wikishia:Featured articles/2024
Алӣ ибни Муҳаммад (арабӣ: علی بن محمد) маъруф ба Имом Ҳодӣ (форсӣ: امام هادی) ё Имом Алии Нақӣ (212-254ҳ.қ.) даҳумин имоми шиаён ва писари Имом Ҷавод (а) аст. Аз соли 220 то 254 ҳиҷрии қамарӣ 34 сол мақоми имоматро ба уҳда дошт. Давраи имоматии Имом Ҳодӣ бо хилофати чанд халифаи Аббосӣ, аз ҷумла Мутаваккил ҳамзамон буд. Ӯ бештари солҳои имоматашро дар Сомирро таҳти назорати ҳокимони Аббосӣ гузаронд.
Аз Имом Ҳодӣ (а) дар масъалаҳои эътиқодӣ, тафсир, фикҳ ва ахлоқ ҳадис ривоят кардаанд. Дар бархе аз ин ривоёт мавзуъҳои каломие ҳамчун ташбеҳу танзиҳ ва ҷабру ихтиёр мавриди баҳс қарор гирифтааст. Зиёрати Ҷомеаи Кабира ва зиёрати Ғадирия низ аз ӯ ривоят шудааст.
Халифаҳои Аббосӣ, Имом Ҳодӣ (а)-ро маҳдуд мекарданд ва аз иртибот бо шиаён монеъ мешуданд. Ба ҳамин далел, ӯ бештар аз тариқи созмони ваколат, ки аз як гурӯҳ вакилони Имом ташкил шуда буд, бо шиаён иртибот дошт. Абдулазим Ҳасанӣ, Усмон ибни Саид, Айюб ибни Нуҳ ва Ҳасан ибни Рошид аз ёрони ӯ будаанд.
Мазори Имом Ҳодӣ дар Сомирро, зиёратгоҳи шиаён аст. Ин зиёратгоҳ ба хотири дафни ӯ ва писараш Имом Ҳасани Аскарӣ (а), Ҳарами Аскарияйн номида шудааст. Ҳарами Аскарияйн дар ҳамлаи террористии солҳои 2004 ва 2006 вайрон гашт. Он, аз соли 2009 то соли 2014 аз ҷониби Ситоди Атаботи Олиёти Эрон таъмир карда шуд.
Дигар мақолаҳои тавсифшуда: Ибни Таймияи Ҳарронӣ – Каффора – Ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-Димишқийя (китоб)