Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Боби Ҷабраил

Аз wikishia
Намуди берунии Боби Ҷабраил

Боби Ҷабраил (форсӣ: باب جبرئیل) аз даромадгоҳҳои Масҷидуннабӣ дар замони Пайғамбар (с) аст. Ин даромадгоҳ, дар бахши шарқии Масҷидуннабӣ қарор дорад. Маҳалли он дар тӯли таърих чанд бор тағйир ёфтааст. Номи Боби Ҷабраил ба иртиботи он бо Ҷабраил нисбат дода шудаа ва баъзе фақиҳони шиа вуруд ба Масҷидуннабӣ аз ин дарро мустаҳаб донистаанд.

Ҷойгоҳ ва номгузорӣ

Мавқеи Боби Ҷабраил дар Масҷидуннабӣ

Боби Ҷабраил аз даромадгоҳҳои Масҷидуннабӣ аз замони Пайғамбари акрам (с) будааст.[1] Ин вурудӣ, дар канори девори шарқии Масҷидуннабӣ ва шимолу шарқии мазори шарифи Пайғамбар (с) ва наздик ба Бобуннисо қарор дорад.[2]

Баъзе фақиҳони шиа вуруд ба Масҷидуннабӣ аз Боби Ҷабраилро мустаҳаб донистаанд.[3] Ин ҳукм ба гузоришҳо дар бораи вуруди Пайғамбар (с) аз ин дар пас аз тағйири қибла[4] нисбат дода шудааст.[5]

Номгузорӣ

Боби Ҷабраил ба далели иртиботи он бо Ҷабраил номгузорӣ шудааст.[6] Дар баъзе манобеъ омадааст, ки Ҷабраил барои дидори Пайғамбар (с) аз ин дар рафтуомад мекард. Ҳамчунин дар ривояте, Ҷабраил дар ин макон ба сурати Диҳяи Калбӣ назди Пайғамбар (с) дида шудааст.[7] Наздикии ин дар ба Мақоми Ҷабраил низ аз дигар далоили зикршуда барои ин ном аст.[8]

Дигар номҳо

Барои Боби Ҷабраил номҳои дигаре монанди Боби Усмон, Боби Оли Усмон, Боби Ҷаноиз ва Боби Ҷабр низ зикр шудааст. Номи Боби Усмон ба қароргирии он дар баробари хонаи Усмон ибни Аффон марбут аст.[9] Боби Ҷаноиз ба истифодаи ин дар барои хуруҷи ҷанозаҳо ишора дорад. Ҳамчунин чун ташйиъкунандагон ночор буданд ҷанозаҳоро аз ин дар берун баранд, онро Боби Ҷабр меномиданд.[10]

Тағйироти таърихӣ

Боби Ҷабраил дар давраҳои мухталиф ҳамзамон бо густариш ва бозсозии Масҷидуннабӣ тағйир кардааст. Бар асоси баъзе гузоришҳо, нахустин ҷобаҷоии он пас аз ғазваи Хайбар дар соли 7 ҳиҷрӣ анҷом шуд ва дар ҳудуди чаҳор метр ба самти шимол мунтақил гардид.[11] Дар давраи Усмон ибни Аффон низ бо тағйири девори шарқии масҷид, маҳалли он тағйир кард ва ҳудуди се метр ақибтар рафт.[12] Дар давраи Маҳдии Аббосӣ ибораи «Амалу аҳли Ҳимс» дар ду сӯи дар ва матни сураи Тавба дар бахши берунии он нақш баста буд.[13]

Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, Абдулҳамиди Усмонӣ дар соли 1201 ҳиҷрии қамарӣ Боби Ҷабраилро бозсозӣ кард ва атрофи онро бо санги мармар оро дод ва оятҳое аз Қуръон ва як байти шеър навишт.[14] Дар соли 1212ҳ.қ низ ба фармони Султони Салими Севвум бозсозӣ шуд.[15] Дар соли 1265ҳ.қ, ба фармони Абдулмаҷиди Усмонӣ ва бо ҳадафи осон шудани рафтуомади зоирон ва фароҳам кардани фазои бештар барои намоз, дари қадимӣ баста ва дари нав дар фосилаи ҳудуди се то чаҳор метрии он эҷод шуд.[16] Боби Ҷабраили кунунӣ дари эҷодшуда дар давраи Абдулмаҷиди Усмонӣ аст ва бар болои он ояти салавот навишта шудааст.[17]

Эзоҳ

  1. Матарӣ, ат-Таъриф бимо онасат-ил-ҳиҷра, саҳ.103.
  2. Рафъат Пошо, Миръот-ул-ҳарамайн, ҷ.1, саҳ.479.
  3. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръия, ҷ.2, саҳ.19; Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, ҷ.1, саҳ.275.
  4. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, ҷ.1, саҳ.53; Матарӣ, ат-Таъриф бимо онасат-ил-ҳиҷра, саҳ.103; Ибн-уз-Зиё, Таърих-и Маккат-ул-мушаррафа, саҳ.291.
  5. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, ҷ.2, саҳ.566; Файзи Кошонӣ, Мафотиҳ-уш-шароиъ, ҷ.1, саҳ.397; Бакрӣ, Ионат-ут-толибин, ҷ.2, саҳ.355 - 356.
  6. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадина, ҷ.1, саҳ.5.
  7. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, ҷ.2, саҳ.216.
  8. Хиёрӣ, Таърих маолим-ил-Мадина, саҳ.89; Рафъат Пошо, Миръот-ул-ҳарамайн, ҷ.1, саҳ.480.
  9. Матарӣ, ат-Таъриф бимо онасат-ил-ҳиҷра, саҳ.103; Ибн-уз-Зиё, Таърих-и Маккат-ул-мушаррафа, саҳ.291; Рафъат Пошо, Миръот-ул-ҳарамайн, ҷ.1, саҳ.480.
  10. Қоидон, Таърих ва осори исломӣ, саҳ.213.
  11. Қоидон, Таърих ва осори исломӣ, саҳ.213 - 214.
  12. Қоидон, Таърих ва осори исломӣ, саҳ.213 - 214.
  13. Ҳарбӣ, ал-Маносик, саҳ.144.
  14. Сабрӣ Пошо, Мавсуат-ул-Миръот-ул-ҳарамайн, ҷ.4, саҳ.625.
  15. Ансорӣ, Таъмир ва тавсеаи Масҷиди Набавӣ, саҳ.155.
  16. Хиёрӣ, Таърих маолим-ил-Мадина, саҳ.90 - 91.
  17. Рафъат Пошо, Миръот-ул-ҳарамайн, ҷ.1, саҳ.479. Сабрӣ Пошо, Мавсуат-ул-Миръот-ул-ҳарамайн, ҷ.4, саҳ.625.

Сарчашма

  • Ансорӣ, Ноҷӣ Муҳаммад Ҳасан, Таъмир ва тавсеаи Масҷиди шарифи набавӣ, мутарҷим: Абдулҳамид Оятӣ, Теҳрон, нашри Машъар, 1378ҳ.ш.
  • Бакрӣ, Усмон ибни Муҳаммад, Ионат-ут-толибин ало ҳалли алфози фатҳ-ул-муин (ҳува ҳошия ало Фатҳ-ул-муин би шарҳи қуррат-ул-айн би муҳиммот-ид-дин), Бейрут, Дор-ул-фикр, 1418ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, Китоб-ул-Мағозӣ, таҳқиқ: Морзден Ҷонс, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1409ҳ.қ.
  • Ибна аз-Зиё, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих Маккат-ул-мушаррафа ва-л-Масҷид-ул-ҳаром ва-л-Мадинат-уш-шарифа ва-л-қабр-уш-шариф, ба кӯшиши Ало ва Айман, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Барроҷ, Абдулазиз ибни Наҳрир, ал-Муҳаззаб, муқаддиманавис: Ҷаъфар Субҳонии Табрезӣ, Қум, Ҷамоат-ул-мударрисин фи Ҳавзат-ил-илмияти би Қум, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Шабба Намирӣ, Умар Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ул-мунаввара, таҳқиқ: Муҳаммадфаҳим Шалтут, Қум, Дор-ул-фикр, 1410ҳ.қ.
  • Қоидон, Асғар, Таърих ва осори исломӣ Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, Теҳрон, Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Матарӣ, Муҳаммад, ат-Таъриф бимо онасат-ил-ҳиҷра мин маолим-и Дор-ил-ҳиҷра, таҳқиқ: Сулаймон Раҳилӣ, Риёз, ал-Мамлака ал-арабият ас-Саудия. Идора ал-Малик Абдулазиз, 1426ҳ.қ.
  • Рафъат Пошо, Иброҳим, Миръот-ул-ҳарамайн, Қоҳира, Матбаа Дор-ул-кутуб-ил-мисрия, 1344ҳ.қ.
  • Сабрӣ Пошо, Аюб, Мавсуат-ул-миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, мутарҷим: Муҳаммад Ҳарб, Қоҳира, Дор-ул-офоқ-ил-арабия, 1424ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, Вафо-ул-вафо биахбор Дор-ил-Мустафо, таҳқиқ: Муҳаммад Муҳйиддин Абдулҳамид, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1419ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳмуртазо, Мафотиҳ-уш-шароиъ, таҳқиқ: Махдии Раҷоии Қум, Маҷмаъ-уз-захоир-ил-исломия, 1401ҳ.қ.
  • Хиёрӣ, Аҳмад Ёсин Аҳмад, Таърих маолим-ил-Мадинат-ул-мунаввара қадиман ва ҳадисан, Риёз, ал-Мамлака ал-Арабия ас-Саудия, ал-Амонат-ул-омма ли-л-иҳтифол би мурури миа ом ало таъсис-ил-Мамлака 1419ҳ.қ.
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабия мин инсон-ил-уюн фӣ сират-ил-амин-ил-маъмун-ил-маъруфа би-с-Сират-ул-ҳалабия, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1400ҳ.қ.
  • Ҳарбӣ, Иброҳим ибни Исҳоқ, ал-Маносик ва амокин туруқ-ил-ҳаҷҷ, таҳқиқ: Ҳамд Ҷосир, Риёз, Дор-ул-Ямома, 1401ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръия фи фиқҳ-ил-имомия, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ ат-Тобеа ли Ҷамоат-ил-мударрисин, чопи дувум, 1417ҳ.қ.