Ҳодисаҳои даймоҳи Эрон (2026)
Ҳодисаҳои даймоҳи Эрон (2026) (форсӣ: حادثههای دیماه ایران (۲۰۲۶)) ба нооромиҳо, даргириҳо ва ошӯбҳое ишора дорад, ки бо дастгирии Амрико ва режими саҳюнистӣ дар баъзе шаҳрҳои Эрон рух дод. Ин рӯйдодҳо бо ҷамъомадҳои эътирозии шароити иқтисодӣ оғоз шуда, дар идома ба хушунат кашида шуд ва ба харобии амволи ҷамъиятӣ, осеб дидани маконҳои мазҳабӣ ва шаҳодати шуморае аз шаҳрвандон ва низ нерӯҳои низомӣ ва амниятӣ анҷомид.
Заминаҳо
Мувофиқи гузоришҳо, афзоиши ногаҳонии нархи арз ва норозигиҳои иқтисодӣ аз омилҳои асосии шаклгирии ҷамъомадҳои аввалия унвон шудааст. Эътирозҳо аз нуҳуми даймоҳи 1404/16 декабри 2025 бо ҷамъомади гурӯҳе аз бозориёни шаҳри Теҳрон оғоз шуда, ба тадриҷ ба дигар шаҳрҳои кишвар паҳн гардид. Ба гуфтаи мақомоти расмии Эрон, фаъолияти гурӯҳҳое, ки бо ҳадафи куштасозӣ дар 18 ва 19-уми даймоҳ/25-26 декабри 2026 бо амалиёти террористӣ, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва харобии амволи ҷамъиятӣ даст заданд, боиси кашида шудани эътирозҳо ба хушунат шуд.[1]
Ба гуфтаи мақомоти расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон, эътирозҳо бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба хушунат гароид ва ҳуҷҷатҳое аз фаъолияти созмонёфтаи ошӯбгарон вуҷуд дорад. Доналд Трамп, раисҷумҳури вақти Амрико низ ба мусаллаҳ кардани гурӯҳҳои курди мухолифи Ҷумҳурии Исломии Эрон тавассути Амрико иқрор кард. Сайти расмии Созмони муҷоҳидини халқ ба дастгирии баъзе аз аъзои худ дар ин ҳодисаҳо ишора кардааст.
Сайид Алӣ Хоманаӣ, дувумин Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин ҳодисаҳоро фитна ва монанди табаддулот хонд.[2] Сайид Муҷтабо Хоманаӣ севумин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷанги дувоздаҳрӯзаи Исроил алайҳи Эрон (июни 2025), ҳамчун ҷанги аввал, аз ҳодисаҳои даймоҳ ҳамчун табаддулот ва ҷанги дувум ва аз ҷанги Рамазон (феврали 2026) ҳамчун ҷанги севум дар соли 1404 ҳиҷрии шамсӣ ёд кардааст.[3]
Талафот ва хисорот

Тибқи эъломи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, дар маҷмуъ 3117 нафар дар рафти ин ҳодисаҳо ҷони худро аз даст доданд. Аз ин шумора, 2427 нафар аз шаҳрвандон ва нерӯҳои низомӣ ва амниятӣ буданд[4] ки Бунёди шаҳид низ шаҳодати онҳоро тасдиқ кардааст.[5] Ба гуфтаи муовини умури байналмилали қувваи қазоияи Эрон, дар ин нооромиҳо 350 мошини ёрии таъҷилӣ, 24 ҷойгоҳи сӯзишворӣ, 700 мағозаи маҳаллӣ, 300 воҳид манзили истиқоматӣ, 750 шуъбаи бонк, 414 бинои давлатӣ, 749 кумита (бунгоҳи пулис), 120 маркази басиҷ, 200 мактаб, 350 масҷид, 15 китобхона, 2 калисои арманӣ, 253 истгоҳи автобус, 600 дастгоҳи худпардози бонкӣ ва 800 худрави шахсӣ оташ гирифта ё тамоман нобуд шудаанд. Ҳамчунин ба шаҳрдории Теҳрон тақрибан се ҳазор миллиард (риёл) ва ба Ҳилоли Аҳмар тақрибан 400 миллиард (риёл) хисорот ворид шудааст.[6]

Паёмадҳо
Ин рӯйдодҳо бо вокунишҳое дар сатҳи байналмилалӣ ҳамроҳ буд ва баъзе мақомҳо ва расонаҳои хориҷӣ дар бораи вазъи дохилии Эрон ва тарзи муборизаи ҳукумат бо ин эътирозҳо изҳори назар карданд. Ҳамчунин дар 12 январи соли 2026, роҳпаймоиҳои мардумӣ дар шаҳрҳои гуногуни Эрон дар маҳкумияти хушунатҳо ва дастгирии ниҳодҳои расмии Ҷумҳурии Исломӣ баргузор шуд. Сайид Алӣ Хоманаӣ, дувумин Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин роҳпаймоиҳоро ҷилвае аз ҳиммат ва ҳувияти миллии мардуми Эрон донист ва онро ҳушдоре ба сиёсатмадорони Амрико тавсиф кард, то аз фиребкорӣ даст кашанд ва ба муздурони хоин такя накунанд.[8]
Эзоҳ
- ↑ «بیانیه شورای امنیت کشور درباره اقدامات تروریستی دی ماه», Хабаргузории Садову симо
- ↑ Хоманаӣ, «بیانات آیتالله سید علی خامنهای در دیدار اقشار مردم به مناسبت چهلوهفتمین سالگرد پیروزی انقلاب اسلامی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Сайид Муҷтабо, «پیام نوروزی رهبر انقلاب (سید مجتبی خامنهای) به مناسبت آغاز سال ۱۴۰۵», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانیه شورای امنیت کشور درباره اقدامات تروریستی دی ماه», Хабаргузории Садову симо
- ↑ «تعداد شهدای حملات تروریستی و مسلحانه اخیر اعلام شد», Сомонаи Бунёди шаҳид ва умури исоргарон
- ↑ «اغتشاشگران ۳۰۰ واحد مسکونی و ۷۵۰ بانک را به آتش کشیدند», Хабаргузории Садову симо
- ↑ «روز تاریخی ملت عظیمالشأن ایران», Хабаргузории ИСНА
- ↑ «گوشههایی از اجتماع ملت ایران در پاسخ به اغتشاشات دیماه ۱۴۰۴», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
Сарчашма
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «بیانات آیتالله سید علی خامنهای در دیدار اقشار مردم به مناسبت چهلوهفتمین سالگرد پیروزی انقلاب اسلامی», («Баёноти Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ дар дидори табақоти мардум ба муносибати чилуҳафтумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 31 январи 2026, санаи боздид: 6 феврали 2026
- Хоманаӣ, Сайид Муҷтабо, «پیام نوروزی رهبر انقلاب (سید مجتبی خامنهای) به مناسبت آغاز سال ۱۴۰۵», («Паёми наврӯзии Раҳбари инқилоб (Сайид Муҷтабо Хоманаӣ) ба муносибати оғози соли 1405»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 20 марти 2026, санаи боздид: 2 апрели 2026
- «گوشههایی از اجتماع ملت ایران در پاسخ به اغتشاشات دیماه ۱۴۰۴», («Гӯшаҳое аз иҷтимои миллиати Эрон дар посух ба ошубҳои Даймоҳи 1404»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 11 январи 2026, санаи боздид: 31 январи 2026
- «تعداد شهدای حملات تروریستی و مسلحانه اخیر اعلام شد», («Шумораи шаҳидони ҳамлаҳои террористӣ ва мусаллаҳонаи охир эълон шуд»), сомонаи Бунёди шаҳид, санаи дарҷи матлаб: 20 январи 2026, санаи боздид: 25 январи 2026
- «بیانیه شورای امنیت کشور درباره اقدامات تروریستی دی ماه», («Байёнияи Шӯрои амнияти кишвар дар бораи амалиёти террористии Даймоҳ»), Хабаргузории Садову симо, санаи дарҷи матлаб: 20 январи 2026, санаи боздид: 25 январи 2026
- «اغتشاشگران ۳۰۰ واحد مسکونی و ۷۵۰ بانک را به آتش کشیدند», («Ошубгарон 300 воҳиди манзилӣ ва 750 бонкро оташ заданд»), Хабаргузории Садову симо, санаи дарҷи матлаб: 24 январи 2026, санаи боздид: 25 январи 2026
- «روز تاریخی ملت عظیمالشأن ایران», («Рӯзи таърихии миллати азимушшаъни Эрон»), Хабаргузории ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 11 январи 2026, санаи боздид: 25 январи 2026