Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Муҷтаҳид

Аз wikishia

Аз рост ба чап: Сайид Абулқосими Хӯӣ, Сайид Муҳсини Ҳаким, Сайид Маҳмуди Шоҳрӯдӣ ва Сайид Алии Табрезӣ, аз фақеҳони қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ

Муҷтаҳид (форсӣ: مجتهد) ё фақеҳ (форсӣ: فقیه) касе, ки дар илми фиқҳ ба рутбаи иҷтиҳод расида ва тавоноии ба даст овардани аҳкоми шаръӣ аз сарчашмаҳои муътабарро дорад. Бар асоси далелҳои шаръӣ, муҷтаҳидони ҷомеъушшароит ҳокими шаръ ҳастанд ва вазифаҳову ихтиёроте мисли қазоват ва тасарруф дар амволи умумӣ ва авқоф ва ҳатто эълони ҷангу сулҳ доранд. Роҳбарии динии ҷомеаҳои шиа бар ӯҳдаи муҷтаҳидон аст.

Диндорон аъмоли динии худро бар асоси фатвои муҷтаҳидон анҷом медиҳанд ва бахше аз даромади худро ба унвони вуҷуҳоти шаръӣ дар ихтиёри муҷтаҳидон қарор медиҳанд. Муҷтаҳидоне, ки аълам бошанд ва мавриди иқболи умум қарор гиранд ба мақоми марҷаият мерасанд. Шайхи Тӯсӣ, Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Аллома Ҳиллӣ, Шайхи Ансорӣ ва Мирзои Шерозӣ аз муҷтаҳидон ва фақеҳони номдори шиа ҳастанд.

Муҷтаҳид кист?

Муҷтаҳид ё фақеҳ дар истилоҳ ба шахсе гуфта мешавад, ки дар илми фиқҳ ба рутбаи иҷтиҳод расида ва тавоноии ба даст овардани аҳкоми шаръии фаръиро аз сарчашмаҳои муътабар дошта бошад.[1] Дар андешаи шиаён, муҷтаҳидони ҷомеъушшароит ҷонишинони имоми маъсум ҳастанд ва ба онон ноиби ом гуфта мешавад[2] ва бисёре аз вазифаҳо ва ихтиёроти имомон мисли қазоват ва иҷозаи тасарруф дар вуҷуҳоти шаръиро доро ҳастанд.[3]

Муртазо Мутаҳҳарӣ, муҷтаҳиди шиа, дар баҳси пешинаи иҷтиҳод ва таърифи муҷтаҳид, ҳангоми тақсими паёмбарон ба мурсал ва ғайримурсал бар ин бовар аст, ки кори имрӯзаи муҷтаҳидон ҳамон корест, ки паёмбарони гурӯҳи дувум мекардаанд. Аз назари ӯ, коре, ки имрӯз муҷтаҳид бо нерӯи илм ва истидлол ва иҷтиҳод мекунад, паёмбарони гузашта мекарданд, вале на бо қувваи иҷтиҳод, балки бо нерӯи ваҳй ва нубувват; ва илова бар он ки муҷтаҳид ҳокими шаръ ва роҳбари мардум аст, амркунанда ба маъруф ва наҳйкунанда аз мункар дар миёни мардум аст; ӯ ислоҳгар дар миёни уммат буда ва ӯҳдадор аст, ки мафосидро ислоҳ кунад.[4]

Аз асрҳои наздик ба қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ, вақте донишомӯхтагони ҳавзаҳои илмия дар фиқҳ ба марҳилаи баланде мерасанд, устод ё устодонашон, ба сурати китобӣ ё шифоҳӣ, иҷтиҳоди онҳоро тасдиқ мекунанд. Ба ин тасдиқ иҷозаи иҷтиҳод мегӯянд.[5]

Вазифаҳо ва ихтиёроти муҷтаҳидон

Бар асоси фиқҳи шиа, касе, ки ба мақоми иҷтиҳод бирасад ва дорои шароите бошад, ҳокими шаръ номида мешавад.[6] Шайхи Ансорӣ мансаби фақеҳро дар се унвони аслӣ баён кардааст: ифто, ҳукумат ба маънои қазоват ва вилояти тасарруф дар амвол ва нуфус.[7]

Носир Макорими Шерозӣ, аз мароҷеи тақлиди шиа, дар баҳсе дар бораи ихтиёроти фақеҳ, аввал фатво додан ва қазоватро зикр карда, ва сипас дар тавзеҳи мансаби вилояти фақеҳ ба ихтиёроти ҳафтгонаи фақеҳон ишора кардааст, ки иборатанд аз:

  • Вилоят бар амволи маҳҷурон мисли ғоибон ва сағирони бесарпараст ва баъзе ақсоми маҷнун ва сафиҳ.
  • Вилоят бар гирифтан ва харҷ кардани вуҷуҳоти шаръӣ мисли хумс, закот ва вақфҳои ом.
  • Вилоят бар иҷрои ҳудуди шаръӣ берун аз мансаби қазо.
  • Вилоят бар амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар мавориде, ки ниёзманди задан ва маҷрӯҳ кардан ё куштани касе бошад.
  • Вилоят бар умури сиёсӣ ва ҳукумат ва ҳифзи марзҳо ва дифоъ дар муқобили душманон ва ҳамаи умуре, ки ба масолеҳи умумӣ марбутанд.
  • Вилоят бар ҷон ва амволи мардум.
  • Вилоят бар ташреъ ва ҳаққи қонунгузорӣ.[8]

Муҳаммадҳусайни Ноинӣ дар китоби Танбеҳу-л-умма вилоят ва сарпарастии фақеҳон дар умури ҳисбаро ҷузви қатъиёти мазҳаби шиа муаррифӣ кардааст.[9] Аз назари Имом Хумайнӣ, тамоми ихтиёроте, ки Пайғамбар (с) ва имомон барои идораи ҷомеа доштаанд, барои фақеҳи ҷомеъушшароит низ собит аст ва ин вилоят василаи анҷоми вазифаи иҷрои аҳком аст.[10] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки иқомаи намози ҷумъа низ ҷузви вазифаҳои махсуси мансаби фақеҳ аст.[11]

Шаблон:Гуфтаи ороишӣ

Мартабаҳо ва тақсимбандии муҷтаҳидон

Муҳаммадҳасани Наҷафӣ, маъруф ба соҳиби Ҷавоҳир, аз фақеҳони қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ
Муҳаммадҳасани Наҷафӣ, маъруф ба соҳиби Ҷавоҳир, аз фақеҳони қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ

Тибқи тақсимбандиҳои роиҷ дар кутуби фиқҳӣ, муҷтаҳид ба муҷтаҳиди мутаҷаззӣ ва мутлақ тақсим шуда ва муҷтаҳиди мутлақ низ ба муҷтаҳиди ҷомеъушшароит ва муҷтаҳиди аълам тақсим шудааст.

Сайид Абулқосими Хӯӣ дар Китобу-т-танқиҳ фи шарҳи-л-урвату-л-вусқо ду намуди тақсимбандӣ аз вожаи иҷтиҳод пешниҳод карда, ки бар асоси он, муҷтаҳид ё мутаҷаззӣ аст ё мутлақ, ва ҳар кадом ё қувваи иҷтиҳоди худро ба феълият расонда ё аз он дар роҳи ба даст овардани аҳком истифода накардааст.[12] Бар асоси ин тақсимбандӣ, муҷтаҳиди мутаҷаззӣ касест, ки тавоноии истинботи аҳкоми шаръиро дар баъзе аз бахшҳои фиқҳ дорад[13] ва метавонад ин тавоноиро дар роҳи истинботи аҳком ба кор барад ё онро танҳо дар ҳадди истеъдод нигоҳ дорад. Баъзе аз фақеҳон тақлид аз фақеҳи мутаҷаззиро ҷоиз намедонанд; гурӯҳе низ эътиқод доранд, ки тақлид аз ӯ танҳо дар аҳкоме ҷоиз аст, ки онро истинбот кардааст.[14] Хӯӣ дар муқобили иҷтиҳоди таҷаззӣ, аз вожаи иҷтиҳоди мутлақ истифода кардааст.[15] Тибқи ин назар, муҷтаҳиди мутлақ метавонад аз роҳи истидлоли шаръӣ, аҳкоми шаръиро дар тамоми абвоби фиқҳ истинбот кунад.[16]

Муҷтаҳиди мутлақ агар шароити лозим барои тақлидро ба даст оварад, муҷтаҳиди ҷомеъушшароит хонда мешавад. Ин шароит иборатанд аз: зукурият (мард будан), оқил будан, ҳалолзода будан, шиаи имомӣ будан, зинда будан, одил будан ва аълам будан.[17]

Муҷтаҳиди аълам, фақеҳи ҷомеъушшароитест, ки дар истинботи аҳкоми шаръӣ нисбат ба дигар фақеҳон, тавоноии бештар дорад.[18] Дар сурати дастрасӣ ба муҷтаҳиди аълам, тақлид аз ӯ, ба бовари баъзе аз фақеҳон, воҷиб аст ва ба бовари баъзе дигар аз фақеҳон, бино бар эҳтиёти воҷиб, бояд аз чунин шахс тақлид кард.[19]

Фарқи муҷтаҳид ва марҷаи тақлид

Ҳар як аз муҷтаҳидон дар сурате, ки соҳиби салоҳияти фатво додан бошанд, метавонанд ба мақоми марҷаият бирасанд. Марҷаи тақлид дар воқеъ муҷтаҳиди ҷомеъушшароитест, ки мавриди иқболи мардуми шиа қарор гирифта ва аз ӯ тақлид мекунанд; яъне аъмоли динии худро бар асоси фатаво ё ҳамон назарияҳои фиқҳии ӯ анҷом медиҳанд, ва вуҷуҳоти шаръии худро ба ӯ ё намояндагони ӯ мепардозанд.[20]

Мирзои Шерозӣ, мӯҷтаҳиди қарни сездаҳум ва чордаҳуми ҳиҷрии қамарӣ

Машҳуртарин муҷтаҳидони шиа

Фақеҳони шиаро гоҳ бар асоси замони ҳаёт ва гоҳ бар асоси мактабҳои иҷтиҳодии онҳо тақсим кардаанд.[21]

Фақеҳони мутақаддим ва мутааххир

Дар навиштаҳои фиқҳии шиа, ғолибан ба фақеҳони пеш аз Шайхи Тӯсӣ «қудамо» мегӯянд,[22] аз Шайхи Тӯсӣ то пеш аз Аллома Ҳиллиро мутақаддимон меноманд[23] ва аз Аллома Ҳиллӣ ба баъдро то пеш аз насли аввали фақеҳони муосир (қарни 15 ҳиҷрӣ), фақеҳони мутааххир мехонанд.[24] Аз фақеҳони муосир ҳам бо номи «мутааххиру-л-мутааххирин» (фақеҳони баъд аз мутааххирон) ёд мешавад.[25]
Сабаби ин гурӯҳбандӣ, равиши фиқҳии мухталифи онҳо дар ҳар давра будааст.[26] Албатта ин истилоҳот нисбӣ ҳастанд ва дар бораи онҳо назароти дигар ҳам вуҷуд дорад. Барои намуна баъзе ҳамаи фақеҳони пеш аз Муҳаққиқи Ҳиллиро қудамо меноманд.[27]

Фақеҳони маъруфи шиа

Дар таърихи фиқҳи шиа, фақеҳони бисёре вуҷуд доштаанд. Маъруфтарини онҳо ба тартиби тақаддуми замони вафот, иборатанд аз: Шаблон:Сутун-оғоз

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Маркази иттилоот ва мадорики исломӣ, Фарҳангномаи усули фиқҳ, саҳ. 696.
  2. Кошифу-л-ғито, Кашфу-л-ғито, ҷ. 4, саҳ. 370.
  3. Шайхи Ансорӣ, Китобу-л-макосиби, ҷ. 3, саҳ. 545-546.
  4. Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон, ҷ. 2, саҳ. 171; Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ. 26, саҳ. 202.
  5. Гурҷӣ, «Иҷтиҳод», саҳ. 610.
  6. Муассисаи доирату-л-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби аҳли байт, ҷ. 3, саҳ. 199.
  7. Шайхи Ансорӣ, Китобу-л-макосиби, ҷ. 3, саҳ. 545-546.
  8. Макорими Шерозӣ, Буҳуси фиқҳии ҳомма, саҳ. 400-401.
  9. Ноинӣ, Танбеҳу-л-умма ва танзиҳу-л-милла, саҳ. 75-76.
  10. Имом Хумайнӣ, Вилояти фақеҳ, саҳ. 50-51.
  11. Бурӯҷирдӣ, Табёну-с-салот, ҷ. 1, саҳ. 58.
  12. Хӯӣ, Ат-танқиҳ, саҳ. 28.
  13. Хӯӣ, Ат-танқиҳ, ҷ. 1, саҳ. 28; Мишкинӣ, Истилоҳоту-л-усул, саҳ. 19.
  14. Яздӣ, Ал-урвату-л-вусқо, ҷ. 1, саҳ. 17.
  15. Хӯӣ, Ат-танқиҳ, саҳ. 28.
  16. Мишкинӣ, Истилоҳоту-л-усул, саҳ. 19.
  17. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳу-л-масоил, ҷ. 1, саҳ. 13.
  18. Шайхи Ансорӣ, Маториҳу-л-анзор, ҷ. 2, саҳ. 679.
  19. Яздӣ, Ал-урвату-л-вусқо, ҷ. 1, саҳ. 19; Имом Хумайнӣ, Тавзеҳу-л-масоил, ҷ. 1, саҳ. 13.
  20. Яздӣ, Ал-урвату-л-вусқо, ҷ. 1, саҳ. 4; Раҳмонситоиш, «Тақлид», саҳ. 789.
  21. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фақеҳон, саҳ. 15.
  22. Бадрӣ, Муъҷами муфрадоти усули-л-фиқҳ-ил-муқорин, саҳ. 226.
  23. Бадрӣ, Муъҷами муфрадоти усули-л-фиқҳ-ил-муқорин, саҳ. 253.
  24. Бадрӣ, Муъҷами муфрадоти усули-л-фиқҳ-ил-муқорин, саҳ. 252, 253.
  25. Бадрӣ, Муъҷами муфрадоти усули-л-фиқҳ-ил-муқорин, саҳ. 252.
  26. Бадрӣ, Муъҷами муфрадоти усули-л-фиқҳ-ил-муқорин, саҳ. 226, 252, 253.
  27. Маликии Исфаҳонӣ, Фарҳанги истилоҳоти усул, ҷ. 2, саҳ. 60.
  28. Макорими Шерозӣ, Доирату-л-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ. 1, саҳ. 259-266.

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳу-л-масоил (муҳашшӣ), Қум, Маркази интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Вилояти фақеҳ: Ҳукумати исломӣ, Теҳрон, Муассисаи чоп ва нашри Уруҷ, 1379ҳ.ш.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китобу-л-макосиби, Қум, чопи Конгресси бузургдошти Шайхи Аъзами Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Маториҳу-л-анзор, Қум, Маҷмаъу-л-фикри-л-исломӣ, чопи дувум, 1383ҳ.ш.
  • Бадрӣ, Таҳсин, Муъҷами муфрадоти усули-л-фиқҳ-ил-муқорин, Теҳрон, Ал-машриқу-с-сақофа ва-н-нашр, чопи аввал, 1428ҳ.қ.
  • Бурӯҷирдӣ, Сайид Ҳусайн Таботабоӣ, Табёну-с-салот, такрири Алӣ Софии Гулпайгонӣ, Қум, Интишороти Ганҷи ирфон, 1426ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Ат-танқиҳ фи шарҳи-л-урвату-л-вусқо, таҳқиқ: Ризо Халхолӣ, Қум, Ат-тавҳид ли-н-нашр, 1418ҳ.қ.
  • Раҳмонситоиш, Муҳаммадкозим, «Тақлид 1», Донишномаи ҷаҳони ислом, Теҳрон, Бунёди доирату-л-маорифи исломӣ, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Кошифу-л-ғито, Ҷаъфар, Кашфу-л-ғито ан ваҷҳи шариъати-л-ғарро, Қум, Интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1422ҳ.қ.
  • Гурҷӣ, Абулқосим, «Иҷтиҳод», Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, Маркази доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
  • Гурҷӣ, Абулқосим, Таърихи фиқҳ ва фақеҳон, Теҳрон, Интишороти Самт, 1392ҳ.ш.
  • Муассисаи доирату-л-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби аҳли байт (а), зери назари Сайид Маҳмуди Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Қум, Муассисаи доирату-л-маорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Маркази иттилоот ва мадорики исломӣ, Фарҳангномаи усули фиқҳ, Қум, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Мирзоалӣ, Истилоҳоту-л-усул ва муъзами абҳосиҳо, Қум, Ал-ҳодӣ, чопи шашум, 1416ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ошноӣ бо Қуръон, ҷ. 2, Теҳрон, Садро, 1402ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, бе ҷо, Нашри Садро, 1390ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Буҳуси фиқҳии ҳомма, Қум, Мактабату-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1422ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Доирату-л-маорифи фиқҳи муқорин, Қум, Мактабату-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Маликии Исфаҳонӣ, Муҷтабӣ, Фарҳанги истилоҳоти усул, Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.ш.
  • Ноинӣ, Муҳаммадҳусайн, Танбеҳу-л-умма ва танзиҳу-л-милла, тасҳеҳ ва таҳқиқ: Сайид Ҷаводи Варъӣ, Қум, Бустони китоб: Интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1382ҳ.ш.
  • Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, Ал-урвату-л-вусқо маъа-т-таълиқот, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1428ҳ.қ.

Шаблон:Фақеҳони шиъа Шаблон:Мароҷеи тақлиди шиъа