Шабакаи Вилоят

Аз wikishia
Орми Шабакаи ҷаҳонии Вилоят

Шабакаи ҷаҳонии Вилоят (фарсӣ: شبکه جهانی ولایت) як шабакаи моҳвораие аст, ки таҳти назорати Носир Макорими Шерозӣ аз мароҷеи тақлиди шиа идора мешавад. Ин шабака соли 2014 таъсис ёфта, барномаҳояш ба забонҳои форсӣ, арабӣ, ҳусоӣ ва озарӣ пахш мешаванд.

Ҳадафҳои ин шабака паҳн кардани илму фарҳанги Аҳли Байт (а), дифоъ аз ҳарими шиа, тавзеҳот ва таблиғи дидгоҳ ва арзишҳои исломӣ бар пояи фарҳанг ва андешаҳои Аҳли Байт (а) аст. Ин шабака муҳтавои худро низ дар интернет ба намоиш мегузорад ва баъзе аз барномаҳояш ба китоб табдил шудаанд.

Аҳдоф ва аҳамият

Шабакаи ҷаҳонии вилоят, шабакаи моҳвораие аст, ки бо ҳимоят ва назорати Носир Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа таъсис ва идора мешавад.[1] Барномаҳои ин шабака ба забонҳои форсӣ, арабӣ, озарӣ ва ҳаусаӣ пахш мешавад ва ба гуфтаи мудирони ин шабака қарор аст, забони савоҳилӣ[2] ва русӣ низ ба онҳо изофа гардад.[3]

Аҳдофе, ки барои ин шабака дар назар гирифта шудааст, нашри маориф ва фарҳанги Аҳли Байт (а), дифои теорик аз ҳарими ташайюъ, табйин ва таблиғи биниш ва арзишҳои исломии мубтанӣ бар фарҳанг ва андешаҳои Аҳли Байт (а), посухгуӣ ба шубаҳот ва саволоти динӣ ва таъмиқ ва тавсеаи дониш ва маърифати исломӣ унвон шудааст.[4]

Шабакаи ҷаҳонии Вилоят, тавассути ду моҳвораи Hotbird ва Galaxy дар тамоми қорраи Амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ, Аврупо, шимоли Африқо, Осиёи миёна, кишварҳои ҳошияи Халиҷи форс, ҷануб ва ҷануби шарқии Чин, Ҳинд, Афғонистон ва бахше аз кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) ва Русия дар дастрас аст. Гуфта мешавад, ки бархе барномаҳо ҳамчун мунозирот ва посухгуӣ ба шубаҳот дар ин шабака, то 40 милион нафар боздидкунанда доштааст. Рӯзона чаҳор ҳазор нафар боздидкунандаи пахши интерентии ин шабака ҳастанд.[5] Дафтари марказии ин шабака дар Қум мустақар аст.[6]

Таърихча

Шабакаи вилоят дар моҳи июни соли 2010 баробар бо 13 раҷаби 1431 ҳиҷрии қамарӣ[7] бо мудирияти Сайид Муҳаммад Ҳусайнии Қазвинӣ оғоз ба фаъолият кард.[8] Ин маҷмӯа бо номи «Муассисаи ҷаҳонии Вилоят» дар Эрон ба сабт расида ва дар Амрико ва Англия ба номи «шабакаи ҷаҳонии вилоят» сабти расмӣ шудааст.[9] Моҳи марти 2023 Сайид Ҷаъфари Алавӣ ба мудирияти шабакаи Вилоят мансуб шуд.[10]

Дар соли 2017 ва дар пайи пахши барномае бо мавзӯи Мавлавӣ Абдулҳамид - имомхатиби аҳли суннати шаҳри Зоҳидон, Носир Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа ва фироксиюни аҳли суннати маҷлиси шӯрои исломии Эрон, ба ин барнома вокуниш нишон доданд ва онро маҳкум карданд. Дар паёми Макорими Шерозӣ омадааст, ки дар сурати такрори пахши барномаҳои тафриқаафканона, ҳимояти ӯ аз ин шабака қатъ хоҳад шуд.[11]

Барномаҳо

Барномаҳои шабакаи Вилоятро гуфтугӯҳо, мизи гирдҳо, мустанадҳо, мунозирот ва гузоришҳо шакл додаанд, ки аз назари мавзуӣ ба масоили мухталифе чун, мавзуоти исломӣ, шиъӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мепардозанд. Бештари муҳтавоҳои шабакаро тавлидот дар муаррифӣ ва шинохти вилоят, нақди шубаҳот ва масоили фарҳангӣ фаро гирифтаанд.[12]

Барномаҳои ин шабака ба сурати 24-соата пахш мешавад. Муҳтавоҳои ин маҷмуаро гурӯҳҳои илмӣ дар мавзуоти тафсир ва улуми Қуръон, калом ва маҳдавият, маориф ва андешаи динӣ, хонавода, таъриху сира, посух ба шубаҳот, Наҳҷ-ул-балоға ва Саҳифаи Саҷҷодия ва барномаҳои муносибатии вижа тавлид мекунанд.[13] Баъзе аз барномаҳои тавлидии ин шабака ба китоб табдил шудааст.[14]

Эзоҳ

  1. «Муаррифии шабакаи ҷаҳонии вилоят» сайти Шабакаи ҷаҳонии Вилоят.
  2. «Вуҷуди шабакаҳои ҷаҳонии Вилоят барои ҷаҳони Ислом як зарурат аст», хабаргузории Расо.
  3. «Раиси шабакаи Вилоят: ВВС дурӯғ мегӯяд», хабаргузории ИРНО.
  4. «Муаррифии шабакаи ҷаҳонии Вилоят» сайти Шабакаи ҷаҳонии Вилоят.
  5. «Муаррифии шабакаи ҷаҳонии Вилоят» сайти шабакаи ҷаҳонии Вилоят.
  6. «Раиси шабакаи Вилоят: Бибисӣ дурӯғ мегӯяд», хабаргузории Эрно.
  7. «Муаррифии шабакаи ҷаҳонии Вилоят» сайти шабакаи ҷаҳонии Вилоят.
  8. «Оғоз ба кори шабакаи моҳвораии «Вилоят»», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  9. «Раиси шабакаи Вилоят: Бибисӣ дурӯғ мегӯяд», хабаргузории Эрно.
  10. «Раиси ҷадиди шабакаи ҷаҳонии Вилоят муъорифа шуд», Балиғнюз.
  11. «Вокуниши фироксюни аҳли суннат ва ихтори Макорими Шерозӣ ба тавҳини шабакаи «Вилоят»», хабаргузории Инсоф.
  12. «Муаррифии шабакаи ҷаҳонии Вилоят» сайти шабакаи ҷаҳонии Вилоят.
  13. «Хабарнигорони қумӣ аз шабакаи ҷаҳонии Вилоят боздид карданд», хабаргузории Форс.
  14. «Барномаҳои шабакаи ҷаҳонии Вилоят дар қолаби китоб ироа мешавад», хабаргузории расмии Ҳавза.

Сарчашма

Пайванд ба берун