Jump to content

Үндана:Уруҷи ҳазрати Исо

Аз wikishia

Уруҷи Ҳазрати Исо (а) ба маънои рафтани Ҳазрати Исо ба осмон аст ва дар Қуръон ба он ишора шудааст. Назари машҳур миёни мусулмонон он аст, ки Исо (а) на кушта шуд ва на ба салиб кашида шуд ва мустақим ба осмон уруҷ кард, агарчи бархе мӯътақиданд, ки метавонад пас наҷот аз салиб марги табиӣ дошта бошад. Бино бар омӯзаҳои масеҳӣ, Исо ба салиб кашида шуд ва пас аз зинда шудан ба осмон рафт.

Дар бораи навъи уруҷ, бархе онро рӯҳонӣ ва бархе ҳам рӯҳонӣ ва ҳам ҷисмонӣ медонанд. Бархе ривоёт аз ҷумла ривоёти марбут ба бозгашти ӯ дар даврони зуҳур ва мушоҳидаи ӯ тавассути Паёмбар(с) дар меъроҷ, аз далоили ҷисмонӣ будани уруҷ матраҳ шудаанд. Бозгашти Ҳазрати Исо(а) дар даврони зуҳур аз вақоеъи қатъӣ дониста шуда ва дар манобеъи шиъа ва суннӣ ривоётҳои мутааддиде дар бораи он нақл шудааст.

Тафовут дар дидгоҳҳои исломӣ ва масеҳӣ

Уруҷи Исо ба маънои рафтани ӯ ба осмон ва зинда буданаш аст.[1] Дар Қуръон, оёти 158 сураи Нисо ва 55 сураи Оли Имрон ба ин вокеа ишора доранд.[2] Бар асоси бархе манобеъ, ин иттифоқ дар соли 585 пеш аз ҳиҷрат[3] ва дар шаби 21 Рамазон[4] дар 32[5] ё 33[6] солагии Исо(а) рух додааст. Дар ривояте аз Имом Боқир(а) нақл шуда ки шаби шаҳодати Имом Алӣ(а) ҳамзамон бо шаби уруҷи Исо(а) будааст.[7]

Бино бар омӯзаҳои масеҳӣ, Исо(а) пас аз он ки ба салиб кашида шуд،[8] ҷон дод[9] ва дафн шуд.[10] Дар рӯзи севум, шогирдони ӯ мушоҳида карданд, ки ҷасадаш нест.[11] Исо(а) пас аз зинда шудан, шогирдони худро мулоқот кард[12] ва сипас ба осмон рафт.[13] Ин вокеа дар Инҷилҳои чаҳоргона ба тафсил ривоят шудааст.[14] Дар муқобил Қуръон тасреҳ дорад[15] ки Исо(а) кушта нашуда ва ба салиб кашида нашудааст؛[16] балки бар асоси ривоёт،[17] фарди дигаре ба иштибоҳ ба ҷои ӯ кушта шуд ва мардум гумононданд, ки Исо(а) ба шаҳодат расидааст.[18]

Вазъияти ҳаёти Исо(а) ҳангоми уруҷ

Олимони мусулмон дар бораи ин ки Исо пеш аз уруҷ ба марги табиӣ фавтида ё бе фавт мустақиман ба осмон рафтааст, ихтилофи назар доранд.[19] Бар асоси Қуръон ва назари машҳур миёни мусулмонон[20] Исо(а) на кушта шуд ва на ба салиб кашида шуд[21] балки ба осмон уруҷ кард[22] ва пеш аз қиёмат боз мегардад.[23] Бархе дигар мӯътақиданд, ки метавонад Исо пас наҷот аз салиб, марги табиӣ дошта ва сипас ба осмон рафта бошад.[24]

Бардоштҳо аз вожаи мутаваффика

Дар Ояти 55 сураи Оли Имрон вожаи «мутаваффика» ба кор рафта, ки бардоштҳои мухталифе аз он шудааст:

· Марги табиӣ: ба маънои фавти Исо(а) пеш аз уруҷ аст ва бар асоси ин бардошт, уруҷ пас аз марг рух додааст.[25] · Дарёфт ё қабзи рӯҳ: ин таъбир алзоман ба марги комил ишора надорад ва онро нишондиҳандаи интиқоли Исо(а) аз замин ба осмон медонанд.[26] · Ташбеҳи уруҷ ба осмон; вожа ба сурати ташбеҳӣ барои баёни уруҷи ӯ ба осмон ба кор рафта ва нишон медиҳад, ки ӯ дигар дар замин ҳузур надорад.[27]

Ҷисмонӣ ё рӯҳонӣ будани уруҷ

Муфассирон дар бораи навъи уруҷи Исо(а) ихтилофи назар доранд؛[28] бархе онро бар асоси зоҳири Ояти 158 сураи Нисо، рӯҳонӣ медонанд[29] дар муқобил бархе дигар ҳам рӯҳонӣ ва ҳам ҷисмонӣ донистаанд.[30] Бархе муҳаққиқон мӯътақиданд уруҷи Исо(а) ба унвони мадҳи вай матраҳ шуда ва мадҳ мусталзими рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ будан аст; зеро уруҷи рӯҳонӣ ба танҳоӣ мухтасси Исо нест.[31] Ҳамчунин, бархе ривоёти марбут ба бозгашти Исо дар замони зуҳури Имом Маҳдӣ(а)[32] ва низ мушоҳидаи ӯ тавассути Паёмбар(с) дар меъроҷ, ба унвони далел бар ҷисмонӣ будани уруҷ оварда шудаанд.[33] Тибқи бархе ривоёт, уруҷи Исо ба таври ҳамзамон бо рӯҳ ва ҷисм будааст.[34] Аз Имом Ризо(а) нақл кардаанд, ки Исо пас аз уруҷ, дар миёни осмон ва замин қабзи рӯҳ шуд ва сипас ба осмонҳо бурда шуд ва дар он ҷо рӯҳ ба баданаш бозгашт.[35]

Бозгашти Исо(а) дар даврони зуҳур аз вақоеъи қатъӣ дониста шуда[36] ки миёни мусулмонон мавриди иттифоқ аст.[37] Бархе муфассирон, оёти 46 сураи Оли Имрон[38] ва 159 сураи Нисо[39] ро ба ин мавзӯъ марбут медонанд. Дар манобеъи аҳли тасаннун 28 ривоят[40] ва шиъа 30 ривояти мустафиз[41] дар бораи бозгашти Исо(а) нақл шудааст.

Эзоҳ

  1. Фахри Розӣ, Ат-Тафсир-ул-кабир, 1420 ҳ.қ., ҷ. 11, саҳ. 262; Қироатӣ, Тафсири Нӯр, 1388 ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 207.
  2. Ризоӣ, «Баррасии татбиқии меъроҷи Паёмбар(с) ва уруҷи Исо(а)», саҳ. 157.
  3. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387 ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ. 585.
  4. Қумӣ, Вақоеъ-ул-айём, Ношири Нӯр Митоф, саҳ. 79.
  5. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387 ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ. 585.
  6. Ибни Касир, Ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407 ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 95.
  7. Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, 1407 ҳ.қ., ҷ. 1, саҳ. 457.
  8. Инҷили Луқо, боби 23, ояти 32 - 34.
  9. Инҷили Матто, боби 27: ояти 50.
  10. Инҷили Луқо, боби 23, ояти 50 - 54.
  11. Инҷили Луқо, боби 24, оёти 1-3.
  12. Инҷили Матто, боби 28: оёти 16 -20.
  13. Инҷили Марқус, боби 16: ояти 19.
  14. Байгдалӣ, «Муқоисаи дидгоҳи уруҷ ва раҷъати Ҳазрати Исо(а) дар ислом ва масеҳият», саҳ. 34
  15. Маърифат, Шубаҳот ва рудӯд ҳавла-л-Қуръони-л-карим, 1423 ҳ.қ., саҳ. 102.
  16. Сураи Нисо, ояти 157.
  17. Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1417 ҳ.қ., ҷ. 5, саҳ. 132.
  18. Мадарисӣ, Ман ҳади-л-Қуръон, 1419 ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 248.
  19. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372 ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 759.
  20. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374 ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 569.
  21. Маърифат, Шубаҳот ва рудӯд ҳавла-л-Қуръони-л-карим, 1423 ҳ.қ., саҳ. 106.
  22. Байгдалӣ, «Муқоисаи дидгоҳи уруҷ ва раҷъати Ҳазрати Исо(а) дар ислом ва масеҳият», саҳ. 37.
  23. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372 ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 759.
  24. Муғния, Ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424 ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 72.
  25. Муғния, Ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424 ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 71; Замахшарӣ, Ал-Кашшоф, ҷ. 1, саҳ. 366.
  26. Байгдалӣ, «Муқоисаи дидгоҳи уруҷ ва раҷъати Ҳазрати Исо(а) дар ислом ва масеҳият», саҳ. 37.
  27. Муғния, Ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424 ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 71.
  28. Сайид Қутб, Фӣ зилоли-л-Қуръон, 1412 ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 802.
  29. Мороғӣ, Тафсир-ул-Мороғӣ, Бейрут, ҷ. 6, саҳ. 15.
  30. Маърифат, Шубаҳот ва рудӯд ҳавла-л-Қуръони-л-карим, 1423 ҳ.қ., саҳ. 106; Мороғӣ, Тафсир-ул-Мороғӣ, Бейрут, ҷ. 6, саҳ. 15.
  31. Саъдӣ, Шарҳ-ун-Насафия, 1380 ҳ.ш., саҳ. 322.
  32. Саъдӣ, Шарҳ-ун-Насафия, 1380 ҳ.ш., саҳ. 322.
  33. Мороғӣ, Тафсир-ул-Мороғӣ, Бейрут, ҷ. 6, саҳ. 15.
  34. Ризоӣ, «Баррасии татбиқии меъроҷи Паёмбар(с) ва уруҷи Исо(а)», саҳ. 159.
  35. Шайхи Садуқ, Уюни ахбори-р-Ризо, 1378 ҳ.ш., ҷ. 1, саҳ. 215.
  36. Қазвинӣ, Имом Маҳдӣ(аҷ) аз вилодат то зуҳур, 1387 ҳ.ш., саҳ. 678.
  37. Кӯронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1430 ҳ.қ., саҳ. 245.
  38. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374 ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 550.
  39. Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1417 ҳ.қ., ҷ. 5, саҳ. 134-135; Содиқи Теҳронӣ, Ал-Фурқон, 1365 ҳ.ш., ҷ. 7, саҳ. 439.
  40. Кӯронӣ ва дигарон, Муъҷам-ул-аҳодиси-л-имом Маҳдӣ(аҷ), 1428 ҳ.қ., ҷ. 2, саҳ. 399-493.
  41. Бахшӣ, «Баррасӣ ва табйини нақши Ҳазрати Исо(а) дар даврони пас аз зуҳури Имом Замон(а)», саҳ. 116.

Сарчашма

· Ибни Касири Димашқӣ, Исмоил ибни Умар, Ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407 ҳ.қ. · Бахшӣ, Саид, «Баррасӣ ва табйини нақши Ҳазрати Исо(а) дар даврони пас аз зуҳури Имом Замон(а)»، маҷаллаи Машриқи мавъуд, соли чордаҳум, шумораи 53, баҳори 1399 ҳ.ш. · Байгдалӣ, Ҳасан, «Муқоисаи дидгоҳи уруҷ ва раҷъати Ҳазрати Исо(а) дар ислом ва масеҳият», маҷаллаи Маорифи Қуръон ва ъитрат, соли дуввум, шумораи 5, тирамоҳи 1395 ҳ.ш. · Ризоӣ, Омина, «Баррасии татбиқии меъроҷи Паёмбар(с) ва уруҷи Исо(а)», маҷаллаи Ҳадис ва андеша, шумораи 13, баҳор ва тобистони 1391 ҳ.ш. · Саъдӣ, Абдулмалик Абдурраҳмон, Шарҳ-ун-Насафия фӣ-л-ақидати-л-исломия, Санандаҷ, 1380 ҳ.ш. · Сайид Қутб, Фӣ зилоли-л-Қуръон, Бейрут, Қоҳира, Дор-уш-шуруқ, чопи ҳафдаҳум, 1412 ҳ.қ. · Шайхи Садуқ, Уюни ахбори-р-Ризо(а), муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Маҳдӣ Лоҷавардӣ, Теҳрон, Нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378 ҳ.ш. · Содиқи Теҳронӣ, Муҳаммад, Ал-Фурқон фӣ тафсири-л-Қуръон би-л-Қуръон, Қум, Интишороти фарҳанги исломӣ, чопи дуввум, 1365 ҳ.ш. · Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Ал-Мизон фӣ тафсири-л-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417 ҳ.қ. · Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фӣ тафсири-л-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷавод Балоғӣ, Теҳрон, Носир Хусрав, чопи севум, 1372 ҳ.ш. · Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ (Таърих-ул-умам ва-л-мулук), таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дуввум, 1387 ҳ.қ. · Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор Иҳёи-т-турос-ил-арабӣ, чопи севум, 1420 ҳ.қ. · Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нӯр, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388 ҳ.ш. · Қазвинӣ, Муҳаммадкозим, Имом Маҳдӣ(а) аз вилодат то зуҳур, Қум, Нашри-л-Ҳодӣ, 1387 ҳ.ш. · Қумӣ, Аббос, Вақоеъ-ул-айём, Ношири Нӯр Митоф, Қум, бе то. · Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алӣ Акбари Ғаффорӣ, Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуби-л-исломия, чопи чаҳорум, 1407 ҳ.қ. · Кӯронӣ Омилӣ, Алӣ, Аср-уз-зуҳур, 1408 ҳ.қ., бе ҷо, бе но. · Кӯронӣ, Алӣ ва дигарон, Муъҷам-ул-аҳодиси-л-имом Маҳдӣ(а), Қум, Интишороти Масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1428 ҳ.қ. · Мадарисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Ман ҳади-л-Қуръон, Теҳрон, Дор Муҳибби-л-Ҳусайн, чопи аввал, 1419 ҳ.қ. · Мороғӣ, Аҳмад ибни Мустафо, Тафсир-ул-Мороғӣ, Дор Иҳёи-т-турос-ил-арабӣ, Бейрут, бе то. · Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Шубаҳот ва рудӯд ҳавла-л-Қуръони-л-карим, Қум, Муассисаи фарҳангӣ интишоротии Ат-Тамҳид, 1423 ҳ.қ. · Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуби-л-исломия, чопи аввал, 1424 ҳ.қ.

 Табақабандӣ: