Ҳадиси мавзуъ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳадиси мавзӯъ)
Ин мақола дар бораи ҳадиси сохтагӣ аст. Барои мутолиаи мафҳуми вазъи ҳадис, мақолаи ҷаъли ҳадисро бибинед.

Ҳадиси мавзӯъ ё ҳадиси сохтагӣ ривояте аст, ки ба дурӯғ ба Пайғамбар (с) ё Имоми маъсум (а) нисбат дода шудааст.

Ба ҳадиси мавзӯъ, ҳадиси маҷъул ва ҳадиси ҷаълӣ (сохтагӣ) ҳам мегӯянд. Аз назари фақеҳон нақли ривоёти мавзӯъ, барои касе, ки аз сохтагӣ будани он огоҳ бошад, ҳаром аст, магар ин ки ба унвони мисдоқи ҳадиси сохтагӣ матраҳ шавад.

Ҳадиси мавзӯъ аз ақсоми ҳадиси заиф аст, бо ин тафовут, ки бар хилофи ҳадиси мавзӯъ, нақли соири ақсоми ҳадиси заиф ҳаром нест.

Дар китобҳои дироя барои шинохти ҳадиси мавзӯъ нишонаҳое зикр шудааст, ки аз он ҷумла, мухолифати муҳтавои ҳадис бо ақл, Қуръон, суннат ва зарурии мазҳаб аст.

Бархе аз олимони мусулмон, китобҳое ба манзури ҷамъоварии аҳодиси мавзӯъ навиштаанд. «Китобҳои Абӯҳурайра», навиштаи Сайид Абдулҳусайни Шарафиддин, «Аҳодиси сохтагӣ», навиштаи Сайидалӣ Ҳусайнии Милонӣ ва «ал-Ахбор-уд-дахила» навиштаи Шайх Муҳаммадтақии Шуштарӣ аз осори шиаён дар ин замина аст.

Мафҳумшиносӣ

Ҳадиси мавзӯъ ривояте аст, ки тавассути ҷоилони ҳадис сохта шуда ва ба дурӯғ ба Пайғамбари Ислом (с) ё яке аз имомони маъсум (а) нисбат дода шуда бошад. Ба чунин ҳадисе, ҳадиси маҷъул ё ҷаълӣ (сохтагӣ) ҳам мегӯянд. Ҷаъли ҳадис ба шеваҳои гуногуне, монанди ҷаъли ҳадиси комил, афзудани лафзҳое ба ҳадис, ё кам кардан аз он, тағйир, ё таҳрифи лафз анҷом мешуда аст.

Намунае аз аҳодиси ҷаълӣ

Дар китоби «Таърихи Бағдод» (навишташуда дар қарни панҷуми қамарӣ), аз ҳазрати Муҳаммад (с) нақл шудааст, ки:

«إِذا رَأیتُمْ مُعاوِیةَ یخْطُبُ عَلَی مِنْبَرِی فاقبَلِوه، فانّه امینٌ مأمونٌ»,

«Ҳаргоҳ дидед, Муовия бар минбарам сухан мегӯяд, ӯро пазиро шавед; зеро ӯ дурусткор ва амин аст». Ба гуфтаи Муҳаммадтақии Шуштарӣ - риҷолии шиа (1281 – 1374ҳ.ш.), ривояти мазкур ба сурати «إذا رَأَیتُمْ مُعاوِیةَ یخْطُبُ عَلَی مِنبَرِی فاقْتُلُوه», «Чун дидед Муовия бар минбарам сухан мегӯяд, ӯро бикушед» буда, калимаи «فاقْتُلوه» (ӯро бикушед)-ро ба «فاقْبَلُوه» (ӯро тасдиқ кунед) тағйир дода ва бо афзудани иборати «فانّه امینٌ مأمونٌ», бар тағйир наёфтани ривоят шоҳид овардаанд.

Нишонаҳои ҳадиси мавзуъ

Риҷолиён нишонаҳоеро барои шинохти аҳодиси сохтагӣ аз аҳодиси саҳеҳ баён кардаанд, аз ҷумла:

  • Эътирофи созандаи ҳадис ба ҷаълӣ будани он;
  • Вуҷуди қаринае, ки бар сохтагӣ будани ҳадис далолат кунад; монанди суст будани лафзи ҳадис ва мухолиф будани ҳадис бо зарурии мазҳаб;
  • Мухолифати ҳадис бо ақл, Қуръон ва суннати қатъӣ ба гунае, ки бо онҳо қобили ҷамъ набошад ва натавон онро таъвил кард;
  • Танҳо будани ровӣ дар ҳадисе, ки мавзӯи муҳиме дорад, монанди ривояти Абубакр дар бораи ирс нагузоштани пайғамбарон;
  • Зиёдаравӣ дар баёни савоб ва иқоби баъзе аз аъмол;
  • Тахриби чеҳраи Ислом ва тақвияти ҷараёнҳои инҳирофӣ.

Ҳамаи ин мавориди шашгонаи фавқуззикр аз нишонаҳои аҳодиси сохтагӣ зикр шудааст.

Ба гуфтаи Абдуллоҳи Момқонӣ дар китоби «Миқбос-ул-ҳидоя» тахриби чеҳраи Ислом ва тақвияти ҷараёнҳои инҳирофӣ, аз дигар нишонаҳои сохтагӣ будани ҳадис аст.

Таъбирҳои риҷолӣ

Риҷолиён барои ишора ба аҳодиси сохтагӣ ва ҷоилони ҳадис, таъбирҳое ба кор мебаранд. Бархе аз таъбирҳо барои нишон додани ҳадиси ҷаълӣ иборат аст аз:

  • «هذا حدیثٌ موضوع» (ин ҳадис ҷаълӣ аст);
  • «موضوعٌ الی النبی» (ба дурӯғ ба Пайғамбар нисбат дода шуда);
  • «هذا حدیثٌ کَذِب» (ин ҳадис дурӯғ аст);
  • «مکذوبٌ علی رسول‌الله» (дурӯғ баста бар Расулуллоҳ).

Таъбирҳои ба кор рафта дар хусуси ҷоилони ҳадис ҳам ба ин шарҳ аст:

  • « اَکْذبُ الناس» (дурӯғгӯтарин инсон),
  • « کان الوضعُ صناعتَه» (кораш ҷаъли ҳадис буд),
  • « الکِذبُ بِضاعتُه» (сармояаш дурӯғ аст),
  • « الیه ینتهی الکذب» (дурӯғ ба ӯ хатм мешавад),
  • « منبع الوضع» (маркази ҷаъли ҳадис),
  • « کان یضعُ الحدیث» (ҳадис ҷаъл мекард),
  • « دَجّال» (даҷҷол - бисёр дурӯғгӯ)
  • « متهمٌ بالوضع» (ба ҷаъли ҳадис муттаҳам аст).

Ангезаи ҷаъли ҳадис

Дар бораи ангезаи сохт ва ҷаъли ҳадис, байни ҷоилон, авомиле зикр шудааст, ки иборатанд аз:

  • Наздик шудан ба соҳибони қудрату ҳукумат;
  • Тахриби Ислом;
  • Ёрӣ кардани фирқаҳои мунҳариф.

Шаҳиди Сонӣ ғулотро аз возеон ва созандагони чунин ривоёте медонад.

Барои иттилооти бештар, ниг.: ҷаъли ҳадис

Ҳаром будани нақли ҳадиси ҷаълӣ

Нақли ривоёти сохтагӣ барои касе ки аз сохтагӣ будани онҳо огоҳ бошад, ҳаром аст; чароки мисдоқи «اعانه بر اِثم»-«иъона бар исм» яъне «кумак ба анҷом додани гуноҳ», ишоаи фаҳшо ва гумроҳ кардани мусулмонон ба шумор меравад, магар он ки ин гуна аҳодис ба унвони ин ки мисдоқи ҳадиси сохтагианд, нақл шаванд.

Ҳадиси мавзуъ, бадтарин навъ аз ақсоми ҳадиси заиф дониста шудааст. Аз ин рӯ, дар тафовути он бо дигар ақсоми ҳадиси заиф гуфтаанд, нақли ҳадиси мавзуъ мамнуъ аст, аммо нақли соири ақсоми ҳадиси заиф мушкиле надорад.

Осор

Бархе аз олимони шиа ва суннӣ аҳодиси ҷаълиро гирдоварӣ кардаанд.

Бархе аз китобҳои олимони шиа дар ин замина ба шарҳ зер аст:

Бархе аз китобҳои аҳли суннат, ки дар онҳо аҳодиси ҷаълӣ ҷамъоварӣ шудааст, иборатанд аз:

  • ал-Мавзуот, асари Ибни Ҷавзӣ (ваф. 597 ҳ.қ.);
  • ал-Лаолий-ил-маснуа, асари Ҷалолиддини Суютӣ (ваф. 911 ҳ.қ.);
  • ал-Мавзуот-ул-кубро, асари Муллоалии Қории Ҳиравӣ;
  • Аҳодис-ус-сунан-ил-арбаъат-ил-мавзуати биҳукм-ил-Албонӣ, таҳқиқи Муҳаммад Шувмон Рамлӣ.

Эзоҳ

Сарчашма