Исҳоқ (пайғамбар)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳазрати Исҳоқ)
Исҳоқ (пайғамбар)
НақшПаёмбар
ЗодгоҳФаластин
МадфанБайтулмуқаддас
Маҳалли зиндагӣФаластин
хешу табор
ПадарИброҳим
МодарСора
ҲамсаронРифъа
Фарзандон
Тули умр180 сол
Пайғамбарон
‌‌Одам (а) . Нӯҳ (а) . Идрис (а) . Ҳуд (а) . Солеҳ (а) . Иброҳим (а) . Лут (а) . Исмоил (а) . Алясаъ (а) . Зулкифл (а) . Илёс (а) . Юнус (а) . Исҳоқ (а) . Яъқуб (а) . Юсуф (а) . Шуайб (а) . Мусо (а) . Ҳорун (а) . Довуд (а) . Сулаймон (а) . Айюб (а) . Закариё (а) . Яҳё (а) . Исо (а) . Муҳаммад (с)


Исҳоқ (арабӣ: النبي إسحاق (ع)) аз пайғамбарони Илоҳӣ, фарзанди Иброҳим (а) ва бародари Исмоил буд. Ӯ ҷадди Банӣ Исроил буд ва пайғамбароне аз ҷумла Яъқуб, Довуд, Сулаймон, Юсуф ва Мусо аз насли ӯ буданд. Дар Қуръони Карим, ба Исҳоқ ва пайғамбариаш ишора шудааст. Таврот ва бархе манобеи аҳли суннат, Исҳоқро забеҳуллоҳ донистаанд, вале ба эътиқоди шиа, Исмоил, фарзанди дигари Иброҳим, забеҳуллоҳ хонда мешавад.

Исҳоқ дар 100 солагии падар ва 90 солагии модараш Сора ба дунё омад ва башорат додани Худо дар бораи таваллуди ӯ, дар Қуръон зикр шудааст. Исҳоқ, пас аз вафоти бародараш Исмоил, ба набувват расид.

Шахсиятшиносӣ

Исҳоқ аз пайғамбарони Илоҳӣ ва фарзанди Иброҳим (а) ва Сора[1] аст, ки дар Фаластин ба дунё омад ва дар ҳамонҷо зиндагӣ кард.[2] Исҳоқ, калимаи ибрӣ ба маънои хандон аст.[3] Бархе низ онро баргирифта аз забони арабӣ донистаанд.[4] Таваллуди ӯ панҷ ё 13 сол баъд аз Исмоил дониста шудааст.[5] Ҳангоми таваллуди Исҳоқ, падараш беш аз 100 сол дошта ва модараш 90 сола буда аст.[6] Исҳоқ дар 40 солагӣ бо духтаре ба номи Рафақа издивоҷ кард ва соҳиби ду фарзанд ба номҳои Айс ва Яъқуб шуд.[7]

Ӯ бобокалон ва сарвари хонадони Банӣ Исроил аст ва чунонки Ҷабраил башорат дод, аз насли ӯ пайғамбароне аз ҷумла Яъқуб, Юсуф, Довуд, Сулаймон, Айюб, Мусо, Ҳорун ва дигар пайғамбарони Банӣ Исроил мутаваллид шуданд.[8] Бино бар гузориши манобеи торихӣ, Иброҳим (а) амаки Лут (а) ва Исҳоқи писарамаки ӯ будааст.[9]

Воқеаи забҳи Исмоил дар китоби муқаддаси яҳудиён барои Исҳоқ баён шуда ва яҳудиён онро аз далелҳои бартарии Исҳоқ бар Исмоил медонанд.[10] Бархе аз аҳли суннат низ ин ақидаро баргузидаанд.[11] Бо ин ҳол шиаён бо такя ба ояти 112 сураи Соффот,[12] ва ҳамчунин ояти 71 сураи Ҳуд,[13] забеҳуллоҳ будани Исҳоқро рад кардаанд.[14]

Исҳоқ пеш аз вафот набувватро ба дастури Худованд ба фарзандаш Яъқуб супорид.[15] Тибқи матни Таврот Исҳоқ ирода карда буд, то фарзанди дигараш Айс ё Ису пайғамбари пас аз худ бошад, аммо Яъқуб бо модараш, ӯро фиреб доданд ва Яъқуб ба пайғамбарӣ расид.[16] Муҳаммадҳодии Маърифат - қуръоншинос ва муфассири муосир, он чи дар ин бора дар Таврот нақл шударо мисдоқи тавҳин ба пайғамбарон ва низ ба маънои ҳилагару маккор хондани Яъқуб донистааст, ки аз нобиноии падари худ сӯистифода кардааст.[17] Ӯ ҳамчунин ривояти Таврот дар бораи фиреби Исҳоқ тавассути Яъқубро густохӣ ва беадабӣ дар ҳаққи пайғамбарони бузурги Илоҳӣ донистааст.[18]

Исҳоқ дар 180 солагӣ даргузашт ва дар наздикии Байтулмуқаддас, дар шаҳри Алхалил дар Фаластини имрӯза дафн шуд.[19]

Башорати таваллуд

Нақшаи маҳали зиндагӣ ва набуввати Исҳоқи набӣ.

Тибқи оёти Қуръон Худованд пеш аз таваллуди Исҳоқ, падар ва модари ӯро аз ин рухдод огоҳ карда ба онҳо башорати таваллуди чунин фарзандеро додааст.[20] Ин башорат дар ояти 71 сураи Ҳуд омадааст. Достони таваллуди Исҳоқ, бидуни зикри номаш, дар ояти 53 сураи Ҳиҷр ва ояти 29 сураи Зориёт низ омадааст. Номи Исҳоқ 17 бор дар 12 сураи Қуръон зикр шудааст.[21]

Пайғамбарӣ

Исҳоқ баъд аз вафоти бародараш Исмоил, дар набувват ҷонишини ӯ шуд[22] ва баъд аз ӯ ҳамаи пайғамбарон аз насли Исҳоқ буданд, ба ғайри ҳазрати Муҳаммад, ки аз насл Исмоил будааст.[23]

Дар Қуръон, 8 оят мустақим ё ғайримустақим ишора ба набуввати Исҳоқ дорад; аз ҷумла дар бораи набуввати Исҳоқ,[24] нузули китоби осмонӣ бар фарзандони ӯ,[25] эътои шариат ба Исҳоқ,[26] нузули ваҳй бар ӯ,[27] амр ба пайравӣ аз ӯ,[28] ва ишора ба имомати Исҳоқ.[29] Дар ин оёт дин ва шариати Исҳоқи ҳамон дини падараш Иброҳим; яъне дини ҳаниф будааст, ки асоси он бар тавҳид бино шудааст.[30]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Сураи Ҳуд, ояти 71.
  2. Шавқӣ Абухалил, Атласи Қуръон, 1389ҳ.ш., саҳ.53.
  3. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, 1402ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.70.
  4. Қаршии Бунобӣ, Қомуси Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.240.
  5. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.41 - 42; Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.5, саҳ.313.
  6. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.46.
  7. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.324.
  8. Сураи Анъом, ояти 84.
  9. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорулфикр, ҷ.1, саҳ.176.
  10. Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.186.
  11. Макорим, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.119; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.100.
  12. وَ بَشَّرْناهُ بِإِسْحاقَ نَبِیا مِنَ الصَّالِحِینَ; Мо ӯро ба таваллуди Исҳоқ башорат додем, ки паёмбаре буд аз солеҳон.
  13. فَبَشَّرْناها بِإِسْحاقَ وَ مِنْ وَراءِ إِسْحاقَ یعْقُوبَ; Мо ӯро ба таваллуди Исҳоқ башорат додем ва низ ба таваллуди Яъқуб баъд аз Исҳоқ.
  14. Макорим, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.118 - 120.
  15. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.46.
  16. Ниг.: китоби Муқаддас, китоби пайдоиш, боби 27, ояти 1 - 40; ҳамчунин бибинед: Маърифат, Нақди шубаҳоти перомуни Қуръони Карим, 1385ҳ.ш., саҳ.84.
  17. Маърифат, Нақди шубаҳоти перомуни Қуръони Карим, 1385ҳ.ш., саҳ.84.
  18. Маърифат, Нақди шубаҳоти перомуни Қуръони Карим, 1385ҳ.ш., саҳ.84.
  19. Қазвинӣ, ал-Мазор, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.86; ҳамчунин бибинед: Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.46.
  20. Сураи Ҳуд, ояти 71.
  21. Шавқӣ Абухалил, Атласи Қуръон, 1389ҳ.ш., саҳ.54.
  22. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.46.
  23. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.316.
  24. Сураи Марям, ояти 49.
  25. Сураи Анкабут, ояти 27.
  26. Сураи Анъом, ояти 89.
  27. Сураи Нисо, ояти 163.
  28. Сураи Бақара, ояти 135 - 136.
  29. Сураи Анбиё, ояти 73.
  30. Сураи Юсуф, ояти 38.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, мактабат ан-Нашрул-исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ба кӯшиши Халил Шаҳодат, Бейрут, Дорулфикр, бе то.
  • Китоби Муқаддас: тарҷумаи Мужда барои асри ҷадид, бе ҷо, анҷуманҳои муттаҳиди китоби муқаддас, 2007м.
  • Қазвинӣ, Сайидмаҳдӣ, ал-Мазор: мадхал литаъйини қубур-ил-анбиёи ва-ш-шуҳадои ва авлод-ил-аиммати ва-л-уламо, таҳқиқи Ҷавдат ал-Қазвинӣ, Бейрут, Доруррофидин, 1426ҳ.қ./2005м.
  • Қарашии Бунобӣ, Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ лиаҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, муассисаи Бустони китоб, 1382ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Ансориён, 1384ҳ.ш.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, Теҳрон, марказулкитоб литтарҷимати ваннашр, 1402ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, 1387ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир: Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, таҳқиқи Ҳишом Абдукарим Албадронӣ Алмавсилӣ, Урдун, Дорулкитобиссақофӣ, 2008м.
  • Шавқӣ Абухалил, Атласи Қуръон, тарҷумаи Муҳаммади Кирмонӣ, Машҳад, Остони қудси Разавӣ, 1389ҳ.ш.