Сард шудани оташ бар Иброҳим

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шарҳи ояти 69 сураи Анбиё)
Минётури партоб кардани Иброҳим (а) дар оташ - асари Маҳмуди Фаршчиён

Сард шудани оташ бар Иброҳим (форсӣ: سرد شدن آتش بر ابراهیم) наҷоти эъҷозгунаи Иброҳим аз оташест, ки Намруд, подшоҳи Бобул, ва бутпарастон ба хотири бутшикании ӯ омода карда буданд.[1] Қуръон дар оёти 51 то 70 аз сураи Анбиё, оёти 85 то 98 аз сураи Соффот ва ояти 24 сураи Анкабут ба ин бахш аз зиндагии ҳазрати Иброҳим ишора кардааст.[2] Бар асоси ояти 69 сураи Анбиё Худованд ба оташ хитоб мекунад, ки бар Иброҳим сард ва саломат бош.[3] Ба бовари муфассирони Қуръон, ин дастур ба оташ хитобе таквинӣ будааст.[4] Муфассирон дар мавриди чигунагии иродаи Худо ва сард шудани оташ чанд назар ироа додаанд.[5] Бархе аз орои онҳо чунин аст:

  • Моҳияти оташ дигаргун ва ба гулистон табдил шуд.[6]
  • Худованд миёни оташ ва Иброҳими ҳоиле қарор дод то ӯро насӯзонад.[7]
  • Сирфан ҳарорат аз оташ гирифта шуд; зеро ҳарорат ҷузви моҳияти оташ нест.[8]
  • Худованд хосияте дар ҷисми Иброҳим қарор дод, то оташ дар ӯ асар накунад; монанди ҷисми нигаҳбонони ҷаҳаннам.[9]
  • Ин масаълаи эъҷози Илоҳӣ аст ва мо қодир ба посухгӯӣ нестем.[10]

Ба навиштаи бархе тафсирҳо, моҷарои ин воқеа чунин аст: Иброҳим дар ҳудуди шонздаҳсолагӣ[11] ҳангоме ки мардум барои ҷашни солонаи худ аз шаҳр хориҷ шуда буданд, бо табар ба тикка-тикка кардани бутҳо пардохт. Сипас табарро бар дӯши бути бузург гузошт.[12] Шахсе ки аз душмании Иброҳим бо бутҳо хабар дошт номи ӯро фош кард. Додгоҳе барои Иброҳим ташкил шуд ва ӯ барои таҳқири боварҳои бутпарастон бути бузургро анҷомдиҳандаи ин кор донист; аммо онҳо бовар накарданд. Саранҷом ба унвони муҷозот, ӯро ба сӯзондан дар оташ маҳкум карданд. Мушрикон мардумро дар анҷоми ин кор ташвиқ карданду мушорикат дар сӯзондани Иброҳимро ёрӣ расондан ба худоён донистанд;[13] ба гунае ки бархе барои бароварда шудани ҳоҷоти худ назри ҳизум ва бархе дигар ки дар остони маргу беморӣ буданд аз амволи худ, васият ба хариди ҳизум барои сӯзондани Иброҳим мекарданд.[14] Оташ ба қадре зиёд шуд, ки касе натавонист Иброҳимро ба дохил оташ биндозад. Дар ин миён, Иблис пешниҳоди истифода аз манҷаниқро дод. Иброҳимро дар манҷаниқ гузоштанд ва ба самти оташ партоб карданд.[15]

Тибқи баъзе аз ривоёт, ҳангоми партоб шудани Иброҳим ба самти оташ, гуфтугӯе миёни Иброҳим ва баъзе аз фариштагони Илоҳӣ сурат гирифтааст.[16] Бинобар ин ривоёт, Фариштагон аз Худо дархости наҷоти ӯро карданд. Худованд низ ба онҳо изни ёрӣ дод; аммо Иброҳим аз пешниҳоди кумаки онҳо иброз бениёзӣ кард. Дар ниҳоят Ҷабраил ба ӯ пешниҳод дод аз Худо талаби кумак кунад. Иброҳим дар посух ба ӯ, Худовандро олим ба ҳолаш донист ва аз ин дархост низ худдорӣ кард.[17] Дар бархе ривоёт низ дуоҳое аз забони Иброҳими нақл шудааст; назири «یا اللَّهُ یا وَاحِدُ یا أَحَدُ یا صَمَدُ یا مَنْ لَمْ یلِدْ وَ لَمْ یولَدْ وَ لَمْ یکنْ لَهُ کفُواً أَحَد; Эй Аллоҳ, эй Якто, эй Беҳамто, эй Худои Самаду Бузург ки ҳама дасти ниёз ба сӯяш доранд, эй Худое ки ҳаргиз назода ва зода нашуд ва ҳаргиз шабиҳу назир надорад»; ҳамчунин «للَّهُمَّ إِنِّی أَسْأَلُک بِحَقِّ مُحَمَّدٍ وَ آلِ مُحَمَّدٍ لَمَّا آمَنْتَنِی فَجَعَلَهَا بَرْداً وَ سَلاماً; Бор Худоё, аз Ту мехоҳам ки ба ҳаққи Муҳаммаду оли Муҳаммад, маро аз ин оташ эмин бидорӣ ва Худованд ҳам оташро барои ӯ сарду саломат қарор дод.»[18]

Фахри Розӣ дар Тафсири кабир ба бархе саволҳо, ки дар бораи ҷузъиёти моҷарои сӯзондани Иброҳим матраҳ шуда посух додааст. Аз ҷумлаи он саволҳо ин аст, ки: Оё ин амр саҳеҳ аст, ки агар Худованд баъд аз фармон ба сардӣ, фармон ба саломат шуданро намегуфт Иброҳим ба сармо мубтало мешуд? Вай чунин посух гуфта ки: Сардии оташ аз ҷониби Худост ва аз соҳати Илоҳӣ баъид аст, ки ибтидои фармон ба сармое мӯҳлик диҳад ва сипас онро матбуъ созад.[19]

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.433 - 446
  2. Макорими Шерозӣ, Тарҷумаи Қуръон, 1372ҳ.ш., саҳ.326 ва 327 ва 399 ва 449
  3. Макорими Шерозӣ, Тарҷумаи Қуръон, 1372ҳ.ш., саҳ.327
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.303; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.446
  5. Саҷҷодизода, Мирзоӣ, «Нақду баррасии тафсири ояти сард шудани оташ бар Иброҳим (а)», саҳ.158
  6. Таййиб, Атяб-ул-баён, 1369ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.208
  7. Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.7, саҳ.263
  8. Ироқӣ, ал-Қуръону ва-л-ақл, 1362ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.327; Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.7, саҳ.263
  9. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.159
  10. Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.241
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.436
  12. Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.7, саҳ.83 ва 84; Тафсири намуна, ҷ.13, саҳ.436 ва 437
  13. Макорими Шерозӣ, Тарҷумаи Қуръон, 1372ҳ.ш., саҳ.327
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.444; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.87
  15. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.87 - 85; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.436 ва 446
  16. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.24; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48
  17. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.68, саҳ.155
  18. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.24; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48
  19. Фахри Розӣ, Тафсири кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.159 ва 160

Сарчашма

  • Ироқӣ, Сайид Нуриддин, ал-Қуръону ва-л-ақл, Қум, Бунёди фарҳанги исломии Ҳоҷ Муҳаммадҳусайни Кӯшонпур, 1362ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тарҷумаи Қуръон, Қум, Дафтари мутолиоти таърих ва маорифи исломӣ, чопи дувум, 1373ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Саҷҷодизода, Сайид Алӣ; Мирзоӣ, Мустафо, «Нақду баррасии тафсири ояти сард шудани оташ бар Иброҳим (а)», дуфаслномаи Омӯзаҳои қуръонӣ, №25, 1396ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷу ало аҳл-ил-лиҷоҷ, Машҳад, нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Эрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-илмӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Таййиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Ислом, чопи дувум, 1369ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибёни фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал.
  • Фазлуллоҳ, Муҳаммадҳусайн, Мин ваҳй-ил-Қуръон, Лубнон, Дор-ул-милок, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Лубнон, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.