Чиҳил

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Адади чил)

Чиҳил аз муҳимтарин рамзҳои ададии роиҷ байни бисёре аз ақвом ва фарҳангҳо аст, дар аҳодиси исломӣ низ аз ин адад бисёр истифода шуда, ки бар касрат, камол ва булуғ далолат мекунад.

Дар ақвоми мухталиф

Чиҳил, аз муҳимтарин рамзҳои ададии роиҷ байни ҳамаи ақвому фарҳангҳост. Дар миёни аъдоди дурақамӣ ва болотар, чиҳил, дар ҳавзаҳои гуногуни адён, асотир, оинҳои розварӣ ва ирфонӣ, боварҳои омиёна, амалиёти ҷодуӣ, адабиёт, таърихнигорӣ ва низ дар зиндагии рӯзонаи милал, ҳоизи болотарин ҷойгоҳ будааст.[1] Дар бораи чигунагии ошноии башари қадим бо ин адад, созукори арҷ ва аҳамият ёфтан ва чароии интисоби далолатҳои вижа ба он, наметавон ба қатъ сухан гуфт; бо ин ҳол, дасти кам, се эҳтимол дар хури баррасӣ аст:

1-Таҷрибаҳои рӯҳонӣ ё ишорот ва илҳомоти мовароӣ: дар як рӯйкарди мовароуттабиатгароёна; чунон ки дар асотир ва мутуни муқаддаси динӣ дар ин бора шавоҳиди бисёр аст.[2]

2 - Таҷрибаҳои рӯзонаи инҷаҳонӣ ки бар ҳасби мушоҳида ва истиқро ё барҳасби кашфу тасодуф, дар фоҳимаи умумӣ шакл гирифтааст: барои намуна; бо муҳосибаи муддати бордорӣ дар инсон, асб ё фил ки бо мазрабҳое аз чиҳил мунтабиқ аст ё ин таҷриба, ки шароб, сирка ва турушӣ бо гузашти чиҳил рӯз қивом меоянд.[3] Чунонки румиён низ, бинобар таҷриба, пеш аз судури раводиди вуруди мусофирон ба қаламрави Рум, ононро чиҳил рӯз қарантина мекарданд, то аз шуюъи бемориҳои вогирдор пешгирӣ шавад.[4]

3 - Аҳамият ёфтани чиҳил дар натиҷаи сайри такомулии ададшиносии ақвоми ибтидоӣ: ба ин маъно ки мумкин аст, ин фароянд марбут ба даврае аз дониш буда бошад, ки чиҳил, интиҳои доираи ададшиносиро ташкил медода аст, чунонки дар миёни бархе ақвоми ибтидоӣ, аъдоди ду ё чаҳор ё бист (шумори маҷмуи ангуштони дасту пои одамӣ), рақами поёнӣ шинохта мешуданд.[5]

Гунашиносӣ

Пажӯҳиш дар бораи ҷойгоҳи адади чиҳил, дар ҳавзаҳои бисёр мутанаввиъ бо вуҷуди анбуҳе аз шавоҳид, танҳо дар сурате муяссар аст, ки дастабандӣ ва гунашиносие аз онҳо фароҳам шавад. Аҳамият ва басомади ҳар як аз гунаҳо, ки аз бисёре ҷиҳот, бо якдигар иртибот ва ҳампӯшонӣ низ доранд яксон нест ва ба вижа дар заминаи суннати Исломӣ, бархе гунаҳои корбурди адади чиҳил, бар бархе дигар тарҷеҳ ёфтаанд. Се гунаи умдаи корбурди адади чиҳил дар суннати исломӣ иборатанд аз:

Дар баёни касрат

Истифодаи истиорӣ аз воҳидҳои чиҳилтоӣ барои баёни афзунии шумор, сахтии кор, иғроқ дар тавоноиҳо ё дастовардҳо, бузург ҷилва додани муваффақиятҳо ва пирӯзиҳо ва пурранг кардани як унсур дар як гузориш, ҳам дар ривоятҳои торихӣ ва ҳам дар адабиёти саросари ҷаҳони Ислом, бисёр дерина ва маъмул будааст.[6] Барои намуна, Анушервон чиҳил рӯз муҳлат мехоҳад то посухе дар радди иддаои Мaздaк биёбад;[7] бархе подшоҳони сосонӣ ҳар шаб аз бими душманон, чиҳил фаррош (рахтихоб) мегустурданд;[8] Амри Ос дар гузориши худ ба Умар дар бораи фатҳи Искандария, борҳо аз мазрабҳои чаҳор ва чиҳил барои муҳим ҷилва додани фатҳи худ истифода ва ба вижа ба вуҷуди чиҳил ҳазор яҳудӣ дар шаҳр, ки метавон аз онҳо ҷизя гирифт, ишора кардааст;[9] дар баёни истеъдоди болои низомии подгони шаҳри Кӯфа гуфта мешуд, ки чиҳил ҳазор марди ҷангӣ ва чаҳор ҳазор асби омодаи набард дорад.[10]

Дар зикри фазоил ва маҳосини уламо ва урафо низ истифода аз адади чиҳил, муфиди тақвият ва иғроқ дар ривоят буда, масалан гуфта шудааст, ки Абуҳанифа чиҳил сол бо таҳораи хуфтан, намози бомдод хонд[11] ва Ато Салимӣ, сӯфии хоиф, чиҳил сол сар фароз накард ва чиҳил сол ханда бар лаб наёвард[12] ва Муқаддаси Ардабилӣ чиҳил сол, гирди феъли мубоҳ ҳам нагашт чӣ расад ба макруҳу ҳаром.[13]

Дар гузоришҳои торихӣ, гоҳ барои ифодаи азамату шукуҳ ва тақвияти кайфияти аҷзо ва аносир низ, ба хосияти адади чиҳил тавваҷуҳ мешуд, аз он ҷумла аст гузориши равшан кардани шамъи чиҳил манӣ дар арусии Пӯрондухт (духтари Ҳасан ибни Саҳл) бо Маъмун дар соли 210 дар соҳили Диҷла.[14] Дар мақоми муқоиса низ гоҳ барои тақвият ва пурранг кардани як тараф, як воҳиди чиҳилтоиро дар тарафи муқобил қарор медоданд. Мисол аз мутуни ирфонӣ: Шоҳ ибни Шуҷоъ Алфаворис, савоби чиҳил ҳаҷҷи пиёдаро фурухт то сагеро бо ноне сер кунад[15] ё ин қавл, ки як бор мазаммати нафси баробар бо чиҳил сол ибодат аст;[16] дар масалҳо: як деҳи обод, беҳтар аз чиҳил шаҳри хароб аст, ё сабри кучаки Худо, чиҳил сол аст.[17] Дар қиссаҳои омиёна аз ин улгӯи ривоят, бисёр истифода шуда аст, аз ҷумла барои таъкид бар ҳусн ва тафовути боризи як тараф ё таъкид бар душвории як мавқеият барои қаҳрамони қисса ё ҳусули як хоста. Барои намуна, духтари подшоҳ бо онки чиҳил парандаи зебо дорад, ошиқи парандаи обиранге мешавад, ки зеботар аз он чиҳил паранда аст.[18] Дар қиссаҳо аз қаҳрамон хоста мешавад дар муҳлати муайяне, чиҳил дастагули бемавсим таҳия кунад, ё моддиёнеро ки чиҳил курра дорад бигирад ё бо қаҳрамоне гуштин бигирад, ки ҳар рӯз пушти чиҳил нафарро ба хок мерасонад.[19] Дар ин ривоятҳо маъмулан аз чиҳил дуъонавис, ё хобгузор ё табиб ва ҷуз инҳо сухан меравад, ки натавонистаанд гиреҳ аз кори подшоҳ бикушоянд ва ночор, қаҳрамони қисса бояд гиреҳгушоӣ кунад[20] ё қаҳрамон пайваста дар ин қиссаҳо бо чиҳил монеъ, чиҳил нигаҳбон ё чиҳил дари баста рӯбарӯ мешавад.[21]

Ҳузури адади чиҳил дар ҷузви аввали номи бисёре аз маконҳо, монанди чиҳил танон, чиҳил духтарон, чиҳил ахтарон, чиҳил дарвеш ва ҷуз инҳо,[22] ғолибан ифодаи касрат мекунад, то онки воқеан нозир ба арзиши ададӣ бошад. Масалан мардум, Тахти Ҷамшедро бо анбуҳе аз сутунҳо, чиҳил манор мехонданд[23] ё баръакс, чиҳилсутуни Исфаҳон бо вуҷуди унвонаш, танҳо ҳаждаҳ сутун дорад.[24]

Дар оёти Қуръон

Дар чаҳор оят аз оёти Қуръон, калимаи арбаин омада аст, ки ду мавридаш марбут ба 40 шаби миқоти ҳазрати Мусо дар куҳи Тур аст, ки иборатанд аз:

1 - сураи Бақараи ояти 51:

وَإِذْ وَاعَدْنَا مُوسَى أَرْبَعِينَ لَیْلَةً ثُمَّ اتَّخَذْتُمُ الْعِجْلَ مِن بَعْدِهِ وَأَنتُمْ ظَالِمُونَ

“Ва онгоҳ, ки бо Мусо чиҳил шаб қарор гузоштем; онгоҳ дар ғийби ӯ, шумо гусоларо [ба парастиш] гирифтед, дар ҳоле ки ситамкор будед”.

2 - сураи Аъроф ояти 142:

وَوَاعَدْنَا مُوسَىٰ ثَلَاثِينَ لَيْلَةً وَأَتْمَمْنَاهَا بِعَشْرٍ فَتَمَّ مِيقَاتُ رَبِّهِ أَرْبَعِينَ لَيْلَةً

“Бо Мусо, сӣ шаб ваъда гузоштем ва онро бо даҳ шаби дигар тамом кардем. То онки вақти муайяни парвардигораш дар чиҳил шаб ба сар омад».

3 - сеюмин маврид марбут ба саргардонии 40 солаи қавми Мусо пас аз нофармонӣ ва ворид нашудан ба Байтулмуқаддас аст, ки Худованд 40 сол ононро дар (тиҳ) саргардон кард. Сураи Моида, ояти 26:

قَالَ فَإِنَّهَا مُحَرَّمَةٌ عَلَيْهِمْ ۛ أَرْبَعِينَ سَنَةً ۛ يَتِيهُونَ فِي الْأَرْضِ

«(Худо ба Мусо) ] фармуд: «[вуруд ба] он [сарзамин] чиҳил сол бар эшон ҳаром шуд, [ки] дар биёбон саргардон хоҳанд буд.

4 - мавриди чаҳорум дар Қуръон сураи Аҳқоф, ояти 15 аст, ки дар иртибот бо 40 солагӣ аст, ки инсон дар ин син ба рушди комил мерасад.

وصَّیْنَا الْإِنسَانَ بِوَالِدَیْهِ إِحْسَانًا حَمَلَتْهُ أُمُّهُ كُرْهًا وَوَضَعَتْهُ كُرْهًا وَحَمْلُهُ وَفِصَالُهُ ثَلَاثُونَ شَهْرًا حَتَّى إِذَا بَلَغَ أَشُدَّهُ وَبَلَغَ أَرْبَعِينَ سَنَةً قَالَ رَبِّ أَوْزِعْنِی أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِی أَنْعَمْتَ عَلَیَّ وَعَلَى وَالِدَیَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَصْلِحْ لِی فِی ذُرِّیَّتِی إِنِّی تُبْتُ إِلَیْكَ وَإِنِّی مِنَ الْمُسْلِمِينَ

«Ва инсонро [нисбат] ба падару модараш ба эҳсон супориш кардем. Модараш бо таҳаммули ранҷ, ӯро бордор шуд ва бо таҳаммули ранҷ ӯро ба дунё оварад. Ва бор бардоштан ва аз шир гирифтани ӯ сӣ моҳ аст, то онгоҳ, ки ба рушди комили худ бирасад ва ба чиҳил сол бирасад, мегӯяд: «Парвардигоро, бар дилам биафкан, то неъматеро, ки ба ман ва ба падару модарам арзонӣ доштаӣ, сипос гӯям ва кори шоистае анҷом диҳам, ки онро хуш дорӣ! Ва фарзандонамро бароям шоиста гардон; дар ҳақиқат, ман ба даргоҳи Ту тавба мекунам ва ман аз фармонпазиронам!».

Дар аҳодис

Дар аҳодиси бисёре, ба хусус дар аҳодиси нозир ба тавсияҳо ё наҳйҳои ибодӣ ва ахлоқӣ, адади чиҳил, ба сабаби хосияти ифодаи касрат, умдатан ҷанбаи тақвияткунандагии ташвиқӣ ё таҳзирӣ дорад: тавсия ба чиҳил бори хатми Қуръон, ҳифзи чиҳил ҳадис, дуо кардан дар ҳаққи чиҳил муъмин, ҳузур ёфтани чиҳил тан дар ташйиъи ҷанозаи муъмин ва гувоҳӣ додани эшон ба некӣ ва имони ӯ ва инки чунин шаҳодате мӯҷиби омурзиши мурда хоҳад шуд, ва инки ҳадди ҳамсоягӣ то чиҳил хона аз ҳар тараф аст.[25]

Ҳамчунин дар бисёре аз аҳодис, манобеи ривоӣ аз чиҳил ё воҳидҳои шуморишии чиҳилтоӣ, барои намудани фузунии шумори савобҳои муқаддар барои бархе аъмоли писандида ё фузунии шумори азобҳо ё шурури ношӣ аз аъмоли нописанд, мукарраран истифода шудааст, аз ҷумла инки чиҳил ҳазор фаришта савобҳои гӯяндаи қавли «Ашҳаду анна Муҳаммадн Расулуллоҳ»-ро менависанд; барои ҳар қадаме, ки касе барои силаи раҳим мебардорад, чиҳил ҳазор ҳасана навишта ва чиҳил ҳазор сайиъаи ӯ пок мешавад; касе ки масҷиде бисозад, Худо дар ивази ҳар заръ (метр) аз масҷид барои ӯ чиҳил ҳазор шаҳр аз тиллову нуқра ва ғ. дар биҳишт бино мекунад; хӯрдани анор, то чиҳил рӯз қалбро равшан мекунад ва аз шарри шайтон масун медорад.[26]

Дар баёни давраи замонӣ

Аз рамзи ададии чиҳил дар суннати исломӣ, ба хусус барои ишора ба як давраи замонӣ низ ба таври густарда истифода мешудааст ва дар ин гуна аз корбурди чиҳил, дасти кам ду гуруҳро метавон ташхис дод:

1 - Давраи чиҳилвоҳидӣ ба масобаи «бурҳае аз замон» ё «замоне нисбатан дароз» на ба унвони ишорае дақиқ ва воқеънигарона ба воҳидии чиҳилтоӣ аз замон (масалан чиҳил рӯз ё чиҳил сол). Ба ин маъно ки дар шавоҳиди мухталиф аз ин гуна, корбурди чиҳил фориғ аз муҳтавои хосси вақоеънигорона аст ва бар замони воқеӣ далолат намекунад, чунон ки дар аҳди атиқ низ вақте дар гузоришҳои вақоеънигорона (албата шибҳи торихӣ на торихӣ), аз мақотеъи замонии чиҳилсола сухан рафта.[27] Дар назди араби ҷоҳилӣ низ ишороте аз ин даст, сирфан баёнгари муддати истимрори мақтаъӣ аз замон ё фосилаи байни ду рӯйдод муҳим буда[28] ва истифода аз мазрабҳои чаҳор ва ба хусус чиҳил, барои баёни воҳидҳои вақоеънигорона, ривоҷи бисёр дошта аст.[29] Ҳамин гуна корбурд, ба масобая як суннат, дар адабиёти давраи исломӣ бо тафсили бештар тадовум ёфт, ба хусус дар пешбинии истимрори торихии як падида, масалан давоми ҳукумати як халифа ё устуворӣ ва пояии як бино.[30]

Дар бисёре аз аҳодис ва низ дар ҳикматҳо ва боварҳои омиёна, ки аз воҳидҳои чиҳилтоӣ барои ҳушдор дар бораи гузаштани муддати замонии муайяне истифода мешуда табъан муддати дақиқи масалан чиҳил рӯз дар назар набуда аст: касе ки чиҳил рӯз дар маҷлиси уламо ҳозир нашавад, қасовати қалб пайдо мекунад; ҳаркас чиҳил рӯз, гӯшт нахурад, дучори осеб мешавад; касе ки чиҳил рӯз бо ҷамъе муошират кунад, аз онон хоҳад шуд.[31]

2 - Давраи чиҳилсола ба масобаи як насл ё замони мутавассит барои нумуву боландагии комили инсон[32] ва муддати замони маъмул барои муҳосибаи торихии байни ду насл аст.[33]

Чиҳилро ба таъбире метавон як «умр»-и комил ба ҳисоб овард, чунонки ба ғолиби муффасирон,[34] инки дар Қуръон, аз забони Пайғамбар (с) хитоб ба мушрикон омадааст:

فَقَدْ لَبِثْتُ فیکم عُمُراً مِن قَبْلِه

(Чигуна сухани маро бовар намекунед) дар ҳоле ки ман пеш аз нузули Қуръон, умреро дар миёни шумо зистаам), бо тавваҷуҳ ба қавли муаррихон, ки синни эшон дар вақти беъсат, чиҳил сол буда, таъйиде бар ҳамин бовар аст.[35]

Ибни Халдун бар ҳамин асос гуфта, ки чиҳил соли мазкур дар Қуръон,[36] ҳокӣ аз тай шудани як насл аст, ба ин маъно, ки Худо насли нофармонро, ки ба забунӣ ху гирифта ва «асабият»-и онҳо табоҳ шуда буд, дар биёбон боздошт то пас аз сипарӣ шудани як умр ё чиҳил сол, насли ҷадиде падид ояд, ки асабияти тозае дошта бошад ва аз овомири Пайғамбари Худо итоат кунад, чунонки пас аз тай шудан ин муддат, ҳазрати Юшаъ тавонист насли тозаи Банӣ Исроилро ба сарзамини мавъуд бирасонад.[37] Дар аҳди атиқ[38] низ гуфта шудааст, замоне, ки Юшаъ бо насли ҷадиди Банӣ Исроил ба ҷанги душманон мерафт, ҳамаи насли қаблӣ дар биёбон мурда буданд ва фақат навҷавонони насли дувум, лашкариёни ӯро ташкил медоданд, зеро Худо савганд хӯрда буд, ки нагузорад ҳеҷ кас аз он насли нофармон ба сарзамини мавъуд ворид шавад.[39]

Дар баёни камол ва ниҳояти як давра

Мадлули ин гунаи васиъи корбурди намодини адади чиҳил, маҷмуъаи ба ҳам пайвастае аз мафоҳими имтиҳон, ибтило, тасфия ва татҳир, бозгашт, вуруд ба марҳалаи дигар ё марҳалаи ниҳоӣ ва камолу рушду булуғ аст. Мумкин аст ин далолати адади чиҳил ба воситаи ибтинои он бар адади чаҳор бошад, ки дар ададшиносии ақвоми куҳан, ба хусус ба сабаби намоди шаклии он (мураббаъ), рамзи устуворӣ ва истеҳкому тамомият ва камол будааст.[40]

Дар адабиёти давраи исломӣ барои ҳамаи аносири ба ҳам пайвастаи мундараҷ дар зайли ин гунаи корбурди чиҳил, шавоҳид бисёр ҳаст: дар бисёре аз қиссаҳо аз қаҳрамон хоста мешавад, ки дар муҳлате чиҳил воҳидӣ, маъмулан чиҳил рӯза, кори хатиреро ба анҷом бирасонад[41] ва маъмулан дар ин ривоятҳо, бо расидани қаҳрамон, ё расидани замони дарунии қисса ба мутааллиқи адади чиҳил (масалан расидан ба утоқ ё калиди чиҳилум), як марҳалаи асосӣ дар ривоят пушти сар гузошта мешавад.[42] Ба ин маъно, чиҳил намоди вуруд ва ташарруф низ будааст.

Дар воқеъ, дар вуруд ва ташарруф ба марҳалаи болотар, ки муқтазии тайи даврае аз инқитоъ аз вазъи қаблӣ, гузарондани фурсате дар инзиво ва сипас бозгашт ё вуруд буд, рамзи ададии чиҳил дар марҳалаи миёнӣ мавзуият меёфт. Ин муҳлати чиҳил воҳидӣ ба манзури омодагӣ ёфтан барои табдил, дар ҳавзаҳои гуногун, аз зиндагии рӯзонаву фарҳанги омиёна то аҳодис ва ба хусус дар ирфону тасаввуф бо басомади бисёр, мавриди тавваҷуҳ буда аст. Дар омӯзаҳои динӣ низ гоҳ бар лузуми тай шудани муҳлате чиҳилрӯза барои пок шудани фарди гуноҳкор аз олӯдагии гуноҳ таъкид шудааст: ибодати фарде, ки муртакиби ғайбат ё шаробхорӣ шавад то чиҳил рӯз пазируфта нест.[43]

Ишораи қуръонӣ ба чиҳил сол саргардонии Банӣ Исроил[44]-ро низ, дар таъбирии ирфонӣ, ҳокӣ аз тайи марҳалае аз тасфияи қавм аз вуҷуди нофармонон ва вуруд ба вазъи ҷадид талаққӣ кардаанд.[45] Ба хусус қавли Қуръон, хилвати чиҳил шабонарӯзии Мусо (а) дар куҳи Тур,[46] дар канори ҳадиси маъруфи مَن أَخْلَصَ لِلّهِ أَربَعینِ صَباحآ.. [47] мабное барои суннати чилланишинии суфиён гардида аст. Илова бар инҳо, ҳадиси маъруфи дигаре, ки бинобар он, Худо, гили Одамро дар чиҳил рӯз сиришт,[48] яке аз мазомини ашъор ва мавзӯи ишороту талмеҳоти бисёр дар адаби ирфонӣ аст.[49]

Далолат бар камол ва булуғ

Илова бар заминаҳои динӣ ва ирфонӣ, дар заминаи ахлоқӣ ва иҷтимоӣ низ ҳоизи аҳамияти бисёр буда аст. Ҳамчун ағлаби ақвом ва фарҳангҳо,[50] ҳам назди араби ҷоҳилӣ ва ҳам наздимусулмонон, чиҳилсолагӣ синни рушди комил ва расидани одамӣ ба ниҳояти қувои ҷисмонӣ ва ақлонӣ талаққӣ мешуд ва эътиқод бар он буд, ки инсон умуман қабл аз расидан ба ин син, ҳануз ба камоли хирадварзӣ ва маҳори қувои нафсонӣ ноил нашуда аст, аммо пас аз чиҳилсолагӣ, дар айни ҳол, ки қувои ҷисмонӣ рӯ ба костӣ мегузорад, қувои ақлонӣ ва рӯҳонӣ, тараққӣ ва таъолӣ меёбад ва аз ҳамин рӯ, пайғамбарон (ба ҷуз Исо (а)), ҳамагӣ аз чиҳилсолагӣ ба баъд мабъус мешудаанд.[51] Дар суннати исломӣ, чиҳилсолагиро беҳтарин мақтаъи замонии байни давраи ҷавонӣ ва пирӣ медонистанд; яъне, замоне, ки байни қувои ҷисмӣ ва қувои рӯҳонӣ ва ақлонӣ таъодул барқарор аст.[52] Араби ҷоҳилӣ ғолибан касеро, ки ба чиҳилсолагӣ нарасида буд дар шӯрои Доруннудва ба узвият намепазируфтанд.[53] Саллае, ки аъроби нимҷазира ба нишонаи сиёдати қабилаӣ ё фармондеҳии як гуруҳи ҷанговар бар сар мениҳоданд, танҳо барои афроди болои чиҳилсол муҷоз буд.[54]

Бо тадовуми ин бовар дар давраи исломӣ, ба хусус аз он рӯ, ки дар Қуръон[55] ҷанбае аз эътибори қудсӣ низ ба он афзуда шуд, фарзи чиҳилсолагӣ ба унвони синни пухтагӣ ва камол ва булиғи ниҳоии инсон, дар сиранависӣ ва таърихнигорӣ ва тафсирнгории мусулмонон, ба сурати як улгӯи суннатӣ ва мусаллат даромад.[56] Бо ин ҳол, ба назар мерасад, ки Пайғамбари Акрам, ҳазарти Муҳаммади Мустафо (с) муқайяд ба риояти ин суннати роиҷи аср набуда ва дар мавориде чун интихоби фармондеҳ, худро дар як қоидаи урфӣ, маҳдуд ва гирифтор намесохтааст. Намунаи маъруф аз суннатшикании Пайғамбар дар ин бора, интихоби Усома ибни Зайди нӯздаҳсола ба фармондеҳӣ дар ҳузури пирони бособиқа ва кордида аст.[57]

Корбурди намодин дар амалиёти ҷодуӣ

Истифодаи густарда ва фаровон аз рамзи ададии чиҳил дар ин амалиёт, зоҳиран бештар мубтанӣ бар талфиқе аз ду гунаи корбурди он (яъне далолат бар касрат ва ҳадди лозими такрор барои расидан ба қивом ва камоли матлуб ва тақвияти асарбахшии амалиёти ҷодуӣ) буда аст: истифода аз ҷоми чиҳил калид (ҷоми биринҷӣ ё миссӣ ки оёти Қуръон бар он ҳак шуда ва чиҳил қитъаи калидмонанди кучак ба он овехта аст); чиҳил бисмиллоҳ (ба сурати мактуб бар коғаз ё ба сурати гарданбанде аз пӯлакҳои филиззӣ ки бар ҳар як «бисмиллоҳ» ҳак шудааст), чиҳил тос ва ҷузи инҳо барои дафъи чашми захм, рафъи ноборварӣ ва ғ.[58]

Дигар корбурдҳо

Чиҳил бор салавот фиристодан дар амалиёти рагзанӣ[59]

Чиллабарӣ ба шеваҳои мутанаввиъ[60]

Пухтани оши чиҳил гиёҳ барои дармони нозоӣ[61]

Дуои чиҳил кул барои банд овардани борон[62]

Назри чиҳил бушқоб барои раво шудани ҳоҷот[63]

Тилисми чиҳил коф[64]

Адабиёт

  1. Доират-ул-маъорифи дин, зайли "Numbers: an overview" ; садақа, зайли «арбаун».
  2. Сифри пайдоиш, 4 : 7; сифри хуруҷ, : 16 35, 18 : 24; Инҷили Матто 2 : 4; бандҳаш, с.66, 81, 155.
  3. Фатол, с.124-125.
  4. Фарҳанги англисӣ-италияӣ, италияи- англисӣ, зайли " Quaranta "
  5. Фатол, с.125.
  6. Доиратул-маъориф Қуръон, зайли " Numbers and enumeration "
  7. Низомулмулк, с.263 – 264.
  8. Ҷоҳиз, 1970, с.126.
  9. Ибни Абдулҳаким, с.166.
  10. Табарӣ, Таърих, ҷ.4, с.51, 246.
  11. Ибни Касир, ҷ.10, с.107.
  12. Абунаими Исфаҳонӣ, ҷ.6, с.221.
  13. Туникобунӣ, с.445.
  14. Ибни Асир, ҷ.6, с.395.
  15. Рӯзбеҳони Бақлӣ, с.156.
  16. Фатол, с.140-141.
  17. Деҳхудо, ҷ.4, с.2051/ Деҳагон, с.1041/ Фатол, с.135.
  18. Дарвешиён ва Хандон, ҷ.2, с.81.
  19. Дарвешиён ва Хандон, ҷ.2, с.21, 24, ҷ.3, с.136.
  20. Дарвешиён ва Хандон, ҷ.3, с.290.
  21. Ҳафт лашкар, с.282/ Дарвешиён ва Хандон, ҷ.3, с.357.
  22. Ғаравӣ, с.267.
  23. Ҳамдуллоҳ Муставфӣ, с.121.
  24. Эътимодуссалтана, ҷ.1, с.112.
  25. Кулайнӣ, ҷ.2, с.669/ Ибни Бобавайҳ, ал-Хисол, ҷ.2, с.537, 538, 541 – 544.
  26. Ибни Бобавайҳ, Ман ло яҳзуруҳу алфақиҳ, ҷ.1, с.227 – 228/ Фатол, с.136 – 138.
  27. Китоби аввали Самуэли Набӣ, 18 : 4; китоби дувуми Самуэли Набӣ, 4 : 5 ; китоби аввали подшоҳон, 11 : 2, 42 : 110; китоби аввали таворихи айём, 17 : 29 ; китоби дувуми таворихи айём, 1 : 24
  28. Канрод, с.230.
  29. Абуъубайда, ҷ.1, с.86, 92, 108/ Ибни Абдураббиҳ, ҷ.5, с.141, 15152, 260 ; Майдонӣ, ҷ.2, с.183.
  30. Табарӣ, таърих, ҷ.7, с.22.
  31. Фатол, с.134/ Оқошариф, с.179/ Ҳидоят, с.81.
  32. Аҳқоф, ояти 15.
  33. Ибни Халдун, ҷ.1: Муқаддима, с.213, 215/ Фатол, с.127/ Баҳор, ҷ.1, с.171.
  34. Табарӣ, зайли Юнус : 16, Ибни Ҳанбал, ҷ.1, с.251 - 252, 371/ Ибни Саъд, ҷ.1, қисми 1, с.126 – 127.
  35. Канрод, с.234.
  36. Сураи Моида, ояти 26.
  37. Ибни Халдун, муқаддима, ҷ.1 : с.176 – 177.
  38. Саҳифаи Юшаъ ибни Нун, 5 : 27
  39. Табарӣ/ Фахри Розӣ, зайли оят.
  40. Канрод, с.230.
  41. Фатол, с.145/ Дарвешиён ва Хандон, ҷ.2, с.33, ҷ.3, с.36, 326.
  42. Дарвешиён ва Хандон, ҷ.3, с.463.
  43. Ибни Бобавайҳ, ал-Хисол, ҷ.2, с.534/ Ибни Бобавайҳ, Илал-уш-шароеъ, ҷ.2, с.345/ Шуайрӣ, с.143.
  44. Сураи Моида, ояти 26.
  45. Шимел, с.81.
  46. Сураи Бақара, ояти 51/ сураи Аъроф, ояти 142.
  47. Суҳравардӣ, с.207 – 210/ Бохарзӣ, ҷ.2, с.291 – 295.
  48. Суҳравардӣ, с.208/ Бохарзӣ, ҷ.2, с.292.
  49. Саноӣ, с.228/ Аттор, Мантиқ-ут-тайр, с.7, байти 115/ Аттор Девон, с.495/ Мавлавӣ, ҷ.3, дафтари 6, байти 1216/ Ҳофиз, с.342, ғазали 483.
  50. Саҳифаи Юшаъ ибни Нун, 7 : 14/ китоби дувуми Самуэли Набӣ, 10 : 2/ Канрод, с.232, 236 ва ирҷоъот; Раҷабзода, с.467 – 475.
  51. Табарӣ/ Фахри Розӣ, зайли сураи Аҳқоф, ояти 15/ Ибни Бобавайҳ, ал-Хисол, ҷ.2, с.544, 545.
  52. Канрод, с.232.
  53. Азрақӣ, ҷ.1, с.109.
  54. Канрод, с.232 ва Ирҷоъот.
  55. Сураи Аҳқоф, ояти 15.
  56. Ибни Саъд, ҷ.6, с.70/ Табарӣ, зайли сураи Аъроф, ояти 155, сураи Аҳқоф, ояти 15/ Ҷоҳиз, ал-Баён ва ат-табйин, ҷ.1, с.274/ Муқаддасӣ, с.8/ Масъудӣ, ҷ.1, с.92/ Канрод, с.225 – 240.
  57. Воқидӣ, ҷ.3, с.1117 – 1119/ Ибни Саъд, ҷ.4, қисми 1, с.45- 49/ Ҷоҳиз, 1384, ҷ.1, с.296.
  58. Шаҳрибоф, ҷ.3, с.165 - 166, 179/ Ҳумоюнӣ, с.365/ Булукбошӣ, с.60, 113/ Аламдорӣ, с.33.
  59. Фасд; Шаҳрибоф, ҷ.1, с.507.
  60. Поянда, с.20 – 21/ Киёнӣ, с.251 – 252.
  61. Поянда, с.21.
  62. Ҳумоюнӣ, с.411 – 412.
  63. Поянда, с.192/ Шаҳрибоф, ҷ.3, с.147.
  64. Навшоҳӣ, с.873.

Сарчашма

  • Қуръон.
  • Китоби Муқаддас.
  • Аҳмaдоқо Шариф, Асрор ва румузи аъдоду ҳуруф, Теҳрон, 1383 ш.
  • Ибни Асир.
  • Ибни Исфандиёр, Таърихи Табаристон, чопи Аббос Иқболи Оштиёнӣ, Теҳрон, 1320 ш.
  • Ибни Бобавайҳ, Илал-уш-шароеъ, Наҷаф 1386/ 1966, чопи эфести Қум, бе то.
  • Ибни Бобавайҳ, Китоб-ул-хисол, чопи Алӣ Акбари Ғаффорӣ, Қум, 1362 ш.
  • Ибни Бобавайҳ, Ман ло яҳзуруҳу алфақиҳ, (тарҷума ва матн), тарҷумаи Муҳаммадҷаводи Ғаффорӣ, Садрбалоғӣ ва Алӣ Акбари Ғаффорӣ, Қум, 1367-1369 ш.
  • Ибни Ҳанбал, Муснад-ул-имом Аҳмад ибни Ҳанбал, (Қоҳира) 1313, чоп эфест, Бейрут, бе то.
  • Ибни Халдун.
  • Ибни Саъд (Лиден).
  • Ибни Абдулҳаким, китоби Футуҳу Миср ва ахборуҳо, чопи Муҳаммад Ҳуҷайрӣ, Бейрут, 2000/ 1420.
  • Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, чопи Аҳмад Амин, Аҳмад Зейн ва Иброҳим Абёрӣ, Қоҳира, 1359, 1368/ 1940, 1949.
  • Ибни Фақиҳ.
  • Ибни Касир, ал-Бидояту ва ан-ниҳоя, Бейрут, 1990 / 1411.
  • Муъаммар бен Мусанно Абуъубайда, ан-Нақоиз: нақоизу Ҷарир ва Фараздақ, чопи Энтони Ашли Бувон, Лиден 1905, 1912, чопи эфест, Бағдод, бе то.
  • Абунаими Исфаҳонӣ, Ҳилят-ул-авлиё ва табақот-ул-асфиё, чопи Маҳммадамини Хонҷӣ, Бейрут, 1387/ 1967.
  • Аҳмад Амин, Қомус-ул-одот ва ат-тақолид ва ат-таобир ал-мисрия, Қоҳира 1953.
  • Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Азрақӣ, Ахбору Макката ва мо ҷоа фиҳо мин-ал-осор, чопи Рушдс Солеҳ Малҳас, Бейрут, 1403/1983, чоп эфест, Қум, 1369 ш.
  • Муҳаммад Асадиён Хуррамободӣ, Оинҳои гузар дар Эрон: баррасии татбиқии оинҳои эронӣ дар ҳавзаҳои фарҳангӣ ва ҷуғрофиёӣ, Теҳрон 1384 ш.
  • Эътимодус салтанат.
  • Яҳё ибн Аҳмад Бохарзӣ, Аврод-ул-аҳбоб ва фусус-ул-одоб, ҷ.2, Фусус-ул-одоб, чопи Эраҷи Афшор, Теҳрон, 1358 ш.
  • Муҳаммадиброҳими Бостонии Поризӣ, Косакӯзаи тамаддун, Теҳрон, 1382 ш.
  • Алӣ Булукбошӣ, Наврӯз: ҷашни навзоии офариниш, Теҳрон 1380 ш.
  • Бандҳаш, (гирдоварӣ) Фаранбағдодагӣ, тарҷумаи Меҳрдоди Баҳор, Теҳрон, Тус, 1369 ш.
  • Меҳрдоди Баҳор, Пажӯҳише дар асотири Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1362 ш.
  • Маҳмуди Поянда, Оинҳо ва бовардоштҳои гилу Дайлам, Теҳрон, 1355 ш.
  • Муҳаммад ибни Сулаймони Поянда, Қасас-ул-уламо, чопи Муҳаммади Барзгари Холиқӣ ва Иффат Карбосӣ, Теҳрон, 1383 ш.
  • Амр ибни Баҳр Ҷоҳиз, ал-Баён ва ат-табйин, чопи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, Бейрут, 1367/ 1948.
  • Амр ибни Баҳр Ҷоҳиз, Расоил-ул-Ҷоҳиз, чопи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, Рисола: 6 рисола фи нафйит ташбиҳ, Қоҳира 1384.
  • Амр ибни Баҳр Ҷоҳиз, ат-Тоҷу фи ахлоқил мулук, чопи Фавзӣ Атавӣ, Бейрут, 1970.
  • Шамсиддин Муҳаммад Ҳофиз, Девон, чопи Муҳаммад Қазввнӣ ва Қосими Ғанӣ, Теҳрон, 1320 ш.
  • Ҳамдуллоҳ Мустувфӣ, Нузҳат-ул-қулуб.
  • Аҳмад ибни Муҳаммад Хавофӣ, Муҷмалу фасеҳӣ, чопи Маҳмуд Фаррух, Машҳад 1339/ 1341 ш.
  • Алӣ Ашраф Дарвешиён ва Ризо Хандон, Фарҳанги афсонаҳои мардуми Эрон, Теҳрон 1378 ш.
  • Алӣ Акбари Деҳхудо, Амсол ва ҳикам, Теҳрон, 1352 ш.
  • Баҳмани Деҳгон, Фарҳанги ҷомеъи зарбулмасалҳои форсӣ, Теҳрон, 1383 ш.
  • Ҳошими Раҷабзода, «Чиҳилсолагии умр», оянда, соли 17, ш 58 (мурдод, обони 1370).
  • Рашидуддин Фазлуллоҳ.
  • Рӯзбеҳон Бақлӣ, Шарҳи шатаҳиёт, чопи Ҳенри Курбан, Теҳрон, 1360 ш.
  • Маҷдуд бен Одам Саноӣ, Девон, чопи Мударриси Разавӣ, Теҳрони 1380 ш.
  • Амр ибни Муҳаммади Суҳравардӣ, Авориф-ул-маъориф, Бейрут 1966.
  • Муҳаммад ибни Муҳаммад Шуайрӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, Бейрут 1406/1986.
  • Ҷаъфари Шаҳрибоф, Теҳрони қадим, Теҳрон, 1381 ш.
  • Ҷейн М. Садақа, Муъҷам-ул-аъдод: румуз ва даллолот, Бейрут, 1994.
  • Табарӣ, Таърих (Бейрут).
  • Табарии ҷомеъ.
  • Муҳаммад ибни Иброҳим Аттор, Тазкират-ул-авлиё, чопи Муҳаммади Истеъломӣ, Теҳрон, 1360 ш.
  • Муҳаммад ибни Иброҳим Аттор, Девон, чопи Тақӣ Тафаззулӣ, Теҳрон, 1362 ш.
  • Муҳаммад ибни Иброҳим Аттор, Мантиқ-ут-тайр: мақомоти туюр, чопи Содиқи Гавҳарин, Теҳрон, 1365 ш.
  • Аҳмад ибни Муҳаммад Алоуддавла Семнонӣ, ал-Урвату лиаҳлил халвати ва алҷалват, чопи Наҷиб Моил Ҳаравӣ, Теҳрон, 1362 ш.
  • Маҳдии Аламдорӣ, Фарҳанги омиёнаи Дамованд, Теҳрон, 1379 ш.
  • Маҳдии Ғаравӣ, Оромгоҳ дар густараи фарҳанги эронӣ, Теҳрон, 1376 ш.
  • Алӣ Фатол, «Ҳавлу алъадади арбаъун», аттурос ашшаъбӣ, ш 11, 12 (1984).
  • Муҳаммад ибни Умари Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ав, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, 1421/ 2000.
  • Кулайнӣ.
  • Манучеҳри Киёнӣ, Сияҳчодарҳо: таҳқиқе аз зиндагии мардуми или қашқоӣ, Теҳрон, 1371 ш.
  • Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб (Бейрут).
  • Муқаддасӣ.
  • Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Мавлавӣ, Маснавии Маънавӣ, тасҳеҳи Ринвулд Ален Никулсун, чопи Насруллоҳ Пурҷаводӣ, Теҳрон, 1363 ш.
  • Аҳмад ибни Муҳаммад Майдонӣ, Маҷмаъ-ул-амсол, чопи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, 1407/1987.
  • Абдулғанӣ ибни Исмоил Ноблусӣ, Таътир-ул-аном фи таъбир-ул-маном, чопи Маъруф Зирриқ, Бейрут, 1411/1991.
  • Ҳасан ибни Алии Низомулмалик, Сайрулмулук (сиёсатнома), чопи Ҳиюберт Дорк, Теҳрон, 1355 ш.
  • Ориф Навшоҳӣ, Феҳристи нусхаҳои хаттии форсии музеи миллии Покистон: Карочӣ, Исломобод, 1362 ш.
  • Муҳаммад ибни Умари Воқидӣ, ал-Мағозӣ, чопи Морседан Ҷонс, Лондон, 1966.
  • Содиқи Ҳидоят, Найрангистон, Теҳрон, 1342 ш.
  • Ҳафт лашкар: Тумори ҷомеъи наққолон, аз Каюмарс то Баҳман, чопи Меҳрон Афшорӣ ва Маҳдии Мадоинӣ, Теҳрон: пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиъоти фарҳангӣ, 1377 ш.
  • Содиқи Ҳумоюнӣ, Фарҳанги мардуми Сарвистон, Машҳад, 1371 ш.