Ҳафҳоф ибни Муҳаннад Росибӣ

Аз wikishia
Номи комилҲафҳоф ибни Муҳаннад Росибӣ
Маҳалли зиндагӣБасра
Санаи шаҳодатРӯзи Ошӯро/61ҳ.қ.
Маҳалли дафнҲарами Имом Ҳусайн (а)
Аз ëрониИмом Ҳусайн (а)


Ҳафҳоф ибни Муҳаннади Росибӣ (арабӣ: هَفْهاف بن مُهَنَّد راسِبی) (шаҳодат: 61ҳ.қ.) аз шиаёни Басра ва аз шуҳадои воқеаи Карбалост, ки баъд аз Имом Ҳусайн (а) ба шаҳодат расидааст. Ӯ ки собиқаи ҳузур дар саффи ёрони Имом Алӣ (а) дар ҷанги Сиффинро доштааст, бо шунидани хабари ҳаракати Имом Ҳусайн (а) ба самти Ироқ, ба сӯи эшон роҳӣ мешавад, аммо рӯзи Ошуро баъд аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ба Карбало расид ва бо лашкариёни Умари Саъд ҷангиду ба шаҳодат расид.

Ба гуфтаи Момақонӣ, риҷолии шиа (ваф.1351ҳ.қ.), Ҳафҳоф ибни Муҳаннад аз саворкорони диловари Басра ва аз шиаёни мухлис будааст.[1] Ӯ аз асҳоби Имом Алӣ (а) дар ҷанги Сиффин будааст ва ба нақле аз сӯи Имом Алӣ (а) фармондеҳии Аздиёни Басраро дар ин ҷанг бар ӯҳда доштааст.[2] Ӯ аз ёрони Имом Ҳасан (а) шуморида шудааст.[3] «Ҳафҳоф/هَفْهاف» дар луғат ба маънои марди лоғарандом аст.[4]

Фузайл ибни Зубайри Куфӣ (даргузаштаи қарни дувуми ҳиҷрӣ), ал-Муршид Биллоҳ, олими зайдия, (ваф.479ҳ.қ.) ва Ҳумайд ибни Аҳмад Муҳалло аз шарҳиҳолнигорони зайдия, (ваф.652ҳ.қ.) гузориш кардаанд, ки Ҳафҳоф бохабар шуд, ки Имом Ҳусайн (а) ба сӯи Ироқ раҳсипор шудааст, ба сӯи он ҳазрат шитофт, аммо баъд аз шаҳодати Имом ба майдони ҷанг расид; бинобар ин вориди лашкариёни Умари Саъд шуд ва шамшерашро кашида, барои онҳо раҷаз хонд: «Эй лашкариёни муҷаҳҳаз! Манам Ҳафҳоф ибни Муҳаннад, ки ба дунболи хонадони Муҳаммад (с) ҳастам!», сипас ба ҷанги бо лашкариёни Умари Саъд пардохт ва теъдоде аз онҳоро кушт, то он ки вайро ба шаҳодат расонданд.[5] Дар идомаи ин гузориш, аз Имом Саҷҷод (а) дар ситоиши Ҳафҳоф нақл шудааст: «Мардум аз ҳангоми беъсати ҳазрати Муҳаммад (с), баъд аз Алӣ ибни Абитолиб (а) ҳеҷ саворкори ҷанговареро монанди Ҳафҳоф надидаанд...»[6]

Дар Донишномаи Имом Ҳусайн омадааст, ки номи Ҳафҳоф дар мутуни қадимӣ танҳо дар китоби «Китобу тасмияти ман қутила маъа-л-Ҳусайн», таълифи Фузайл ибни Зубайр омадааст.[7] Номи Ҳафҳоф дар Зиёрат-уш-шуҳадои мансуб ба Имоми Замон (а)[8] ва зиёрати Раҷабияи Имом Ҳусайн (а)[9] зикр нашудааст.

Эзоҳ

  1. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, Наҷаф, ҷ.‏3, саҳ.304.
  2. Ҷамъе аз нависандагон, Захират-уд-дорайн, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.457.
  3. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, бе то, ҷ.‏3, саҳ.304.
  4. Нигоҳ кунед ба: Ибни Дурайд, ал-Иштиқоқ, 1411ҳ.қ., саҳ.230.
  5. Ал-Муршиду биллоҳ, Тартиб-ул-амолӣ-л-хамисийя, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.227; Муҳалло, ал-Ҳадоиқ-ул-вардийя, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.212.
  6. Фузайл ибни Зубайр, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн, 1406ҳ.қ., саҳ.156; ал-Муршиду биллоҳ, Тартиб-ул-амолӣ-л-хамисийя, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.227; Муҳалло, ал-Ҳадоиқ-ул-вардийя, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.212.
  7. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1387ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.435.
  8. Нигоҳ кунед ба Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор, 1419ҳ.қ., саҳ.487 - 495.
  9. Нигоҳ кунед ба Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.101, саҳ.339 - 341.

Сарчашма

  • Ал-Муршиду биллоҳ, Яҳё ибни Ҳусайн, ал-Амолӣ-л-хамисия, таҳқиқ: Муҳаммад Ҳасан Исмоил, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Дурайд, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иштиқоқ, таҳқиқи Абдуссалом Муҳаммад Ҳорун, Бейрут, Дорулҷил, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад, ал-Мазор, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, муассисатул-Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол‏, Наҷаф, бе то.
  • Муҳалло, Ҳумайд ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ул-вардийя фи маноқиб-ил-аиммат-ил-зайдийя, таҳқиқи Муртазо ал-Маҳтурӣ, Санъо, мактабат Бадр, 1423ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Ҳусайн алайҳиссалом, бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, 1387ҳ.ш.
  • Фузайл ибни Зубайр, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн алайҳиссалом мин вулдиҳи ва ихватиҳи ва аҳли байтиҳи ва шиъатиҳ, таҳқиқи Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, 1406ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Захират-уд-дорайн, тасҳеҳи Боқир Дарёб Наҷафӣ, беҷо, 1422ҳ.қ.