Муҳсин ибни Алӣ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳазрати Муҳсин)

Муҳсин ибни Алӣ (а) (форсӣ: محسن بن علی(ع)) фарзанди ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) аст. Ӯ дар моҷарои ҳуҷуми тарафдорони хилофати Абубакр ба хонаи ҳазрати Фотима (с) барои байъат гирифтан аз Имом Алӣ (а) сиқт шуд. Таърихи дақиқи шаҳодати ӯ мушаххас нест. Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ (тав.1327ҳ.ш.) пажӯҳишгари таърихи Ислом бо ироаи шавоҳиди ҳуҷум ба хонаи Фотима (с) ва сиқти Муҳсинро панҷоҳ рӯз ё бештар пас аз реҳлати Пайғамбар (с) донистааст. Бо ин ҳол, бархе аввалҳои рабиъулаввалро айёми Муҳсиния номида ва дар ин айём ба азодорӣ мепардозанд. Ин кор ба далели собиқа надоштан дар ташайюъ ва мӯҷиби камранг шудани барномаҳои аслии шиа мавриди таъйиди бархе аз мароҷеи тақлид қарор нагирифтааст.

Дар бораи Муҳсин ибни Алӣ китобҳое ба забонҳои арабӣ ва форсӣ навишта шудааст. Китоби ал-Муҳсин ас-сибту мавлудун ам сиқтун, навиштаи Сайид Муҳаммадмаҳдии Мӯсавии Хирсон аз ҷумлаи онҳост.

Фарзанди Имом Алӣ (а) ва Фотима (с)

Муҳсин фарзанди Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) аст. Дар манобеи мухталифи шиа[1] ва аҳли суннат[2] ӯ ҷузви фарзандони ҳазрати Фотима ва Имом Алӣ (а) шуморида шудааст. Бар асоси ривоёт ин номро Пайғамбар (с) бар ӯ ниҳод.[3] Ба гуфтаи Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (ваф.852ҳ.қ.) саҳобанигори аҳли суннат, ин калима бо ташдиди синس (Муҳассан) хонда мешавад.[4]

Шаҳодат

Дар бораи чигунагии вафоти Муҳсин ихтилоф аст. Дар манобеи шиа, иллати шаҳодати ӯ сиқт шуданаш дониста шудааст.[5] Дар манобеи аҳли суннат ба вафоти ӯ бо иборатҳое ҳамчун «مات صغیراً: дар кӯдакӣ вафот кардааст»,[6] «مات و هو صغیر : вафот ёфт дар ҳоле ки кӯдак буд»[7] ва ё чизе монанди он[8] ишора шудааст, ки далолат бар зинда ба дунё омадани ӯ дорад. Ба гуфтаи Ибни Ҳазми Андалусӣ олими аҳли суннат (ваф.456ҳ.қ.) ӯ билофосила пас аз вилодат аз дунё рафт.[9] Бо ин ҳол, Муҳаммад ибни Абдукарими Шаҳристонӣ (ваф.548ҳ.қ.) дар китоби ал-Милал ва-н-ниҳл ба нақл аз Иброҳим ибни Сайёр маъруф ба Низоми Мӯътазилӣ (даргузаштаи 221ҳ.қ.) аз бузургони мӯътазила нақл мекунад, ки зарбаи Умар ибни Хаттоб ба паҳлуи Фотима (с) сабаби сиқти Муҳсин шуд.[10] Ҳамчунин Ибни Абилҳадиди мӯътазилӣ (даргузаштаи 656ҳ.қ.) шореҳи Наҳҷулбалоға дар мунозира бо устодаш Абуҷаъфари Нақиб ба сиқти Муҳсин дар ҷараёни байъат гирифтан аз Алӣ (а) ишора мекунад.[11]

Бар асоси бархе ривоёт, ки дар манобеи аҳли суннат нақл шудааст, Муҳсин дар замони ҳаёти Пайғамбар (с) ба дунё омадааст.[12]

Таърихи шаҳодат

Мақолаи аслӣ: Айёми Муҳсиния

Муҳсин дар воқеаи ҳуҷум ба хонаи Фотима (с) сиқт шудааст.[13] Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ (таваллуди 1327ҳ.ш.) пажӯҳишгари таърихи Ислом бо ироаи шавоҳиде мӯътақид аст замони воқеаи ҳуҷум ба хонаи Фотима (с) билофосила пас аз воқеаи Сақифа ва байъат бо Абубакр набуда, балки ҳудуди панҷоҳ рӯз ё бештар баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) рух додааст.[14] Бо ин ҳол баъзеҳо авоили рабиъулаввалро ба айёми Муҳсиния номгузорӣ карда ва ба азодорӣ мепардозанд.[15] Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ (таваллуди 1305ҳ.ш.) аз мароҷеъи тақлид беҳтар аст, ки маросими айёми Муҳсиния баргузор нашавад, чароки ин маросим байни шиа собиқа надошта ва боиси камранг шудани барномаҳои аслӣ мешавад.[16]

Ба гузориши Қозӣ Абдулҷаббори мӯътазилӣ (даргузаштаи 415ҳ.қ.) иддае аз шиаён дар манотиқе аз ҷумла Миср, Димишқ, Бағдод, Аррамла, Акк, Сувар, Асқалон ва Ҷабалулбасмоқ барои ҳазрати Фотима (с) ва фарзандаш Муҳсин (а) азодорӣ мекарданд.[17]

Маҳалли дафн

Дар манобеи торихӣ, ба маҳалли дафни Муҳсин (а) ишора нашудааст, аммо бар асоси ривояте, ки дар китоби Ҷомеъ-ун-нурайн омадааст, ҳазрати Алӣ (а) ба Физза хидматкори ҳазрати Заҳро гуфт, ки бадани Муҳсинро дар остонаи хона дафн кунад.[18]

Азоби қотили Муҳсин

Бар асоси ривояте, ки дар Комил-уз-зиёрот нақл шудааст, нахустин фарде аз фарзандони Пайғамбар (с) ки дар қиёмат ба парвандааш расидагӣ мешавад, Муҳсин аст, сипас қотили ӯ бозхост мешавад.[19]

Такнигорӣ

Дар бораи Муҳсин ибни Алӣ, китобҳое ба забони арабӣ ва форсӣ навишта шудааст:

  • «Ал-Муҳсин ас-сибт мавлудун ам сиқтун», навиштаи Сайид Муҳаммадмаҳдии Мӯсавии Хирсон, ба забони арабӣ, ки маркази ал-абҳос-ул-ақоидия онро дар соли 1430 қамарӣ, дар 626 саҳифа мунташир кардааст.[20] Нависанда бо мутолиаи татбиқии матнҳои таърихӣ натиҷа гирифтааст, ки сиқти Муҳсин дар рӯзи ҳуҷум ба хонаи Алӣ ва дар асари зарба ва фишоре будааст, ки ба Фотима (с) ворид шудааст.[21]
  • «Ғунчаи ёс; Муҳсин ибни Алӣ» навиштаи Маҳдии Фотимӣ ба забонҳои форсӣ ва арабӣ, ки дар соли 1386 шамсӣ чоп шудааст.[22]

Ҳамчунин китобҳои «Муҳсин ибни Алӣ» навиштаи Алиасғари Ризвонӣ,[23] ал-Муҳсин ибни Фотимат-уз-Заҳро, навиштаи Абдулмуҳсин Абдуззаҳро ал-Қатифӣ[24] ва Мусофири дарё, ҳазрати Муҳсин ибни Алӣ, асари Содиқи Доварӣ[25] аз дигар осори навишташуда дар бораи Муҳсин аст.

Ҷусторҳои вобаста

Воқеаи ҳуҷум ба хонаи Фотима (с)

Айёми Фотимия

Эзоҳ

  1. Барои намуна нигоҳ кунед ба Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.213; Қозӣ Нуъмон, Шарҳ-ул-ахбор, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.88; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.355; Ибни Суфӣ, ал-Маҷдӣ, 1422ҳ.қ., саҳ.193.
  2. Ибни Ҳанбал, Муснад, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159, 246; Бухорӣ, ал-Адаб-ул-муфрад, 1409ҳ.қ., саҳ.286; Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.211; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.189; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.153; Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.180; Ибни Ҳазми Анделусӣ, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.16; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.299 - 300; Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.57; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1408ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.367; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.191.
  3. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.355.
  4. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.191.
  5. Нигоҳ кунед ба Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.355.
  6. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.300.
  7. Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.211.
  8. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабатуссақофатиддиния, ҷ.5, саҳ.75.
  9. Ибни Ҳазми Анделусӣ, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.38.
  10. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.71.
  11. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.192–193.
  12. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.299; Ибни Ҳанбал, Муснад, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159, 246; Ибни Абдулбар, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.384.
  13. Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.185; Хасибӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.408; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.192–193; Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.71.
  14. Юсуфии Ғаравӣ, «Таърихи ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Заҳро», саҳ.9 - 14.
  15. «Иттифоқоти ҳафтаи аввали баъд аз моҳи сафар, реша ва асли ҳамаи масоиби ҷаҳони Ислом аст», пойгоҳи итилоърасонии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Сайидсодиқи Рӯҳонӣ.
  16. «Назари ҳазрати олӣ дар мавриди баргузории маросими айёми Муҳсиния ба сурати умумӣ дар сатҳи шаҳр чист?», пойгоҳи итилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Макорими Шерозӣ.
  17. Қозӣ Абдулҷаббор, Тасбиту далоил-ин-нубувват, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.595.
  18. Сабзаворӣ, Ҷомеъ-ун-нурайн, илмияи исломия, саҳ.206.
  19. Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.334.
  20. Мӯсавии Хирсон, ал-Муҳсин ас-сибту мавлудун ам сиқтун, 1430ҳ.қ., шиносномаи китоб.
  21. Ал-Мӯсавӣ ал-Хирсон, ал-Муҳсин ас-сибту мавлудун ам сиқтун, 1430ҳ.қ., саҳ.207.
  22. Ғунчаи ёс, шабакаи ҷомеъи китоби гесум
  23. Муҳсин ибни Алӣ (а), муассисаи хонаи китоби Эрон ва адабиёти Эрон
  24. Ал-Муҳсин ибни Фотимат-уз-Заҳро, муассисаи хонаи китоби Эрон.
  25. Мусофири дарё: ҳазрати Муҳсин ибни Алӣ, шабакаи ҷомеъи китоби гесум.

Сарчашма

  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қоҳира, Қум, мактабату Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорулфикр, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ибни Ҳазми Анделусӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, таҳқиқи луҷнатун мин-ал-уламо, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснад-ул-имом Аҳмад ибни Ҳанбал, таҳқиқи Шуайб ал-Арнаут ва Одил Муршид ва дигарон, муассисатуррисола, 1421ҳ.қ./2001м.
  • Ибни Суфӣ Насоба, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибин, таҳқиқ, Аҳмад Маҳдавии Домғонӣ, Қум, алтабъатус-сония, мактабату Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, ат-табъатул-уло, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқ, Сарват Акоша, ал-Қоҳира, алҳайъатулмисриятилъоммати лилкитоб, ат-табъатус-сония, 1992м.
  • Ибни Қуливайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, тасҳеҳи Абдулҳусайни Аминӣ, Наҷаф, Дорул-Муртазавия, 1356ҳ.ш.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
  • Ал-Муҳсин ибни Фотимат-уз-Заҳро, муассисаи хонаи китоби Эрон, мушоҳида 4 озари 1400ҳ.ш.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, ал-Адаб-ул-муфрад, таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дорулбашоирилисломия, ат-табъатус-сония, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.2), таҳқиқ, Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, муассисатул-аъламӣ лилматбуъот, 1394ҳ.қ./1974м.
  • Хасибӣ, Ҳусайн ибни Ҳамадон, ал-Ҳидоят-ул-кубро, Бейрут, албалоғ, 1419ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдуқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1411ҳ.қ./1990м.
  • Сабзаворӣ, Муллоисмоил, Ҷомеъ-ун-нурайн, Теҳрон, илмияи исломия, бе то.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, Қум, маншуроти аш-Шариф-ир-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, таҳқиқ: Муҳаммад Бадрон, Қум, аш-Шариф-ир-Разӣ, чопи сеюм, 1364ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуд Муҳаррамии Зарандӣ, Қум, ал-муътамарулъоламӣ лиалфият-иш-Шайх-ил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, таҳқиқи муассисаи Олулбайт литаҳқиқилтурос, Қум, Дорулмуфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ур-русули ва-л-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, ат-табъатус-сония, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Қозӣ Абдулҷаббор, Абдулҷаббор ибни Аҳмад, Тасбиту далоил-ин-нубувват, Миср, Дорул-Мустафо, 1427ҳ.қ.
  • Қозӣ Нуъмон Мағрибӣ, Нуъмон ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-ахбори фи фазоил-ил-аиммат-ил-атҳор, таҳқиқ, Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, ат-табъатус-сония, муассисаи ан-нашрул-исломӣ, 1414ҳ.қ.
  • «Иттифоқоти ҳафтаи аввали баъд аз моҳи сафар, реша ва асли ҳамаи масоиби ҷаҳони Ислом аст», пойгоҳи итилоърасонии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Сайидсодиқи Рӯҳонӣ, мушоҳида 4 озари 1400ҳ.ш.
  • Мусофири дарё: ҳазрати Муҳсин ибни Алӣ, шабакаи ҷомеъи китоби гесум, мушоҳида 4 озари 1400ҳ.ш.
  • Муҳсин ибни Алӣ (а), муассисаи хонаи китоби Эрон ва адабиёти Эрон, мушоҳида 4 озари 1400ҳ.ш.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бурсаид, мактабатус-сақофатиддиния, бе то.
  • Мӯсавии Хирсон, Сайид Муҳаммадмаҳдӣ, «ал-Муҳсин ас-сибту мавлудун ам сиқтун», Қум, маркази ал-абҳосулъақоидия, 1430ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Юсуфии Ғаравӣ, Муҳаммадҳодӣ, «Таърихи ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Заҳро (алайҳо салом)», оинаи пажӯҳиш, шумораи 27, поизи 1379ҳ.ш.
  • «Назари ҳазрати олӣ дар мавриди баргузории маросими айёми Муҳсиния ба сурати умумӣ дар сатҳи шаҳр чист?», пойгоҳи итилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Макорими Шерозӣ, мушоҳида 4 озари 1400ҳ.қ.