Қиёми таввобин

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷунбиши таввобин)
Қиёми таввобин
Кошикории достони Сулаймон ибни Сурад
Кошикории достони Сулаймон ибни Сурад
ЗамонСоли 65 ҳ.қ.
МаконАйнулварда
СабабХунхоҳии Имом Ҳусайн (а)
НатиҷаШикасти таввобин
Ҷанганда1Таввобин
Ҷанганда2Лашкари Шом
Фармондеҳ1Сулаймон ибни Сурад
Фармондеҳ2Ибни Зиёд
Нерӯҳо1Мусайяб ибни Наҷба, Абдуллоҳ ибни Саъд, Абдуллоҳ ибни Вол, Руфоа ибни Шаддод ва ғ.
Нерӯҳо2Ҳусайн ибни Нумайр, Шарҳбил ибни Зилкалоъ, Адҳам ибни Муҳриз, Рабиа ибни Мухориқ, Ҷибилла ибни Абдуллоҳ ва ғ.


Қиёми таввобин аз нахустин қиёмҳои шиаён пас аз воқеаи Карбало аст, ки бо ҳадафи интиқом аз қотилони Имом Ҳусайн (а), ҷуброни кӯтоҳӣ дар ёрии Имом Ҳусайн (а) ва супурдани ҳукумат ба Аҳли Байт (а), тавассути бархе аз сарони шиа ва ба раҳбарии Сулаймон ибни Суради Хузоӣ дар Кӯфа шакл гирифт.

Таввобин пас аз воқеаи Ошӯро дар соли 61 қамарӣ, махфиёна ба ҷамъоварии неру ва силоҳ пардохтанд. Гуфта шуда ба хотири ҳамроҳӣ накардани Мухтори Сақафӣ, бисёре аз шиаён, бо таввобин ҳамроҳ нашуданд.

Ин қиём дар соли 65 қамарӣ дар муқобила бо лашкари Шом ба фармондеҳии Убайдуллоҳ ибни Зиёд дар минтақаи Айнулварда рух дод ва пас аз ҷанги чаҳоррӯза ва кушта шудани бисёре аз таввобин хотима ёфт ва боқимондаи сипоҳ ба раҳбарии Рифоа ибни Шаддод ақибнишинӣ карданд.

Эҷоди ташаккули мунсаҷиме аз шиаён бар пояи тафаккури шиъӣ ва таҳти таъсири шаҳодати Имом Ҳусайн (а) аз натоиҷи ин қиём дониста шудааст.

Ангезаи қиём

Пас аз воқеаи Ошӯро ва шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар соли 61 ҳиҷрӣ, бархе шиаён, ки бо ваъдаи байъат, аз Ҳусайн ибни Алӣ (а) даъват карда буданд ба Кӯфа биёяд ва пас аз паймоншиканӣ ва ёрӣ нарасондан ба Имом (а), сахт пушаймон шуда буданд, тасмим бар он гирифтанд, ки гуноҳ ва иштибоҳи хешро ҷуброн кунанд. Онон дар чанд ҷаласа ба ин натиҷа расиданд, ки ин нанг ҷуз бо кушта шудан дар роҳи Имом Ҳусайн (а) ва гирифтани интиқом аз қотилони ӯ пок намешавад.[1][2]

Шаклгирии қиём

Чанд моҳ пас аз воқеаи Карбало, ҳудуди сад тан аз шиаён дар хонаи яке аз чеҳраҳои саршиноси Кӯфа ба номи Сулаймон ибни Суради Хузоӣ, ҷамъ шуданд. Сулаймон дар ин ҷаласа бо ишора ба ояти 54 сураи Бақара ва тавбаи қавми Мусо (а) хитоб ба ҳозирон гуфт: мо ба Аҳли Байти Пайғамбар (с) ваъдаи ёрӣ додем, аммо ёриашон накардем. Дар интизори фарҷоми кор мондем, то он ки фарзанди Пайғамбарамон кушта шуд. Акнун, Худо аз мо розӣ намешавад, магар он ки бо қотилони ӯ биҷангем. Шамшерҳоро тез кунед, асб ва неру фароҳам созед, то фарохонда шавед!.[3]

Пас аз суханони Сулаймон, дигар бузургони шиа ва ёрони Имом Алӣ (а) монанди Мусайяб ибни Наҷабаи Фазорӣ, Рифоа ибни Шаддоди Баҷалӣ, Абдуллоҳ ибни Воли Тамимӣ ва Абдуллоҳ ибни Саъди Аздӣ ба суханронӣ пардохтанд ва саранҷом Сулаймон ибни Суради Хазоӣ ба раҳбарии қиём интихоб шуд.[4]

Бино бар суханон ва ҷаласоти таввобин, аҳдофи онон дар ду ҷиҳат буд:

Бархе таърихнигорон, қиёми таввобинро дар радифи нахустин қиёми шиаён пас аз воқеаи Ошӯро зикр кардаанд.[6]

Ҷамъоварии нерӯ

Ташкили ҷаласоти ҳафтагии таввобин дар соли 61 қамарӣ ба сурати пинҳонӣ дар бораи шаклгирии ҷумбиш, аз таҳияи нерӯ гирифта, то мавъиди қиём дар ҳузури Сулаймони ибни Сурад баргузор мешуд. Онон махфиёна даруни Кӯфа ва қабоили атроф ба таҳияи нерӯ ва аслиҳа пардохта ва муқаддамоти ҷангро омода мекарданд.[7]

Ба дунболи ташкили сипоҳ, Сулаймон ибни Суради Хазоӣ дар соли 64 қамарӣ, номаҳоеро ба Саъд ибни Ҳузайфа, раҳбари шиаёни Мадоин ва Мусанно ибни Махрамаи Абдӣ аз бузургони шиа дар Басра менависад ва ононро ба қиём фаро мехонад. Шиаёни Басра ва Мадоин низ дар посух ба номаи Сулаймон, омодагии хешро эълом дошта ва пазируфтанд, ки дар қиёми онон ширкат кунанд.[8][9]

Оғози қиём

Сулаймон ибни Сурад дар моҳи рабиъ-ул-аввали соли 65 қамарӣ қиёми худро шурӯъ кард. Ҳарчанд афроди зиёде ваъда дода буданд, ки бо ӯ ҳамроҳ мешаванд, аммо саранҷом чаҳор ҳазор нафар дар Нухайла, маҳали таҷаммуи сипоҳи таввобин, ҳузур ёфтанд.[10]

Нақл шудааст, ки Мухтори Сақафӣ, Сулаймонро фоқиди дониши сиёсӣ ва низомӣ медонист ва бахши азиме аз шиаён ба ин далел аз сипоҳи Сулаймон ҷудо шуданд.[11]

Лашкари таввобин дар 5-уми рабиул-аввал аз Нухайла роҳии Дамишқ шуданд. Ҳангоме, ки сипоҳ ба Карбало расид, аз асбҳо пиёда шуда, гирён худро ба қабри Имом Ҳусайн (а) расонда ва иҷтимои пуршӯреро ташкил доданд.[12] Сулаймон дар миёни онон гуфт: Худоё, Ту шоҳид бош, ки мо бар дин ва роҳи Ҳусайн (а) ва душмани қотилони ӯ ҳастем![13] Таввобин низ ба дуо пардохтанд, то ҳоло ки тавфиқи шаҳодат дар рикоби Ҳусайн (а) насибашон нашудааст, Худованд ононро аз шаҳид шудани пас аз ӯ маҳрум насозад.[14]

Шурӯи пайкор

Таввобин қабл аз расидани лашкари Шом, дар минтақаи Айнулварда урдӯ зада, панҷ рӯз дар он ҷо ба истироҳат пардохтанд.

Сулаймон дар рӯзи корзор ба табйини пайкор ва супоришоти ҷангӣ пардохт ва ҷонишинони хешро муаррифӣ кард. Ӯ хитоб ба ҳозирин гуфт: агар ман кушта шудам, фармондеҳи сипоҳ Мусайяб ибни Наҷаба аст ва пас аз ӯ, Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Нуфайл фармондеҳии сипоҳро бар ӯҳда бигирад. Пас аз кушта шудани ӯ, Абдуллоҳ ибни Вол ва Рифоа ибни Шаддод, дигар фармондеҳони набарди таввобин ҳастанд.[15]

Дар 25-уми ҷамодилаввал ду сипоҳ муқобили якдигар қарор гирифтанд ва ҷанги байни таввобин ва лашкари Шом оғоз шуд.[16] Фармондеҳии сипоҳи Шомро Убайдуллоҳ ибни Зиёд бар ӯҳда дошт. Ҳусай ибни Нумайр, Шарҳабил ибни Зилкилои Ҳамирӣ‏, Адҳам ибни Муҳрази Боҳилӣ‏, Рубайъа ибни Махориқи Анавӣ ва Ҷабала ибни Абдуллоҳи Хасъамӣ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд.[17]

Оқибати набард

Пас аз набарди чаҳоррӯза, бисёре аз таввобин кушта шуданд ва бақия дар муҳосираи сипоҳи душман қарор гирифтанд.

Фармондеҳони таввобин яке пас аз дигарӣ ба шаҳодат расиданд ва андак боқимондаи онон ба фармондеҳии Рифоа ибни Шаддоди Баҷалӣ маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд. Таввобин дар масири бозгашт бо шиаёни Басра ва Мадоин бархӯрданд, ки ба ёрии онон омада буданд ва пас аз ибрози андӯҳ ба шаҳрҳои худ бозгаштанд.

Пас аз шикасти таввобин ва расидан ба Кӯфа, Мухтори Сақафӣ, ки дар зиндон ба сар мебурд, ба тамҷид аз Сулаймон ва шаҳидони қиём пардохт ва ваъда дод, ки интиқоми таввобинро гирифта ва ба хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) қиём кунад.[18][19]

Натиҷа

Сайидҳусайни Муҳамадҷаъфарӣ дар китоби «Ташайюъ дар масири таърих» муътақид аст агарчи таввобин ба зоҳир дар баробари сипоҳи Умавӣ шикаст хӯрданд, аммо тавонистанд барои нахустин бор, ташаккули мунсаҷиме аз шиаён ба вуҷуд оваранд ва чун қиёми онон бар пояи тафаккури шиъӣ ва таҳти таъсири шаҳодати Имом Ҳусайн (а) шакл гирифта буд, мӯҷиби пешрафти ташайюъ шуд.[20]

Эзоҳ

  1. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.6, саҳ.25.
  2. Ибни Аъсам, китоби ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.205 ва 206.
  3. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.355.
  4. Ибни Асир, ал-Комилу фи ат-таърих, 1386ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.160.
  5. سماک امانی، «قیام توابین». Самок Амонӣ, «Қиёми таввобин».
  6. Барои намуна ниг.: Ҷаъфариён, Таърихи сиёсии Ислом, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.507/ Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1392ҳ.ш., саҳ.192.
  7. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.430 ва 431.
  8. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.355 ва 356.
  9. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.429.
  10. Ибни Касир, ал-Бидоя ва ан-ниҳоя, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.276 ва 277.
  11. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.367 - 368.
  12. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1386ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.178.
  13. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.456 ва 457.
  14. Абумихнаф, Мақтали Абумихнаф, саҳ.291.
  15. Ибни Касир, ал-Бидоя ва ан-ниҳоя, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.278.
  16. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1386ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.182.
  17. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.370.
  18. Ибни Касир, ал-Бидоя ва ан-ниҳоя, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.279 ва 280.
  19. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1386ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.184 - 186.
  20. Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, саҳ.232 ва 233.

Сарчашма

  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, 1386 ҳ.қ.
  • Ибни Аъсам, Аҳмад, китоби ал-Футуҳ, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1411 ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умр, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1408 ҳ.қ.
  • Абумихнаф, Лут ибни Яҳё, Мақтал-ул-Ҳусайн, Қум, Матбаъат-ул-илмийя, бе то.
  • Ҷаъфарӣ, Муҳаммадҳусайн, Ташайюъ дар масири таърих, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1382 ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи сиёсии Ислом, Қум, далел, чопи аввал, 1380 ҳ.ш.
  • Самок Амонӣ, «Қиёми таввобин», дар сайти маркази таълимоти исломии Вашингтон, таърихи боздид: 5 Исфанди 1396 ҳ.ш.
  • Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Таърихи таҳлилии Ислом, Теҳрон, Маркази нашри донишгоҳӣ, чопи панҷоҳум, 1392 ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, 1403 ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1403 ҳ.қ.
  • Набила, Абдулмунъим Довуд, Нашъат-уш-шиъат-ил-имомийя, Бейрут, Дор-ул-муаррих-ул-арабӣ, 1415 ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дору содир, бе то.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, 1394 ҳ.қ.