Алиюн валиюллоҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Алийюн валий-ул-лоҳ)
Қитъаи хушнивисии «Алиюн валиюллоҳ» ба сабки оинанависӣ, ба хати Маҳмуди Иброҳим. Марбут ба қарни ҳаждаҳуми милодӣ.[1]

Алиюн валиюллоҳ (арабӣ: علي ولي الله) (тоҷикӣ: Алӣ сарпарасте аз ҷониби Худост) шиори шиаён дар бораи эътиқод ба имомат ва вилояти Имом Алӣ (а) аст. Шиаён хилофати Алӣ (а)-ро баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) дастуре аз сӯи Худо медонанд.

Шиаён дар азон ва иқома баъд аз шаҳодат ба рисолати Пайғамбар (с) ва ҳамчунин пас аз шаҳодатайн, ба «Алӣ валийуллоҳ» низ шаҳодат медиҳанд, агарчи онро ҷузъе аз азону иқома намедонанд.

Мирзои Қумӣ - олими шиаи қарни сездаҳуми қамарӣ, гуфтани «Алӣ валийуллоҳ»-ро пас аз «ло илоҳ иллаллоҳ, Муҳаммад Расулуллоҳ» мустаҳаб донистааст. Ҳамчунин аз назари Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Теҳронӣ, ин чанд ҷумлаи ҷудоинопазир аст; бо ин истидлол, ки дар нахустин рӯзе, ки Пайғамбар ақвоми худро ба Ислом, даъват кард, ба пайравӣ аз Имом Алӣ (а) низ дастур дод.

Сиккаҳое бо зарби иборати «Алӣ валийуллоҳ» дар ҳукуматҳои шиа ҳамчун Оли Бӯя, Исмоилӣ ва Фотимӣ бар ҷо монда, ки қадимитарини он марбут ба нимаи қарни чаҳоруми қамарӣ аст. Ин иборат дар меъмориҳои шиъӣ ва давраи Фотимӣ низ ба кор рафтааст; аз ҷумла бар меҳробе, ки дар соли 478ҳ.қ. (1094м.) ба масҷиди Ибни Тулун дар Қоҳира афзуда шуд.

Ҷойгоҳ ва мафҳумшиносӣ

Парчами Алиюн валиюллоҳ дар ҳарами Имом Алӣ (а) (1400ҳ.ш.)[2]

«Алиюн валиюллоҳ» аз шиорҳои намоёни шиа дар бораи эътиқод ба имомат ва вилояти Имом Алӣ (а) аст, ки аз ояти Вилоят ва аҳодисе монанди ҳадиси вилоят ва хутбаи Ғадир гирифта шудааст.[3] Шиаён «Алиюн валиюллоҳ»-ро ба маъноӣ «Алӣ сарпарасте[4] аз ҷониби Худо аст» дониста[5] ва хилофати Алӣ (а) пас аз реҳлати Пайғамбар (с)-ро дастуре аз сӯи Худо медонанд.[6] Дар муқобил, аҳли суннат хилофати Алӣ (а)-ро баъд аз хилофати хулафои сегона шуморида[7] ва хилофати ӯро монанди хилофати дигар хулафо, аз ҷониби Худо намедонанд.[8]

Иборати «Алиюн валиюллоҳ» аз миёни китобҳои чаҳоргонаи шиа, дар ал-Кофӣ[9] ва дар Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ[10] зикр шудааст. Ҳамчунин дар зиёратномаҳое, ки дар ин китобҳо зикр шуда, Имом Алӣ (а) бо унвони «валиюллоҳ» мухотаб қарор гирифтааст.[11] Дар бархе ривоёт дар манобеи равоии шиа, пас аз иборати «Алиюн валиюллоҳ», ҷумлаи «васийи Расулуллоҳ» (тоҷикӣ: ҷонишини Расули Худо)[12] ва дар бархе «халифаи баъди Расулуллоҳ» (тоҷикӣ: халифаи пас аз расули Худо) зикр шудааст.[13] Бархе суфиёни аҳли суннат низ иборати «Алиюн валиюллоҳ»-ро дар осорашон зикр кардаанд.[14]

Шиаён дар маросими иди Ғадир таблоҳо ва парчамҳое бо иборати «Алиюн валиюллоҳ» насб мекунанд.[15] Ҳамчунин онро рӯи нигини ангуштар ҳак мекунанд.[16] [Манбаи беҳтаре ниёз аст] Дар пушти мошин навиштани ин иборат, аз фарҳангҳои бархе шиаён дар Эрон аст.[17] [Манбаи беҳтаре ниёз аст]

Шаҳодати солиса

Мақолаи аслӣ: Шаҳодати солиса

Шиаён дар азон ва иқома пас аз шаҳодат ба рисолати Пайғамбар (с), ба «Алиюн валиюллоҳ» шаҳодат медиҳанд.[18] Фақеҳони шиа онро ҷузъе аз азону иқома намедонанд,[19] вале бисёре аз онҳо гуфтани онро ба қасди расидан ба савоб, ҷоиз шуморидаанд.[20] Ҳамчунин шиаён барои шаҳодати Ислом овардан, пас аз шаҳодат ба тавҳид ва рисолати Пайғамбар (с) ба «Алиюн валиюллоҳ» шаҳодат медиҳанд;[21] агарчи фақеҳони шиа онро барои Ислом овардан лозим надонистаанд.[22]

Дар ривоёте аз манобеи ҳадисии шиа, пас аз иборати «ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммад расулуллоҳ», ҷумлаи Алиюн валиюллоҳ зикр шуда[23] ва гуфтани Алиюн валиюллоҳ баъд аз он, боиси бахшида шудани гуноҳон дониста шудааст.[24] Мирзои Қумӣ - фақеҳи шиаи қарни сездаҳуми қамарӣ, бар асоси ривоёт гуфтани «Алиюн валиюллоҳ» пас аз «Муҳаммад расулуллоҳ»-ро мустаҳаб донистааст.[25] Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Теҳронӣ - олими шиа (ваф. 1374ҳ.ш.), иборати «Ло илоҳи иллаллоҳ, Муҳаммад расулуллоҳ, Алиюн валиюллоҳ»-ро ғайриқобили ҷудосозӣ донистааст. Ӯ ба ҳадиси Явмуддор истидлол кардааст, ки бар асоси он, дар нахустин рӯзе, ки Пайғамбар ақвоми худро ба Ислом ва гуфтани шаҳодатайн даъват кард, ба пайравӣ аз Имом Алӣ (а) низ дастур дод.[26]

Бар асоси бархе ривоёт, дар рӯзи қиёмат бар тоҷҳои сари Пайғамбар (с)[27] ва Имом Алӣ (а),[28] иборати «Ло илоҳа илаллоҳ, Муҳаммад расулуллоҳ, Алиюн валиюллоҳ» навишта шудааст.[Ёддошт 1] Монанди ин тавсифот дар бархе аз дигар ривоёти манобеи шиа низ зикр шудааст.[29]

Иборати «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим, ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммад расулуллоҳ, Алиюн валиюллоҳ», яке аз ибороте буд, ки бар порчаҳои давраи Фотимӣ навишта мешуд.[30]

Зарби сикка бо иборати Алиюн валиюллоҳ

Иборати Алиюн валиюллоҳ бар диноре маъруф ба динори мустансария, ки дар соли 450ҳ.қ. ба дасти Арсалон Басосирӣ зарб шуд.[31]

Бархе ҳокимон дар ҳукуматҳои шиа сикка бо иборати Алиюн валиюллоҳ зарб кардаанд. Шуморе аз онҳо чунинанд:

Дарҷи «Алиюн валиюллоҳ» бар рӯи сикка, аз сӯи ҳокимони ғайришиа монанди Арғавун - чаҳорумин ҳокими Илхонӣ (ҳукумат 683 - 690ҳ.қ.),[39] ва Оқи Қавинулҳо (ҳукумат 872 - 908ҳ.қ.)[40] низ гузориш шудааст. Бархе пажӯҳишгарони таърих, далели онро гароиши эътиқодии ҳокимон ба мазҳаби шиа[41] ё ҷалби ҳимояти шиаён[42] донистаанд.

Дар биноҳои таърихӣ ва мазҳабӣ

Иборати Алиюн валиюллоҳ, бар рӯи яке аз меҳробҳои масҷиди Ибни Тавлун дар Қоҳира, ки дар давраи Маоз Мустансири Фотимӣ (ҳукумат 427 - 487ҳ.қ.) - ҳаждаҳумин имоми Исмоилия, сохта шуд.[43]

Ҷумлаи «Алиюн валиюллоҳ» дар меъмориҳои шиъӣ[44] ва дар давраи Фотимӣ ба кор мерафт.[45] Барои намуна бар рӯи меҳробе, ки дар соли 478ҳ.қ. (1094м.) ба масҷиди Ибни Тавлун дар Қоҳира афзуда шуд, иборати «Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммад расулуллоҳ, Алиюн валиюллоҳ» навишта шудааст.[46] Ин меҳроб дар давраи хилофати Маоз Мустансири Фотимӣ (ҳукумат 427 - 487ҳ.қ.) - ҳаждаҳумин имоми Исмоилия, сохта шуд.[47][Манбаи беҳтаре ниёз аст]

Рӯи гунбади Султония воқеъ дар шаҳри Султония наздики Занҷон, катибаи «Алиюн валиюллоҳ» нақш бастааст, ки марбут ба соли 710 қамарӣ аст. Гунбади Султония пас аз шиа шудани Улҷойту - ҳаштумин подшоҳи Илхонӣ, ва ба дастури ӯ сохта шуд.[48] Ҳамчунин иборати «Алиюн валиюллоҳ» бар деворҳои масҷиди кабуди Табрез нақш шудааст, ки дар замони Ҷаҳоншоҳ, аз подшоҳони Қароқуюн дар соли 870 қамарӣ сохта шуд.[49] Меҳроби имомзода Ҳабиб ибни Мӯсо дар Кошон марбут ба соли 770 қамарӣ, низ дорои иборати «Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммад расулуллоҳ, Алиюн валиюллоҳ» аст.[50]

Ҷумлаи «Алиюн валиюллоҳ» дар ҳарами бархе имомон ва имомзодагон ба кор рафтааст; аз ҷумла рӯи зариҳи ҳарами Имом Алӣ (а),[51] зариҳи Имом Ризо (а)[52] ва манораи ҳарами ҳазрати Аббос (а).[53]

Дар адабиёт

Иборати «Алиюн валиюллоҳ» дар адабиёти форсӣ инъикос доштааст. Сайид Алӣ Имодуддин Насимӣ - шоири суфии қарни ҳаштуми қамарӣ, чунин сурудааст:

Ҳар васф ки дар шаъни Каломуллоҳ аст,
Хосияти ӯ тамоми Бисмиллоҳ аст.
Он нуқта ки он дар бои бисмиллоҳ аст,
Он холи рухи Алӣ валиюллоҳ аст.[54]

Асири Лоҳиҷии Нурбахшӣ - суфии қарни нуҳуми қамарӣ, ғазале бо радифи «Алӣ валиюллоҳ» сурудааст, ки ду байти оғозини он чунин аст:

Имому ҳодии ҷонӣ Алӣ валиюллоҳ,
Табиби дарди ниҳонӣ Алӣ валиюллоҳ.
Намерасад ба камоли ту шарҳи нотиқаам,
Фузун зи ҳадди баёнӣ Алӣ валиюллоҳ....[55]

Урфии Шерозӣ - шоири қарни даҳуми қамарӣ,[Ёддошт 2][56] Муҳаммадқулии Салим Теҳронӣ - шоири қарни ёздаҳуми қамарӣ,[Ёддошт 3][57] ва Муҳаммадкозим Ошуфтаи Шерозӣ, шоири давраи Қоҷор низ [Ёддошт 4][58] иборати «Алиюн валиюллоҳ»-ро дар ашъори худ ба кор бурдаанд.

«Алиюн валиюллоҳ» дар шеъри арабӣ низ инъикос доштааст. Фазл ибни Аббоси Лаҳабӣ аз шоирони Банӣ Ҳошим, дар посухи шеъре, ки Валид ибни Уқба ибни Абимуъит - бародари модарии Усмон, дар сӯги қатли вай ва алайҳи Банӣ Ҳошим суруда буд, шеъре гуфт, ки дар он иборати «Алиюн валиюллоҳ» ба кор рафтааст. [Ёддошт 5][59]

Ҳамчунин Ибни Шаҳрошӯб - олими шиаи қарни шашуми қамарӣ,[Ёддошт 6][60] ва Ҷамолиддин Муҳаммад Наҷафии Моликӣ (ваф. 1086ҳ.қ.), шоир ва аз наводагони Молики Аштар[Ёддошт 7][61] низ «Алиюн валиюллоҳ»-ро дар шеъри арабии худ ба кор бурдаанд.

Нигорхона

Эзоҳ

  1. «Mirror image of 'Aliи wali Allah», Library of Congress.
  2. «Гунбади ҳарами Алавӣ тамиз шуд/ насби парчами Алӣ валийуллоҳ», пойгоҳи хабарии таҳлилии 361 дараҷаи Эрон.
  3. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ғадир, 1386ҳ.ш., саҳ.422 ва 423.
  4. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҳусайнии Милонӣ, Ҷавоҳир-ул-калом фи маърифат-ил-имомати ва-л-имом, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.294.
  5. Таботабоӣ ва Шоҳӣ, Баррасиҳои исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.150.
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба Табарии Сағир, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.18.
  7. Барои намуна нигоҳ кунед ба Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Ҳанбал, ас-Суннат, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.573; Қирвонӣ, Ақидат-ус-салаф, Дорулъосима, саҳ.61.
  8. Иҷӣ, ал-Мавоқиф фи илм-ил-калом, оламулкутуб, саҳ.395.
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.99.
  10. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.604.
  11. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.295 ва 296; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.586, 589, 590, 592; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.26, 27, 28.
  12. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ровандӣ, ад-Даъавот, 1407ҳ.қ., саҳ.211.
  13. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.208.
  14. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кашфии Тирмизӣ, Маноқиби Муртазавӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.140 ва 319; Мазҳарӣ, ат-Тафсир-ул-Мазҳарӣ, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.256; Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.250, 288 ва 249.
  15. Барои намуна нигоҳ кунед ба “Ҳузури миллионии мардуми Теҳрон дар меҳмонии 10 километрии Ғадир”, хабаргузории Тобнок.
  16. Барои намуна нигоҳ кунед ба “Ангуштари ақиқи хаттии Алӣ валийуллоҳ”, ҷавоҳироти парчамӣ.
  17. Барои намуна нигоҳ кунед ба “Шаблони пуштнависии мошинии тарҳи Алӣ валийуллоҳ”, хидматгузорон.
  18. Саровӣ, ал-Қутуф-уд-дония фи-л-масоил-ис-самония, 1997м., ҷ.1, саҳ.55.
  19. Субҳонӣ, Шиъашинохт, 1397ҳ.ш., саҳ.352; Яздӣ, Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.532.
  20. Ғазӣ, аш-Шаҳодат-ус-солисат-ул-муқаддаса, 1423ҳ.қ., саҳ.361 - 384.
  21. Барои намуна ниг.: Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.52; Ибни Шозон, ар-Равзату фи фазоили Амир-ил-муъминин (а), 1423ҳ.қ., саҳ.196.
  22. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.630; Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароиъ-ил-Ислом, Қум, муассисаи ал-маориф-ул-исломия, ҷ.15, 36.
  23. Барои намуна нигоҳ кунед ба Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.325; Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.670.
  24. Ибни Шозони Қумӣ, ар-Равзату фи фазоили Амир-ил-муъминин, 1423ҳ.қ., саҳ.23.
  25. Мирзои Қумӣ, Ғаноим-ул-айём, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.423.
  26. Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1402ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.95.
  27. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.325.
  28. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.670.
  29. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.99; Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.324; Табарии Омулии Сағир, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.413; Ибни Шозон, Миату манқабат мин маноқиби Амир-ил-муъминин ва-л-аимма, 1407ҳ.қ.‏, саҳ.49.
  30. Зкии Муҳаммади ҳасан, «ал-Мансуҷот-ул-исломият-ул-мисрия ва маъразу Ҷавбалон би Борис», саҳ.29.
  31. «FATIMID, AL - MUSTANSIR », NumisBids.
  32. Маваддат, «Таҳлиле бар раванди зарби иборати Алӣ валийуллоҳ бар сиккаҳои Бовандиёни кивсия», саҳ.219.
  33. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.361.
  34. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, 1412ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.37.
  35. Фасоӣ, Форсномаи Носирӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.288.
  36. Ҷон Мосун, Хуруҷ ва уруҷи сарбадорон, 1361ҳ.ш., саҳ.83.
  37. Сарафрозӣ, “Шаъоири шиъӣ бар сиккаҳои исломӣ то шаклгирии ҳукумати сафавиён”, саҳ.13.
  38. Андомӣ ва Сулаймонӣ, «Барге аз сиккашиносӣ (раванди ташайюъ дар Эрон)», саҳ.83 ва 84.
  39. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.691.
  40. Сарафрозӣ, “Шаъоири шиъӣ бар сиккаҳои исломӣ то шаклгирии ҳукумати сафавиён”, саҳ.23.
  41. Ҷон Мосун, Хуруҷ ва уруҷи сарбадорон, 1361ҳ.ш., саҳ.83; Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.361.
  42. Сарафрозӣ, “Шаъоири шиъӣ бар сиккаҳои исломӣ то шаклгирии ҳукумати сафавиён”, саҳ.15.
  43. «Molana Imam Mustansirbillah», The Bohras.
  44. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ғадир, 1386ҳ.ш., саҳ.423.
  45. Барои намуна нигоҳ кунед ба «Molana Imam Mustansirbillah», The Bohras.
  46. Фуод Сайид, “ал-Қоҳира”, саҳ.8044.
  47. «Molana Imam Mustansirbillah », The Bohras.
  48. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.737.
  49. Сарафрозӣ, «Шаъоири шиъӣ бар сиккаҳои исломӣ то шаклгирии ҳукумати сафавиён», саҳ.22.
  50. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.850.
  51. «Аз-Зариҳ-ул-муқаддас», шабакатул-Имом Алӣ (а) медия.
  52. «Акси бо кайфият: зариҳи мутаҳҳари Имом Ризо (а)», пойгоҳи акси Разавӣ.
  53. «Гунбади ҳарами ҳазрати Аббос (а)», пойгоҳи Карбубало (пойгоҳи тахассусии Имом Ҳусайн (а)).
  54. Насимӣ, Зиндагӣ ва ашъори Имодуддини Насимӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.355.
  55. Асирии Лоҳиҷӣ, Девони ашъор ва расоил, 1357ҳ.ш., саҳ.371.
  56. Тақиюддини Кошӣ, Хулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор, 1392ҳ.ш., саҳ.200.
  57. Раҳим, «Муҳаммадқулии Салими Теҳронӣ», саҳ.225.
  58. Ошуфтаи Шерозӣ, «Ғазалиёт, шумораи 1009», сайти Ганҷур.
  59. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.347 ва 348.
  60. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  61. Абдурраҳмон ибни Дарҳам, ат-Туҳр нузҳат-ул-абсори би тароиф-ил-ахбор-ил-ашъор, Дор-ул-ибод, саҳ.225.
  62. «Аз-Зариҳ-ул-муқаддас», Шабакат-ул-Имом Алӣ (а) медия.
  63. «Маъолим имрония», Шабакат-ул-Имом Алӣ (а) медия.
  64. «Акси бо кайфият: зариҳи мутаҳҳари Имом Ризо (а)», пойгоҳи акси Разавӣ.
  65. «Гунбади ҳарами ҳазрати Аббос (а)», пойгоҳи Карбубало (пойгоҳи тахассусии Имом Ҳусайн (а)).
  66. «Алӣ валийуллоҳ», сафҳаи Муҳаммад ал-Мушрифовӣ дар пинтерс.
  67. «Safavid Shah Ismail I 907 - 930AH AV», NumisBids.
  68. «Сиккаи султон Муҳаммад Худобанда (Улҷойту) Илхонӣ», китобхона ва музеи миллии Малик.
  69. «Сиккаи Бовандиён, Рустам ибни Шарввн», сайти ал-Баён.

Ёддошт

  1. Дар Тафсири Қумӣ афзун бар се ҷумла, ин иборат (الْمُفْلِحُونَ هُمُ الْفَائِزُونَ بِاللَّهِ) низ омадааст, вале дар Амолии Тоҷ ба сурати чаҳоргӯш тавсиф шудааст, ки бар ҳар гӯшааш дар се сатр ин иборати Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммад расулуллоҳ, Алиюн валиюллоҳ/ لا إله إلا الله، محمد رسول الله، علي ولي الله навишта шудааст. Аз зоҳири ин ривоёт истифода мешавад, ки ин ҳаводис пеш аз рафтан ба биҳишт ва гирифтани калидҳои он аст.
  2. Шаҳи сарири вилоят, Имоми хиттаи шаръ,
    Муҳити олами дониш Алӣ валиюллоҳ.
  3. Фурӯғи субҳи имомат, Алӣ валиюллоҳ,
    Сафои оинаи дин, Амири кулли амир.
  4. Имоми машриқу мағриб, Амири кулли амир,
    Шафиъи арсаи маҳшар, Алӣ валиюллоҳ
  5. و کان ولیّ العهد بعد محمد/ علی و فی کل المواطن صاحبه/ علی ولی الله اظهر دینه/ و انت مع الاشقین فیما تحاربه
  6. اَلا اِن خیر الناس بعد نبینا/ علی ولی الله و ابن المهذَّبِ/ به قام للدین الحنیف عموده/ و صار رفیعاً ذا رواق مطنبِ
  7. اَلا اِن خیر الناس بعد نبینا/ علی ولی الله و ابن المهذَّبِ/ به قام للدین الحنیف عموده/ و صار رفیعاً ذا رواق مطنبِ

Сарчашма