Қосит ибни Зуҳайр Тағлабӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қосит ибни Зуҳайр)
Номи комилҚосит ибни Зуҳайр Тағлабӣ
Маҳалли зиндагӣКӯфа
Насабқабилаи Тағлаб
Санаи шаҳодатсоли 61ҳ.қ.
Маҳалли шаҳодатКарбало
Маҳалли дафнҲарами Имом Ҳусайн (а)
ХешовандонКурдус ва Муқсит
Аз ëрониИмом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а)


Қосит ибни Зуҳайр ибни Ҳарси Тағлабӣ (арабӣ: قاسِط بن زُهیر بن حرث تغلبی) (шаҳодат: 61ҳ.қ.) аз асҳоби Имом Алӣ (а) ва шуҳадои Карбалост. Қосит аз лашкариёни Имом Алӣ (а) дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон буд. Ӯ дар воқеаи Карбало ҳамроҳи бародаронаш Курдус ва Муқсит худро шабона ба корвони Имом Ҳусайн (а) расонд. Ӯ дар рӯзи Ошуро дар ҳамлаи нахусти лашкариёни Умар ибни Саъд ба шаҳодат расид.

Насаб

Қосит ибни Зуҳайр ибни Ҳарси Тағлабӣ, мансуб ба қабилаи Тағлаб буд, аз ин рӯ, дар китоби Ибсор-ул-айн номи ӯ дар зумраи шуҳадои тағлабӣ омадааст.[1]

Ҳузур дар Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон

Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Тоҳири Самовӣ (1292 - 1370ҳ.қ.) дар китоби Ибсор-ул-айн, Қосит аз лашкариёни Имом Алӣ (а) дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон будааст, аз ин рӯ, аз ӯ дар ҷангҳо ба вижа Сиффин сухан ба миён омадааст.[2] Ҳамчунин Самовӣ вайро аз асҳоби Имом Ҳасан (а) низ донистааст.[3]

Шаҳодат дар Карбало

Қосит дар Кӯфа зиндагӣ мекард, баъд аз вуруди Имом Ҳусайн (а) ба Карбало, ҳамроҳи бародаронаш Курдус ва Муқсит шабона ба лашкари ӯ пайваст ва дар рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.[4] Ба гуфтаи Ибни Шаҳрошуб, вай аз шаҳидони Карбало дар ҳамлаи нахусти сипоҳи Умар ибни Саъд будааст.[5]

Дар Зиёрат-уш-шуҳадо, аз ӯ ва бародараш Курдус бо иборати «ассалому ала Қосит ва Курдус ибни Зуҳайр ал-Тағлабияйн/ السلام علی قاسط و کردوس إبنی زهیر التغلبیین» ба унвони шуҳадои Карбало ёд шудааст.[6]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.199 - 200.
  2. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
  3. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
  4. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.200.
  5. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.113.
  6. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.494; Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.153; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.98, саҳ.273.

Сарчашма

  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб алайҳимус-салом, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн алайҳис-салом, Қум, интишороти донишгоҳи Шаҳид Маҳаллотӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазор, таҳқиқи мадрасаи Имом Маҳдӣ алайҳис-салом, Муҳаммадбоқир Муваҳҳид Абтаҳии Исфаҳонӣ, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ алайҳис-салом, чопи аввал, 1410ҳ.қ.