Саҳл ибни Зиёди Одамӣ

Аз wikishia
Диросатун фи шахсийят Саҳл ибни Зиёд ва ривоётуҳ, асари Ҳайдар Абдукарим Масҷидӣ

Саҳл ибни Зиёди Одамӣ (зинда дар 255ҳ.қ.) - муҳаддиси шиаи қарни сеюми қамарист.

Ӯ аз Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ривоят нақл кардааст. Номи ӯ дар санади беш аз 2300 ҳадис омадааст. Бо ин ҳол, риҷолиёни шиа дар бораи боваринок будани ӯ ихтилофи назар доранд. Гуруҳе ҳамчун Аҳмад ибни Алии Наҷошӣ, Ибни Ғазоирӣ ва Сайид Абулқосими Хуӣ бо истинод ба ихроҷи ӯ аз Қум ба иттиҳоми ғулув вайро тазъиф кардаанд. Аммо риҷолиёне ҳамчун Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, Муҳаддиси Нурӣ ва Сайид Муҳаммадмаҳдии Баҳрулъулум ӯро тавсиқ кардаанд.

Шайхи иҷоза будан, касрати ривоёт, эътимоди нависандагони кутуби арбаъа ба вай, тасреҳи Шайх Тусӣ ба боваринокии ӯ дар китоби ар-Риҷол ва фатво додани фуқаҳо бар асоси ривоёти ӯ, аз далоили тавсиқи вай зикр шудааст.

Аллома Маҷлисӣ ва Сайид Муҳаммадмаҳдии Баҳрулъулум бар ин боваранд, ки ба фарзи напазируфтани боваринокии Саҳл, ба далели инки вай аз машоихи иҷоза будааст, ривоёти ӯ саҳеҳанд.

Дар бораи шахсияти риҷолӣ ва ривоёти Саҳл осоре бо рӯйкарди исботи васоқати ӯ навишта шудааст. Аз ҷумла китоби Муснади Саҳл ибни Зиёд ал-Одамӣ асари Муҳаммадҷаъфари Табасӣ аст, ки дар панҷ ҷилд, ривоёти нақлшуда тавассути ӯро ба тартиби абвоби фиқҳ гирдоварӣ кардааст.

Зиндагинома

Саҳл ибни Зиёди Одамӣ, ровии ҳадис дар қарни сеюми қамарӣ аст. Ӯ муддате дар Қум зиндагӣ кард, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исои Ашъарӣ вайро каззоб (дурӯғгӯ) ва ғолӣ хонда, аз Қум берун ронд. Аз ин рӯ дар Рей сокин шуд.[1] Ҳамчунин Саҳл мукотибае бо Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ба таърихи нимаи рабиъуссонии соли 255-и қамарӣ доштааст.[2] Ин нома дар бораи тавҳид аст ва Шайх Садуқ онро дар китоби Тавҳид нақл кардааст.[3] Куняи Саҳл Абусаид буд.[4]

Шахсияти риҷолӣ

Ба гуфтаи Алӣ Намозии Шоҳрудӣ - риҷолнависи шиа (ваф.1364ҳ.ш.) дар мавриди шахсияти ҳадисии Саҳл ибни Зиёд ду назария вуҷуд дорад:

  1. Тазъиф: назари риҷолиёне ҳамчун Наҷошӣ,[5] Ибни Ғазоирӣ,[6] Шайх Тусӣ дар ал-Феҳрист[7] ва Оятуллоҳ Хуӣ[8] аст. Аз далоили ин гуруҳ нисбат додани ғулуву кизб тавассути Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исои Ашъарӣ ба Саҳл ва ихроҷаш аз Қум аст.[9] Бо ин ҳол, Намозии Шоҳрудӣ гуфтааст, ки дар аҳодиси ӯ ба чизе ки бар заъф ё ғулув дар эътиқодоташ бошад, даст наёфтааст ва эҳтимол додааст, ки маншаи нисбати ғулув ба ӯ нақли ривоёте аст, ки бар мақом ва манзалати Аҳли Байт далолат дорад.[10] Ҳамчунин Сайид Муҳаммадмаҳдии Баҳрулъулум муътақид аст, ки агар ин нисбатҳо дуруст мебуд, монанди дигар ровиёни заъиф ривоёте аз имомон дар мазаммати ӯ ворид мешуд.[11]
  2. Тавсиқ: Ваҳиди Беҳбаҳонӣ,[12] Абдуллоҳи Момақонӣ, Муҳаддиси Нурӣ,[13] Сайид Муҳаммадмаҳдии Баҳрулъулум[14] ва Шайх Тусӣ дар китоби Риҷол[15] аз риҷолиёне ҳастанд, ки вайро тавсиқ кардаанд. Аз далоили ин гуруҳ касрати ривоёт, тасреҳи Шайх Тусӣ ба васоқаташ дар китоби ар-Риҷол, эътимоди нависандагони кутуби арбаъа ба вижа Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ ба вай,[16] шайхи иҷоза будан ва фатво додани фуқаҳо бар асоси ривоёти вай аст.[17] Оятуллоҳ Хуӣ эҳтимол додааст, ки нисбати тавсиқ ба вай дар китоби Риҷоли Тусӣ тавассути нусханависҳо изофа шуда бошад ё инки аз ҷониби Шайх Тусӣ саҳвулқаламӣ рух додааст.[18]

Эътимод бар ривоёт

Аз дидгоҳи Аллома Баҳрулъулум ва Аллома Маҷлисӣ бар фарз, ки васоқати Саҳл пазируфта нашавад, ривоёташ ҳадиси саҳеҳ ва қобили эътимоданд. Чароки ӯ аз машоихи иҷоза (касоне ки дар ҳадис ба далели касрати маҳфузоти ривоӣ ва диққат дар забт ва нақли ҳадис, марҷаъият доранд) аст.[19]

Нақли ривоят

Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хуӣ дар Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, номи Саҳл дар асноди 2304 ривоят зикр шудааст.[20] Ба гуфтаи Ҳасан Маҳдавӣ дар китоби «Саҳл ибни Зиёд дар оинаи илми риҷол», дар ал-Кофӣ 1537, дар Таҳзиб 442, дар Истибсор 139, дар Комил-уз-зиёрот 9, дар Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ 7 ва дар Амолии Садуқ 3 ривоят аз ӯ нақл шудааст.[21] Ҳамчунин ду китоби ат-Тавҳид ва ан-Наводир, аз осори ӯ шуморида шудааст.[22]

Саҳл ибни Зиёд аз Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ривоят кардааст.[23] Ривоёт ӯ дар заминаи эътиқодот ва мавзӯъоти фиқҳӣ аст.[24] Дар китоби Муснади Саҳл ибни Зиёд ал-Одамӣ мин асҳоб-ил-Имом-ил-Ҷавод ва-л-Ҳодӣ ва-л-Аскарӣ алайҳимус-салом, асари Муҳаммадҷаъфари Табасӣ дар панҷ ҷилд ривоёти Саҳл ибни Зиёд ба тартиби Васоил-уш-шиъа гирдоварӣ шудааст. Дар ин китоб, ривоёт бо санади комил ба ҳамроҳи шарҳ аз китоби Миръот-ул-уқул, Биҳор-ул-анвор, ал-Вофӣ ва Шарҳи усули кофӣ омадааст.[25]

Аҳмад ибни Фазл ибни Муҳаммади Ҳошимӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Яҳё, Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Саффор, Ибни Қуливай, Алӣ ибни Иброҳим, Абулҳусайн Асадӣ ва ғ. аз вай ривоят кардаанд.[26]

Такнигорӣ

Дар бораи шахсияти риҷолии Саҳл ибни Зиёд ва ривоёти ӯ китобҳое ба забони форсӣ ва арабӣ навишта шудааст, аз ҷумла:

  • «Саҳл ибни Зиёд дар оинаи илми риҷол» асари Ҳасани Маҳдавӣ: ин китоб бо рӯйкарди исботи васоқати Саҳл навишта шудааст.[27] Муаррифии машоих ва ровиён аз Саҳл, баррасии дидгоҳи риҷолиён дар бораи ӯ ва низ баррасии таҳлилии ривоёти Саҳл аз унвонҳои бахшҳои китоб аст.[28] Интишороти маркази фиқҳии аиммаи атҳор (а) ин китобро мунташир кардааст.
  • Диросатун фи шахсийят Саҳл ибни Зиёд ва ривоётуҳ, асари Ҳайдар Абдукарим Масҷидӣ: ин асар бо меҳварияти ривоёти нақлшуда аз Саҳл дар китоби ал-Кофӣ ва ба забони арабӣ нигориш шудааст. Баррасии шахсияти Саҳл, ровиёни аз ӯ ва машоихи Саҳл, аз унвонҳои ин китоб ҳастанд.[29]
  • Саҳл ибни Зиёд ал-Одамӣ байна-л-васоқати ва-з-заъф, асари Муҳаммадҷаъфари Табасӣ, ин китоб тавассути интишороти маркази фиқҳии аиммаи атҳор чоп шудааст.[30]

Эзоҳ

  1. Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.185.
  2. Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.185.
  3. Шайх Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.101 - 102.
  4. Тусӣ, Риҷол, 1373ҳ.ш., саҳ.387.
  5. Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.185.
  6. Ибни ‏Ғазоирӣ, ар-Риҷол, 1422ҳ.қ., саҳ.66 - 67.
  7. Тусӣ, Феҳрист, 1420ҳ.қ., саҳ.228.
  8. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.340.
  9. Намозии Шоҳрудӣ, Мустадракоту илми риҷол-ил-ҳадис, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.176; Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.339.
  10. Намозӣ, Мустадракоту илми риҷол-ил-ҳадис, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.176 - 177.
  11. Баҳрулъулум, ал-Фавоид-ур-риҷолийя, 1363ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.25.
  12. Ниг.: Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.339.
  13. Ниг.: Нурӣ, Хотимат-ул-мустадрак, муассисаи Олулбайт, ҷ.5, саҳ.230 - 213.
  14. Баҳрулъулум, ал-Фавоид-ур-риҷолийя, 1363ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.23.
  15. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.387.
  16. Баҳрулъулум, ал-Фавоид-ур-риҷолийя, 1363ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.24.
  17. Намозӣ, Мустадракоту илми риҷол-ил-ҳадис, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.176 - 177.
  18. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.340.
  19. Баҳрулъулум, Фавоид-ур-риҷолийя, 1363ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.25; Аллома Маҷлисӣ, ал-Ваҷизату фи-р-риҷол, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, саҳ.91.
  20. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.341 - 342.
  21. Маҳдавӣ, Саҳл ибни Зиёд дар оинаи илми риҷол, 1391ҳ.ш., саҳ.153.
  22. Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.185.
  23. Тусӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.837.
  24. Ниг.: Маҳдавӣ, Саҳл ибни Зиёд дар оинаи илми риҷол, 1391ҳ.ш., саҳ.154 - 177.
  25. Табасӣ, Муснадуи Саҳл ибни Зиёд ал-Одамӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.60.
  26. Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ал-Машиха, ҷ.10, саҳ.54.
  27. Ниг.: Маҳдавӣ, Саҳл ибни Зиёд дар оинаи илми риҷол, 1391ҳ.ш., саҳ.150.
  28. Маҳдавӣ, Саҳл ибни Зиёд дар оинаи илми риҷол, 1391ҳ.ш., пешгуфтор, саҳ.13.
  29. “Диросатун фи шахсийяти Саҳл ибни Зиёд ва ривоётуҳ”, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳадиси шиа.
  30. Табасӣ, “Саҳл ибни Зиёд ал-Одамӣ байна-л-васоқати ва-з-заъф”, маркази фиқҳии аиммаи атҳор.

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, ал-Ваҷизату фи-р-риҷол, таҳқиқи Муҳаммадкозим Раҳмон Ситоиш, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, бе то.
  • Диросатун фи шахсийяти Саҳл ибни Зиёд ва ривоётуҳ”, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳадиси шиа, таърихи боздид: 27 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • Ибни Ғазоирӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ар-Риҷол, таҳқиқи Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, Қум, муассисаи илмӣ- фарҳангии Дорул-ҳадис, 1422ҳ.қ.
  • Маҳдавӣ, Ҳасан, Саҳл ибни Зиёд дар оинаи риҷол, Қум, маркази фиқҳии аиммаи атҳор (а), 1391ҳ.ш.
  • Намозии Шоҳрудӣ, Алӣ, Мустадракоту илми риҷол-ил-ҳадис, Теҳрон, 1414ҳ.қ.
  • Наҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, таҳқиқи Мусо Шубайрии Занҷонӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Нурӣ, Мирзо Ҳусайн, Хотимату мустадрак-ул-васоил, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, бе то.
  • Табасӣ, Муҳаммадҷаъфар, Муснади Саҳл ибни Зиёд ал-Одамӣ мин асҳоби-л-Имоми-л-Ҷавод ва-л-Ҳодӣ ва-л-Аскарӣ алайҳимус-салом, Қум, маркази фиқҳии аиммаи атҳор, 1395ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ алтобеъа лиҷомеъатил-мударрисин би Қумил-муқаддаса, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, тасҳеҳи Муҳаммади Охундӣ ва Ҳасан Хирсон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1365ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Феҳристу кутуб-иш-шиъа ва усулуҳум ва асмои-л-мусаннифин ва асҳоб-ир-Расул, таҳқиқи Абдулазиз Таботабоӣ, Қум, мактабатул-Муҳаққиқ ат-Таботабоӣ, 1420ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Қум, маркази Нашри осори шиъа, 1410ҳ.қ./1369ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, тасҳеҳ: Ҳошими Ҳусайнӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1398ҳ.қ.