Сулаймон ибни Суради Хузоӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сулаймон ибни Сурад)
Сулаймон ибни Суради Хузоӣ
Номи комилСулаймон ибни Сурад ибни Ҷуни Хузоӣ
КунияАбумутарраф
Маҳалли зиндагӣ
Санаи таваллудсоли 5 пеш аз беъсат
ЗодгоҳМакка
Санаи шаҳодатсоли 65ҳ.қ.
Маҳалли шаҳодатминтақаи Айнулварда


Сулаймон ибни Сурад ибни Ҷуни Хузоӣ (арабӣ: سليمان بن صرد الخزاعي) раҳбари қиёми таввобин ва аз бузургони Кӯфа, саҳобии ҳазрати Муҳаммад (с) ва аз шиаёни Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) буд. Сулаймон ибни Сурад дар бархе ҷангҳо дар рикоби Амиралмуъминин Алӣ (а) ҷангид. Ӯ дар даврони Имом Ҳасан (а) бо сулҳи Имом Ҳасан бо Муовия мухолиф буд. Нахустин номаҳои кӯфиён ба Имом Ҳусайн (а) ба раҳбарии ӯ навишта шуд, бо ин ҳол, худи ӯ дар набарди Карбало ҳузур надошт.

Таърихнигорон, далоили мухталифе барои набудани Сулаймон дар воқеаи Карбало баршумурдаанд.

Пас аз шаҳодати Ҳусайн ибни Алӣ (а), раҳбарии қиёми таввобинро дар соли 65ҳ.қ., бар ӯҳда дошт. Ин қиём ба хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) шакл гирифт ва Сулаймон дар он ба шаҳодат расид.

Зиндагинома

Сулаймони ибни Сурад дар Макка ба дунё омад. Дар манобеи таърихӣ ҳарчанд ба санаи вилодати ӯ ишора нашудааст, аммо чун гуфта шуда, ки ӯ ҳангоми шаҳодат дар соли 65 ҳ.қ., 93 сола буда,[1] метавон гуфт ӯ панҷ сол пеш аз беъсат ба дунё омадааст. Номи падараш «Ҷун» буд ва дар нисбаташ ба қабилаи Хузоа ҳеҷ ихтилофе нест.[2]

Номи ӯ дар асри ҷоҳилият «Ясор» буд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) номашро пас аз мусулмон шудан ба «Сулаймон» тағйир дод. Кунияашро «Абӯмутарраф» гуфтаанд.[3]

Шиа ва аҳли суннат ӯро сутудаанд. Ӯ пирамарди нек, обид, фозил ва дорои маконат ва мақоми вижа байни қавми хеш буд ва қабилаи Хузоа аз ӯ итоат мекард.[4][5]

Ҳамроҳӣ бо Пайғамбар (с)

Фазл ибни Шозон вайро аз тобеин медонад ва манобеи аҳли суннат ӯро аз асҳоби Пайғамбар (с) ба шумор овардаанд. Шайх Тусӣ низ ӯро дар шумори асҳоби Пайғамбар зикр кардааст.[6] Оятуллоҳ Хӯӣ гуфтааст эҳтимолан Шайх Тусӣ ин суханро аз кутуби аҳли суннат гирифта бошад.[7]

Ҳамроҳӣ бо Алӣ (а)

Пас аз таъсиси шаҳри Кӯфа дар замони халифаи дуввум, Сулаймон ибни Сурад ҷузви аввалин касоне буд, ки дар ин шаҳр сокин шуд ва дар маҳаллаи Хузоа сукно гузид.[8] Сулаймон, бо хилофати Имом Алӣ (а) ҳамроҳи бисёре аз бузургони шиа бо ӯ байъат кард.[9] Бино бар номае, ки аз сӯи амири муъминон (а) барои ӯ навишта шуда, ӯ намояндаи Имом (а) дар минтақаи Ҷабал будааст.[10]

Ӯ дар ҷангҳои Имом Алӣ (а) ширкат кард ва дар ҷанги Сиффин дар рикоби Имом (а) ҷангид ва фармондеҳии майманаи сипоҳро бар ӯҳда гирифт.[11] Дар ин ҷанг, «Ҳавшаб» сарвари ямониён дар сипоҳи Муовия бо шамшери ӯ аз пой даромад.[12]

Бархе гуфтаанд Сулаймон дар ҷанги Ҷамал ширкат накард ва Алӣ (а) ӯро мазаммат кард.[13] Ҳарчанд ин матлаб дар китобҳои таърихӣ дучори тардид шуда, аммо Оятуллоҳ Хӯӣ эҳтимол додааст, ки ширкат накардани ӯ ё ба фармони Амиралмуъминин Алӣ (а) буда ва ё узри муваҷҷаҳе доштааст.[14]

Эътироз ба сулҳи Имом Ҳасан (а)

Гузориши муваррихон ҳикоят аз дидори Сулаймон бо Имом Ҳасан (а) пас аз ҷараёни сулҳ бо Муовия дорад, ки ӯ бо инкори ин байъат, ба Имом (а) эътироз мекунад. Имом Ҳасан (а) дар ҷавобаш мегӯяд: шумо шиа ва дӯстдори мо мебошед... Худо гувоҳ аст он чи ман анҷом додам, ба хотири рехта нашудани хунҳост! Пас розӣ ба хости Худо бошед.[15]

Ӯ дар дидоре бо Имом Ҳусайн (а) низ, ин масъаларо арза медорад ва Имом (а) бар пойбандӣ ба сулҳ то марги Муовия таъкид мекунад.[16]

Давраи Имом Ҳусайн (а)

Нома ба Ҳусайн ибни Алӣ (а)

Дар пайи марги Муовия ва байъат накардани Ҳусайн ибни Алӣ (а) бо Язид, шиаён дар манзили Сулаймон ибни Сурад иҷтимоъ карданд ва барои байъат бо Имом Ҳусайн (а) ба ӯ ду нома навиштанд.[17] Сулаймон дар ин дидор гуфт: Муовия ба ҳалокат расида ва Ҳусайн ба тарафи Макка раҳсипор шудааст, шумо шиаёни ӯ ва пайрави падари ӯ ҳастед, пас, ӯро ёрӣ расонед ва бо душманонаш биҷангед![18]

Ҳозир нашудан дар воқеаи Ошӯро

Навиштори аслӣ: Воқеаи Ошӯро

Сулаймон дар воқеаи Ошӯро ҳузур надошт. Дар бораи иллати ҳозир нашудани ӯ дар Карбало гузоришҳои сареҳе дар манобеи таърихӣ вуҷуд надорад ва гумонаҳое аз сӯи нависандагон ва пажӯҳишгарон матраҳ шудааст. Бархе бар онанд, ки Сулаймон бо иддаи дигаре аз бузургони шиа ба фармони Убайдуллоҳ ибни Зиёд зиндонӣ шуда буд, аммо дар манобеи таърихӣ гузорише дар ин боб вуҷуд надорад.[19]

Бархеи дигар аз пажӯҳишгарон бо ишора ба назорати шадиде, ки Ибни Зиёд бар кӯфиён ва низ бар роҳҳои хуруҷ аз Кӯфа эъмол карда буд, имкони ҳузури Сулаймон ибни Сурад ва дигар шиаёни Кӯфаро дар Карбало номумкин донистаанд.[20] Бо ин ҳол, бархеи дигар бо ишора ба теъдоди андаке аз шиаён, ки худро ба Карбало расонда ва ба Имом пайвастанд, ин далелро қонеъкунанда намедонанд.[21][22]

Гурӯҳи дигаре аз пажӯҳишгарон, сустии кӯфиён, аз ҷумла Сулаймон ибни Сурадро сабаби аслии напайвастани онон ба Имом Ҳусайн дар Карбало донистаанд. Эътирофи Сулаймон ва дигар кӯфиён ба гуноҳашон дар ёрӣ накардани Имом ва роҳандозии қиёми таввобин аз далоили тақвияти ин назар аст.[23][24]

Бар ин асос, бархе нависандагон, Сулаймон ибни Сурад ва дигар кӯфиёнро шиаёни мутазалзил ва бо рафторе дугона донистаанд.[25] Ҳамчунин ин назарро бо матраҳ кардани собиқаи мухолифати Сулаймон ибни Сурад бо Имом Алӣ (а) ва Имом Ҳасан (а) тақвият мекунанд.[26] Бархе аз манобеи куҳан низ ба рӯҳияи шаккок ва тардидҳои Сулаймон ибни Сурад дар моҷарои Ошӯро ишора кардаанд.[27]

Раҳбарии таввобин

Навиштори аслӣ: Қиёми таввобин

Ӯ пас аз ҳодисаи Ошӯро, раҳбарии гурӯҳе ба номи таввобинро қабул кард, ки дар соли 65 ҳ.қ., бар алайҳи сипоҳи Умар ибни Саъд ва хунхоҳии солори шаҳидон қиём карданд.[28] Ба гуфтаи Ибни Намои Ҳиллӣ аввалин касе, ки дар Кӯфа қиём кард, Сулаймон ибни Суради Хузоӣ буд.[29]

Шаҳодат

Ӯ дар қиёми таввобин ва дар ҷанг бо лашкари Шом дар минтақаи «Айнулварда» бо найзаи Язид ибни Ҳусайн ба шаҳодат расид. Гӯянд ки ҳангоми марг гуфт: ба Худои Каъба қасам, растагор шудам![30] Ӯ ҳангоми шаҳодат 93 сол дошт.[31] Имом Алӣ (а) дар набарди Сиффин ба Сулаймон фармуда буд: ту аз касоне ҳастӣ, ки дар интизори шаҳодат ба сар мебаранд ва ҳаргиз дар аҳду паймони хеш тағйире намедиҳанд.[32]

Нақл шудааст, ки Сулаймон дар олами рӯъё, Хадиҷаи Кубро, Фотимаи Заҳро (с), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а)-ро меибниад ва ҳазрати Хадиҷа ба ӯ мегӯяд: эй Сулаймон, Худованд қадрдони ту ва бародаронат аст ва ҳамаи шумо дар рӯзи қиёмат бо мо ҳастед![33]

Эзоҳ

  1. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Дорусодир, ҷ.6, саҳ.26.
  2. Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.649.
  3. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.351/ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Дорусодир, ҷ.4, саҳ.292.
  4. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.1, саҳ.215.
  5. Ибни Абдулбар, Истиъоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650.
  6. Тӯсӣ, Риҷоли Тӯсӣ, 1415 ҳ.қ., саҳ.94.
  7. Хуӣ, Муъҷами риҷоли ҳадис, 1413 ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.284.
  8. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Дорусодир, ҷ.6, саҳ.25 / Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.351.
  9. Муфид, ал-Ҷамал, Мактабат-уд-доварӣ, саҳ.52.
  10. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394 ҳ.қ., саҳ.166.
  11. Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффайн, 1382 ҳ.қ., саҳ.205.
  12. Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффайн, 1382 ҳ.қ., саҳ.400 ва 401/ Ибни Аъсам, китоби ал-Футуҳ, 1411 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.121 ва 122.
  13. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394 ҳ.қ., саҳ.271 ва 272/ Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффайн, 1382 ҳ.қ., саҳ.6.
  14. Хуӣ, Муъҷами риҷоли ҳадис, 1413 ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.283.
  15. Ибни Қутайбаи Динаварӣ, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.185.
  16. Ибни Қутайбаи Динаварӣ, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.186.
  17. Ибни Аъсам, китоби ал-Футуҳ, 1411 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.27 – 30.
  18. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.332.
  19. Араб Абузайдободӣ, Баррасии иллати адами ҳузури Сулаймон ибни Сурад дар Карбало, 1387 ҳ.ш., саҳ.129 - 131.
  20. Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, 1387 ҳ.ш., саҳ.234 - 235.
  21. Ҷаъфариён, Таърихи сиёсии Ислом, 1383 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.494.
  22. Араб Абузайдободӣ, Баррасии иллати адами ҳузури Сулаймон ибни Сурад дар Карбало, 1387 ҳ.ш., саҳ.131 - 132.
  23. Ҷаъфариён, Таърихи сиёсии Ислом, 1383 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.580 - 581.
  24. Араб Абузайдободӣ, Баррасии иллати адами ҳузури Сулаймон ибни Сурад дар Карбало, 1387 ҳ.ш., саҳ.134 - 135.
  25. Заргаринажод, Наҳзати Имом Ҳусайн ва қиёми Карбало, 1386 ҳ.ш., саҳ.276 - 277
  26. Араб Абузайдободӣ, Баррасии иллати адами ҳузури Сулаймон ибни Сурад дар Карбало, 1387 ҳ.ш., саҳ.136 - 137
  27. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Дорусодир, ҷ.6, саҳ.25.
  28. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-торих, Дорусодир, ҷ.4, саҳ.160.
  29. Ибни Намо Ҳиллӣ, Зуб-ун-назор, 1416 ҳ.қ., саҳ.72.
  30. Ибни Асир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1408 ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.279.
  31. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Дорусодир, ҷ.6, саҳ.26.
  32. Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффайн, 1382 ҳ.қ., саҳ.519.
  33. Намозӣ, Мустадракоту илми риҷол, 1412 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.138.

Сарчашма

  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи сиёсии Ислом (ҷилди дувуми Таърихи хулафо), Қум, далели мо, 1383 ҳ.ш.
  • Заргаринажод, Ғуломҳусайн, Наҳзати Имом Ҳусайн ва қиёми Карбало, Теҳрон, самт, 1386 ҳ.ш.
  • Араб Абузайдободӣ, Абдурризо, Баррасии иллати адами ҳузури Сулаймон ибни Сурад дар Карбало, Таърих дар оинаи пажӯҳиш, шумораи 20, зимистони 1387 ҳ.ш.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, бе то.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Ибни Аъсам, Аҳмад, китоби ал-Футуҳ, Бейрут, Дор-ул-азво, 1411 ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имомату ва-с-сиёсат, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-азво, 1410 ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1408 ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбар, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоби фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412 ҳ.қ.
  • Ибни Намо Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Зуб-ун-назор фи шарҳ-ис-сор, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1416 ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Муассисат-ул-аъламӣ, 1394 ҳ.қ.
  • Хуӣ, Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413 ҳ.қ.
  • Динаварӣ, Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, таҳқиқи Тоҳо Муҳаммад Аз-Зайнӣ, Муассисат-ул-ҳалабӣ, бе то.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, ал-Мунтахаб мин китоб-ил-музил, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, бе то.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷоли Тӯсӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1415 ҳ.қ.
  • Асқалонӣ, Ибни Ҳаҷар Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исобату фи тамйиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1415 ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1403 ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Ҷамал, Қум, Мактабат-ул-доварӣ, бе то.
  • Минқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффайн, Қоҳира, ал-Муассисат-ул-ғарбийя, 1382 ҳ.қ.
  • Намозии Шоҳрӯдӣ, Алӣ, Мустадракоту илми риҷол-ил-ҳадис, Теҳрон, 1412 ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Сайидҳусайн Муҳаммад, Ташайюъ дар масири таърих, тарҷумаи Сайид Муҳаммадтақии Оятуллоҳӣ, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1387 ҳ.ш.