-Тафсиру ва-л-муфассирун», навиштаи Муҳаммадҳусайни Заҳабӣ (1333 - 1397ҳ.қ.) устоди донишгоҳи ал-Азҳар, ва низ «Мазоҳиб-ут-тафсир-ил-исломӣ», навиштаи Абдулҳалим Наҷҷор ки ба бовари Муҳаммадҳодии Маърифат, матолиби ғайривоқеъӣ ва хилофи Ислом ва ташайюъро дар осори худ овардаанд.[8]

Се фасл аз ҷилди аввали китоб, дар бораи таъриф, шароит ва анвоъи тафсир аст ва ҳамчунин робитаи тафсир бо таъвил ва низ шеваи баёни Қуръони Карим, баён шудааст.[9] Се фасли дигари ҷилди аввал, шомили матолиби баррасии сайри таърихии тафсири Қуръони Карим аст ки таърихи тафсир дар даврони Пайғамбар (с), саҳоба, ва тобеъин зикр шуда ва ҳамчунин нақши Аҳли Байт (а) дар тафсири Қуръони Карим, табйин шудааст.[10] Саранҷом, фасли ҳафтуми ҷилди аввал, дар бораи муфассирони машҳур дар давраи пас аз тобеъин аст.[11] Бо ин ҳол, хотимаи ин фасл, дар ибтидои ҷилди дувум гунҷонда шудааст.[12]

Ҷилди дувуми китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, шомили ду бахш аст;[13] бахши аввал, дар бораи тафсири асарӣ ё нақлӣ аст ки Муҳаммадҳодии Маърифат дар ин бахш, ба баёни заъфҳо ва ҳамчунин ҷаълу исроилиёт дар тафсири нақлӣ пардохта, ва низ муҳимтарин тафосири ривоии шиа ва аҳли суннат аз қарни сеюми ҳиҷриро муаррифӣ кардааст.[14] Бахши дувум, ҳовии матолибе дар бораи равиши тафсири иҷтиҳодӣ, тафосири фиқҳӣ, илмӣ, адабӣ, луғавӣ, тартибӣ, мавзуӣ, иҷтимоӣ ва ирфонӣ аст.[15]

Вижагиҳо ва нақдҳо

Истифода аз манобеи густарда, навоварӣ, дифоъ аз ташайюъ ва тавваҷуҳ ба исроилиёт, бархе аз вижагиҳои мусбати китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассируни дониста шудааст. Ҳамчунин тавваҷуҳи кофӣ надоштан ба макотиби тафсирӣ дар нуқоти мухталиф, ва низ инъикос наёфтани талошҳои тафсирии имомон (а) дар Мадина, бархе аз нақдҳоест ки бар китоби мазкур ворид шудааст. Бархе аз вижагиҳо ва ҳусни китоб, иборатанд аз:

Истифода аз манобеи густарда ва муътабар; Оятуллоҳ Маърифат, дар таълифи ин асар, беш аз 500 манбаъ аз ҷумла манобеи улуми қуръонӣ, таърихӣ ва доиратулмаорифҳоро мавриди истифода қарор додааст.[16]

Навоварӣ ва баёни дидгоҳҳои тоза,[17] аз ҷумла тавваҷуҳ ба таъвил ва баёни зобитаҳои он, нақши Аҳли Байт (а) дар тафсири Қуръон ва тақсимбандии равишҳои тафсирӣ ба иҷтиҳодӣ ва асарӣ.[18]

Тавваҷуҳ ба исроилиёт ва ривоёти сохтагӣ ва ҷаълӣ ки яке аз офоти тафосири ривоии шиа ва аҳл суннат аст.[19]

Аввалин асари шиъӣ: китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, аввалин асари мустақилли шиъӣ дар бораи тафсир ва улуми қуръонӣ дониста шуда; чароки то пеш аз он, матолиби тарҳшуда дар ин бора, ғайримутамаркиз ва пароканда будааст.[20]

Дифо аз ташайюъ, яке аз вижагиҳои аслии китоб дониста шуда; чароки Муҳаммадҳодии Маърифат, ин китобро дар посух ба китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, навиштаи Муҳаммадҳусайни Заҳабӣ ва дар дифоъ аз мактаби тафсирии шиаён навиштааст.[21] Муҳаммадҳусайни Заҳабӣ дар китоби худ, зимни интиқод ба усулу мабонии тафсири ташайюъ, тафосири машҳури шиа аз ҷумла Миръот-ул-анвор, Маҷмаъ-ул-баён, Тафсир-ус-софӣ ва Тафсири Имом Ҳасани Аскарӣ (а)-ро мавриди нақд қарор дода ва ба бовари бархе аз муҳаққиқон, нақдҳои вай, мутаъассибона ва ғайримунсифона будааст.[22]

Ҳамчунин бархе нақдҳои ворид шуда бар китоб, иборатанд аз:

Фарогир набудани мактабҳои тафсирӣ: Муҳаммадҳодии Маърифат дар муаррифии макотиби тафсирӣ, танҳо ба муфассирони Макка, Мадина, Кӯфа, Шом ва Басра иктифо карда ва номе аз макотиби тафсирӣ дар Миср ва Яман набурдааст.[23]

Ишора накардани ҳузури Аҳли Байт (а) дар Мадина: дар китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, гузорише аз ҳузур ва таъсири Аҳли Байт (а) дар Мадина ва посухгӯии онҳо ба масоили қуръонӣ нишон дода нашудааст.[24]

Чоп ва тарҷумаи форсӣ

Китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, навиштаи Оятуллоҳ Маърифат, тавассути дафтари нашри Донишгоҳи улуми исломии разавӣ дар Машҳад ба чоп расидааст. Ҳамчунин тарҷумаи форсии он ба ҳамроҳи изофате, дар ду ҷилд, бо унвон «Тафсир ва муфассирон», тавассут «Муассисаи ат-Тамҳид» дар соли 1380ҳ.ш. ба чоп расид.[25]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Баҳҷатпур, Сайре дар зиндагии илмии Оятуллоҳ Маърифат, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.177 ва 181
  2. Баҳҷатпур, Сайре дар зиндагии илмии Оятуллоҳ Маърифат, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.182
  3. Баҳҷатпур, Сайре дар зиндагии илмии Оятуллоҳ Маърифат, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.195
  4. Баҳҷатпур, Сайре дар зиндагии илмии Оятуллоҳ Маърифат, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.189
  5. Баҳҷатпур, Сайре дар зиндагии илмии Оятуллоҳ Маърифат, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.187
  6. Баҳҷатпур, Сайре дар зиндагии илмии Оятуллоҳ Маърифат, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.181 - 182
  7. Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.3
  8. Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.4
  9. Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.13 - 168
  10. Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.169 - 565
  11. Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1418ҳ.қ., ҷ.1, 313 - 452
  12. Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.7
  13. Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.20 ва 354
  14. Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.21 - 347
  15. Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.354 - 587
  16. Муаддаб, Нигоҳе ба китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳ-ил-қашиб, 1384ҳ.ш., саҳ.48
  17. Муаддаб, Нигоҳе ба китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳ-ил-қашиб, 1384ҳ.ш., саҳ.49
  18. Муаддаб, Нигоҳе ба китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳ-ил-қашиб, 1384ҳ.ш., саҳ.49; Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.169 - 565; Маърифат, ат-Тафсиру ва-л-муфассирун, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.354 - 587
  19. Ализода, ат-Тафсиру ва-л-муфассируни фи савбиҳ-ил-қашиб дар бутаи нақду муаррифӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.160
  20. Ализода, ат-Тафсиру ва-л-муфассируни фи савбиҳ-ил-қашиб дар бутаи нақду муаррифӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.161
  21. Субҳонӣ, суханронии Оятуллоҳ Субҳонӣ дар накӯдошти устоди Маърифат, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.47 - 48; Муаддаб, Нигоҳе ба китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳ-ил-қашиб, 1384ҳ.ш., саҳ.48
  22. Муаддаб, Нигоҳе ба китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳ-ил-қашиб, 1384ҳ.ш., саҳ.48
  23. Ализода, ат-Тафсиру ва-л-муфассируни фи савбиҳ-ил-қашиб дар бутаи нақду муаррифӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.162
  24. Ализода, ат-Тафсиру ва-л-муфассируни фи савбиҳ-ил-қашиб дар бутаи нақду муаррифӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.163
  25. Муаддаб, Нигоҳе ба китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳ-ил-қашиб, 1384ҳ.ш., саҳ.51

Сарчашма

  • Баҳҷатпур, Абдулкарим, Сайре дар зиндагии илмии Оятуллоҳ Маърифат, дар Маърифати қуръонӣ: ёднгори Оятуллоҳ Муҳаммадҳодии Маърифат, ба кӯшиши Алӣ Насирӣ, Теҳрон, Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Суханронии Оятуллоҳ Субҳонӣ дар накудошти устод Маърифат, дар Маърифати қуръонӣ: ёднгори Оятуллоҳ Муҳаммадҳодии Маърифат, ба кӯшиши Алӣ Насирӣ, Теҳрон, Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Ализода, Мирзо, ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳ-ил-қашиб дар бутаи муаррифӣ ва нақд, дар маҷаллаи Илоҳиёт ва ҳуқуқ, Машҳад, Донишгоҳи улуми исломии разавӣ, поизи 1386ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳ-ил-қашиб, Машҳад, ал-Ҷомеъат-ур-разавияти ли-ъулум-ил-исломия, 1418ҳ.қ.
  • Муаддаб, Сайид Ризо, Нигоҳе ба китоби ат-Тафсиру ва-л-муфассируна фи савбиҳ-ил-қашиб, дар Паёми ҷовидон, Теҳрон, Авқоф ва умури хайрия, баҳори 1384ҳ.ш.