Ислоҳи зот-ал-байн

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳалли ихтилофоти мардум)

Ин мақола дар бораи мафҳуми ислоҳи зотал-байн аст. Барои ошноӣ бо ояте бо ҳамин ном, мадхали ояти Ислоҳи зот-ал-байнро бубинед.

Макорими ахлоқ

Ислоҳи зот-ал-байн (арабӣ: اِصلاح ذات‌البَین) оштӣ кунондани мардум ва ислоҳи муносибатҳои байни онҳост. Ислоҳи зот-ал-байн яке аз фазилатҳои ахлоқӣ дониста шуда ва дар муқобили он, бадгӯӣ кардан, ғайбат кардан, суханчинӣ кардан ва байни мардум қаҳрию душманию адоват эҷод кардан аст, ки аз разилатҳои ахлоқӣ аст.

Дар ояту ривоятҳо барои оштӣ додани мардум ва поёни низоъу қаҳрҳову ихтилофот чораандешиҳое пешниҳод шудааст; аз ҷумла интихоби қозӣ аз ҷониби ҳарду тараф дар ихтилофҳои оилавӣ, пешгирӣ аз ба вуҷуд омадани ихтилоф бо васият кардани дуруст ва барангехтани эҳсосоти динӣ. Дар таълимоти динӣ доштани хислатҳои бахилӣ, пайравӣ аз шайтон ва дунёпарастӣ, монеа дар роҳи ислоҳи зотал-байн муаррифӣ шудааст.

Мафҳумшиносӣ

Ислоҳи зотал-байн, оштӣ додан ва ислоҳи робитаи бади байни одамҳо ё гурӯҳҳо аст,[1] [Ёддошт 1] ки бар асари ҷанҷол, душманӣ ва ғ. эҷод шудааст.[2] Ин калима аз нахустин ояти сураи Анфол гирифта шудааст.[3] Ислоҳи зотал-байн шомили оштӣ додани ду кас ва ду гурӯҳ мешавад.

Ислоҳи зотал-байн аз фазоили ахлоқӣ аст ва дар муқобили саъоят (бадгӯӣ кардан) ва суханчинӣ қарор дорад.[4]

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Қуръон дар чандин оят аз ислоҳи зот-ал-байн ёд карда ва ба анҷоми он фармон додааст.[5] Ҳамчунин Имом Алӣ (а) дар васияти худ ба ҳасанайн (а) онҳоро ислоҳи зоталбайн супориш кардааст. [Ёддошт 2][6] Ҳамчунин бинобар оёти Қуръон касоне ки дар пайи ислоҳи байни мардуманд, аз раҳмат ва мағфирати Худо бархӯрдоранд.[7] Дар бархе аз ривоёт, ислоҳи зотал-байн аз намоз, рӯза[8] ва садақа[9] бартар дониста шудааст. Ҳамчунин бар асоси ривояте касе ки барои ислоҳи байни ду нафар иқдом кунад, машмули дуруди фариштагон аст ва барои ӯ савоби дарки шаби Қадр қарор дорад.[10]

Бино ба ривояте аз Имом Содиқ (а) гуфтани дуруғ барои ислоҳи байни мардум ҷоиз аст.[11] [Ёддошт 3] Ҳамчунин Қуръон наҷворо барои ислоҳи байни мардум раво донистааст,[12] бо ин ки онро дар ҷои дигар амале шайтонӣ[13] муаррифӣ кардааст.[14] Қуръон, савганде ки барои тарки ислоҳи байни мардум бошадро муътабар намедонад.[15]

Бар асоси ривояте, Муфаззал ибни Умар маблағҳое аз сӯи Имом Содиқ (а) дар ихтиёр дошт ва барои ислоҳи байни шиаён истифода мекард. Барои намуна аз он маблағ барои рафъи ихтилофи Абуҳанифаи Собиқуҳаҷ [Ёддошт 4] бо домодаш истифода кард.[16]

Роҳкорҳо ва мавонеъ

Барои эҷоди ислоҳи байни мардум роҳкорҳое баён шудааст:

  • Пешгирӣ аз вуқуъи ихтилоф: бар асоси назари муфассирон, пешгирӣ аз бурузи ихтилоф байни ворисон мазмуни ояти 182 сураи Бақара аст,[17] ки бояд васияткунанда ба риояти адолат ва амал ба вазифа супориш шавад, то аз васияте, ки боиси эҷоди ихтилоф мешавад, ҷилавгирӣ гардад.[18]
  • Интихоби қозӣ аз сӯи зану шавҳар дар ихтилофоти оилавӣ: барои ҳалли ихтилофоти оилавӣ ба ҳангоми тарс аз ҷудоии зану шавҳар пешниҳод шудааст, ки аз сӯи ҳар як аз зану мард қозие барои эҷоди оштӣ интихоб шавад.[19]

Пайдо кардани решаи ихтилоф, истифода аз масоили отифӣ, доштани сабр ва парҳез аз ҷонибдорӣ аз дигар роҳкорҳои ислоҳи зот-ал-байн муаррифӣ шудааст.[20] Суханчинӣ ва тафриқаафканӣ аз авомили муҳим аз байн рафтани ислоҳи байни мардумон аст ва роҳкори муқобила бо он адами эътимод ба суханчин ва тарди ӯст.[21]

Марҳалаҳо ва шева

Бартараф кардани ихтилофи байни мардум вазифаи ҳукумат ва муъминон аст. Чунонки дар Тафсири Намуна омадааст, дар сурате, ки ислоҳ аз тариқи гуфтугӯ анҷом шавад, ба иҷозати ҳокими шаръ ниёз надорад, аммо агар барои ислоҳи зотал-байн шиддати амал ниёз бошад, бояд аз ҳокими шаръ иҷоза гирифта шавад.[22]

Ҳамчунин тибқи ояти нуҳуми сураи Ҳуҷурот замоне, ки байни ду гурӯҳ аз муъминон ҷанге воқеъ шуд, бояд ибтидо аз тариқи насиҳату даъват ба Қуръон ва ҳукми Худо байнашон оштӣ барқарор кард, аммо агар гурӯҳе пешниҳоди оштиро напазируфт, бояд бо онон ҷангид.[23]

Мавонеъ

Дар китобҳои тафсирӣ, пайравӣ аз шайтон,[24] дунёталабӣ[25] ва бухл[26] аз мавонеъи ислоҳи зот-ал-байн муаррифӣ шудааст.

Аҳкоми фиқҳӣ

Фуқаҳо зайли унвони ислоҳи зот-ал-байн чанд фаръ ва ҳукми фиқҳӣ ироа додаанд:

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390, ҷ.9, саҳ.6.
  2. Нигоҳ кунед ба Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.798.
  3. Деҳхудо, Луғатнома, зайли вожаи ислоҳи зота байн.
  4. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.314.
  5. Барои намуна нигоҳ кунед ба сураи Ҳуҷурот, ояти 10.
  6. Наҳҷ-ул-балоға, Субҳӣ Солеҳ, номаи 47.
  7. Сураи Нисо, ояти 129.
  8. Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.148.
  9. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.441.
  10. Дайламӣ, Эълом-уд-дин, 1408ҳ.қ., саҳ.419.
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.341.
  12. Сураи Нисо, ояти 114.
  13. Сураи Муҷодала, ояти 10.
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.127.
  15. Сураи Бақара, ояти 224.
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 147ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.209, ҳадиси 4.
  17. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.485.
  18. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.236 - 239.
  19. Тусӣ, ат-Тибён, ҷ.3, саҳ.192; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.70.
  20. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.317 - 318.
  21. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.75, саҳ.268.
  22. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.170.
  23. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.80 - 81; Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.50.
  24. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.311.
  25. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.302.
  26. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.151.
  27. Кошифулғито, Ваҷизат-ул-аҳком, 1366ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.16.
  28. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.170.
  29. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.361 - 362.
  30. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.40, саҳ.145.
  31. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.213.

Ёддошт

  1. Оштӣ кардани байни ду кас. Илтиём додан байни ду тан. Нуқтаи муқобилаш ифсоди зотал-байн аст. Луғатномаи Деҳхудо, зайли ислоҳи зотал-байн.
  2. وَ صَلاَحِ ذَاتِ بَيْنِكُمْ فَإِنِّي سَمِعْتُ جَدَّكُمَا - صلى الله عليه و اله - يَقُولُ صَلاَحُ ذَاتِ الْبَيْنِ أَفْضَلُ مِنْ عَامَّةِ الصَّلاَةِ وَ الصِّيَامِ ... Ва шуморо ба ислоҳи зотал-байн супориш мекунам; зеро ман аз ҷадди шумо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ шунидам, ки мефармуд: «ислоҳи байни мардум аз ҳамаи намозу рӯзаҳо бартар аст». Бо тавваҷуҳ ба ин ки маъмулан муҳимтарин тавсияҳоро инсонҳо ҳангоми маргашон доранд, ба хусус агар онҳо ҷойгоҳи муҳиму таъсиргузоре дошта бошанд; ба ҳамин ҷиҳат ин суханони Имом Алӣ (а) баъд аз зарбат хӯрдан ва дар вопасин соъатҳои умр ва пеш аз шаҳодат дар бораи «ислоҳи зотал-байн» ба вижа инки суханашро мустанад ба гуфтаи Пайғамбари Худо (с) карда аст, метавонад нишонгари аҳамияти мавзии ислоҳи зотал-байн дар равобити иҷтимоӣ аз дидгоҳи Имом Алӣ (а) бошад.
  3. قَالَ إِنَّ اللهَ... وَ أَحَبَّ الْكَذِبَ فِي الْإِصْلَاحِ... Имом Содиқ (а) аз маворидеро, ки Худованд дӯст медорад дуруғ гуфтан ба манзури ислоҳ донистааст ва албатта ислоҳ метавонад маънои густардаеро шомил бишавад ва манзур муқобила бо ҳар гуна фасоде бошад; чунончи ҳазрати Иброҳим (а) бо шикастани бутҳо ва гузоштани табар дар канори бути калон хост, ки мардумро аз офати бутпарастӣ бираҳонад. Усули кофӣ, ҷ.2, саҳ.342
  4. Абуҳанифа, номаш Саид ибни Баён аст ва ғайр аз Абуҳанифаи маъруф аз пешвоёни чаҳоргонаи аҳл суннат аст ва чун маркабдор буда ва ҳоҷиҳоро мудирият мекардааст (соиқул-ҳоҷ) ва ё шитобон ононро аз Кӯфа ба Арафот мерасондааст, ба ин ном (собиқул-ҳоҷ) машҳур шудааст. Усули кофӣ, 1407ҳ.қ., чопи чаҳоруми Дорул-кутубил-исломия, тасҳеҳи Алиакбар Ғаффорӣ, ҷ.2, саҳ.209, поварақии шумораи 2.

Сарчашма

  • Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Эълом-уд-дин фи сифот-ил-муъминин, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1408ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
  • Кошифулғито, Муҳаммадҳусайн, Ваҷизат-ул-аҳком, Наҷаф, муассисаи Кошифулғито, 1366ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Ахлоқ дар Қуръон, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1377ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-илмия, 1371ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, тафсир ал-Кошиф, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1424ҳ.қ.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1413ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дорул-Шариф ал-Разӣ линнашр, 1406ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмаърифат, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Теҳрон, Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1390ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, мусаҳҳеҳ: Аҳмад Ҳабиб Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Тафсир-ус-софӣ, Теҳрон, мактабатул-Садр, 1415ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Тафсири роҳнамо, Қум, Бустони китоб, 1386ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1409ҳ.қ.