Айюб ибни Нуҳ ибни Дарроҷ

Аз wikishia
Айюб ибни Нуҳ ибни Дарроҷ
Номи комилАйюб ибни Нуҳ ибни Дарроҷи Нахаъии Куфӣ
ЛақабНахаъӣ, Мавланнахаъ
КунияАбулҳусайн
Маҳалли зиндагӣКӯфа
МазҳабШиаи имомия
ЗодгоҳКӯфа
ХешовандонНуҳ ибни Дарроҷ (падар), Ҷамил ибни Дарроҷ (амак)
ДигарВакили Имом Ҳодӣ ва Имом Аскарӣ
Аз ëрониИмом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а)
Шинохташуда бароиНақли ривоят аз имоми маъсум


Айюб ибни Нуҳ ибни Дарроҷи Нахаъии Куфӣ (арабӣ: اَیّوب بن نوح بن دَرّاج نَخَعی کوفی), фақеҳи имомӣ ва муҳаддиси қарни сеюми ҳиҷрии қамарӣ аст. Ӯ аз Имом Ризо (а), Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а) ривоят нақл кардааст. Айюб, вакили Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а) буда ва назди ин ду Имом ҷойгоҳи хоссе доштааст. Риҷолиён ӯро шахсе, парҳезкор ва касирулъибодат донистаанд. Падари Айюб, Нуҳ ибни Дарроҷ аз асҳоби Имом Содиқ (а) ва Имом Козим (а) ва қозии Кӯфа буд. Ҳамчунин гуфта шудааст, Ҷамил ибни Дарроҷ - амаки Айюб, шахси сиқа, вакил ва аз асҳоби Имом Содиқ (а) будааст.

Ҷойгоҳи риҷолӣ

Айюб ибни Нуҳ ибни Дарроҷи Нахаъӣ, фақеҳи имомӣ ва муҳаддис, куняаш Абулҳусайн ва дар шаҳри Кӯфа таваллуд шудааст.[1] Ба гуфтаи риҷолшиносони шиа, Айюб ибни Нуҳ аз асҳоби чаҳор имоми маъсум (а), Имом Ризо (а), Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) буд ва аз онҳо ривоят нақл кардааст.[2] Наҷҷошӣ ва Кашшӣ ӯро амин, вакил ва дорои ҷойгоҳи хос назди Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а) донистаанд.[3] Ҳамчунин мукотиботе аз ӯ бо Имом Ҳодӣ нақл шудааст.[4] Ба гуфтаи Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Муҳаммади Барқӣ китоби Наводирро ба Айюб ибни Нуҳ мунтасаб кардааст.[5] Ривоёте аз ӯ дар бораи савоби зиёрати имоми маъсум ва низ дар абвоби фиқҳӣ ҳамчун таҳорат, талоқ, намоз, никоҳ ва ирс нақл шудааст.[6] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хуӣ (ваф.1371ҳ.ш.), номи Айюб дар санади 251 ривоят омада[7] ва Наҷҷошӣ, Кашшӣ, Тусӣ ва Барқӣ - риҷолиёни шиа ӯро сиқа медонанд.[8]

Дар ривояте аз Имом Ҳасани Аскарӣ (а) нақл шудааст, Айюб, аҳли биҳишт аст.[9] Ба гуфтаи Наҷҷошӣ, ӯ парҳезкор ва касирулъибодат будааст.[10]

Машоих

Машоихи Айюб ибни Нуҳ аз ашхоси зер ҳадис нақл кардааст:

Ровиён

Бархе аз ровиёне, ки аз Айюб ибни Нуҳ ҳадис нақл кардаанд, иборатанд аз:

Хонадон

Хонадони Айюб ибни Нуҳ муқими Кӯфа буданд ва бо қабилаи Нахаъ пайванди валоъ [Ёддошт 1] доштанд, ба ҳамин сабаб ӯро Нахаъӣ ё Мавланнахаъ низ хондаанд.[13] Риҷолшиносони шиа, Нуҳ ибни Дарроҷ - падари Айюбро қозии Кӯфа, аз асҳоби Имом Содиқ (а) ва Имом Козим (а) ва саҳеҳулэътиқод донистаанд.[14]

Марқади Нуҳ, атрофи Карбало ва байни нахлистонҳо дар заминҳои қабилаи Оли Масъуд воқеъ шудааст.[15] Ҳамчунин Ҷамил ибни Дарроҷ - амаки Айюбро шахси сиқа, вакил ва аз асҳоби Имом Содиқ (а) медонанд.[16] Ба гуфтаи Алӣ Намозии Шоҳрудӣ (ваф.1364ҳ.ш.) дар китоби Мустадрикоти илми риҷол-ул-ҳадис, писарони Айюб, Ҳасан ва Муҳаммад ва ҳамчунин наберааш Аҳмад ибни Қосим ибни Айюб аз ровиёни ҳадис будаанд.[17]

Эзоҳ

  1. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102.
  2. Барқӣ, Риҷоли Барқӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.527.
  3. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102; Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.842; Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, Наҷафи ашраф, ҷ.1, саҳ.159.
  4. Намозии Шоҳрудӣ, Мустадракоти илми риҷол, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.714.
  5. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102.
  6. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.263; Раббонии Сабзаворӣ, “Айюб ибни Нуҳ”.
  7. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.263.
  8. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.264.
  9. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.242.
  10. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102.
  11. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.263.
  12. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.263.
  13. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.352; Ибни Довуди Ҳиллӣ, Риҷоли Ибни Довуд, 1342ҳ.ш., саҳ.64.
  14. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102; Ибни Довуди Ҳиллӣ, Риҷоли Ибни Довуд, 1342ҳ.ш., саҳ.64; Барқӣ, Риҷоли Барқӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
  15. Фақеҳи Баҳрулъулум, Зиёратгоҳҳои Ироқ, Созмони ҳаҷҷу зиёрат, ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрот, ҷ.1, саҳ.262.
  16. Ибни Довуди Ҳиллӣ, Риҷоли Ибни Довуд, 1342ҳ.ш., саҳ.64; Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102; Барқӣ, Риҷоли Барқӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
  17. Намозии Шоҳрудӣ, Мустадракоти илми риҷол, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.714.

Ёддошт

  1. Зимони ҷарира, ақде аст, ки яке аз тарафайн, тааҳҳуд мекунад, ки чунончи тарафи дигар ҷинояте, ки мусталзими дия астро муртакиб шуд, он дияро бар уҳда бигирад, бо ин шарт, ки аз ӯ ирс барад.

Сарчашма

  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Риҷол-ул-Барқӣ, Қум, муассисатул-Имомис-Содиқ (а), 1430ҳ.қ.
  • Ибни Довуди Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Алӣ ибни Довуд, Риҷоли Ибни Довуд, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1342ҳ.ш.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёил-турос, 1404ҳ.қ.
  • Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, Наҷафи Ашраф, бено, бе то.
  • Намозии Шоҳрудӣ, Алӣ, Мустадракоти илми риҷол-ул-ҳадис, Теҳрон, Шафақ, 1414ҳ.қ.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Раббонии Сабзаворӣ, Абулҳасан, “Айюб ибни Нуҳ”, фаслномаи Фарҳанги Кавсар, № 70, 1386ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1427ҳ.қ.
  • Фақеҳи Баҳрулъулум, Муҳаммадмаҳдӣ, Зиёратгоҳҳои Ироқ (муаррифии зиёратгоҳҳои машҳур дар кишвари Ироқ), ношир: Созмони ҳаҷҷу зиёрат, ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрот, Теҳрон, бе то.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис ва тафсилу табақот-ир-рувот, Қум, маркази нашри Осоруш-шиъа, 1410ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1410ҳ.қ.