Абубакри Махзумӣ
Абубакри Махзумӣ машҳур ба роҳиби Қурайш (ваф.93 - 95ҳ.қ.) аз тобеъин ва фақеҳони ҳафтгонаи Мадина буд.
Ӯ дар Макка бо Имом Ҳусайн (а) дидор кард ва аз он ҳазрат хост то ба Кӯфа наравад. Ӯ далели ин хайрхоҳиро, хешовандӣ унвон кард; чароки ҳар ду аз қабилаи Қурайш буданд.
Таваллуд ва вафот
Абубакри Махзумӣ яке аз фуқаҳои ҳафтгонаи аҳли суннат [Ёддошт 1] дар Мадина ва бузургони Қурайш буд. Ӯ дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб ба дунё омад ва дар соли 93 ё 94 ва ё 95-и қамарӣ вафот кард.[1]
Ном, насаб ва шӯҳрат
Дар бораи ном ва куняи Абубакри Махзумӣ ихтилоф аст; дар Таҳзиб-ут-таҳзиб омадааст, ки баъзеҳо номашро Муҳаммад ва куняашро Абубакр ва баъзеи дигар номашро Абубакр ва куняашро Абуабдурраҳмон гуфтаанд. Ибни Ҳаҷар гуфтааст, Абубакр ном ва куняи ӯ будааст.[2]
Падари Абубакр, Абдурраҳмон ибни Ҳорис ибни Ҳишом буд.[3] Ҳарчанд дар бархе манобеъ аз ӯ бо номи Абубакр ибни Ҳорис ибни Ҳишом низ ёд шудааст.[4] Ҳорис ибни Ҳишом аз қабилаи Банӣ Махзум буд, ки ҳамроҳи бародараш - Абуҷаҳл дар ҷанги Бадр дар сафи мушрикон ҳузур дошт, дар ин ҷанг Абуҷаҳл кушта шуд ва Ҳорис гурехт.[5] Ӯ ҳамчунин дар ҷанги Уҳуд низ дар сафи мушрикон буд ва дар Фатҳи Макка Ислом овард.[6]
Ба хотири интисобаш ба қабилаи Банӣ Махзум ба Абубакри Махзумӣ шӯҳрат дошт. Ҳамчунин ба гуфтаи Ибни Ҳаҷари Ақалонӣ чун зиёд намоз мехонд, мардум ӯро роҳиби Қурайш меномиданд.[7]
Мулоқот бо Имом Ҳусайн (а)
Абубакри Махзумӣ дар воқеаи Карбало дар Макка бо Имом Ҳусайн (а) дидор кард ва аз рӯи хайрхоҳӣ аз он ҳазрат хост, то аз рафтан ба Кӯфа мунсариф шавад. Ӯ далели хайрхоҳии худро хешовандӣ бо Имом Ҳусайн (а) унвон кард ва бевафоии мардуми Кӯфаро нисбат ба Имом Алӣ (а) ва Имом Ҳасан (а) ба он ҳазрат ёдовар шуд. Имом Ҳусайн аз хайрхоҳии ӯ ташаккур кард. Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ - таърихнигори шиаи қарни чаҳоруми қамарӣ, матни гуфтугӯи ӯ ва Имом Ҳусайн (а)-ро гузориш кардааст.[8]
Ривоят
Абубакри Махзумӣ аз ровиёни ҳадиси аҳли суннат ба шумор меравад. Ӯ аз падараш, Абуҳурайра, Аммор ибни Ёсир, Навфал ибни Муовия, Оиша, Уммисалама, Уммимаъқали Асадӣ, Абдурраҳмон ибни Мутиъ, Абумасъуди Ансорӣ ва дигарон ривоят кардааст. Ҳамчунин ровиёне чун Зуҳрӣ, Умар ибни Абдулазиз ва Ҳакам ибни Утайба аз ӯ ривоят кардаанд. Ривоёти ӯ дар манобеи аҳли суннат омада ва бархе аз риҷолиёни аҳли суннат ӯро сиқа донистаанд: бар асоси гузориши Ибни Ҳаҷар, Ибни Ҳиббон ӯро дар шумори суқот овардааст.[9] Аммо дар манобеи шиъӣ ба гуфтугӯи ӯ бо Имом Ҳусайн ишора шудааст.[10]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Ҳаҷар, Таҳзиб-ут-таҳзиб, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.28.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, Таҳзиб-ут-таҳзиб, 1404ҳ.қ. - 1984м., ҷ.12, саҳ.28.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.327; Ибни Ҳаҷар, Таҳзиб-ут-таҳзиб, 1404ҳ.қ. - 1984м., ҷ.12, саҳ.28.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.56.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.301.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.302.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, Таҳзиб-ут-таҳзиб, 1404ҳ.қ., 1984м., ҷ.12, саҳ.28.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.56.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, Таҳзиб-ут-таҳзиб, 1404ҳ.қ., 1984м., ҷ.12, саҳ.28.
- ↑ Барои намуна ниг.: Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.56.
Ёддошт
Сарчашма
- Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Дорул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1989м./1409ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Бейрут, Дорул-фикр лил-табоъати вал-нашри вал-тавзиъ, 1404ҳ.қ./1984м.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқ: Асъад Доғир, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
- Покатчӣ, Аҳмад, мадхали Ислом дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, Маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found