Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Сақар

Аз wikishia

Сақар (форсӣ: سَقَر) аз истилоҳоти қуръонӣ аст, ки дар бораи маънии он дидгоҳҳои мухталифе матраҳ шудааст. Аз ҷумла номе барои дӯзах,[1] яке аз табақот[2] ё дарҳои ҷаҳаннам[3] ва номи ҷойгоҳе дар дӯзах, ки бо нафас кашидани он, ҷаҳаннам шӯълавар мешавад.[4] Гуфта шуда, сақар дар асл ба маънии сӯзондан, тағйир додани пӯст ва гудохтан бар асари ҳарорати офтоб аст.[5] Бар ҳамин асос, дӯзах аз он ҷиҳат сақар номида шуда, ки бадани инсонро месӯзонад ва пӯстро дигаргун мекунад.[6]

Вожаи сақар чор бор дар Қуръон омадааст; се бор дар сураи Муддассир ва як бор дар сураи Қамар.[7] Дар оёти 27 то 30 сураи Муддассир, сақар азобе сахт муаррифӣ шуда, ки инсон тавони дарки пурраи ҳақиқати онро надорад,[8] инсонро нобуд мекунад,[9] гӯшту пӯсти ӯро аз байн мебарад[10] ва нуздаҳ гурӯҳ аз фариштагон сардори азоб ва нигабони он ҳастанд.[11] Ҳамчунин бо истинод ба ояти 48 сураи Муддассир гуфта шуда, ки шафоат барои аҳли сақар суд надорад.[12]

Бар асоси оёти 42 то 46 сураи Муддассир, сақар ҷойгоҳи шахсоне муаррифӣ шудааст, ки намоз намехонанд, ба ниёзмандон таваҷҷӯҳ намекунанд (закот намедиҳанд), ҳамроҳи аҳли ботил дар корҳои ботил ширкат доранд ва рӯзи ҷазоро такзиб мекунанд.[13] Баъзе муфассирон бо назар ба маккӣ будани сураи Муддассир ва ташреъ нашудани намозу закот ба маънии истилоҳии онҳо дар он давра, ин таъбироҳоро нозир ба асли ибодат ва кумак ба ниёзмандон донистаанд.[14] Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, сақар ҷойгоҳи мутакаббирон[15] ва душманони Аҳли Байт (а) муаррифӣ шудааст.[16]

Эзоҳ

  1. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, саҳ.414.
  2. Ҳусайнии Шоҳабдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.379.
  3. Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.277.
  4. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.334.
  5. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, саҳ.414.
  6. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Биҳишт ва дӯзах аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.53.
  7. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Биҳишт ва дӯзах аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.53.
  8. Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.277.
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.88.
  10. Ҳусайнии Шоҳабдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.379.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.88; Ҳусайнии Шоҳабдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.379.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.97.
  13. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.253.
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.169 ва ҷ.20, саҳ.97.
  15. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.251.
  16. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.395; Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.90.

Сарчашма

  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Маҳосин, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Биҳишт ва дӯзах аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1389ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Лубнон - Сурия, Дор-ул-илм - Доруш-шомия, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Тайиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, 1378ҳ.ш.
  • Турайҳӣ, Фахруддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, Теҳрон, китобфурӯшии Муртазавӣ, 1416ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Шоҳабдулазимӣ, Ҳусайн, Тафсири исноашарӣ, Теҳрон, интишороти Миқот, 1363ҳ.ш.