Ҳамсоядорӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳамсоядори)

Ҳамсоядорӣ (форсӣ: همسایه‌داری) ба маънои рафтори некӯ бо ҳамсоягон аст. Дар сураи Нисо, ояти 36 ба эҳсон нисбат ба ҳамсоягон суфориш шудааст. Дар ривоёт ҳам бар эҳсон ба ҳамсоягон ва озор нарасондан ба онҳо таъкид шуда ва ҳурмати ҳамсоя монанди ҳурмати модар ва озор ба ӯ монанди озор ба Расули Худо (с) маҳсуб шудааст.

Дар ривоёт, барои ҳамсоя, ҳарчанд кофар бошад, ҳуқуқе шумурда шудааст; монанди қарз додан, аёдат ҳангоми беморӣ, ширкат дар ташйиъи ҷаноза, бахше аз меваву хӯроки хонаро тӯҳфа кардан, таҷассус накардан ва таҳаммули азияти ҳамсоя.

Бар асоси ривоёт, эҳсон ба ҳамсоя муҷиби муҳаббати Худо ва ворид шудан ба биҳишт ва афзоиши рӯзӣ ва тӯли умр мешавад ва озор ба ӯ дурӣ аз раҳмати Илоҳӣ ва маҳрумият аз биҳиштро ба дунбол хоҳад дошт.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Ҳамсоядорӣ ба маънии рафтори некӯ бо ҳамсоягон ва муодили иборати «حُسْنُ الجِوار - ҳусн-ул-ҷивор» дар ривоёт аст.[1] Ба ду тан ё ду хонавода, ки дар канори ҳам хона доранд ё дар ду қисмати як хона зиндагӣ кунанд, ҳамсоя гуфта мешавад.[2] Пайғамбар (с) ва Имом Содиқ (а), ҳадди ҳамсояро то чиҳил хона аз рӯбарӯ, пушти сар, самти рост ва самти чап, баён намудаанд.[3] Дар Қуръон, пас аз тавҳид ва эҳсон ба волидайн ва хешону фуқаро, ба эҳсон ба ҳамсоягон суфориш шудааст.[4] Ривоёти фаровоне аз Аҳли Байт (а) перомуни хушрафторӣ ва озор нарасондан ба ҳамсоягон нақл шудааст.[5]

Аз Пайғамбар (с) нақл шуда эҳтиром ба ҳамсоя монанди эҳтироми модар аст.[6] Имом Алӣ (а) низ аз Пайғамбар (с) нақл мекунад пайваста Ҷабраил нисбат ба ҳамсоягон суфориш мекард, то ҷое ки гумон кардам барои ӯ саҳме дар ирс қарор медиҳад.[7] Ҷаъфар ибни Абитолиб, намояндаи Расули Худо (с) ба сӯи Наҷҷошӣ (подшоҳи Ҳабаша), дар муаррифии дини Ислом, некӣ ба ҳамсоягонро аз омӯзаҳои муҳимми дини Ислом бармешуморад.[8] Имом Алӣ (а) дар васияти худ дар рӯзҳои поёнии умраш, нисбат ба ҳамсоягон суфориш намудааст.[9] Мутобиқи нақли Муҳаддиси Нурӣ - ҳадиснигори шиа, Пайғамбари Ислом (с), озори ҳамсояро монанди озор ба худаш муаррифӣ кардааст.[10]

Ҳуқуқи ҳамсоя

Ҳаққи ҳамсоя он аст, ки ӯро дар ғиёбаш ҳифз кунӣ ва дар ҳузураш гиромӣ дорӣ ва дар баробари ситаме, ки ба ӯ мешавад ёриаш диҳӣ ва аз уюбаш ҷустуҷӯ накунӣ. Агар бадӣ аз ӯ дидӣ бипӯшонӣ ва агар бидонӣ, ки насиҳатпазир аст, дар танҳоӣ ӯро насиҳат кунӣ. Дар сахтиҳо ӯро танҳо нагузорӣ, аз лағзиши ӯ даргузарӣ ва гуноҳашро бубахшӣ ва каримона бо ӯ муошират кунӣ, ки ҳеҷ қудрате нест, магар ба изни Худо.


Тибқи ривояте аз Расули Худо (с), ҳамсоягони инсон, се дастаанд: дастаи аввал ҳамсояи мусулмон ва хешованд аст, дастаи дувум ҳамсояи мусулмон ва дастаи сеюм ҳамсояи ғайримусулмон. Ҳарсе даста дорои ҳуқуқе бар инсон ҳастанд ва бояд мавриди эҳтиром қарор гиранд; агарчи дастаи дувум нисбат ба дастаи сеюм ва дастаи аввал нисбат ба дастаи дувум, дорои ҳуқуқи дучандоне ҳастанд.[12] Ҳамчунин дар суфориши Расули Худо (с) ба Имом Алӣ (а) омада ҳамсояро, агарчи кофар бошад, гиромӣ бидор.[13]

Намунаҳои эҳсон ба ҳамсоя

Дар ривоёти фаровоне суфориш ба эҳсон ба ҳамсоягон шудааст.[14] Дар бархе аз ривоёт, намунаҳои эҳсон ба ҳамсоягон чунин баршумурда шудааст:

Аз Расули Худо (с) нақл шуда ҳаққи ҳамсояат бар ту ин аст, ки агар кумак бихоҳад, кумакаш кунӣ, агар қарз бихоҳад, қарзаш диҳӣ, дар ҳангоми тангдастӣ, ӯро кумаки молӣ кунӣ, дар мусибатҳо, ӯро тасалло диҳӣ, агар хайре барояш пеш ояд, ба ӯ табрик гӯйӣ, ҳангоми беморӣ, аёдаташ кунӣ ва пас аз маргаш дар ташйиъи ҷанозааш ширкат кунӣ. Набояд бидуни иҷозааш, сохтмони худро болотар аз сохтмон ӯ қарор диҳӣ ки монеъи ҷараёни ҳаво ба фазои манзилаш шавад. Агар мевае харидӣ, ё пинҳонӣ ба хона биовар ё миқдоре ба ӯ ҳадя кун ва агар бӯи ғизои хона пахш шуд, аз он ғизо ба ӯ ҳам бихӯрон.[15]

Имом Саҷҷод (а) низ дар ривояти тӯлоние, ки ба Рисолаи ҳуқуқ маъруф шуда, ёрӣ кардани ҳамсоя дар ҳангоми ситам дидан, гузаштан аз лағзишу гуноҳони ҳамсоя, муоширати каримона ва насиҳат ба сурати хусусиро аз ҳуқуқи ҳамсоя баён намудааст.[16]

Ҳамчунин Пайғамбар гуфтааст касе, ки сер бошаду ҳамсояаш гурусна бошад, ба ман имон наёвардааст.[17] Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) дар бораи ҳамсоягони мусибатзада, суфориш кардаанд, ки то се рӯз ғизои онон ва меҳмононашонро ҳамсоягонашон фароҳам кунанд.[18]

Мавориди дигаре низ дар ривоёт ба унвони ҳаққи ҳамсоя ё аз намунаҳои эҳсон ба ҳамсоя зикр шуда ки ба ин шарҳ аст:

Таҷассус накардан

Дар ривоёт нисбат ба аҳволпурсӣ ва дилҷӯӣ аз ҳамсоягон суфориш шуда;[19] аммо аз таҷассус ва сарак кашидан ба хонаи ҳамсоягон манъ шудааст.[20]

Озори нарасондан

Расули Худо (с) фармуданд: ҳар кас ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, ҳамсояашро озор намедиҳад.[21]

Таҳаммули азият

Дар ҳадисе аз Имом Козим (а) омадааст рафтори хуб бо ҳамсоя, фақат озор нарасондан ба ӯ нест; балки сабру таҳаммули озору азияти ҳамсоя низ ҷузъе аз ҳамсоядорӣ аст.[22]

Осори эҳсон ва озори ҳамсоягон

Мутобиқ бо ривоёт, эҳсон ба ҳамсоягон муҷиби ҷалби муҳаббати Худо ва Расули Худо (с),[23] афзоиши ризқу рӯзӣ,[24] ободонии шаҳрҳо ва тӯлонӣ шудани умр,[25] мулоқот бо Худо бо чеҳраи дурахшон,[26] ворид шудан ба биҳишт[27] ва расидан ба дараҷоти боло[28] ва нишонаи имони шахс[29] ва каромату[30] ҷавонмардӣ[31] аст. Аз Расули Худо (с) нақл шуда ҳар кас бимирад ва се ҳамсоя дошта бошад, ки ҳамагӣ аз ӯ розӣ бошанд, гуноҳонаш омирзида хоҳад шуд.[32]

Ҳамчунин азияту озори ҳамсоя, бар асоси ривоёт, муҷиби лаънату дурӣ аз раҳмати Илоҳӣ[33] ва маҳрумият аз шамидани бӯи биҳишт[34] мегардад ва нишонаи беимонӣ[35] ва пастии шахс[36] аст.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ба унвони намуна ниг.: Ҷаъфарӣ, тарҷумаи Туҳаф-ул-уқул, 142ҳ.қ., саҳ.80
  2. Деҳхудо, 1377ҳ.ш., зайли вожаи ҳамсоя
  3. Кӯфии Аҳвозӣ, аз-Зуҳд, 1402ҳ.қ., саҳ.42; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.669; Шайх Садуқ, Маони-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.165; Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ., саҳ.215; Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.125; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.71, саҳ.151 - 152; Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.431
  4. сураи Нисо, ояти 36
  5. Ба унвони намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.666 - 669; Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ., саҳ.212 - 215; Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.121 - 133
  6. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.666; ҷ.5, саҳ.31; Шайх Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ‏1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.141; Табарсӣ, Макорими алхлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.126
  7. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1418ҳ.қ., саҳ.428
  8. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, ҷ.6, саҳ.309
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.51; Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға, 1414ҳ.қ., саҳ.422 (номаи 47)
  10. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.424
  11. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзур, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.623
  12. Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.389; Шаирӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, бе то, ‏саҳ.139; Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ., саҳ.213
  13. Шаирӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, бе то, ‏саҳ.89
  14. Ба унвони намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.666 - 668; Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.125 - 133
  15. Шаҳиди Сонӣ, Мусаккин-ул-фуод, бе то, саҳ.114; Поянда, Абулқосим‏, Наҳҷ-ул-фасоҳа, 1424ҳ.қ., саҳ.445
  16. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзур, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.623; Шайх Садуқ, ал-Хисол, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.565; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.71, саҳ.7
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.668
  18. Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.419; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзур, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.174
  19. Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.409
  20. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзур, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.13
  21. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.667; Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ., саҳ.214
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.667; Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404, саҳ.409
  23. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, 1424ҳ.қ., саҳ.264
  24. Кӯфии Аҳвозӣ, аз-Зуҳд, 1402ҳ.қ., саҳ.42; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.666
  25. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.667 ва 668; Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ., саҳ.213
  26. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.181; Шаирӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, бе то, ‏саҳ.139
  27. Шаирӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, бе то, ‏саҳ.106
  28. Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.14
  29. ал-Ҳалвонӣ, Нузҳат-ун-нозир, 1408ҳ.қ., саҳ.21
  30. Лайсӣ Воситӣ, Уюн-ул-ҳикам, 1418ҳ.қ., саҳ.60; Тамимӣ Омидӣ, Таснифу Ғурар-ил-ҳикам, 1407ҳ.қ., саҳ.436
  31. Лайсӣ Воситӣ, Уюн-ул-ҳикам, 1418ҳ.қ., саҳ.468; Тамимӣ Омидӣ, Таснифу Ғурар-ил-ҳикам, 1407ҳ.қ., саҳ.437
  32. Ровандӣ, ад-Даавот, 1407ҳ.қ., ‏и саҳ.228; Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ., саҳ.214
  33. Кароҷакӣ, Канз-ул-фавоид, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150; Шаирӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, бе то, ‏саҳ.89
  34. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзур, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.13; Шайх Садуқ, ал-Амолӣ, 1418ҳ.қ., саҳ.428
  35. Кӯфии Аҳвозӣ, аз-Зуҳд, 1402ҳ.қ., саҳ.42; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.666
  36. Лайсӣ Воситӣ, Уюн-ул-ҳикам, 1418ҳ.қ., саҳ.472; Тамимӣ Омидӣ, Таснифу Ғурар-ил-ҳикам, 1407ҳ.қ., саҳ.437

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъати лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Холид, ал-Маҳосин, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дувум, 1371ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, чопи дувум, 1377ҳ.ш.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, китобхонаи Оятуллоҳи Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқули ани ол алрасул (с), Қум, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Кароҷакӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Канз-ул-фавоид, Қум, Дор-уз-захоир, чопи аввал, 1410ҳ.қ.‏.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Кӯфии Аҳвозӣ, Ҳусайн ибни Саид, аз-Зуҳд, Қум, ал-Матбаат-ул-илмия, чопи дувум, 1402ҳ.қ.
  • Лайсӣ Воситӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Уюн-ул-ҳиками ва-л-мавоъиз, Қум, Дор-ул-ҳадис‏, чопи аввал, 1418ҳ.қ. ‏и
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоили ва мустанбат-ил-масоил, Қум, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
  • Поянда, Абулқосим, Наҳҷ-ул-фасоҳа (ал-Калимот-ул-қисори ли-н-набӣ (с)), Теҳрон, Дунёии дониш, чопи чаҳорум, 1424ҳ.қ.
  • Ровандӣ, Қутбиддин, ад-Даавот, Қум, Маншуроти Мадрасату ал-Имом ал-Маҳдӣ (аҷ), чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ. ‏и
  • Табарсӣ, Алӣ ибни Ҳасан, Мишкот-ул-анвори фи ғурар-ил-ахбор, Наҷаф, ал-Мактбат-ул-ҳайдария, чопи дувум, 1385ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорими алхлоқ‏, Қум, Шарифи Разӣ, чопи чаҳорум, 1412ҳ.қ.
  • Тамимӣ Омидӣ, Абдулвоҳид ибни Муҳаммад, Таснифу Ғурар-ил-ҳиками ва дурар-ил-калим‏, Қум, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Фаттоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воизини ва басират-ил-муттаизин‏, Қум, Маншуроти Разӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Шаирӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-ахбор, Наҷаф, чопи аввал, бе то.
  • Шайх Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсилу Васоил-уш-шиати ило таҳсили масоил-иш-шариъа, Қум, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маони-л-ахбор, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1403ҳ.қ. ‏и
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Теҳрон, Нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1420ҳ.қ. ‏и
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчи, чопи шашум, 1418ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳкоми фи шарҳи ал-Муқниъа, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Мусаккин-ул-фуоди инда фақд-ил-аҳиббати ва-л-авлод, Қум, Басиратӣ‏, чопи аввал, бе то.
  • Ҳлўонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Нузҳат-ун-нозири ва танбиҳ-ул-хотир, Қум, Мадрасату ал-Имом ал-Маҳдӣ (аҷ), чопи аввал, 1408ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Беҳрод, Тарҷумаи Туҳаф-ул-уқул, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1423ҳ.қ.